МУҲАҚҚИҚИ СОЗВОРАИ БИОЛОГӢ
Пажўҳишҳои илмӣ ва ба вижа, дар улуми табиӣ ҷиҳати ҷалб ва баррасии ақидаҳои бонувон дар илм барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз ҳам дар ҳадди қонеъкунанда нест ва басе нигаронкунанда низ ҳаст, ки занону бонувони мо бинобар пажўҳишҳои илмии соҳавӣ баъзан мавриди истиқбол қарор намегиранд. Гоҳо чун баҳс ҷиҳати баррасиҳои илмӣ сурат пазируфт, баъзе мардон бо хабар ёфтан аз мансубияти ҷинсии пажўҳишгар нобоварона ин ҳарфҳоро бар забон меоранд: муҳаққиқ зан будааст... Бинобар ин, ковишҳои мо алҳол ба бонуе иртибот дорад, ки ба дараҷаи академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расида ва дар масъалаҳои гуногунии биологӣ нақши сазоворе дар улуми дақиқ ва табиатшиносӣ дар замони соҳибистиқлолӣ боқӣ гузоштааст. Номбурда академики АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Муҳиба Яъқубова маҳсуб мешавад.
Омўзиши модулӣ ҳамчун технологияи педагогӣ дар амалияи таълими биология васеъ паҳн шудааст. Моҳияти таълими модулӣ дар он аст, ки хонанда дар ҷараёни кор бо модул ба мақсадҳои мушаххаси фаъолияти таълимӣ ва маърифатӣ комилан мустақилона ноил мегардад. Модул як воҳиди функсионалии мақсаднок мебошад, ки мундариҷаи таълим ва технологияро барои азхудкунии он муттаҳид мекунад. Дарси модулӣ аз дарси муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки мактаббачагон мустақилона кор, бо якдигар муомила кардан, ба кори худ ва рафиқи худ баҳо доданро ёд мегиранд. Ба он диққати махсус дода мешавад, ки ҳар як талаба мақсади дарсро фаҳмад – чиро ва чӣ тавр омўхтан, ба чӣ диққат додан лозим аст.
Ин навъи омўзиш барои инкишофи тафаккури мустақилона, ҷустуҷўи эҷодии талабагон имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Тафаккур аз пайдоиши масъала, савол, вазифае оғоз мешавад, ки бомуваффақият тавассути ҷустуҷўи қисман ё усули эвристикӣ ҳал карда мешавад. Моҳияти ин намуди таълим дар он аст, ки як ишораи хурди омўзгор майдони ҷустуҷўро кам мекунад ё супориш ба зервазифаҳо тақсим мешавад ва ба ин васила мушкилот боқӣ монда, барои ҳаракати қадам ба қадам ба сўи ҳалли ниҳоӣ мусоидат мекунад. Усули ҷустуҷў сатҳи баландтарини омўзиши мушкилот аст. Хусусияти он аз ин иборат аст, ки талабагон бидуни кумаки назарраси муаллим дониш ва усулҳои амали навро тавассути мураттабсозии масъалаҳои тарбия ва ҳалли онҳо мустақилона кашф ва азхуд мекунанд. Ин усул дар мактаби миёна, вақте ки хонандагон аллакай заминаи кофии назариявӣ ва сатҳи муайяни ҷаҳонбинӣ доранд, истифода мешавад. Дар мактаби миёна усули ҷустуҷўро ба дарсҳое, ки дар шакли семинар гузаронида мешаванд, дохил кардан мумкин аст.
Академик Муҳиба Яъқубова аз зумраи омўзгороне аст, ки дар тадрис ва таълими фанни биология аз намудҳои гуногуни технологияҳои муосир истифода мекунад ва ба қавли донишандўзон, дарси мавсуф бинобар истифода аз мадракҳои муосири илми биология хеле шавқовар мегузарад. Ҳамакнун, тадқиқоти Яъқубоваро чун академик дар соҳаи биологияи ватанӣ баррасӣ мекунем. Мавсуф аксар тадқиқотро дар риштаи ра-ванди ҳосилбандии ниҳоли пахта анҷом додааст. Яке аз рисолаҳои тахассусии мавсуф таҳти унвони «Ҷанбаҳои физиологию биохимиявӣ ва молекулавию генетикии раванди ҳосилбандии пахта» таъсири хусусиятҳои сохторӣ ва амалкарди дастгоҳи фотосинтезиро баррасӣ намудааст. Консепсияи «раванди сабзиш дар ниҳоли пунбадона»-и Яъқубова аз навовариҳои илми биология дар замони Шўравӣ мебошад ва таҳқиқи ҳамин масъала ва вижагиҳои хос дар биологияи муосир дар замони соҳибистиқлолӣ идома ёфтааст. Муҳиба Яъқубова чун муҳаққиқи ҷанбаҳои биофизикии элементҳо тавсифи муқоисавии сохтори молекулавии зарраҳои фотосинтетикиро дар мисоли навъи 108-Ф пешниҳод намудааст.
Ташаккули малакаи муқоисаи ашё аз фаҳмонидани он чи будани муқоиса ва чи тавр анҷом додани он оғоз мегардад. Ҳар як муқоиса дорои унсурҳои таҳлил ва синтез мебошад. Муқоисаро дар асоси матн, расмҳо, диаграммаҳо ва тарҳрезӣ дар шакли ҷадвал ва диаграммаҳо анҷом додан мумкин аст. Масалан: Мавзўъ: «Нафасгирӣ ва фотосинтез». Хусусиятҳои раванди фотосинтези нафаскашӣ кадомҳоянд? Он дар кадом ҳуҷайраҳо пайдо мешавад? Кадом газ ҷаббида мешавад? Кадом газ хориҷ мешавад? Бо моддаҳои органикӣ чӣ мешавад? Дар кор бо китоби дарсӣ расмҳо низ ёрии калон мерасонанд. Онҳо барои иҷрои вазифаи таҳлил ва муқоиса истифода мешаванд.
Ин навъи технология аз шаклҳои фаъолияти таълимӣ иборат аст, ки барои донишгоҳҳо хосанд. Азбаски мактаби миёна бештар ба дохил шудан ба донишгоҳ нигаронида шудааст ва дар он таълими соҳавӣ (профилӣ) амалӣ карда мешавад, хонандагони синфҳои болоӣ бояд пешакӣ ба муҳити нави таълим омода шаванд. Ва дар таълими биология ин шакли фаъолияти таълимиро аллакай дар звенои миёна истифода бурдан мумкин аст. Барои муаллими биология азхуд кардани ин технология душвор нест, элементҳои алоҳида кайҳо боз дар мактабҳо васеъ истифода мешаванд. Аммо, муаллим бояд технологияҳои хусусии зеринро азхуд кунад: омодагӣ ба лексияҳо, семинарҳо, санҷишҳо, мубоҳисаҳо; ташкили фаъолияти тарбиявӣ; идоракунии фаъолияти таълимӣ; худтаҳлили натиҷаҳои таълим.
Курси биологияи мактабӣ барои ҳалли масъалаи актуалии дар мамлакат ташаккул додани маданияти экологии насли наврас имкониятҳои калон дорад. Дар рисола таърихи масъалаи таълими биология дар мактабҳои шўравӣ, моделҳои асосии тарбияи экологӣ, шаклу усулҳои таълим, ки барои ташаккули маданияти экологӣ бештар самарабахшанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз рўйи ҷадвал таҳлили барномаи биология барои мактабҳои маълумоти умумӣ, консепсияҳои экологиро дар мазмуни курс, шаклу усулҳои барои ифшои онҳо тавсияшуда нишон додан зарур мебошад.
Таҷрибаи муаллимони биологияро дар ҳалли проблемаҳои таълиму тарбияи экологӣ бо роҳи тамошои дарсҳо, машғулиятҳои беруназсинфӣ ва экскурсияҳо омўзед. Мусоҳиба бо муаллима дар бораи он, ки онҳо чӣ гуна проблемаи ташаккули фарҳанги экологиро дар синф ва корҳои беруназсинфӣ ҳал мекунанд, аз бар карда, мустақиман дар ин маврид тафаккур кунед. Гузаронидани пурсиши хаттии донишҷўён аз рўи саволҳои: Фарҳанги экологиро онҳо чӣ мефаҳманд? Оё онҳо худро аз ҷиҳати экологӣ фарҳангӣ медонанд ва чаро? Кадом мушкилоти экологии кишвар (ҳудуд, маҳал)-ро медонанд ва дар кадом ҳалли онҳо ширкат кардаанд?, барои беҳтаргардонии сифати таълим нақши боризро мебозад.
Дар асоси таҳлили адабиёт шартҳои методии ташаккули фарҳанги экологии мактаббачагон дар рафти таълими биологияро нишон диҳед, ки ҷиҳати ҷалб намудани онҳо ба раванди тадрис хушоянд аст. Фанни биологияро чӣ гуна татбиқ менамоянд. Муносибати муаллимонро ба имтиҳон, ҷиҳатҳои мусбат ва камбудиҳои онро фаҳмед. Мусоҳиба аз хонандагони синфҳои гуногун (6-9) чӣ гуна онҳо ба шаклҳо ва намудҳои гуногуни назорат алоқаманданд, кадомашро афзал медонанд ва чаро? Чунки ин навъи тадрис иштироки толибилмро ба омўзиши фанни биология фаъол мегардонад. Агар дар таълими фанни биология навгонӣ пайдо нашавад, тадриҷан таваҷҷуҳ ба он кам хоҳад шуд ва хонандагони мактаб бинобар эҳсос нашудани тағйирот ва навоварӣ ба он дилгир мешаванд.
Китобҳои дарсӣ ва курсҳои таълимии электронӣ ҳама ё якчанд намуди дар боло зикршударо дар як маҷмааи ягона муттаҳид мекунанд. Масалан, аз донишҷўён хоҳиш карда мешавад, ки аввал курси омўзишӣ (презентатсия) тамошо кунанд, сипас дар асоси донишҳои ҳангоми тамошои курси омўзишӣ гирифташуда таҷрибаи вертуалӣ ташкил кунанд (системаи таҷрибаҳои вертуалӣ). Аксар вақт дар ин марҳила донишҷўён инчунин ба маълумотномаи электронӣ барои курси омўхташаванда дастрасӣ доранд ва дар охир онҳо бояд ба як қатор саволҳо ҷавоб диҳанд ва ё якчанд масъалаҳоро ҳал кунанд (системаҳои нармафзори идоракунии дониш).
Гузаронидани дарсҳо бо истифода аз видеоплеер шавқу ҳаваси хонандагонро ба ин мавзўъ эҷод мекунад. Истеҳсолкунандагони хориҷии филмҳои ҳуҷҷатии илмию оммавӣ, аз қабили National Geographic, Discovery ва ғайра, маҷмўи бузурги ҳикояҳо доранд, ки дар дарсҳои биология намоиш медиҳанд. Дар синфҳои 6-7 дар дарсҳо бархе аз омўзгорони фанни биология дар бораи гуногунии ҳайвонот ва наботот аз силсилафилмҳои “Life” истифода мекунанд, ки дар бораи ҳаёти хазандагон, амфибияҳо, ширхўрон, моҳӣ, паррандагон, ҳашарот ва растаниҳо нақл мекунанд. Дар марҳалаи ҳозираи тараққиёти маориф ва мактаб проблемаи дар синфҳо истифода бурдани техникаи ҳисоббарор аҳамияти калон пайдо мекунад.
Технологияи информатсионӣ имкони беҳамтоеро фароҳам меорад, ки на танҳо донишҷў, балки омўзгорро низ инкишоф диҳад. Компютер калимаи зиндаи муаллимро иваз карда наметавонад, аммо захираҳои нав кори муаллими муосирро осонтар намуда, онро шавқовару таъсирбахш мегардонанд.
Гузашта аз ин, ҳавасмандии хонандагонро ба омўзиши фанни биология зиёд мекунанд. Технологияи пешрафтаи наворбардории видео ва истифодаи графикаи махсуси компютерӣ имкон медиҳад, ки кори организмҳо, гўё «аз дарун» пайгирӣ карда, хусусиятҳо ва асрори онҳо ошкор карда шавад. Ин боиси болоравии бузурги эмотсионалӣ ва баланд шудани дараҷаи азхудкунии маводи биологӣ мегардад, ташаббус ва тафаккури эҷодиро тақвият мебахшад. Ҳамин тариқ, истифодаи пойгоҳҳои таълимию таҷрибавӣ дар раванди таълими фанни биология таъсиргузор буда, самаранокии онро афзун менамояд, онро аёнан, бойтар мегардонад, ба ташаккули малакаҳои гуногуни умумии таълимии мактаббачагон мусоидат, сифати таълимро беҳтар мекунад ва корро дар синф осон мегардонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё