Зеҳн

ХУДТАЪМИНКУНИИ АҲОЛӢ БО ОЗУҚАВОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ФЕ
Фермер28 августи 2026 · 6 дақиқа хондан

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат ва хадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин рў, Ҳукумати мамлакат пайваста баҳри таъмини аҳолӣ бо ғизои солим чораҳои мушаххас ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шуда меандешад.

Моҳи майи соли гузшта бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъминоти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо» тасдиқ шуд.

Тибқи низомномаи мазкур, нархи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, аз қабили орд, нон, маҳсулоти макаронӣ, гандум, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, карам, қанди сафед, шакар, равған, шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог, наск, нахўд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав, гўшти гов, гўшти гусфанд, гўшти мурғ, намак, чой ва ғизои кўдакон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад.

Дар мамлакатҳои мутараққӣ барои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ нишондиҳандаи «бузургии сабати истеъмолӣ»-ро бештар истифода мебаранд. Сабати истеъмолӣ гуфта маҷмўи неъматҳои истеъмолӣ ва хизматҳоеро меноманд, ки барои таъмини талаботи аҳолӣ даркор мебошад.

Сабати истеъмолӣ аз қисмҳои зерин иборат аст: - молҳои хурокворӣ; - молҳои ғайрихўрокӣ; - хизматҳо. Призеденти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон, 31 августи соли 2018 қарор дар бораи меъёрҳои физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии ғизоӣ ба ҳар як нафар аҳолӣ ба имзо расонид ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар нафар аҳолии кишвар» тасдиқ гардидааст.

Агар ба хўрокҳои ордию нонӣ, ғалладонагӣ ва лўбиёгӣ нигарем, воқеан ҳам, бояд ин гуна ғизоҳо дар дастархони ҳар сокини Тоҷикистон ҷоӣ дошта, хўрокҳои асосию бехатари мардуми кишвар бошанд. Меъёри истеъмоли хўрокҳои нонию ордӣ дар Тоҷикистон мувофики сабати истеъмол соли 2018 барои як фард дар давоми сол – 147 кг-ро ташкил медиҳад. Ин меъёр дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Хитой 110 кг, дар Амрико 74 кг-ро ташкил додааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тавсияҳои пешниҳодшуда бо нишондиҳандаҳои ҳақиқӣ на он қадар мутобиқат мекунанд. Масалан, дар Русия истеъмоли аниқи хўрокҳои нонӣ 118 кг-ро ташкил медиҳанд, ки ин нисбати меъёри муқарраршудаи ҳукумат 96 кг меистад. Аммо истеъмоли мева ва сабзавот дар Тоҷикистон нисбати бисёр давлатҳои Аврупо ва Осиё зиёд буда, норасоии ин гуна махсулотҳо ба мушоҳида намерасад.

Истеъмоли сабзавот ва полизиҳо дар Тоҷикистон дар як сол барои як шахс 166 кг ташкил мекунад, ки ҳамагӣ 3 кг камтар аз Амрико – 169 кг, ҳамчун кишвари пешрафтатарин ба ҳисоб меравад. Ин меъёр дар Қирғизистон 128 ва дар Русия 140 килограммро барои як шахс дар муддати сол ташкил медиҳад. Аз ҳама беҳтарин ин меваҷот мебошад. Дар Тоҷикистон дар як рӯз як нафар бештар аз 455 грамм мева истеъмол мекунад, ки ин ба 124 кг дар як сол рост меояд. Дар Русия бошад ин меъёр дар як сол 100 кг-ро ташкил медиҳад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз норасоии хӯрокҳои гӯштию ширӣ танқисӣ мекашанд.

Тоҷикистон дар ин масъала аз ҳамаи кишварҳои дар боло зикршуда ақибмондатарин аст. Дар Русия ба ҳар як нафар аҳолӣ дар як сол 73 кг гӯшт рост меояд, ин нишондиҳандаҳо дар Қирғизистон – 63, Амрико – 118, Австралия – машҳуртарин кишвари истеҳсолкунандаи гӯшти гов барои истеъмол – 121 кг мебошад. Аммо дар Тоҷикистон ба ҳар як нафар дар як сол 40 кг гӯшт рост меояд. Сабаби норасоии хӯрокҳои гӯштию шириро дар кӯҳсор будани қисмати зиёди кишвар меҳисобанд.

Заминҳои ҳамвор пахтакорӣ мешаванд ва барои зиёд кардани саршуморӣ чорво чарогоҳҳо басанда нестанд. Инчунин камбудиҳо нисбати норасоиҳои маҳсулоти ширӣ низ ба мушоҳида мерасанд. Нишондиҳандаи миёнаи маҳсулотҳои ширӣ дар Амрико, Русия. Қазоқистон дар як сол барои як нафар 250-300 кг-ро ташкил медиҳад. Дар баъзе кишварҳо ба монанди Олмон ва Нидерландия меъёри истеъмоли хӯрокҳои ширӣ 350- 430 кг-ро дар як сол ташкил медиҳад, ки ин аз 115,3 килограмме, ки дар Тоҷикистон барои як фард дар як сол муайян шудааст хело зиёд аст.

Муовини директори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ Назрулло Амиров мегўяд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлате аст, ки қонун «Дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ»- ро қабул намудааст. Ғайр аз ин, соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ» низ тасдиқ шуд, ки ҳадафи он пеш аз ҳама паст намудани сатҳи камбизоатии мардум мебошад.

Инчунин, вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ Ҳукумати мамалакат то имрўз якчанд барномаҳои соҳавиро тасдиқ намудааст, аз ҷумла ҳоло барномаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, рушди чорвадорӣ, рушди қутоспаварӣ ва дигар барномаҳо амалӣ гардида истодаанд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин, мо талаботи аҳолиамонро ба пуррагӣ бо ғизо таъмин карда наметавонем ва як миқдор маҳсулоти ниёзи мардум, аз он ҷумла, шакар, равған ва ҳатто гўшти чорвою паранда ва дигар маҳсулотро аз кишварҳои дигар ворид мекунем. Дар ҷадвали 2 худтаъминкунии аҳолӣ дар соли 2017 нишон дода шудааст.

Чи хеле, ки аз рақамҳои ҷадвал бармеояд худтаъминкунии аҳолии Ҷумҳурии Точикитон бо нон ва масҳулотҳои нонӣ 109,7%, гўшт ва махсулоти гўштӣ 34,1%, шир ва маҳсулоти ширӣ 93.2%, равған 8,6%, тухм 21,2%, сабзавот ва полизӣ 164,5%, картошка 95,4%, мева 36,5%, ташкил медиҳад.

Хамзамон бояд ёдовар шуд, ки танҳо дар соли 2017 аз хориҷи кишвар 150,5 ҳаз. тонна орд, 51 ҳаз тонна картошка, 97,8 ҳаз. тонна равғани растанӣ, 16,1 ҳазор тонна сабзавот, 62,7 ҳаз. тонна гўшт, 11,5 ҳаз. тонна шир, 166,9 ҳаз. тонна қанд, 34,9 ҳаз. тонна мева, 42,8 млн. дона тухм ва 1,6 ҳаз. тонна моҳӣ ворид карда шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бозори маҳсулотҳои озуқаворӣ ҳоло аз воридоти мол вобастагии зиёд дорад.

Дар баробари ин дар солҳои охир аз бисёр мамлакатҳои мустақил ба Тоҷикистон як қатор маҳсулотҳои озўқаворӣ ворид карда шуданд. Масалан, орд ва гандум аз Қазоқистон, Россия ва Украина, чой аз Грузия ва Қирғизистон, равған аз Қозоқистон, Озарбойҷон, Россия, Туркманистон, қанд аз Россия, Белорусия ворид карда мешаванд. Вале ворид кардани маҳсулотҳои аз мамлакатҳои мустақил назар ба дигар мамлакатҳо қимматтар буд.

Ҳиссаи маводҳои озуқаворӣ дар содироти молҳо қариб 2 баробар паст шудааст. Агар дар соли 2013 ин нишондиҳанда 5,8%-ро ташкил карда бошад, пас дар соли 2017 он ба 2,6% расидааст. Ин дар бораи рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозори байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Қайд намудан лозим аст, ки сатҳи худтаъминкунӣ бо маҳсулотҳои асосии озўқаворӣ ҳоло ҳам дар дараҷаи паст қарор дорад.

Ҳамин тавр, барои таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама бояд ба омилҳои интенсивии рушди соҳаи кишоварзӣ такя кардан лозим меояд. Аз ҳисоби афзоиши интенсивии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар оянда заминаи мусоид барои васеъ намудани шумораи корхонаҳои коркард, нигоҳдорӣ ва дастрас намудани истеъмолкунандагон ба маҳсулоти кишоварзӣ , яъне рушд фароҳам хоҳад гашт.

Мо бояд дар хотир дорем, ки омилҳои афзалиятноки рушди бахши аграрӣ бояд омилҳои интенсивии рушди иқтисодиро баназар гирем, чунки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои рушди экстенсивии ин соҳа сахт маҳдуд аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба