Зеҳн

САҲМИ АДИБОН ВА ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР РУШДИ МУНОСИБАТИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИВУ ЎЗБЕКӢ

АХ
Ахбор22 августи 2026 · 10 дақиқа хондан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муътақид аст, ки “Забон инчунин падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавияшро қавӣ мегардонад... Боиси ифтихори ва қаноатамандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тўли таъриху дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд. Забони тоҷикиро аз тўфонни рўзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба оянндагон гузаштаанд”.

Маълум, ки забон муҳимтарин воситаи муносибати байни одамон мебошад. Гарчи забонҳои тоҷикию ўзбекӣ гуногунсохту гуногунсистема бошад ҳам, ўзбекону тоҷикон, ба туфайли ҳамзистӣ ва алоқаи наздик, забони ҳамдигарро мефаҳмидаанд, ки ҳамин ҳам яке аз воситаҳои муҳими мустаҳкам шудани дўстӣ ва ҳамкории ин ҳалқҳо гаштааст .Муносибати забонҳои тоҷикиву ўзбекӣ дар эҷодиёти адибони бузурги тоҷик ва талқини он дар тадқиқотҳои варзидаи олимони тоҷик мавриди баррасӣ ва омўзиш қарор дода шудааст.

Аллома Б. Ғафуров мўътақид аст, ки “тадқиқи халқи тоҷик барои донистани манбаъҳои равобити анъанвии халқҳои Осиёи Миёна кумак хоҳанд расонд. Хусусан, тоҷикон ва ўзбекон, ташаккули халқияти онҳо дар асоси умумии нажодӣ қарор гирифтааст, бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доранд. Чунон ки ўзбекое аз сарвати мадании халқи тоҷик баҳраманд мегардиданд. Ҳамин тариқа, тоҷикон низ аз комёбиҳои маданияти халқи ўзбек файзёб буданд: хусусияти маданияти моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикон ва ўзбекон наздиканд, ки гоҳе дар байни онҳо фарқ гузоштан мумкин намешавад. Таърихи даврҳои қадимтарин, қадим ва, ҳамчунин, давраи асри миёнагии ин халқҳо хеле шабеҳ ва, аксаран, яксон буда, илова бар ин сайри тараққиёти он дар як сарзамин ба вуқў райвастааст. Бо вуқуди ин, ду халқ ташаккул ёфт, ки имрўз ба миллатҳои сотсиалистии тоҷик ва ўзбек мубаддал гардидааст.

Н. Масъумӣ таъкид месозанд, ки “Азбаски аксарияти асарҳои Садриддин Айнӣ дар мавзўи ҳаёти гузаштаи таръихии халқи тоҷик, ўзбек ва дигар халқҳои Осиёи Миёна навишта шудааст, дар эҷодиёти ў калимаҳи таърихӣ –инқилобӣ ҳамчун омили муҳимми таъинкунандаи “фосилаи замонӣ” ва шарҳдиҳандаи шароиту хусусиятҳои хоси давраи феодалӣ бо тамоми рангорангӣ ва тобишҳои маъногии худ зоҳир гардида, категорияи махсуси луғавиро ташкил медиҳад, ки ин категория бо моҳити худ мавзўи алоҳидаи тадқиқоти илмӣ шуда метовонад. Маҷмўи гуногуннамуди ин гуна калимаҳоро, хусусан дар асарҳои калонҳаҷми нависанда (“Дохунда” , “Ғуломон”, “Ёддоштҳо” ) ва дар повестҳову очеркҳои ў (“Ҷаллодони Бухоро” , “ Мактаби кўҳна”,“Марги судхўр”, “Исёни Муқаннаъ”, “Темурмалик” ва дигарҳо) пурра дидан мумкин аст”.

С. Айнӣ калимаҳои маънои сохти артиши амирӣ-феодалиро, алалхусус ба “кафкоз”, “навкар”, “галаботур” бо маънояш эзоҳ медиҳанд, ки Н. Масъумӣ ба калимаи “фидои” эътибори хосса нигоринидааст: “ фидой” сарбозест, ки худро фидои роҳи дину давлат эълон карда, ба таври ихтиёрӣ ба сафи армияи амирӣ дохил мешуд. Калимаи “ихтиёрӣ” бо маънои ҳарбӣ асосан мафҳуми ҳозиразамон дорад ва моҳияти таърихии “фидоӣ”-ро айнан ифода карда наметовонад. Дар асарҳои бадеӣ кор фармуда шудани чунин калимаҳои таърихӣ аз ҷиҳати пурра нигоҳ доштани хусусияти давра ва сохти аҳамияти зиёд дорад. Масалан, ин:

а) “Азизулло дар қатори навкарони галаботури амир ба сафи ҳисорӣ ва кўлобиҳо асп мондаааст “ .

б ) “Азизулло ... дар ҷанги амир бо кўлобиҳо ва ҳисориҳо аз тарафи амир фидоӣ шуда ҳамроҳӣ намудааст”.

“Қушбегӣ дар атрофи шаҳр барои кофтукови дуздон аскарони савораи амирро, ки онҳоро “кафкоз” меномиданд, меборарад”. Мувофиқи ақидаи устод С. Айнӣ “Ба таври умумӣ “кафкоз” номида шудани аскарони савораи амирӣ аз он сабаб аст, ки “дўхти либосҳояшон бо шакли либосҳои мардуми Доғистон ва шимолии Кафкоз буд”.Бинбарин ин мафҳуми истилоҳологии “кафкоз” аз мафҳуми умумии “сарбоз” ва маънии хоси “навкар” ва “галаботур” фарқ мекунад. Калимаи “навкар маънои хизматгор ва пешхизмати ҳарбии феодал ё ҳокимро ифода мекунад. Истилоҳи “галаботур” бошад, аксари яккачин ва гвардияро мефаҳмонад.

Дар забони асарҳои Садриддин Айнӣ калимаҳои ўзбекӣ кам нестанд. Онҳо дар забони “Марги судхўр” ҳам ҳиссаи муайянеро ташкил медиҳанд. Истеъмоли ин гуна унсурҳо ба маънои пурра ба талабу мақсадҳои тасвир мувофиқ кунонида шудааст. Як қатор калимаҳои ўзбекиро, ки мафҳуми истилоҳологӣ дошта, ба гурўҳи калимаҳои таърихӣ ва кўҳнашуда медароянд, нависанда барои муайян кардани характери муҳит , одамони вай ва баъзе расмиятҳои онвақта ҳамун унсурҳои бо шаклҳои дигар ивазнашванда кор мерфармояд (масалан, қушбегӣ, оқсаққол, йиртиш ...).

Устод Айнӣ дар қиссаи “Марги судхўр” мувофиқи маънои луғавӣ вобаста ба расму оинҳои он давр истифода мебаранд.
-Чаро дастарро хурдтар намекунед, ки ҳам дока камтар раваду шустанаш осонтар шуда собун камтар сарф шавад? –гўён-сартарош пурсид.

-Ин саллаи ман дастори “ертишгиру тўйхўр” аст! – гуфт Қориишкамба дар ҷавоб, -вақте ки бо ин дастор ба сари дафни мурда ҳозир мешавам, ба ҳар кас як газ ертиш диҳанд, ба ман ду газ ертиш медиҳанд ва инчунин дар тўйҳо ҳам табақи сергўшту равған палав ба пеши ман меояд... Дар варианти ўзбекӣ низ чунин маъно омадааст:

-Нега бўмаса (саллани) кичикроқ қилмайсиз? Кичикроқ бўлса-ку , дока ҳам озоқ кетади, совун ҳам кўп сарф бўлмайди, -деди сартарош.
-Бу саллам –йиртиш олувчи салла, -деди Қори-Ишкамба жавобида, -буни бошимга ўраб мозорбошида, ўликларни кўмаётган чоғда ҳозир бўлсам бошқа одамларга бир газдан йиртиш бераётган бўлсалар, менга икки газ берадилар.

Баъзе калимаҳои , мисли “ қазӣ” ва “бурдоқӣ” барои муайян кардани тарзи маишати одами давлатманди қишлоқ Арбоб Ҳотам кор фармуда шудаанд”:

“Аз фарбеҳии бадан ва баромадагиҳои паси сараш тахмин кардан мумкин буд, ки бояд худро ҳамеша бо қазӣ ва гўштҳои бурдоқӣ тарбия карда бошад”.

Калимаҳои мисли “қамчин” ва ”узангу” муродифи тоҷикии худро доранд: қамчин –тозиёна, узангу –рикоб. Аммо истеъмоли ин муродифҳо ба услубҳои дигари адабӣ мансуб буда, дар забони зинда характернок намебошад...

Садриддин Айнӣ дар “Марги судхўр” дар ҳамаи мавридҳо шаклҳои ифодаи оммавӣ “ қамчин” , “узангу” ва дигарҳоро кор фармудааст: “ман ду –се қамчини обдор ба сағрияш шинондам; “бо як дастаи узангуро маҳкам доштам”.

Н. Масъумӣ ба хулоса меоянд, ки (ба Б.Ниёзмуҳаммедов ишора кардааст) калима ва ибораҳои умумитеъмолии ўзбекӣ, ки нисбатан сершуморанд,вобаста ба услуби умумии повест дар қатори унсурҳои забони зиндаи тоҷик асоси соддагӣ ва равонии забону услуби худ хоси асари мазкур шуморида мешавад. Айнӣ як қисми калимаҳои ўзбекиро аз ҷиҳати фонетикӣ мувофиқи талаффузи тоҷикӣ кор мефармояд (қамчӣ –қамчин, узанги – узангу) ва шаклҳои нави аз баъзе калимаҳои решагии ўзбекӣ бо роҳи илова кардани ҳиссаҳои тоҷикӣ пайдошударо ба меъёри адабӣ медарорад (тикиш –тиққондан). Б. Ниёзмуҳаммедов ба нисбати муносибати халқҳои ўзбеку тоҷик аз нависанда ва арбоби давлат Шароф Рашидов иқтибос овардааст : “дар нутқи рўзи расми кушодаи даҳаи санъат ва адабиёти тоҷик соли 1968 дар Тошканд эродкардаи худ дар бораи таърихи дўстӣ ва ҳамкории халқҳои ўзбеку тоҷик (Ш. Рашидов) чунин мегўянд: “Халқҳои тоҷику ўзбек бародарони қарин , ҳамсояҳои неку назиканд. Тақдир умумиии халқҳои мо аз қадим боз ҳам дигар пайвастананд, онҳоро дар давоми чандин аср риштаҳои дўстӣ ва бародарӣ алоқаманд кардаанд. Ин дўстӣ дар муборизаи якҷоя ба муқобили тохтутози истилогарони хориҷӣ , ба муқобили бойҳоҳои маҳаллӣ истиморкнандагони подшоҳӣ ва дастаҳои босмачиён мустаҳкам гардидааст”.

Садриддиин Айнӣ ҳамаи нозукӣ ва хусусиятҳои забони тоҷикиро (дар асарҳояш) комилан истифода бурда, намунаи услуби хубро дар эҷдиёти худ нишон додааст. Масалан дар забони тоҷикӣ деҳа қишлоқ баробар кор бурда мешавад, устод дар худи як қумла як ё як чанд ҷумла дуяшро истифода бурдааст: Маслан:1. Одина ҳамроҳи Сангин ном мардикоре, ки қишлоқаш ва ба деҳаи ў наздик буд, раҳсипор шудаанд. (Айнӣ, Одина). 2. Ибод мувофиқи фармоиши падараш аспро савор шуда қишлоқ ба қишлоқ ноиби қозиро ҷустуҷў карда охир ўро аз як мурдахона ёфт. Имшаб ба хонаи Арбоб Камол, калоншавандагони деҳа... ҷамъ шуда маслиҳатҳо карданд (Айнӣ, Одина).

Масъалаи мазкур дар китоби Пешвои муаззами миллат баррасӣ шудааст: Масалан, дар забони асарҳои насрии Аҳмади Дониш ба ду тарз истифода бурдани калимаҳои туркиву муғулӣ мушоҳида мешавад. Вай чунин калимаҳоро дар навбати аввал аз рўйи зарурати луғавӣ ва истилоҳии онҳо ба кор мебарад, ки ба ин васила мафҳумҳои гуногунро дақиқ ифода арда, дар ин замина тобишҳои маъноҳои калимаҳо ва таъбирҳоро аз ҳамдигар фарқ намудан мумкин аст. Чунончи, истифдаи калимаҳои ўрда, ясавул, қушбегӣ, тўра, қўнуш,элчӣ, эшикбошӣ, ясовул, қўш, юриш, қўшун, қошуқ, қайроқ, улоғ, солуқ ва ба инҳо монанд ба ҳамин сабаб воқеъ шудаанд.

Дар мавридҳои ҷудогона Аҳмади Дониш калимаҳои ҳаммаънои тоҷикӣ ва туркиву муғулиро баробар истифода мекунад. Чунончи, ба тариқи: саворӣ –улоғ, лашкар –қўшун, баҳр –денгиз.

Истеъмои калимаҳои туркиву муғулӣ дар забони ин адиб ҳамунин ба лаҳзаҳои ҷудогонаи зиндагӣ ва кайфияту рўҳияи иштирокчиёни воқеотро баёнӣ карданӣ шудааст. Сабаб ин аст, ки чунин калимаҳо танҳо дар забони иштирокчиён асар дида мешаванд:

“Ба шурби қимиз ва қазӣ ва, ба истеъмоли қўзӣ ва қиз афтодам”

Истифодаи калимаҳои ўзбекӣ дар эҷодиёти Аҳмади Дониш дар тадқиқтҳои устод Б. Ниёзмуҳаммедов низ таҳлил гардидааст: “ Аҳмад Махдуми Дониш ... дар асарҳои худ нафақат бисёр термин ва калимаҳои ўзбекиро ба кор бурдааст ва ҳатто ҷумлаҳои алҳоидаи ўзбекиро ва баъзан мақол ва зарбулмасалҳоро низ истифода бурдааст... Ба лафзи туркӣ овоз шунидем, ки гўянда мегуфт: “Бўлмайтурўғон иш бўлди, энди бошқа маслиҳатни кўринг”. Коре намешудагӣ шуд, акнун маслиҳати дигарро бинед. Саромема шуда ба масҷид рафтам.

Дар ҳукумати Бухорои амирӣ “Қушбегӣ “ саравзирро ифода макрад, дигар вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла, девонбегӣ, эшикхоқобошӣ, мингбошӣ, туқсоба, бег, оқсақол, юзбоши , ясовул, қаровул, тилчӣ ва ғайра калима ва терминҳои ўзбекииро истифода бурдааст. Масалан, Аҳмад парвончӣ ва Яъқубмингбошӣ ки ҷамоаи қипчоқия дар ҳаққи аҳолии ин шаҳр ин макр андешидаанд, воқиб бошед. Ба ғайр аз он, муҳаққиқ аз рўйи мавзўъ калимаҳо ва терминҳои ҳарбӣ ва номҳои аслиҳаҳои ҷангии ўзбекии урду, қўшун, сочма, қундоқ, илғор, буйруқ, термин ва калимаҳои ўзбекии оид ба андоз ва ҷарима олуқу солуқ, калимаҳои ифодакунандаи ахолӣ ва халқ: элу олус, эл, элдор; номи асбоби анҷомҳои хонагӣ ва пойафзол: обу ўтун, турқ ва улоқ,; номи хўрок ва хошокҳои асп: отўтӣ , отемӣ; номҳои хўрокҳо қаймоқ. ҚИМИЗ, ҚАЗӢ, ҚЎЗӢ ва ғ..

Дар ҳақиқат, дар тадқиқотҳои олимони варзида тоҷик муносиабати ин ду халқ ва забон самимона инъикоси худро ёфтааст. Шарофидддини Рустам барҳақ мегўянд, ки “Мардуми мо акасар дузабона ва серзабонаад. Дар Тоҷикистон виоляте, водие нест, ки дар онҷо тоҷику ўзбекон зиндагонӣ накунад. Ман қариб чор сол дар райони Панҷакент дар вазифаи котиби комиҷроиро кардам. Ягон раҳбареро надидаам, ки ин ду забонро надонад (ба ҷуз котиби якуми комитети партиявии шаҳр, ки забони русиро медонисту забони адабиии тоҷику ўзбекро бад медонист ва хеле хандҳариш ҳам шуда буд. Ў тоҷики шаҳрӣ буд). Мардуми ин сарзамини бостонӣ дар кору зиндагӣ, маъракаву маҷлисҳо ҳамдилу ҳамзабон буданд. Ман ягон бор аз ягон кас нашунидаам, ки ҳуқуқи касеро бар миллати дигари буданаш маҳдуд карда бошанд, ба забони модарӣ нахон гуфта бошанд. Саҳифаи ўзбекии газетаи “Зарафшон” –ро тоҷикон ва саҳифаҳои тоқикии онро ўзбекон низ мутоила мекунанд. Мардуми онҷоро дўст гуфтан кам аст, онҳо бародовар зиндагӣ мекунанд. Дўстиву бародарии ин ду халқ дар таърихи садсолаҳо дар ҳамкориашон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти халқ дар меҳнати ҷисмониву фикрӣ, дар мубориза баҳри ҳифзу номусу нанг, дар офариниш ва этиқоди ҳамагона, дар урфу одати муштарак ва самараи он ифода гардидааст. ... Як қисми муҳимми таркиби луғавии ин ду забонро калимаҳое ташкил медиҳанд, ки аз забони дигар якдигар гирифтаанд.Дар байни онҳо калимаҳое низ ҳастанд, ки ба таркиби луғавӣ дохил мешаванд ва ё воситаи грамматикӣ ба шумор мераванд.

Қобили қайд аст, ки ду Роҳбар ва Сарвари кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёеев 9-10 марти соли 2018 ҳуҷҷатҳои муҳими дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар ду мамлакатро имзо намуданд. Ин оғози саҳифаи нави ҳамкорӣ дар байни ду давлат ва халқ мебошад, ки дар илм, алалхсусус, таҳқиқи муносибатҳои забонҳои тоҷикиву ўзбекӣ боз имкониятҳои фароҳам овард, ки ва дар оянда ҳамаи сатҳҳои забон - лексикӣ, грамматикӣ, ҷанбаи этимологӣ, бахусус, дар равобити мутақобила омўхтан ва таҳқиқи ҳама ҷонибаро тақозо менамояд. Маълум мегардад, ки калимаҳои ўзбекӣ дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаҳои иқтибосӣ (мувофиқи мутобиқшавии фонетикӣ), бо якҷоя муқобили синонимҳои тоҷикӣ истифода мешвад. Ҳамзамон калимаҳои ўзбекиро, ки мафҳуми истилоҳологӣ дошта, ба гурўҳи калимаҳои таърихӣ ва кўҳнашуда дохил шуда, барои асари бадеӣ аз нуқтаи назари таърихӣ дар тобиши маъно аҳамияти хосса дорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба