Зеҳн

ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРӢ БА СОҲАИ УСТУВОРИ КИШОВАРЗӢ

ФЕ
Фермер28 августи 2026 · 7 дақиқа хондан

Вазъи иқтисодиву сиёсии кишвар ба фаъолияти устувори соҳаи кишоварзӣ вобаста аст ва ин аҳамияти сатратегӣ доштани онро собит мекунад. Имрўз барои касе пўшида нест, ки рушди устувори соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқтисод ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ дорад. Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазири кишоварзӣ бе рушди дахлдори пойгоҳи моддию техникӣ, густариши иқтидори истеҳсолӣ ва афзудани ҳаҷми фондҳои асосии кишоварзӣ, ки аз ҳисоби маблағгузории иловагии воситаҳои пулӣ ва моддӣ, яъне сармоягузорӣ амалӣ мешаванд, имконнопазир мебошад.

Бинобар ин ҷонноксозии фаъолияти сармоягузорӣ омили муайянкунадаи рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Барои ин на танҳо ислоҳоти ниҳодӣ, ҷалби воситаҳои азими моддӣ ва пулӣ ба соҳаи кишоварзӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятнок, балки истифодаи самараноки сармоягузорӣ лозим мебошад. Ҳамаи соҳаҳои кишоварзӣ, чӣ пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ ва чӣ рушди иҷтимоии деҳот, ба сармоягузорӣ ниёз доранд. Бинобар ин фароҳам сохтани шароит баҳри ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзӣ самти муҳими сиёсати кишоварзии давлат ба шумор меравад.

Барои ташаккул ва таъмини самаранокии амалкарди механизми минтақавии сармоягузорӣ, ҳолати хоҷагидории корхонаҳои кишоварзии камплекси агросаноатӣ, тамоми ҷумҳуриро донистан зарур аст. Дар натиҷаи таҳлил зарурати сармоягузорӣ ва имкони ҷудокунии онҳо ба корхонаҳои мушаххаси кишоварзӣ, соҳа, минтақа, инчунин ҳаҷми сармоягузории лозимаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кардан мумкин аст. Хусусиятҳои соҳаи кишоварзӣ, ки ба тамоми муҷтамаи агросаноатӣ таъсир мерасонад, чунин истифодаи захираҳои биологӣ ва табиист, ки зимни он, ба фарқ аз соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, асоси технологияро равандҳои биологӣ ташкил медиҳанд.

Ин ҳамчунин хусусиятҳои раванди такрористеҳсолро дар кишоварзӣ муайян мекунад, ки махсусан дар заминистифодабарӣ, ки ба мавсим вобастагӣ дошта, риояи таносуби дақиқи миёни сармоягузории дарозмуддату мавсими хароҷоти ҷориро металабад. Ба ҳисоб нагирифтани хароҷоти ҷорӣ (масалан, зиёдшавии онҳо дар айёми ҳосилгирӣ) ба талафёбии як қисми ҳосил, паст гаштани сармоягузории истеҳсолӣ на танҳо дар кишоварзӣ, балки дар нигоҳдорӣ, коркард оварда мерасонад ва сармоягузории минбаъдаро ҳам бефоида мегардонад.

Ба фарқ аз соҳаҳои дигар, ки замин ба ҳайси таҳкурсии фазоӣ хизмат мекунад, дар соҳаи кишоварзӣ самаранокии он нақши асосиро бозида, сатҳи истифодаи он яке аз маҳакҳои истифодаи замин ҳамчун захираи асосӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Замин дар ҳама кишварҳо дороии миллии ҷамъиятӣ мебошад ва давлат ба воситаи тадбирҳои қонунгузорӣ ва иқтисодӣ истифодаи онро ба манфиати ҷомеа танзим мекунад.

Дар интиҳои соли 2017 дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 420 корхонаи киоварзӣ амал мекард: аз ҷумла 15 совхоз, 28 колхоз, 2 хоҷагии таълимӣ, 2 заводи таҷрибавӣ, 3 заводи зотпарварӣ, 4 фабрикаи парандапарварӣ, 4 ҷамъияти саҳомии шакли пўшида (ҶСП), 47 ҷамъияти дороии масъулиати маҳдуд (ҶДММ), 289 кооператив ва 26 корхонаи дигар. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кохонаҳои соҳаи кишоварзӣ дар ҷавал нишон дода шудааст.

Ҳамин тариқ аз маълумоти пешакии Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми ками сармоягузорӣ ба рушди истеҳсолоти кишоварзӣ асосан аз ширкатҳои тиҷоратӣ ва калони саноатӣ гирифта шуда, бештар ба сохтмон ё густариши корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ равон шудаанд.

Самаранокии парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ба сатҳи ҳосилхезии замин ҳамбастагӣ дорад. Аммо барномаи корхонаҳои давлатӣ баланд бардоштани ҳосилхезии замин мунтазам иҷро намешавад. Соли 2013-2017 воридкунии нуриҳои минералӣ ба 1 га замини кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13,5%, ҳиссаи киштзорҳои бо нурии минералӣ таъминшуда аз 49,8% дар соли 2013 то 52,6% дар соли 2017 афзоиш ёфт.

Самти баланд бардошатни дигари шоистаи таваҷҷуҳи ҷалби сармоягузорӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имконияти ташкили қарздиҳӣ бо гарави фондҳои асосӣ ва ҳосил аст, ки чун қоида, арзишашон аз нархи бозории замин баландтар мебошад.

Баҳодиҳии самаранокӣ ва мувофиқати ин самт барои пешгирӣ кардани эҳтимолияти муфлисшавии корхонаҳои кишоварзӣ ва афзоиши фоидаи он дар сурати истифодаи қарз имкон медиҳад. Ҳамчунин андозаи муносиби воситаҳои ҷалбшаванда барои гурўҳҳои корхонаҳои кишоварзӣ бо шароити муайяни табиию иқлимии хоҷагидорӣ бо таҳияи пешакии механизми муносибсозӣ муайян карда мешавад.

Имрўз сармоягузориҳои молиявӣ, қарзӣ, молӣ ва лизингиро ба ҷое равон бояд кард, ки самараи зудтару бештар аз онҳо ба даст ояд. Албатта, дар шароити муборизаи рақибонаи шадид дар бозори сармоягузорӣ дар миёни минтақа ва соҳаҳо ғолиб он мешавад, ки ҳаҷми кофии сармояро бо самараи бештарини истифодабарӣ ҷалб карда тавонад. Вазифаҳои мақомоти маҳалли минтақавии ҳокимият, мақомоти хоҷагидорӣ дуруст муайян кардани самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, ба самтҳои инноватсионию технологӣ равон кардани онҳо ва зимнан моҳирона истифода бурдани фишангҳои иқтисодӣ ва андозӣ мебошад.

Ҷустуҷўи сармоягузорӣ кори душвор аст, вале таъмини истифодаи самараноки он аз ин душвортар аст. Саҳми соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар ҷалби захираҳои сармоягузории хориҷӣ ҳамагӣ 0,06% аст. Сохтори захираҳои ба соҳа ҷалбшаванда ҳам беҳбудро металабад.

Дар ҳамин ҳол дар сохтори активҳои корхонаҳои кишоварзӣ чун пештар беш аз 60% ба сармояи худӣ рост меояд. Вале ҳиссаи он дар солҳои 2010-2017 батадриҷ коҳиш меёбад. Сатҳи мустақилии молиявии корхонаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 70% то ба 60% паст шуда, зимнан агар камшавии ҳиссаи сармояи худӣ дар иқтисод ба 65,0% аз ҳисоби воридоти қарзҳо ва ба 32,0% аз ҳисоби афзоиши қарзи кредиторӣ ҷуброн шуда бошад, дар кишоварзӣ 65%-и афзоиши сармояи қарзӣ бо қарзҳои муҳлатгузашта ва танҳо 35% бо кредитҳо алоқаманд аст. Ба ғайр аз ин, сифати қарздории кредиторӣ аҳамияти калон дорад.

Дар иқтисодиёт ҳиссаи қарзи кредитории муҳлатгузашта дар активҳо дар давраи мазкур аз 15,0% то ба 90% коҳиш ёфт, яъне афзоиши воқеии қарзи кредиторӣ дар активҳо 2,1 фоизро бо дарназардошти беҳшавии сохтори он ташкил дод.

Дар соҳаи кишоварзӣ вазни хоси қарзи муҳлатгузашта дар активҳо аз 18% то 24% афзоиш ёфт. Ба ибораи дигар, зиёда аз нисфи уҳдадории корхонаҳои кишоварзиро на маблағгузории нав, балки уҳдадориҳои қаблан қабулкарда ташкил доданд. Ҳиссаи ками қарзҳои муҳлатгузашта дар активҳо ва музди дучанд зиёди меҳнат дар соҳа, новобаста ба даромаднокии паст, ба он имкон медиҳанд, ки дар раддабандии сармоягузорӣ ҷои баландтар аз кишоварзиро ишғол кунад.

Соли 2017 он 11,7%, ё 60%-и сатҳи соли 2003-юмро ташкил дод. Аммо дар тамоми иқтисодиёт суръати пардохтани қарзҳо баландтар аст. Камшавии карзҳои ҷории пардохткарда бо авзоиши қарздиҳӣ ҷуброн карда шуд.

Натиҷаҳои ҳисоб вобастагии баръакси ҳиссаи кредитҳоро дар маҷмўи қарз бо тағйири вазни хоси сармояи худӣ дар сохтори сарчашмаҳои маблағгузории фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ нишон медиҳанд.

Солҳои 2007-2017 вазъият тағйир ёфта, ин дар афзоиши нишондиҳандаи интегралии ҷолибияти сармоягузории кишоварзӣ зоҳир мегардад. Дар натиҷаи афзудани даромаднокии сармоя ва татбиқи барномаҳои солимсозии молиявӣ ҳиссаи қарзи муҳлатгузаштаи кредиторӣ дар активҳои корхонаҳои кишоварзӣ рў ба коҳишёбӣ ниҳод. Афзоиши мустақилияти молиявии корхонаҳо ба 1%, боиси ба 0,34% кам шудани ҳиссаи кредитҳо мегардад.

Дар баробари ин, таҳлили сохтори амволу уҳдадории корхонаҳои соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар солҳои 2010- 2017 нишон медиҳад, ки бино бар норасоии қарзҳои дарозмуддат активҳои ғайригардон асосан аз ҳисоби воситаҳои худӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Аз ин рў, ҳиссаи сармояи худӣ дар сохтори сарчашмаҳои муассисот тақрибан баробари ҳиссаи активҳои ғайригардон мебошад. Дар қатори тағйирёбии уҳдадориҳои муҳлатгузаштаи корхонаҳо, ба зиёдшавии қарзҳо афзоиши даромаднокии соҳаҳо ва ҳам миқдори корхонаҳои даромаднок таъсир мерасонад.

Дар маҷмўъ ин ду омил дар шароити баробар ҳиссаи қарзҳоро ба 0,6% зиёд карда метавонанд. Ба ғайр аз ин, таҳлил нишон дод, ки қарзҳои муҳлатгузашта, инчунин аз ҳисоби воситаҳои худӣ дар натиҷаи пешбурди хоҷагидории даромаднок пардохта мешаванд, зеро қарзи напардохтаи давраҳои пешин зиён аст, ки пардохтани он аз ҳисоби кредит дар шароити даромаднокии паст ё зиён маънӣ надорад. Ба ин васила, даромаднокии сармоя омили муҳими афзоиши сармоягузории худӣ ва қарзӣ мебошад.

Сатҳи баланди даромаднокӣ ба корхонаҳо имкон медиҳад, ки ҳаҷми лозимаи сармояро новобаста ба арзиши бозории он ҷалб намоянд.

Ҳамин тариқ дар хулосаи мақола қайд кардан лозим аст, ки самтҳои афзалиятноки ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ ба соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ бояд бо самтҳои сиёсати сохторӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии узвӣ дошта бошанд.

Ин самтҳо: ташкил кардани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои муштараки мудофиа; ҷорӣ кардани технологияҳои нави пурсамар дар кишоварзӣ ва соҳаҳои дигари КАС; рушди зерсохтори соҳибкорӣ, аз ҷумла зерсохтори содироти маҳсулоти коркардшуда; истифодаи саноатии таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ ва коркардҳои озмоишию созандагии олимони кишвар, дар комплекси агросаноатӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба