Зеҳн

ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ДЕҲОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФЕ
Фермер28 августи 2026 · 8 дақиқа хондан

Имрӯз баррасӣ ва таҳлили фаъолияти соҳибкории хурд ва миёна дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳмияти хоса дорад. Дар адабиёт иқтисодӣ қайд шудааст, ки соҳибкорӣ робитаи калидӣ байни ихтироъ ва татбиқи он аст, ки на танҳо ба тағйироти миқдорӣ, балки сифатӣ дар иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки дар кишварҳои хориҷӣ тиҷорати хурд ва миёна беш аз нисфи ММД-ро таъмин мекунад, ки нақши соҳибкориро дар раванди инноватсия афзоиш медиҳад. Оид ба мафҳуми соҳибкорӣ олимони ватанӣ ва хориҷӣ зиёд, фикр ва ақидаҳои худро баён намудаанд ва китобҳои зиёде ба нашр расонидаанд. Яке аз таърифҳои маъмули соҳибкорӣ чунин аст. Соҳибкорӣ фаъолияти иқтисодие, ки ба мунтазам гирифтани фоида аз истеҳсол ва фурўши молҳо, хизматрасонӣ нигаронида шудааст.

Соҳибкорӣ мустақиман бо қонеъгардонии талаботи истеъмолкунанда алоқаманд аст. Тавре ки таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ ва ватанӣ нишон медиҳанд, соҳибкории хурд ва миёна дар деҳот бо назардошти хусусиятҳои хоси худ ба таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирии мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ ниёз дорад.

Танзими давлатии рушди соҳибкории хурду миёна, таъсиси шабакаи васеи дастгирӣ, дохил кардани он ба як ҷузъи ҷудонашаванда ба иқтисодиёти кишвар зарур аст, ҳамаи ин мушкилот дар тӯли даҳсолаҳо дар бисёр кишварҳои саноатӣ ҳаллу фасл карда шудаанд.

Давлат аз захираҳои калони молиявӣ ва истеҳсолӣ истифода мебарад, ба ташаккули муҳити рақобатпазирӣ мусоидат карда метавонад. Дастгирии давлатии соҳибкории хурд ва миёна дар деҳот воситаи расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодии ҳозира ва ояндаи мебошад, зеро зиёда аз 73.9 % аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ вазифаҳои умумӣ ва марҳилавии иҷтимоию иқтисодии рушди кишвар ҳамзамон аз рушди деҳот вобастагии зиёд дорад.

Рушди деҳот барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин дараҷа ба ҳисоб меравад. Гарчанде ки дастгирии соҳибкории хурд ва миёна дар деҳот аз оғози ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шудааст, шароити мусоид барои таъсиси корхонаҳои хурд ва миёна фаъолияти устувори онҳо ҳанӯз фароҳам оварда нашудааст.

Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар ин давра аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзуда аст. Саҳми соҳибкорӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд. Ин рақамҳо гувоҳи он ҳастанд, ки сол аз сол соҳибкории хурду миёна зиёд гардида, рушди ҷумҳурӣ аз бахши хусусӣ вобастагии хеле зиёд дорад.

Ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам соддаву оммафаҳм гардонидани андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ зарур аст. Имрӯз ба рушди соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, бояд сохт. Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармоя аз ҷониби ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шудааст.

Солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намудааст. Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам карда шудааст. Агар соли 2016 шумораи чунин санҷишҳо қариб 300 ҳазорро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ҳамагӣ 48 ҳазорро ташкил кардааст. Имрӯз ҳукумат ҳамаҷиҳата кӯшиш намуда истодааст, ки рушди бахши хусусиро дастгирӣ намояд, аммо камбудиҳо дар ин соҳа аз тарафи давлат хеле зиёд аст.

Сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир бояд намуд, зеро бе сармояи хориҷӣ ва дохилии саноатикунони кишвар амали намегардад, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ бояд намуд.

Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Ҳоло дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил мекунанд. Инчунин, ҳамкориро бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо мақсади ҷалби сармояи мустақим барои ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, бахусус, дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ ва хӯрокворӣ тақвият бахшидан зарур аст. Ҳарчанд ки дар сохтори содирот молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои кишвар зиёда аз 450 номгӯйро ташкил дода, ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 18,9 фоизи соли 2013 ба 27,4 фоиз дар соли 2019 расидааст, вале ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест, суръати афзоиш ҳанӯз паст мебошад.

Ҳаҷми содироти семент, риштаи пахтагин, маъдану консентратҳо, қолинҳо ва баъзе намудҳои дигар афзоиш ёфта, содироти алюминии аввалия, нахи пахта, меваю сабзавот ва консерва бо сабабҳои гуногун коҳиш ёфта истодааст. Дар солҳои минбаъда тамоми захираҳоро барои баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар ҳаҷми содирот ва аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии мавҷуда чораҳои зарурӣ бояд андешид.

Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот, муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Имрӯз дар берун аз кишвар имконияти пайдо кардани маълумоти кофӣ доир ба корхонаҳои саноатӣ ва маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон маҳдуд аст. Вале нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои бо сифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд.

Дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст. Аз соли 2013 то соли 2017 шумораи корхонаҳои муштараки фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3,7 баробар , дар вилояти Суғд 1,7 баробар, дар вилояти Хатлон 9,6 баробар, ш. Душанбе 3,5 баробар, НТҶ 13 баробар зиёд шудааст.

Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад. То имрӯз дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми қариб 2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст ва ҳоло чунин лоиҳаҳо ба маблағи 665 миллион сомонӣ идома доранд.

Бо вуҷуди ин, дар ҷумҳури ҳар сол майдони беш аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор мегирад. Аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми фаъолияти олимон ва кишоварзон дар ин самт ба ҳисоб бояд равад.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад, омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Корхонаҳои хурд ва миёна дар деҳот бо як қатор мушкилот дучор меоянд, ба монанди андозҳои баланд, мушкилоти бақайдгирӣ, санҷишҳои бешумори ғайриқонунӣ, коррупсия ва монанди инҳо. Ин мушкилотҳо рушди соҳибкории хурд ва миёнаро дар деҳот ҳамчун як бахши мукаммали иқтисодиёти миллӣ мушкил мегардонад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ татбиқи барномаҳои гуногунро суръат бахшид, ки ҳадафи барқарорсозии минбаъдаи иқтисодиёт тавассути рушди соҳибкорӣ хурд ва миёна ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. Аммо, дар ҳоле ки дар кишвар монеаҳои муайян дар рушди соҳибкории хурд ва миёна мавҷуданд, рушди муътадили соҳибкории хурду миёна дар деҳот бидуни пешниҳоди ҳимояти мустақим ва дастгирии давлатӣ, бидуни коҳиш додани фишори андоз, додани қарзҳои имтиёзнок, омӯзиши кадрҳо, бидуни ташкили инфрасохтори иттилоотӣ, паҳн кардани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва ҳифзи соҳибкорон ғайриимкон аст.

Мавҷуд набудани бисёре аз ин шароитҳо дар давраи гузариш ба табдил додани ин сохтор ба сектори пурсамари иқтисодиёти Тоҷикистон монеа мешавад. Барои рушди соҳибкории хурду миёна дар деҳот чунин чораҳоро андешидан зарур аст:

1. Ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ зарур аст;

2.Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ таъсис додани бонк зарур аст;

3. Бо ин мақсад ва ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунанда зарур аст, ки портали савдои Тоҷикистон такмил диҳем, корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис дода, ва маҳсулотҳои худро пешниҳод намоянд.

4. Роҳи дигари пешниҳоди маҳсулот барои фурӯш иштирок дар намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

5. Сохтани марказҳои иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳури барои мубодилаи иттилоот, зеро соҳибкороне, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд, ниёз ба иттилоот дар ин соҳа доранд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба