ТАҲҚИҚУ ОМЎЗИШИ ЗАБОНИ МАТБУОТ АЗ УСТОДОН САРЧАШМА МЕГИРАД
Матбуоти тоҷик таърихи зиёда аз садсола дорад. Дар ин муддат умдатарин проблемаҳои ташаккул ва таҳаввули матбуоти миллӣ аз тарафи муҳаққиқони соҳаи журналистика мавриди тадқиқ қарор гирифта, вобаста ба забони матбуот низ як зумра тадқиқотҳо ба миён омадаанд. Бояд гуфт, ки нахустин мақолаҳо дар бораи матбуот ва забони он ба қалами устод Садриддин Айнӣ тааллуқ дорад. Агар дар мақолаи “Қавми тоҷик ва рўзнома”-и устод, ки 25 августи соли 1924 дар рўзномаи “Овози тоҷик” ба табъ расидааст, дар бораи зарур будани рўзнома ба ҳар қавму миллат, нақши калон доштани матбуот дар ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеа сухан равад, дар мақолаи “Матбуоти тоҷик”, ки баъд аз ду сол – 6-уми сентябри соли 1926 дар “Овози тоҷик” рўйи чоп омадааст, баъзе проблемаҳои забони матбуот ба миён гузошта шудаанд. Дар ин мақолаи худ устод Айнӣ зикр менамоянд, ки забони матбуот бояд барои оммаи мардум фаҳмо бошад ва танҳо дар ҳамин сурат мардуми оддӣ рў ба рўзнома меорад. Устод Садриддин Айнӣ иҷрои ин вазифа, яъне “аз ҷиҳати забон наздик кардани матбуот ба оммаи мардуми тоҷик”-ро кори басе заҳматталаб ҳисобида, таъкид медорад, ки барои ин на танҳо мероси бою пурғановати гузаштагонро омўхтан, балки “дар байни мардуме, ки ҳозир зиндагӣ мекунад, даромадан ва забони зиндаи эшонро ҷустуҷў кардан лозим аст”.
Мақолаи донишманди тоҷик Т. Зеҳнӣ “Забони “Овози тоҷик” шояд аз нахустин мақолаҳои илмие бошад, ки бевосита ба забони рўзномаи “Овози тоҷик” бахшида шудааст. Мақолаи мазкур ба дусолагии таъсиси рўзномаи “Овози тоҷик” бахшида шуда, дар он вазъи забони рўзнома арзёбӣ мегардад. Пас аз зикри баъзе аз нуқсонҳои забони рўзномаи “Овози тоҷик”, ки асосан хусусияти умумӣ доранд, муаллифи мақола бо қаноатмандӣ зикр менамояд, ки рўз то рўз, аз як шумора то шумораи дигар забони рўзномаи “Овози тоҷик” ба забони оммаи меҳнаткашон наздик шуда истодааст. Ў ҳамзамон таъкид медорад, ки бисёр эҷодкорон бояд аз кормандони рўзнома ибрат гирифта, матлабро бо забони сода ва бо ҷумлаҳои кўтоҳи ҳамафаҳм баён намоянд, то хонанда онро “ба заҳмату забонгирии равон” бифаҳмад. Дар мақола инчунин дар бораи ба вуҷуд овардани истилоҳоти илмию адабии ба завқи хонандаи замон созгор ва як забони ҳамафаҳми форсӣ ақида пешниҳод мегардад. Муаллифи мақола ҳамчунин бори аввал масъалаи “озодии забон”-ро ба миён гузошта мегўяд: “Бояд акнун забони мо як қалам аз бандигӣ ба бандагии забонҳои бегона озод бошад. Ҳамчуноне ки озодем, забонамон ҳам озод бошад”. Албатта, дар он замон, ки бархе аз бадхоҳону бадсиголон мавҷудияти забон ва миллати тоҷикро инкор менамуданд, бо чунин суханон дар матбуот баромад кардани як нафар зиёии тоҷик баробари як қаҳрамонӣ буд.
Баъд аз ду сол устод Т. Зеҳнӣ дар бораи забони “Овози тоҷик” мақолаи нисбатан мукаммале менависанд, ки “Забони “Овози тоҷик” (ё ки давраҳои сегонаи ў нисбат ба забон)” ном дорад. Дар ин мақола забони рўзнома дар давраи чор соли мавҷудияташ мавриди таҳлилу баррасии кўтоҳ, вале амиқу мушаххас қарор мегирад. Муаллиф ба таври мухтасар бисёр камбудиҳои забонии рўзномаро зикр намуда, дар охир барои боз ҳам беҳтар шудани забони он тавсияҳои хешро дар шаш банд пешниҳод менамояд. Тавсияҳои муаллифи мақола ба “кўтоҳу сода” будани ҷумлаю ибораҳо дар забони рўзнома, “равон, ҳамафаҳм ва ширин” будани тарзи баён, “мувофиқи қоидаи забон” офаридани истилоҳот, “роҳ надодан ба услуби вайрони одии” мардум, яъне дар ниқоби содабаёнӣ ба дараҷаи ифроти кўчагӣ наовардани забон, “ба маҳалгароиҳои танг роҳ надодан”, яъне сўистеъмол накардани унсурҳои забони маҳалли худ дар саҳифаҳои рўзнома ва “бо як услуби муайян, бо ифодаи равшан пеш бурдани забони рўзнома” марбут буда, муаллиф таъкид медорад, ки ҳангоми офаридани истилоҳот бештар ба “забони зинда” муроҷиат карда шавад.
Пас аз солҳои 50-уму 60-уми асри гузашта ба масъалаи забони матбуот таваҷҷуҳи бештар зоҳир шудааст. Хизматҳои забоншиносон Н. Маъсумӣ ва М. Шакурӣ дар таҳлилу баррасии забони матбуот хеле назаррас аст. Н. Маъсумӣ дар мақолаҳояш «Масъалаҳои муҳими меъёри забони адабии ҳозираи тоҷик», «Доир ба маданияти сухан», «Чуноне ё чунон ки», асосан, ба масъалаҳои меъёри луғавӣ, грамматикӣ, услубии забони адабии тоҷикӣ диққат дода бошад ҳам, мақсудаш ҳушдор додани қаламкашон – нависандагону рўзноманигорон будааст. Дар мақолаҳои номбурда дар баробари масъалаҳои гуногуни грамматикаи забони тоҷикӣ ба истеъмоли дурусти калима, истилоҳот ва калимаҳои хусусияти варваризмдошта аҳаммият дода шудааст.
Муҳаққиқ М. Шакурӣ бошад, қариб ним аср бо нуқсонҳои забони матбуот мубориза бурдааст. Аввалин мақолаҳои муаллиф ибтидои солҳои 50-уми асри ХХ ба табъ расида буданд. Соли 1965 силсилаи мақолаҳои эшон таҳти унвони умумии «Сухан аз забон ва тарзи баёни аҳли матбуот» дар маҷаллаи «Садои шарқ» ба табъ расид ва бо иловаи андешаҳои нав соли 1968 китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад» (бо иловаҳо солҳои 1985 ва 2005 нашр гардидааст) ба майдон омад. Агар дар тадқиқоту баррасиҳои устод С. Айнӣ ва Н. Маъсумӣ умуман навиштаҳои аҳли қалам – шоирону нависандагон, рўзноманигорон ва тамоми соҳибзабонон дар мадди назар бошанд, дар нигоштаҳои М. Шакурӣ маҳз забони аҳли матбуот таҳлил карда мешавад ва агарчи худи муаллиф дар сарсухани китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад» қайд мекунад, ки: «Муаллифи ин китоб... забоншинос нест. Аз китоби ў ҷамъбасти густаришдори назарӣ набояд чашм дошт», то ба миён омадани як қатор асарҳо дар солҳои 2000-ум аз комилтарин тадқиқот дар мавриди забони васоити ахбори оммаи тоҷик аст. М. Шакурӣ дар асари худ ба истеъмоли дурусти калима, маънои луғавии он, тобишҳои услубии калима, такрори маъно, ғалатҳо дар калимасозӣ, истеъмоли воситаҳои грамматикӣ, аломатҳои китобат ва ба дигар масъалаҳои муҳимми тозагии забони воситаҳои ахбори омма мутаваҷҷеҳ шудааст. Пас аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон забони тоҷикӣ давраи нави такомулро аз сар гузаронд. Дар фазои иттилоотии Тоҷикистон рўзномаву ҳафтаномаҳои гуногунандеш тадриҷан падид омаданд. Маълум аст, ки дар саҳифаҳои онҳо доираи густурдаи ашхоси сатҳи забондонию забоншиносиашон гуногун қалам меронанд.
Навиштори аксари муаллифони мақолаҳо аз ғалатҳою печидагиҳои забон орӣ набуд. Агарчи ин ҳолати ноҷур аз як тараф забоншиносонро бештар ба ташвиш оварда бошад, аз тарафи дигар боиси ба миён омадани як қатор асарҳо доир ба забони васоити ахбор, бахусус матбуот гардид. Асарҳои ба сифати дастури таълимӣ батабърасондаи профессор Б. Камолиддинов “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” ва “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” аз ҳамин қабил мебошанд. Ин ду асари профессор Б. Камолиддиновро метавон давоми мантиқии асари “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”-и академик М. Шакурӣ номид ва худи устод М. Шакурӣ ҳам зимни як вохўрӣ бо устодону донишҷўёни факултети журналистика ба ин нукта таъкид карда буданд. Аммо, ба андешаи мо, ҳарчанд асарҳои Б. Камолиддинов – “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” ва “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот”-ро давоми мантиқии асари “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”-и М. Шакурӣ ҳисобидан мумкин аст, дар ин асарҳо ду фарқи ҷиддӣ ба назар мерасад: аввалан, дар асари М. Шакурӣ “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” ҷанбаи назарӣ бар амалия бартарӣ дорад.
Дар китобҳои “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” ва “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” бошад, баръакси инро мушоҳида кардан мумкин аст. Яъне устод Б. Камолиддинов ҳангоми таълифи асарҳои ба забони матбуот бахшидаи худ бештар ба ҷанбаи амалии масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Сониян, дар асари устод М. Шакурӣ мисолҳо ба таври умумӣ ва бидуни овардани сарчашма зикр шудаанд. Дар асарҳои профессор Б. Камолиддинов ҳар як мисол бо сарчашмаи мушаххас, яъне бо нишон додани нашрияи мушаххас, шумора, рўз, моҳ ва соли нашри он оварда мешавад.
Аз асарҳои профессор Мукаррама Қосимова – “Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан” ва Уктами Холиқназар – “Ғалат менависем” низ доир ба вазъи имрўзаи забони ВАО, ғалатҳои калимасозӣ, услубӣ ва луғавии забони васоити ахбори омма, тарзи корбаст ва шакли саҳеҳи калима маълумоти муфид пайдо кардан мумкин аст.
Чунин корҳои устодон, бешубҳа, барои анҷом додани таҳқиқоти густурда доир ба забони матбуот ва дигар ВАО, ҳамчунин барои ташаккули илми медиалингвистика ё забоншиносии расонаӣ, ки муносибати системавӣ ба омўзишу таҳқиқи забони ВАО-ро тақозо менамояд, заминаи мусоид фароҳам меоранд. Аз тарафи дигар, вазъи имрўзаи забони адабии тоҷик ва бисёр масъалаҳои вобаста ба рушду инкишофи ояндаи онро аз забони матбуот ва дигар ВАО муайян кардан мумкин аст. Аз ин рў, дар баробари таҳқиқи масъалаҳои назарии пайдоиш, инкишоф ва таҳаввули матбуот дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба вазъи забони он низ дар давраҳои муайян таваҷҷуҳ зоҳир намудан низ амри зарурӣ мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё