Зеҳн

БОЗЁФТИ ХУМИ АНТИҚА ДАР ШИНГАК

АХ
Ахбор22 августи 2026 · 2 дақиқа хондан

Шаҳри бостонии Панҷакент бо таъриху тамаддун ва ёдгориҳои зиёд, аз ҷумла, шаҳраки Саразми бостонӣ, ки таърихи 5500-сола дорад, Панҷакенти қадим, Санҷаршоҳ ва ғайраҳо шуҳрати босазо касб кардааст.

Бояд зикр намуд, ки гоҳо дар илми бостоншиносӣ бозёфтҳои тасодуфӣ метавонанд боиси кашфи ёдгориҳои беназир гарданд. Масалан, кашфиёти Саразми бостон аз бозёфти тасодуфии сокини маҳаллии деҳаи Авазалии Деҳоти Саразм Ашўралӣ Тайлонов – табари биринҷӣ буд. Баъдан, бостоншинос, доктори илмҳои таърих Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар минтақаи Саразм ҳафриёт гузаронида, ба омўзиши илмии он оғоз бахшид.

Ҳамчунин кашфиёти Қалъаи Муғ низ аз тасодуфан пайдо намудани дастхатҳои ба хати номаълум навишта сар мешавад, ки аз ҷониби чўпон, сокини маҳаллӣ Ҷўраалӣ Маҳмадалӣ ёфт шуда буд. Баъдан, дар натиҷаи омўзишҳои илмӣ бозёфтҳои зиёди дигар – хусусан дастхатҳои бо ҳуруфоти суғдӣ, арабӣ ва хитоӣ навишташуда пайдо гардиданд. Албаттта дар омўзиши Панҷакенти қадима бозёфтҳои Қалъаи Муғ мушкилоти зиёди илмиро ҳал намуд.

Ҳамин тавр, шаҳрвандоне кам нестанд, ки ба ҳифз ва нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангии ватанамон арҷ мегузоранд. Яке аз онон сокини деҳаи Шингак, Деҳоти Хурмӣ Халил Сатторов мебошад, ки аз пайдо гардидани як хуми калон, сафолпораҳо ва зарфи сафолини косамонанд аз ҳавлии истиқоматии худ, ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Панҷакент ва Ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии шуъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент хабар дод.

Гурўҳи корӣ дар ҳайати директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Панҷакент” Мақсуд Мизробзода, номзади илмҳои бостоншиносӣ Абдурауф Раззоқов, нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Панҷакент Шабнам Шодмонбоева, мутахассиси соҳаи бостоншиносӣ, корманди илмии Институти таърихи мероси моддии Академияи илмҳои Руссия Фирўз Аминов ва камина корманди илмии шуъбаи бостоншиносии осорхона ба мавзеи деҳоти номбурда сафар намуда, макони бозёфтро аз назар гузаронид. Пас аз шиносоӣ бо сафолпораҳо ва хум зарур дониста шуд, ки бозёфтҳо барои таҳқиқ ба Осорхонаи ба номи А. Рўдакӣ интиқол гардад.

Бозёфтҳои нав аз макони бостоние пайдо гардид, ки пештар ин ёдгорӣ ба олимони соҳа маълум набуд. Аз ҳамин сабаб метавон гуфт, ки дар Панҷакент боз як ёдгории таърихии нав пайдо гардид.

Бояд гуфт, ки хум дар ҳолати хумпораҳо (қисмҳо) ба мо манзур гардид ва алҳол мавриди барқароркунӣ ва омўзиш қарор дорад.

Хум 1 м баландӣ ва 50 см паҳноӣ дошта, қисми болоии он бо гили пухташуда ороиш дода шудааст. Ба ғайр аз хум боз як косаи дастисоз ва сафолпораҳои зиёди дигар ёфт гардиданд. Якчанд сафолпораҳо бо ранги сурх ранг карда шудаанд. Омўзиши пешакӣ нишон медиҳад, ки сафолпораҳо ба асрҳои I пеш аз мелод – 2 мелодӣ мутааллиқанд.

Хулоса, бозёфти мазкур осори моддӣ-фарҳангӣ ва бостонӣ маҳсуб гашта, аз таърихи замони антиқа маълумот медиҳад ва умедворем, пас аз тадқиқоти илмӣ ба саҳифаҳои нави таърихи диёрамон равшанӣ меандозад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба