Зеҳн

САМАРАНОКИИ ИҚТИСОДИИ ИСТЕҲСОЛИ ХӮРОКИ САҲРОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФЕ
Фермер24 августи 2026 · 9 дақиқа хондан

Дар шароити муосир, истеҳсоли хӯроки саҳроӣ (заминҳои обёришавандаи кишти хўроки чорво ) на танҳо дар таъминоти хӯроки чорво аҳамияти ҳалкунанда дорад, балки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ дар кишвар таъсир мерасонад. Зиёда аз 57,4% замини корам ба зироатҳои хӯроки чорво (боназардошти ғалладонагиҳо) банд аст. Зироатҳои хӯроки чорво на танҳо манбаи истеҳсоли хӯроки чорво, инчунин барои биологиякунонии зироаткорӣ, ҳифзи ҳосилнокии замин, муҳити зист ва афзуи намудани истеҳсоли махсулот хизмат мекунанд. Ин нақши бисёрҷонибаи зироатҳои хӯроки чорво дар эътидол ва рушди минбаъдаи комплекси агросаноатӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад. Агар то соли 1991 ҳосилнокии зироатҳои хӯроки чорво то 24-26 с / га воҳиди хӯрока ва майдони кишти онҳо то 226 ҳазор га бошад, пас дар даҳсолаи охир пастравии истеҳсолот зиёда аз 2,5 маротиба коҳиш ёфтааст.

Майдони кишти хӯроки чорво 90-103 ҳазор гектарро ташкил дод, ки ҳосилнокии онҳо то 12-14 с воҳиди хӯрокаро ташкил медиҳад.

Агар дар соли 1991, ба ҳисоби миёна, ба 1 га кишти зироатҳои хӯроки чорво 71 кг (д.м.) нуриҳои минералӣ ва 2,8 тонна нуриҳои органикӣ рехта бошанд, пас дар соли 2018 мутаносибан 2,0 кг ва 135 кг –ро ташкил дод. Дар натиҷа ташаккули ҳосили зироатҳои хӯроки чорво дар шароити муосир асосан ба ҳосилхезии табиии хок ва таъсири боқимондаи нуриҳои қаблан истифодашуда асос ёфтааст.

Самтҳои асосии рушди истеҳсоли хӯроки чорво дар шароити муосир инҳоянд: барқарор кардани майдонҳои зироатҳои хӯроки чорво; такмили сохтори зироатҳо; омезиши оқилонаи омилҳои биологӣ ва техногенӣ, ки сарфи энергия ва захираҳоро таъмин мекунанд; баланд бардоштани фоиданокии энергетикӣ ва протеини ҳама намуди хӯрокҳо; ҳифз ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин; маҳсулоти экологии тоза ба даст овардан; ҳифзи муҳити зист.

Барои қонеъ гардонидани чорво бо хўрокаҳои серғизо ва ширанок, ки онро таркиби ратсиони хўроки чорво талаб мекунад ва ба сабаби 2 маротиба афзун шудани саршумори чорвои калони шохдор нисбат ба соли 1991 заруриаст, ки масоҳати зироатҳои хӯроки чорво ба 220 ҳазор гектар, аз ҷумла алафҳои лӯбиёгии бисёрсола то 110 ҳазор гектар, зироатҳои силосӣ то 40 ҳазор гектар, зироатҳои алафҳои яксола (12 ҳазор гектар) барқарор карда шавад. Бо мақсади зиёд кардани сафедаи хӯроки ғалладона, то соли 2025 майдони кишти зироатҳои лӯбиёгӣ ба 45 ҳазор гектар, рапс ба 4,1, лӯбиё то 12 ҳазор гектар, дар айни замон майдонҳои офтобпарастро дар сатҳи пешина нигоҳ доштан зарур аст.

Омили асосии интенсификатсияи истеҳсоли хӯроки чорво ин баланд бардоштани сатҳи истифодаи нуриҳо барои зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва нигоҳ доштани ҳосилхези хок бояд ба ҳар як гектар ба ҳисоби миёна то 90 кг маводи ғизоӣ илова карда шавад. Ҳангоми татбиқи маҷмӯи чораҳои асосии биологӣ ва технологӣ, истеҳсоли хӯроки чорво аз заминҳои саҳроӣ (бе ғалладона) чиҳо то соли 2025 имконияти то ду миллион тонна зиёд намудани хўрока мавҷуд аст. Асоси истеҳсоли хӯроки саҳроӣ алафҳои бисёрсола ва зироатҳои ғалладонагӣ ва ҷуворимакка баҳисоб меравад.

Манбаъҳои асосии истеҳсоли сафедаҳо лӯбиёгии бисёрсола, асосан омехтаҳои юнучқа ва ғалладонаҳои гиёҳҳои бисёрсола ва яксола, зироатҳои лӯбиёги (нахуд, вика, люпин, лӯбиёи хӯроки чорво), дар кишти алоҳида ва омехта, аз зироатҳои равғани - рапс парвариш карда мешаванд. Дар водиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби кишти зиёди заминҳои кишоварзӣ (то 80%), гиёҳҳои бисёрсола ва яксола, юнучқа, ҷуворимакка, сорго ва соргои-судонӣ бояд дар истеҳсоли хӯроки саҳроӣ истифода шаванд. Мушкилоти сафеда дар ин ҷо аз ҷониби гиёҳҳои лӯбиёгии бисёрсола (юнучқа, эспарсет, дониик), лӯбиёгиҳо (нахуд, чина, нут) ва зироатҳои равғандар (офтобпараст, рапс ва лӯбиё) ҳаллу фасл мешаванд.

Дар водиҳо тавсифи истеҳсоли хӯроки чорво бо давраҳои кӯтоҳмуддати бехунукӣ ва боришоти нобаробар дар мавсими кишт муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, васеъ кардани таркиби намудҳои зироатҳо ва таносуби онҳо дар сохтори майдонҳои кишт, ки барои истифодаи самараноки захираҳои намии тирамоҳу зимистон дар хок ва боришот дар нимаи дуюми тобистон имкон медиҳанд, муҳим аст. Ба гурӯҳи аввалини зироатҳо алафҳои бисёрсола ва ҷавдоритирамоҳӣ, зироатҳои барвақти солонаи баҳор; ба дуюм - зироатҳои ҷуворимакка, арзан, зироатҳои тобистонаи омехтаҳои лӯбиёгию ғалладона, рапс ва алафҳои равғандор ворид мешавад.

Дар ташкили базаи устувори хӯроки чорво ва биологикунонии зироаткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гиёҳҳои бисёрсола таалуқ дорад. Дар истеҳсоли маҷмӯи хӯрокаҳои ҳаҷман зиёд онҳо дар ҷойи аввал меистанд ва то 40% маҷмӯи умумии воҳиди хӯрокаро таъмин мекунанд. Дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубӣ, вазни хоси онҳо ба 70-75% мерасад. Онҳо манбаи асосии истеҳсоли алаф, хасбеда, силос мебошанд. Дар водиҳо алафҳои бисёрсола манбаи асосии истеҳсоли хасбеда мебошанд.

Дар солҳои охир, тамоюли васеъ кардани майдон дар зери алафҳои бисёрсола ба назар мерасад. Масоҳати онҳо дар соли 1991 ба 110 ҳазор гектар расидааст ва дар соли 2013 он 2,2 маротиба кам шудааст, аммо дар соли 2018 то 61,1 ҳазор га афзудааст. Ин тамоюли рушди кишти алафҳои саҳроӣ мебошад, зеро алафҳои бисёрсола бештар хӯрокаи арзон медиҳад ва парвариши онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид аст.

Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки коэффисиенти самаранокии энергетикии парвариши алафҳои бисёрсола аз зироатҳои ғалладона ва ҷуворимакка 2-2,5 маротиба зиёдтар аст. То соли 2025 майдони даравидани алафҳои бисёрсола бояд ба 100 ҳазор га расонида шавад, вазни хоси онҳо дар сохтори хӯрока ба ҳисоби миёна дар кишвар 50-60% ташкил диҳад. Самти дигари афзалиятноки рушди кишти алафҳо беҳтар намудани таркиби алафҳои бисёрсола мебошад. Дар соли 2018 аз майдони умумии кишт 61,1 ҳазор га заминҳои лӯбиёгӣ ва омехтаи онҳо 47,4 ҳазор га ё 77,6%, аз ҷумла 20 ҳазор га бо зироатҳои пешина кишт шудааст. Барои баланд бардоштани арзиши энергетикӣ ва сафедаи гиёҳҳои бисёрсола, кам кардани хароҷоти парвариши онҳо, таносуби лӯбиёгиҳо ва тухмии лӯбиёгӣ то соли 2025 бояд ба ҳисоби миёна 60- 62% ва баъдан 70-73% ва майдони 10 ҳазор га юнучқа, 60 ҳазор га ҷуворимакка барои силос, тарбеда зарур аст.

Кишти асосии ҷуворимакка бояд дар минтақаҳои марказӣ ва Хатлон ҷайгир карда шаванд ва инчунин зироатҳои киштшуда дар заминҳои обёришаванда дар НТҶ (ноҳияҳои водии Ҳисор) васеъ карда шаванд, зеро дар ин минтақаҳо ҳосилнокӣ баландтар мебошад. Майдони кишти зироатҳои хӯроки чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷадвали 1 нишон дода шудааст.

Дар соли 1991 майдони кишти ҷуворимакка барои силос нисбат ба соли 1991 ду баробар, лаблабуи қанд барои хӯрок 10 маротиба, алафҳои бисёрсолаи кишти солҳои гузашта қариб 2 маротиба ва дар маҷмӯъ майдони кишти зироатҳои хӯроки чорво дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо дар ҷумҳурӣ 122 ҳазор га ё 53,9% кам шуд.

Самти муҳим интенсификатсияи парвариши алафҳои яксола такмил додани таркиби кишти онҳо тавассути васеъ кардани омехтаҳои ғалладонагиҳо мебошад. Ба ҳисоби миёна, дар соли 2025, чунин омехтаҳо бояд 45-47%, дар оянда - 60-65%-ро ташкил кунанд. Ҳамин тавр, дар соли 2018 майдони кишти ҷуворимакка тақрибан 2,3 маротиба кам шуда, 18,4 ҳазор га-ро ташкил дод ва ҳосилнокии ҷуворимакка барои силос, хўроки сабз ва тарбеда ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон ба 219,1 с / га баробар шудааст.

Дар сохтори майдони кишти зироатҳои хӯроки чорво алафҳои яксола пас аз алафҳои бисёрсола ва дар истеҳсоли умумӣ - сеюм, баъд аз алафҳои бисёрсола ва ҷуворимакка ҷой мегиранд. Бештар алафҳои яксола манбаи истеҳсоли хӯроки сабз дар тобистон буда, инчунин барои истеҳсоли хасбеда, силос ва сенаж истифода мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон аз ҳисоби алафҳои яксола 120 ҳазор тонна хасбеда ё 13- 15 фоизи истеҳсоли умумии он дар заминҳои корам ҳосил карда мешавад.

Бо такмил додани сохтори майдони кишти алафҳои бисёрсола, баланд бардоштани сатҳи химиякунонӣ, ҷорӣ намудани кишти зироатҳои навъӣ, ҷамъоварии алафҳо дар шароити муносиб, истифодаи бисёрдаравӣ, имкони воқеӣ барои расидан ба сатҳи ҳосилнокии то 25-27 с / га хасбеда ва 150-160 с / га массаи сабз мавҷуд аст. Тибқи ҳисобҳои Пажӯҳишгоҳи Тадқиқотии Россия дар сатҳи ҳосили алаф то 30-32 с / га хасбеда ва 170-180 с / га массаи сабз оварда мешавад.

Ҳосили умумии хӯроки чорво то соли 2025 тақрибан 1,5-2 миллион тонна воҳид хўрока ва 0,5 миллион тонна протеини хомро ташкил дода метавонад. Барои ба даст овардани чунин ҳаҷм талабот ба нуриҳои минералӣ барои алафҳои бисёрсола то 80 ҳазор тонна ё ба хар гектар 65—75 килограммро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи муҳими афзоиши самаранокии истеҳсоли хӯроки чорво ноил шудан ба баланд шудани ҳосилнокии зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Нишондиҳандаҳои ҳосилнокии зироатҳои хӯроки чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (га) дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо (сентнер барои 1 га) дар ҷадвали 3 оварда шудаанд.

Аз ҳисоби кам шудани майдони зироатҳои хӯроки чорво ва ҳосилнокии он, ҳосили умумии хӯроки чорво аз ҳисоби зироатҳои силосбоб то 1,2 миллион тонна кам шуд. Дар ояндаи наздик, дар минтақаҳое, ки хусусиятҳои биологии ҷуворимакка ба шароити табиӣ ва иқлимӣ мувофиқанд, майдони кишт бояд ба сатҳи солҳои 1990-1991 барқарор карда шавад ва дар дигар зироатҳои силосбоб бояд дар дараҷаи соли 1991 боқӣ монад. Дар минтақаҳои шимолии кишвар манбаи асосии ашёи барои силос бояд алафҳои бисёрсола ва яксола бошад. Тибқи дурнамо аз ҳисоби ин зироатҳо хӯроки чорво барои истеҳсоли силос дар сатҳи 1,5- 2 миллион тонна имконпазир аст. Дар минтақаи хавфноки кишоварзӣ, ки дар он ҷо боришот кам аст, тавсия дода мешавад, ки сорго парвариш карда шавад, ки ҳосилнокии он аз ҷуворимакка тақрибан аз сеяк зиёд аст. Дар ташкили захираҳои пурраи хӯроки ширадор зироатҳои бехмеваи хӯроки чорво ва лаблабуи қанд барои хӯроки чорво нақши муҳим доранд. Дар солҳои охир, майдони кишти бехмеваи хӯроки чорво дар соли 2018 кам шуда. 198 гектарро ташкил дод, ки дар сохтори замини хўроки чорво аз 0,3 % зиёд нест.

Аз нишондиҳандаҳои ҷадвал бармеояд, ки ҳосилнокии зироатҳо гуногун аст. Хосилнокиии бехмева ва лаблабуи қанд дар соли 2018 нисбат ба соли 1991 мувофиқон 7,0 ва 17,5% кам шуда бошад, ҳосилноки ҷуворимакка ва алафҳои беҳимояи бисёрсола барои хасбеда мувофиқан 1,9% ва зиёда аз 2 маротиба афзун гардидааст.

Зироатҳои бехмевагӣ ғизои аз ҷиҳати энергетикӣ қавӣ мебошанд ва то 154 ГҶ / га қудрат доранд, дар ҳоле ки арзиши истеҳсоли хӯроки 1 сентнер воҳиди хўрока аз зироатҳои ғалладона 2,5 маротиба ва аз гиёҳҳои бисёрсола 4.6 маротиба зиёдтаранд.

Дар оянда истифодаи зироатҳои бехмеваҳои хӯроки чорво мустақиман аз имконоти ҷорӣ намудани технологияҳои интенсивӣ дар асоси сатҳи баланди кимиёкунонӣ ва истифодаи воситаҳои механиконидашуда барои парвариш ва ҳосилғундарии онҳо вобаста хоҳад буд.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои даромаднокӣ аз фурӯши маҳсулот, вобаста аз эҳтиёҷот ба ин маҳсулот арзёбии самаранокии иқтисодии истеҳсоли хӯроки чорво пешниҳод карда мешавад. Чунин нишондод афзоиш додани худтаъминкунии маҳсулотба як истеъмолкунанда бо назардошти таъсири ин раванд аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсол аз майдони замини хӯроки чорво мебошад.

Масалан, кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии ба номи. Л. Муродови шаҳри Ҳисор, ки ба истеҳсоли шир ва гӯшт махсус гардонидашудааст, самаранокии истеҳсоли хӯрокро муайян карда шудааст. Афзоиши гумус дар таркиби хок ба баланд шудани самаранокии иқтисодии истеҳсоли хӯроки чорво мусоидат мекунад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба