Зеҳн

САРМУҲАРРИРЕ, КИ ДАР ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ИНТИХОБ ГАРДИД

АХ
Ахбор22 августи 2026 · 4 дақиқа хондан

Ба пиндори камина чунин ашхоси мӯътабар, рўзноманигори шинохтаи кишвар, устоди
азизу гиромӣ Мирзомаҳмуд Мирбобозода ва шахсияте, ки соли 1992 дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ бо қарори иҷлосияи мазкур дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба мансаби сармуҳаррири нашрияи парлумонии “Садои мардум” таъин гардида буд, ба муаррифӣ комилан ниёз надорад. Зеро эшонро мардум хуб мешиносад ва ному насаби ин тоифа инсонҳои заҳматкашу қаламкаш дар саҳифаҳои матбуот бо ҳуруфи заррин сабт мегарданду муштариёну муштоқон ташнаи нигоштаҳои онҳо буда, номашонро бо эҳтиром ба забон меоранд. Ба ифодаи суханваре:

Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишқ, Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо...

Бояд қайд кард, ки рўзноманигори шинохта, корманди собиқадори нашрияи “Садои мардум” Тиллои Некқадам дар як мақолаи худ зери сарлавҳаи “Раҳи иқбол аз иҷлоси он шуд боз...” дар нашрияи мазкур аз санаи 14уми ноябри соли 2022 оид ба вазъи онвақта, аз ҷумла чунин навиштааст: “Аз Дастгоҳи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш шуд, ки хабарнигорони рўзномаи «Садои мардум» барои инъи¬коси кори Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ ба шаҳри Хуҷанд раванд. Иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рўзнома Мирзомаҳмуд Мирбобоев ва хабарнигори рўзнома Мардони Муҳаммад ба сафари хизматӣ ба шаҳри Хуҷанд фиристонида шуданд. Дар шаҳри Хуҷанд ба онҳо хабарнигори рўзнома Абдуғаффор Қурбонов, хабарнигорони минтақавии рўзнома дар вилояти Ленинобод Солеҳи Зарифзод ва хабарнигори рўзнома дар вилояти Кўлоб Бобоҷон Абдулвоҳидов ҳамроҳ шуданд”.

«Садои мардум» дар воқеаҳои солҳои 1991-1992 дар ҷумҳурӣ ягона рўзномае буд, ки ба Давлату Ҳукумати қонунӣ содиқ монд ва ба туфайли ин рўзнома хонандагон аз ҳақиқати воқеаҳо бохабар гаштанд. Ҳамин ҳақиқатнигории рўзнома буд, ки баромадҳояш на ба ҳама писанд меомад. Аз ин рў, душманони ростиву ҳақиқат сармуҳаррири рўзнома Муродулло Шерализодаро ҳадафи тир қарор доданд. 5-уми майи соли 1992 ин рўзноманигори ҳақиқатпараст ба қатл расонда шуд. Вале рўзномаю коллективи эҷодии он аз роҳи ҳақиқатнигорӣ рўй натофт», – навиштааст профессор Иброҳим Усмонов.

Хабарнигорони парлумонии рўзнома шурўъ аз 18-уми ноябри соли 1992 то 15-уми декабри соли 1992 дар бораи ҷараёни иҷлосия иттилоия, хабар, муроҷиатномаҳо, қарорҳои нав қабулшуда ва гузориши фишурдаро чоп карданд. Дар баробари ин, онҳо баромаду гузоришҳои вакилони халқро сабт карда, фишурдаи онро дар коғаз навишта, аз тариқи телетайпи АМИТ «Ховар» ва тавассути телефон ба идораи рўзномаи «Садои мардум» мефиристоданд. Албатта, ин кори вазнин ва заҳматталаб буд, вале хабарнигорон масъулияти дар наздашон гузоштаро хуб дарк намуда, софдилона меҳнат мекарданд.

Ана дар ҳамин гуна вазъияти муташанниҷ қаҳрамони нигоштаи мо, ки дар ин нашрияи бонуфуз вазифаи муовини аввали сармуҳаррирро ба зимма дошт, дар ҷараёни баргузории иҷлосия ба ҳайси сардабири нашрияи мазкур таъин шуд.

Шиносоии ғоибонаи мо бо устоди азиз Мирзомаҳмуд Мирбобозода ҳанўз дар миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта, яъне ҳангоми мухбири калон ва хабарнигори махсуси рўзномаи бонуфузи “Тоҷикистони советӣ” шуда кор карданашон ба вуқўъ пайваста буд. Яъне ҳангоми дар синфҳои болоии мактаби миёна таҳсил карданам ба нигоштаҳо бо имзои М. Мирбобоев зуд-зуд дучор меомадаму дар дил ҳаваси мисли он кас хабар навиштану рўзноманигор шуданро дар замирам мепарваридам.

Бино ба нақли қиблагоҳам ва дўстон М. Мирбобоев солҳои зиёд, аниқаш дар ду давра, яъне аввал дар солҳои 1965-1967 ва баъдан маротибаи дуюм дар солҳои 19701976 ба ҳайси тарҷумону забондони моҳир дар кишвари ба мо ҳамсоя Республикаи Демократии Афғонистон (ҳоло Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) кору фаъолияти мондагорро ба иҷро расонидаанд.

Он солҳо рўзноманигори шинохта Мирзомаҳмуд Мирбобоев воқеан бисёр ҳам шуҳратёр буданд, алалхусус дар миёни рўзноманигорони ватанию бурунмарзӣ. Бар замми ин он солҳо, ки баъзан ҳамчун солҳои рукуд ёд мекунем, қурби матбуоти чопӣ хело ҳам баланд буда, ҳар як хабару мақолаи танқидӣ пас аз интишор гардиданаш ҳатман боиси муҳокима ва инчунин вокунишҳои ҷиддӣ мегашт. Аз ҷониби дигар, азбаски матбуоти даврӣ дар итоату ихтиёри кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳриву ноҳиявӣ қарор доштанд, нуфузу мартабаашон баланд буд.

Ба хотири он, ки нашри маводи танқидӣ боиси ҳалли мушкилоти мавҷудаи мардуми зиёд мегашт, одамон ба нигоштаҳои рўзномаҳо таваҷҷуҳи хоса доштанд. Қаламкашони маъруфу шинохта ҳамчун мухбирони махсуси назди сардабир, мухбири калон ва инчунин ба ҳайси мудири шуъба аз паси мактубҳои бешумори хонандагон ба шаҳру ноҳияҳо ва инчунин деҳаҳои дурдаст ба сафарҳои хидматӣ рафта, дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳатман паси ислоҳу бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда мешуданд.

Чунки он айём ҳалли масъалаҳои мухталифи аҳолӣ яке аз рукнҳои асосии нашрияи сатҳи ҷумҳуриявӣ ё ба ибораи дигар нашрияи рақами яки кишвар ва инчунин нашрияҳои расмӣ ба ҳисоб мерафт.

Оре, номи наку ва кору пайкори мондагори сухангустари вологуҳар Мирзомаҳмуд Мирбобозода мудом дар лавҳи хотири мо шогирдонашон шуълаи фурўзонеро мемонад, ки онҳоро ҳамеша сармашқи кору фаъолияти худ меҳисобем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба