Зеҳн

ИСТИЛОҲОТИ ИҚТИБОСӢ ВА ШАРТҲОИ ИСТИФОДАИ ОНҲО

АХ
Ахбор22 августи 2026 · 8 дақиқа хондан

Истифодаву роиҷии истилоҳоти иқтибосӣ заминаву шартҳои худро дорад. Истилоҳоти иқтибосӣ асосан бо зарурат аз забоне ба забони дигар ирсол мегардад. Зарурат набошад, чунин калима низ мавҷуд буда наметавонад. Ба ҳар ҳол бо тақозое дар илму фаъолияти коршиносони соҳа калимаи махсус ва истилоҳ ворид гардида, ҳар кадоме саргузашти муайянеро соҳиб мешавад. Ду истилоҳеро наметавон пайдо кард, ки аз ҳар ҷиҳат айнан як бошад ва дар ин ҷода як беҳтарии истилоҳ аз калимаи умумиистеъмол ба назар мерасад, ки бештар танзимпазир будани он аст.

Пеш аз ҳама танзими истилоҳ яке аз муваффақиятҳои интишори он мебошад. Албатта дар шакли низоми истилоҳот ва номинаи он шарҳ дода шудани асли пайдоиш ва соҳаву мавриди истифодаи истилоҳ муҳим аст.

Дар паҳно гирифтани роиҷи истилоҳот ду сарчашма муҳим аст. Яке онест, ки истилоҳро вом медиҳад ва онро вомдеҳи вожа меномем.

Дигар онест, ки аз забоне истилоҳро вом гирифта, дар доираи забони худ интишор мебахшад ва онро вомгири вожа ном мебарем. Аз ин ҷост, ки қабл аз пайдоиши истилоҳ соҳа ё худ мавриди корбасти он муқаррар карда мешавад. Бе мавҷудияти соҳаи вомгирии вожаҳо масъалаи принсипҳои иқтибос низ вуҷуд дошта наметавонад.

Бояд қайд кард, ки вуруду пазироии вожаву истилоҳот ба раванду дараҷаи рушди мамолики забони вомгир низ робитаи қавӣ дорад. Дар давлат ё минтақае, ки ҳолату вазъияти инқилобиро аз сар мегузаронад, асосан вожаву истилоҳот ва мафҳумҳои сиёсӣ, инқилобӣ, ҳарбиву низомӣ, маъмуриву тартиботӣ нуфуз пайдо мекунанд ва маъмулан бо таъсири бавосита ё бевоситаи забони абардавлате, ки омили рухдоди инқилоб гардидааст, интишор меёбанд. Яъне асосан вожаҳое иқтибос мешаванд, ки дар забони абардавлат роиҷ будааст. Бесабаб нест, ки пас аз Инқилоби Октябри соли 1917 ғалаёни истилоҳ аз забони русӣ ба ҷумҳуриҳои бародарии шўравӣ ба назар расиданд ва бархе вожаҳои пешинаро иваз намуданд, гурўҳе ба онҳо маънии дигар доданд, миқдоре нав пайдо шуданд ва ғ., ки ҳамагӣ ифодагари руҳияи инқилобӣ буданд.

Дар мамлакате, ки дар давраи эҳё(эволюция) қарор дорад, баръакс вожаву мафҳумҳои ифодагари вазъи тамаддунпарвар, рушди илму техника, адабиёту фарҳанг ва иҷтимоиёту иқтисодиёт ҳукмфармо мегардад, ки аз забонҳои пешраву азими давр, ки ҳамзамон забони илму адаби ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, иқтибос гирифта мешавад. Илова ба ин агар забон қадимаву тавоно бошад, ба қадри имкон мафҳумҳои нави илму техника ва соҳаҳои дигар дар тарҷума мавриди корбаст қарор мегирад, ки мо инро дар мисоли забони тоҷикӣ метавонем бубинем (революция- инқилоб, контрреволюция-аксулинқилоб, республика-ҷумҳурӣ(ят), совет- шўро, интернационал-байналмилал, система-низом, район-ноҳия, област- вилоят,океан- уқёнус, экономика-иқтисодиёт, сайт-сомона, флешка- пайконак ва ғ.).

Ҷорӣ гардидани истилоҳот низ ба суръати рушди ҷомеа вобастагии зич дорад, Ҳар қадар ҷомеа, илму техника бо суръати баланд пеш равад, ҳамон андоза истилоҳот низ ҳам аз лиҳози миқдор ва ҳам аз ҷиҳати суръат зуд меафзояд, ки ин раванд танзими имкони азхудшавии онро хеле мекоҳонад. Аз ин ҷост, ки рушди истилоҳот ба давра ва сохти иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмию маърифатии давлату ҷомеа бастагии мустақим дорад.

Дар авҷи раванди инқилоби илмиву сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ вуруди фаъоли иқтибосҳо суръат мегирад. Масалан, дар миёнаи солҳои 80-уми садаи ХХ дар Тоҷикистони Шўравӣ вожаҳое чун бозсозӣ, ошкорбаёнӣ, гуногунандешӣ, мухолифин, мухолифини сиёсӣ, хусусигардонӣ дар муддати кўтоҳ пайдо шуда, якбора умимиистеъмол гардида, баробари пош хўрдани давлати Шўравӣ бо суръати аз он ҳам тезтар аз истифода монданд. Чунин истилоҳотро вожаҳои ислоҳотӣ метавон номид.

Замина ё шарти дувумро дар он бояд дид, ки маъмулан забон ҳар қадар куҳантар бошад, мавқеаш устувортару таркиби луғавиаш фаровонтар мегардад ва вуруди калимаҳои хориҷӣ, аз ҷумла, истилоҳоти иқтибосӣ камтар ба зуҳур меояд, зеро зарурат ба он камтар мемонад.

Дар ибтидои раванди бозгирӣ ё қабули лексемаҳои хориҷӣ ҳарчанд дар заминаи забони модарӣ ва бо истифодаи густурдаи таркибҳои ҳаммонанд, шаклу гунаҳои дохилӣ, бо пайгирии моделҳои хориҷӣ ва принсипҳои таҳтуллафзия бо мансубияту талаботи соҳавии истилоҳот сурат мегирад, вале муътамад нест. Нақзи корбасти истилоҳоти ин давра дар он аст, ки ҳанўз принсипи вомгирӣ коркард нашудааст ва ин раванд асосан бо роҳи алонӣ(стихиявӣ) ба амал меояд. Асоснокии илмӣ ва ояндаи корбасти онҳо барои аҳли илми соҳа ва ҷомеа маълум нест, зеро истилоҳоти чунин раванд аксаран бидуни таҳлилу ташхиси саҳеҳи истилоҳофарӣ роиҷ мегарданд.

Бақои истилоҳ аз асоснокиву далелнокӣ, зарурату устуворӣ, тағйирпазириву қолабпазирии он дар забон вобаста аст.

Агар истилоҳ тасодуфӣ, беасосу нодуруст, бо сабабу омил ва таъсири субъективӣ қабул шуда бошад, он ногузир зуд аз байн меравад. Баръакс он асосноку бо зарурат қабул карда шаваду дар асоси қоидаву қонуни забон истифода гардида, тибқи қолабҳои калимасозиаш дар калимасозӣ иштирок кунад, устувору дерпой, сермаҳсулу серистифода ва худӣ мешавад, ки садҳо калимаҳои дар замонҳои гуногун иқтибосшудаеро мисол оварда метавонем, ки имрўз аксар соҳибони забон ҳатто иқтибосӣ будани онҳоро эҳсос намекунанд: китоб, мактаб, дарс, ахлоқ, қавл, ташкилот, исм, тамаддун, саноат, маҳбуб, қонун, уқёнус, чой, коғаз,пиёла ва ғ.

Талаботе ҳаст, ки истилоҳоти байналмилалӣ бидуни тарҷума қабул карда шавад. Аммо ба ин масъала огоҳонаву эҳтиёткорона бояд муносибат кард, зеро аксар калимаҳои иқтибосӣ ҷанбаи байналмилалӣ доранд. Ҳамаи онҳо бетарҷума истифода гарданд, ин боиси коҳидани мавқеи забони миллӣ ё ҳатто аз байн рафтани он мегардад. Аз ин ҷост, ки ҳангоми дар забон мавҷуд набудани муродифу муодили он вожаву истилоҳ ё имкони сохта нашудани муодили ҳаммаънои он лоҷарам вомгирӣ кардан салоҳ аст, вале аз он суиистифода кардан бар зарари кор хоҳад шуд. Масалан, солҳои 90- уми садаи ХХ дар забоншиносии тоҷик истилоҳоти префикс, суфикс, интерфикс мутобиқан бо пешванд, пасванд ва миёнванд иваз карда шуд, ки ба талаба тафсир кардани маънои ҷузъи –ванд (пеш аз, пас аз ё дар миёнаи калима баста шудан ё ҳамроҳ шудани ҷузъи калимасоз, яъне -ванд ба маънои -банд) дар истилоҳоти мазкур маънояш равшан гардида, дар истифода душворӣ пеш намеорад. Бинобар он вомгирии истилоҳот шартҳои худро низ дорад. Пеш аз ҳама агар вомгириро зуд ва дар вақти камтарин анҷом додан лозим бошад, пас соҳаи вомгирӣ бояд таъҷилӣ ва огоҳона пешниҳод карда шавад, ки дорои ҳама ҳуҷҷатҳои истинодӣ бошад: мафҳумҳо. мафҳумҳои истилоҳот, таснифи мафҳумҳо, феҳрасти номгўву мафҳумҳо, шарҳи принсипҳое, ки барои робитаи онҳо бо мазмуни истилоҳоти консептуалӣ истифода мешаванд ва ғ.

Шарти сеюм мавҷудияти заминаҳои вомгирии истилоҳот мебошад. Истилоҳоти безминаву беасос қабулшуда, наметавонад ба таркиби луғавии фаъоли забон дер боқӣ бимонад. Истилоҳоти иқтибосӣ бояд аз ҳар ҷиҳат бартарият ва зурурат дошта бошад. Дар ин кор муносибати шохиси истилоҳшиносиро ба истилоҳот тақозо дорад. Бавижа дар замони кунунӣ, ки ҳамарўза садҳо вожаҳои наву тоза ба гўш мерасанду чоп мешаванд ва дар муддати кўтоҳ ё ҳамзамон дурусту саҳеҳ таҳлилу тасниф ва тафсир кардани онҳо ғайриимкон аст. Дар ин маврид коршинос бояд даставвал ба маънои калимаву муҳтавои матн ва мансубияти соҳавию доира, дараҷа ва аҳамияти истилоҳ ё калима диққати махсус диҳад, вагарна иштибоҳ роҳ меёбад. Барои баррасии дурусти зарурати корбасти истилоҳоти иқтибосӣ талаботу кафолати асосӣ донистани забонҳои вомдеҳу вомгири истилоҳ мебошад. Баъдан хусусияти матн, мансубияти соҳавию доираи истеъмол ва замонии корбасти он набояд сарфи назар шавад. Яъне муайяну муқаррар кардани дараҷаю зурати роиҷии истилоҳ муносибати ҳаматарафа(комплексӣ) –ро тақозо менамояд. Муносибати маҷмуавӣ(комплексӣ) тавсифи хеле махсуси соҳавию мушаххаси зеҳниро металабад. Дар корбасти истилоҳоти иқтибосӣ саҳми тарҷумон, тарҷума ва дараҷаи забондониву тахассусии коршинос хеле назаррас аст. Баргардонандаи истилоҳот бояд ё мутахассиси хуби соҳаи дахлдор бошад, ё бо мутахассисони соҳа ҳамкории қавӣ дошта бошад. Барои қабули истилоҳи дуруст мутахассиси соҳа будан кам аст, ў бояд вижагиҳои истилошиносиро донад, зеро вожаи мавриди назар қабл аз ҳама ифодагари мафҳуми то ин вақт номаълумест, ки бояд интишор ёбад ва ин дар бисёр маврид аз ифодаи маъноии истилоҳоти манзуршуда вобаста аст.

Истилоҳи иқтибосӣ ё муодили он ҳар қадар оддӣ, пурмаъно, якмаъно, хонову осонталаффуз бошад, ҳамон қадар имкони бештари дар забон роиҷ гаштанро доро мегардад. Танҳо дар сурати ба ҳисоб гирифтани вижагиҳои тахассусӣ ва хусусиятҳои лингвистиии истилоҳ раванди вомгирии истилоҳотро идора ва танзим кардан имконпазир мегардад. Аз ин ҷост, ки барои интишори муваффақонаи истилоҳоти вомгирифта заминаву шароити қабули истилоҳи иқтибосӣ, таҷрибаи истилоҳсозиву истилоҳшиносӣ, истифодаи имкони забон, доираву дараҷаи корбасти истилоҳ зарур аст.

Шарти чорум роиҷии истилоҳот омода намудани коршиносони махсуси соҳаи истилоҳшиносӣ ва ташкили гурўҳи кории назариявию амалие, ки имкони таҳлилу таснифи вожаҳоро дошта бошад. Муҳимтар аз ҳама салоҳиятнокии гурўҳи корӣ мебошад, зеро бидуни салоҳият масъулияти воқеӣ наметавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад. Барои забони тоҷикӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вақти он расидааст, ки чунин ниҳоди махсуси босалоҳият таъсис дода шавад, ки бо таҳлилу ташхиси истилоҳот машғул гашта, кафолати саҳеҳии истилоҳотро ба дўш гирад. Дар айни замон чунин корро то андозае Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дўш дорад, вале мутаассифона натиҷаи дилхоҳ хеле камтар ба назар мерасад ва вазъи корбасти истилоҳот дар кишвар бенизом аст. Замоне расидааст, ки ба истилоҳот чун стандарти давлатӣ муносибат карда шавад, ҳоло бошад, баъзе истилоҳот то панҷ-шаш гунаву муодил доранд ва ҳар кадоме доираи исифодаи худро пайдо кардааст. Масалан, дар соҳаҳои иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ ва фалсафа истилоҳи сотсиализатсия, ки вожаи байналмилалии иқтибосӣ мебошад, дар забони тоҷикӣ бо гунаҳои сотсиаликунонӣ, иҷтимоикунонӣ, иҷтимоисозӣ, иҷтимоишавӣ, иҷтимоигардонӣ, иҷтимоигароӣ, ҷомеагароӣ, ҷомеапазирӣ истифода мегардад, ки мувофиқи талаботи истилоҳот ва истилоҳшиносӣ буда наметавонад. Кумитаи мазкур дар чунин маврид як гунаи илман дурусти ин вожаро бояд муайян карда, манзур намояд. Ин гуна мисолҳо дар тамоми соҳаҳо маҷуданд ва бояд пайваста таҳлилу ташхиси худро ёбанд. Барои ҳаллу фасли қазияи мазкур бошад, принсипи истилоҳ ва истилоҳсозӣ бо дар назардошти навгониҳои улуми замон ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия карда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат танзиму идораи истилоҳот ва вомгириву корбасти онҳо имконпазир хоҳад шуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба