Зеҳн

ТАЪМИНИ ТАҲСИЛИ БОСИФАТИ ХОНАНДАГОНИ ЛАЁҚАТМАНДИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

АХ
Ахбор22 августи 2026 · 7 дақиқа хондан

Дар ҳамаи давру замонҳо ба шахсони соҳибистеъдоду болаёқат таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардид. Ҷомеаи имрўза низ ба шахсиятҳои қобилиятҳои ғайриоддидошта ва созандаю бунёдкор ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, талабот ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои махсуси таҳсил барои бачагони болаёқат афзуд. Муайянсозии бачагони қобилиятнок ва корбарӣ бо онҳо яке аз муаммоҳои мубрами таҳсилоти муосир маҳсуб меёбад. Аз мактаби имрўза талаб карда мешавад, ки шахсиятҳои қобилияту истеъдоди ба ҳаёти тағйирёбандаю ивазшаванда ботезӣ мутобиқшавандаро ба камол расонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдоди хонандагон «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3- юни соли 2014 таҳти No353 тасдиқ гардидааст. Мақсади асосии Барномаи мазкур, пеш аз ҳама таъмин намудани шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти хонандагони болаёқат, таҳсилоти босифат, таъсиси марказҳои таълимию илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодиёти техникӣ барои хонандагони болаёқат, маҳсуб меёбад.

Дастгирӣ ва инкишофи бачагони болаёқат аз синни барвақти бачагӣ оғоз гардида, дар синфҳои ибтидоӣ тариқи ташкилу гузориши чораҷўиҳои гуногун рушд дода мешавад. Дар навбати аввал муайян кардан лозим аст, ки кўдак болаёқат аст ё не. Муайянсозии қобилиятҳои махсус ва лаёқатмандии хонандаи хурдсол ҷараёни хеле мураккаб мебошад, ки он тариқи методҳои гуногун: мушоҳида, пурсиш, озмоиш гузаронида мешавад ва барои таснифоти қобилиятҳои бачагон имконият пайдо мегардад. Яъне чунин хусусиятҳоро дар бачагон пай бурдан мумкин аст, ба монанди инкишофи барвақти нутқӣ, захираи бои луғавӣ, хотири устувор ва бодиққатии ғайриоддӣ, ки ин сифатҳо ба гурўҳи қобилиятҳои хушзеҳнӣ дохил мешавад. Аз ин рў, барои муайянсозии лаёқатмандӣ бодиққат будан зарур аст.

Аксари педагогону равоншиносоне, ки бо муаммои лаёқатмандии хонандагони синни хурди мактабӣ машғуланд (Матюшкин А.М., Доровский А.И., Белова Е.С., Савенков А.И. ва дигарон) болаёқатиро ба намудҳо ҷудо намуда, чунин гурўҳбандӣ кардаанд:

Бачагони лаёқати бадеидошта. Зоҳиршавии чунин истеъдод аксар вақт дар дарсҳои санъати тасвирӣ, дар мавриди машғулиятҳои иловагии беруназдарсӣ ва маҳфилҳои гуногуни бадеию ҳунарӣ ба амал меояд. Инкишофи қобилиятҳои бадеӣ бачагонро барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар фаъолияти рассомӣ, мусиқӣ, хореографӣ ва актёрӣ равона месозад. Аммо, дар баробари комёбиҳо камбудиҳо дар таҳсили чунин хонандагон ба назар мерасад. Кўдак вақти зиёди худро дар маҳфилу чораҷўиҳо мегузаронад ва дар натиҷа давомоташ ба дарсҳо суст гардида, баҳоҳояш аз фанҳои таълимӣ паст мешаванд. Чунин вазъият тақозо менамояд, ки барои хонандагони синни хурди мактабӣ барномаи таълимии фардӣ коркард карда шавад.

Бачагони лаёқати эҷодидошта дар худ чунин хусусиятҳо ё сифатҳои хосро дороанд: фикрронӣ ғайрианъанавию ғайриоддӣ, фикрронии нозукбинона, қобилияти дарёфт ва роҳи шавқовари ҳалли супоришҳои мушкил, ҷустуҷўи ягон навигарӣ ва ғайра. Чунин бачаро аз дигарон ба зуддӣ фарқ кардан мумкин аст, зеро ў оиди ба ҳама чиз нуқтаи назари худро дорад ва нуқтаи назари дигаронро қабул намекунад. Инчунин, ў якрав ва худпараст мебошад. Барои ташаккули шахсияти чунин хонандагон роҳнамоӣ марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳама гуна беэътиборӣ метавонад, рафтори хонандаро бад кунад ва қобилиятҳои эҷодии ўро дар сатҳи паст қарор диҳад. Аммо, барои инкишофи бомуваффақияти хонандагони болаёқат ва ташаккули қобилиятҳои онҳо дар шароити мактаби ибтидоӣ дастгирию кўмаки дурустӣ педагогӣ зарур ва аҳамиятнок аст.

Лаёқатмандии варзишӣ, зудҳаракатӣ ва ҷисмонӣ. Бачагон бо чунин лаёқатмандӣ дар варзиш ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд. Онҳо омодагии ҷисмонии хуб доранд. Сифатҳои ба нишонгирӣ, пурқувватӣ ва солимии устувор дар онҳо ба назар мерасад. Чунин лаёқатмандӣ ба таҳсили хонанда халалдор шуданаш аз имкон берун нест, яъне ширкат ба сексияҳои варзишӣ иштироки хонандаро ба дарс суст мекунад. Донистан ва ба назар гирифтан муҳим аст, ки қобилиятҳои варзишии хонандаи болаёқат қобилиятҳои ақлию зеҳнии ўро рушд медиҳад.

Хонандагони истеъдоди иҷтимоидшта. Мактабиёни хурдсол бо чунин намуди лаёқатмандӣ худро дар синфу гурўҳ ҳамчун пешсаф ва кордон нишон медиҳанд. Хусусиятҳои хоси онҳо хушзеҳӣ, фикрронии нуқтасанҷона (нозукбин) доштан мебошад. Ин гуна хонандагон бо донишу тарбияашон барои дигарон намуна мешаванд. Таълими дурусти онҳо сифати таҳсилотро баланд мебардорад.

Хонандагони лаёқати умумии хушзеҳнӣ ва донишандўзидошта. Онҳо ҳамаи фанҳоро дар сатҳи баланд аз худ мекунанд ва дар навбати худ лаёқати ҳаматарафа азхудкунии фанҳои алоҳидаро дорад. Одатан чунин гурўҳҳи хонандагонро дар мактаб болаёқат меноманд. Хонандаи хушзеҳн сатҳи баланди донишандўзӣ ва қобилияти коркарди маълумотҳоро доро мебошад. Хонандагоне, ки лаёқати хушзеҳнии умумӣ доранд дар таҳсил мушкилӣ намекашанд, хонандагоне, ки лаёқати таълимгирии баланд доранд, баъзе мавридҳо барои омўзиши фанҳои барояшон шавқовар набуда мушкилӣ мекашанд.

Яке аз вазифаҳои омўзгор таълими босамари фанҳое, ки барои хонандаи болаёқат шавқовар нест ба роҳ монад ва барои омўзишаш кўмак расонад, на бояд, маҷбур созад. Чунин раванди таҳсилро ташкил намудан муҳим аст, ки ҷиҳати вусъатёбии истеъдоднокии хонандагон мусоидат намояд. Истеъдоднокии хонандагони хурдсолро муайян намудан нисбатан душвор мебошад, аксар вақт истеъдоднокии хурдсолон дар шакли пўшида ҷараён мегирад. Мумкин аст, ин ё он намуди истеъдод аз байн раваду дигар пайдо нагардад. Дастгирӣ ва кўмаки омўзгор ҷиҳати зоҳиршавии иқтидор ва роҳ надодан ба қатъгардии истеъдод аҳамияти калон дорад. Ҳоло методи ташхисӣ оид ба муайянсозии лаёқатмандӣ ва майлу рағбати бача ба намудҳои гуногуни эҷодиёт мавҷуд нест. Лаёқатмандӣ худ пайдо ва ташаккул меёбад. Агар дар синф чунин хонанда мавҷуд бошад, на бояд аз хотир баровард, ки ў дар асоси хусусиятҳои шахсияш нисбат ба баҳои паст ҳассос аст, яъне агар омўзгор ба фаъолияти ў баҳои барояш номувофиқ гузорад, меранҷад ё озурдахотир мегардад, ки ин ҳолат барои рушдёбии лаёқатмандиаш монеъгӣ зоҳир карданаш мумкин аст.

Айни замон ҷиҳати таълими бачагони болаёқат ду ақида мавҷуд аст.

Якум, бачагони болаёқат бояд дар синфҳои махсус ва ё мактабҳои махсус таҳсил намоянд. Дуюм ақида баракс, яъне бачагони болаёқат бояд дар синфҳои муқаррарӣ бо ҳамаи бачагон таҳсил намоянд, дар акси ҳол онҳо бо «одамони муқаррарӣ» муошират ва муносибат карданро намеомўзанд. Аз ин ду ақида бармеояд, ки бо бачагони болаёқат муносибати фардӣ кардан лозим аст. Бачагони лаёқатманд ба дастгирии атрофиён ниёз доранд. Дар муҳити ғамхоронаю меҳрубонона кўдак худро руҳан болидаю хушроҳат ҳис мекунад.

Қобилиятҳои махсус метавонад бачаро ба ҳарос орад. Худро бо ҳамсинфонаш муқоиса намуда, дигаргун буданашро ҳис менамояд. Ин ҳама ҳиссиётҳои ботинӣ ба он оварда мерасонад, ки хонанда бо дигарон дўстӣ ва муошират накунад. Чунин ҳолатҳо ўро ба танҳоӣ ва рўҳафтодагӣ меорад. Бачаи лаёқатманд имконият дорад, ки рафтору кирдор ва амалҳои худро дуруст дарк намояд. Дар ў худбаҳодиҳии комилан мувофиқ дида мешавад.

Интихоби озоди хонандаро ба назар гирифтан зарур аст, зеро ў метавонад, муассисаи таълимӣ, фанни авалият (якумдараҷа) ва усулу шакли омўзиши онро интихоб намояд. Ба хонанда фишор овардан мумкин нест. Агар омўзгор ягон намуд лаёқатмандиро муайян ё дарёфт намояд, на бояд дарҳол хонандаро сербор намояд, балки барои мутобиқшавӣ ба мақоми нав, яъне лаёқатмандӣ имконияд диҳад. Дар навбати худ муассисаҳои таълимӣ бо мақсади вусъатбахшии рушди қобилиятҳои эҷодии хонандагон корбарӣ намуда, озмуну конкурсҳои мактабӣ ташкил мекунад. Барои лаёқатмандии хонанда ҷавобгарии асосӣ ба зиммаи омўзгор вогузор мебошад. Танҳо бо шарофати дақиқназарии омўзгор қобилиятҳои махсуси хонандагон муайян карда мешавад.

Вазифаи омўзгор аз он иборат аст, ки методҳои таълимро барои хонандагони болаёқат дар алоҳидагӣ ва умумӣ барои ҳамаи хонандагон интихоб ва истифода карда тавонад. Омўзгоре ки бо бачагони болаёқат фаъолият мебарад, бояд пеш аз ҳама донишҳои махсуси психологиро оид ба бачагони болаёқат дошта бошад. Талаботу шавқи онҳоро дарк намояд, мувофиқи дараҷаи баланди зеҳнии онҳо корбарӣ карда тавонад. Инчунин, мавриди корбарӣ бо бачагони соҳибистеъдод омўзгорро мебояд фаъолу зиндадил, дақиқназар, серғайрат ва бодиққату ҳассос бошад. Барои дуруст корбарӣ намудан бо бачаи болаёқат муайян кардан зарур аст, ки ў ба кадом гурўҳи лаёқатмандӣ дохил мешавад. Сипас инкишофи махсуси психологии шахсияти хонандаро барқарор намудан лозим меояд. Ҳамаи инро дар мавриди таҳия намудани нақшаи таълимӣ ба назар гирифтан муҳим аст. Малакаю маҳорати касбӣ барои дарёфт ва инкишофи лаёқатмандӣ нақши муҳим дорад, ки ба он дохил мешавад маҳорати коркарди нақшаи таълим, (мувофиқнамоӣ) маҳорати корбарӣ тибқи нақшаи махсуси муайян, маҳорати маслиҳатдиҳӣ ба таълимгирандаго.

Эътибори хоса зоҳир намудан ба таълими бачагони болаёқати синни хурди мактабӣ чунин мақсадҳоро дорост:

  • фароҳамоварии шароит барои инкишофи эҷодиёти шахсӣ;
  • дарёфти имконият ва истеъдодҳои фардии кўдакон;
  • таъмин намудани сатҳи баланди омодагӣ барои таълимгирӣ.

Барои иҷрои он барномаи таълими махсусгардонидашударо коркард кардан лозим аст, ки он бояд ба хусусиятҳои хоси шахсияти кўдакон мувофиқ буда, ба чунин талаботҳо ҷавобгўй бошад: мушаххас, такмилёфта, босифат. Инчунин, инкишофи фикрронии пурмаҳсул, ташаккули малакаҳои донишгирӣ, ташаббускорӣ ва мустақилятнокии хонандаро дар таълим таъмин намояд.

Ҳамин тариқ, мактаби ибтидоӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи қобилият ва истеъдоди бачаи болаёқат зинаи асосӣ буда, ташкил ва гузаронидани чораҷўиҳои инфиродии таълимӣ вазифаи омўзгор маҳсуб меёбад. Корбарӣ дар асоси нақшаи таълимии муайян барои аз байн нарафтани иқтидори бачаи соҳибистеъдод кўмак мерасонад. Дар навбати худ муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ҷиҳати таҳсили бомуваффақияти бачагони лаёқатманд шароитҳои махсусро ташкил намоянд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба