Зеҳн

ХУСУСИЯТҲОИ СОХТОРИЮ МАЪНОИИ ИСТИЛОҲОТИ ҲАРБИЮ БАҲРӢ ДАР ЛУҒАТИ ДУЗАБОНАИ А.В. СТАРЧЕВСКИЙ

АХ
Ахбор22 августи 2026 · 9 дақиқа хондан

Мақолаи мазкур ба баррасии усулҳои ташаккули сохтору маънои калимаҳои ҳарбию баҳрии луғати дузабонаи русӣ ба форсии А.В. Старчевский тахассус гирифтааст. Усули калимасозии вандиву маъноӣ дар мақола хусусиятҳои сохториву маъноии лексикаи ҳарбию баҳрии забони русӣ ба форсӣ ва таҳлили фаъолияти он дар системаи забони миллии муосири тоҷик таҳлилу тарҷума гардидааст.

Рушду нумўи илму техника, саноат ва соҳаҳои ҷомеа боиси ташаккули истилоҳоти нав мегардад. Истилоҳ чун воҳиди луғавии таркиби луғавии забон дорои вижагиҳои махсус мебошад.

Яке аз соҳаҳое, ки истилоҳоташ дар забони тоҷикӣ камистеъмол аст, соҳаи ҳарбию баҳрӣ мебошад. Истилоҳи ҳарбӣ - ин системаи ба расмият даровардашудаи истилоҳоти ҳарбии муқарраршуда (калимаҳо, ибораҳо ва ғ.) мебошад, ки ҳар кадоме маънои возеҳу муайяншуда дошта, ба чаҳорчўбаи илмӣ асоснок гардонида шудааст.

Дар забоншиносии рус истилоҳоти баҳрию ҳарбӣ ба дараҷаи муайян омўхта шудааст. Дар забоншиносии тоҷик истилоҳоти ҳарбию баҳрӣ, ки асосан дар фарҳангномаҳо ба назар мерасанд, ба қадри кофӣ мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Истилоҳоти ҳарбии забони тоҷикӣ асосан дар фарҳангҳо ва махсусан дар фарҳангҳои тарҷумавӣ ба назар мерасанд. Онҳо маъмулан дар шаклу маънои классикиашон ифода шуда, бархе ба қатори куҳанвожаҳо гузаштаанд ва баъзе аз истилоҳот бо ҳамон шаклу маънии пешина имрўзҳо низ дар гардишанд.

Ҳоло мо баррасии вижагиҳои сохторию маъноии калимаҳои ҳарбию баҳрии луғати дузабонаи русӣ-форсии А. В. Старчевский «Переводчик с русского языка на персидский»-ро баррасӣ хоҳем кард.
Бояд қайд намуд, ки роҳу усулҳои калимасозӣ асосан, хоси вожаҳои адабиву умумиистеъмолӣ буда, барои сохтани истилоҳот низ мувофиқат мекунанд. Зеро истилоҳот дар забон аз ҳисоби вожаҳои решагӣ, умумитоҷикӣ ва калимаҳои махсус сохта мешаванд ва аз ҷиҳати сохтор шабеҳи калимаҳои дигари забонанд: онҳо низ сода, сохта, мураккаб ва таркибӣ мешаванд. Қолабҳои номбурда ба сохтори истилоҳоти соҳаи ҳарбию баҳрӣ низ мутааллиқанд.
Қобили зикр аст, ки истилоҳот имкониятҳои маҳдуди калимасозӣ ва грамматикию услубӣ доранд, вале набояд фаромўш кард, ки сарчашмаи муҳимми истилоҳофарӣ, пеш аз ҳама, калимаҳои аслии тоҷикӣ ба ҳисоб мераванд. Дар забоншиносии форсӣ «калима-асосҳоеро, ки ба морфемаҳо тақсим мешаванд», «вожаҳои сохта» номидаанд. Одатан калимаҳои сохта аз як асос ва морфемаи ёридиҳанда иборат буда, асос – реша, метавонад, як, ду ва ё якчанд морфемаи ёрирасон қабул намояд. Аз ин нуқтаи назар вожаҳои луғати мазкури А. В. Старчевскийро аз ҷиҳати сохтори морфологиашон метавон чунин гурўҳбандӣ кард:

1.Бо пешванд сохта шудани истилоҳоти ҳарбию баҳрӣ. Дар луғати номбаршуда маҳсулнокии вожаҳои пешвандӣ якранг нест. Баъзе пешвандҳо бештар, баъзеи дигар камтар истилоҳ сохтаанд.

Пешванди боз- бо асосҳои феълӣ ҳамроҳ омада, ба маънои такрор ёфтани амал, ба ҳолати аввала баргаштанро ифода кардааст: бозкешт (баргашт - яъне, такроран ба қафо гаштан, дубора омадан) ба забони русӣ «отступление» тарҷума шудааст, ки бо пешванди боз- ва масдари гаштан сохта шудааст. Пешванди мазкур дар сохтани истилоҳоти бозомад, боздод, боз додан, бозгуфтан, бозгашт, бозгирифтан истифода шудааст.

Пешванди бар-. Дар фарҳангнома пешванди бар- хеле серистеъмол буда, бештар аз 9 калима сохтааст, вале дар бахши мазкур танҳо вожаи баргаштан чун муродифи «возвратиться» ба назар расид. Калимаи «возвратиться» ба форсӣ бэргештэн тарҷума шудааст, ки он бо пешванди бар- ва масдари гаштан сохта шудааст.

Пешванди но – ба асосҳои гуногун ҳамроҳ шуда, бештар истилоҳоте месозад, ки маънои манфиро доро мебошанд. Ин пешванд дар сохтани сифат нисбат ба дигар пешвандҳои сифатсоз сермаҳсул ба ҳисоб меравад. Пешванди но- аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сифати аслӣ месозад, ки акси маънои асос, молик набудани мавсуфро ба он ифода мекунад. Дар фарҳанги А. В. Старчевский калимаи нахудо (нохудо кормчий ва чун наумед (ноумед) «отчаянный» баргардон шудааст.

Пешванди пеш – низ бо ҳамроҳии асосҳо маънои асосӣ ё дар сафи аввал ҷой гирифтанро ба худ мегирад: аванпостъ камистеъмол буда, дар тарҷумаи калимаи аванпостъ-пешоҳанг-посбонгоҳи асосӣ истифода шудааст. Калимаи мазкур дар «Русско-персидский словарь»-и нашри 1986 ҷой надорад, вале дар забони русӣ ба дараҷаи нудрат истифода мешавад. Бо ҷузъи аван-қабл аз аванпосты калимаи авангардъ ба маънои сэрhэнк (сарҳанг), мукаддэмэ (муқаддима), тэляйэ (тилоия), талi’э (талеа) омадааст, ки аз маъноҳои имрўзааш фарқ мекунад. Маълум мешавад, ки калимаҳои зикрӣ ҷузъи аван- бо пешванди пеш - ҳамсанг нест.

2. Бо пасванд сохта шудани истилоҳоти ҳарбию баҳрӣ. Нақши пасвандҳо дар офаридани истилоҳоти ҳарбию баҳрӣ дар луғати А. В. Старчевский нисбат ба пешвандҳо равшантар ба мушоҳида мерасад ва шумораи онҳо низ дар истилоҳсозӣ бисёртар дида мешавад:

Пасванди –ак дар забони тоҷикӣ ҳамчун морфемаи ёрирасон сермаъно ва сервазифа мебошад. Доир ба шаклсозии пасванди –ак муаллифи «Бурҳони қотеъ» чунин овардааст: «ва ҳуруф ва калимоте, ки ифодаи маънии тасғир намояд, яке кофи сокин аст, ҳамчу: писарак ва духтарак». Бояд қайд кард, ки дар забони тоҷикӣ ду пасванди –ак мавҷуд аст, ки яке шаклсоз дигаре калимасоз. Доир ба масъалаи тафовути шаклсозӣ ва вожасозии пасванди -ак Ш. Рустамов чунин қайд намудааст: «Аффикси калимасози -ак аз аффикси шаклсози -ак бо он фарқ мекунад, ки дар калимаҳои сохта тағйироти сифатӣ, вале дар шаклҳо тағйироти миқдорӣ мушоҳида мешавад».

Калимаҳое, ки бо пасванди –ак сохта шудаанд, бештар ба маъноҳои тасғир ва навозиш далолат менамоянд.

Сохтани истилоҳоти нав тавассути пасванди -ак дар забони форсӣ зиёд ба чашм мерасад. Масалан дар фарҳанги А.В.Старчевский ба маънои як намуди тўп зэнбурэк - пушка горная, на верблюде оварда шудааст. Замбўрак бо роҳи ба исми замбўр ҳамроҳ шудани пасванди -ак шакли тасғири замбўрак ҳосил шудааст, ки як намуди тўпи ҷангиеро ифода мекунад, ки дар замонҳои пеш ба шутур бор мекарданд. Дар ин ҷо тарҷумаи мураттиб ва тафсири “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” мувофиқат дорад. Бояд қайд кард, ки худи калимаи пушка – топ (тўп) пушка нарезная – тўпи холдор баргардон шуда, фақат як намуди он бинобар сайёру интиқолӣ буданаш занбўрак ном гирифтааст.

Пасванди –ча дар забони форсӣ бештар барои ифодаи маънои хурдӣ ва навозиш истифода бурда шавад ҳам, дар иртибот ба ҳамон маъно дар сохтани истилоҳоти соҳаи ҳарбию баҳрӣ низ мавқеи муайян дорад ва ашёро ифода намуданаш мумкин аст: пистолетъ-тапонча-пистолет, таппонча.

Пасванди -а. Дар луғати А. В. Старчевский пасванди –а бо ҳарффи -э ишора шудааст. Ҳангоми сохтани истилоҳоти бахши ҳарбию баҳрӣ аз исму феъл пасванди -а мавқеи калон дорад, масалан, вожаи верхомъ-суворэ- савора, сифат+пасванди –а, взводъ-дэстэ-даста, исм+пасванди -а, военачальникъ-сэркэрдэ-саркарда, калимаи мураккаб, ки аз исми сар, сифати феълии карда, ки бо пасванди -а сохта шудааст. Мисоли дигар залив морской-шахабэ-шохоба, ки аз исми шохоб бо ҳамроҳ намудани пасванди –а тартиб дода шудааст. Залив дар фарҳангҳои муосир халиҷ тарҷума шудааст, ки муодили арабии вожаи шохоб, шохоба мебошад.

Пасванди -ӣ аз исм, сифат ва асосҳои феъл истилоҳот сохтааст, ки маънои мансубияту нисбатро ифода мекунанд. Хусусияти омоморфемавӣ зоҳир кардан, таърихи хеле куҳан доштан ва сермаънову сервазифа будани пасванди –ӣ-ро дар забошиносии тоҷик муаллифони зиёд қайд намудаанд. Чунончи: дизертиръ-фирарӣ-фирорӣ, иррегулярная каваллерiя-суварӣ-саворӣ, морякъ-баhрӣ-баҳрӣ, мужество- мэрдӣ, мардӣ, офицiальный-рэсмӣ-расмӣ, слава-бузургвэрӣ- бузургворӣ.

Пасванди -чӣ яке аз пасвандҳоест, ки асосан ба соҳиби машғулият ва ихтисос далолат менамояд: вестовой-ясакчи-хабарчӣ, мародёръ- ягмачи-ғоратгар, оружейный мастеръ-туфэнкчи-туфангчӣ, пушкарь-топчи-тўпчӣ, трубачъ-шейпурчи-карнайнавоз, бомбардиръ-хумбурэчи-бомбаандоз, гребець-курэкчи-заврақрон, канонеръ-топчи-тўпчӣ. Пасванди –чӣ дар луғати А. В. Старчевский гоҳо бо –джи низ сабт шудааст: стрелокъ-туфэнгджи-тирандоз, инструкторъ-талимджи-инструктор.

Пасванди –гоҳ дар фарҳанг истилоҳоте сохтааст, ки бештар ба маънои макон ва ҷой муносибат доранд. Дар луғат пасванди –гоҳ дар шакли –гяh навишта шудааст. Аксари калимаҳо ба маънои ғайримаъмулашон тарҷума шудаанд, масалан: рейдъ-кештигяh-киштигоҳ, ночлег-шэбангяh- шабонгоҳ, застава-гезэргяh-гузаргоҳ, лагеръ-хаймэгяh- хаймагоҳ, сапёръ-зэмингяh-замингоҳ.

Пасванди –вар, -бар. Пасванди -вар бо пасванди –чӣ ҳамвазифа буда, бо исмҳои моддӣ ва маънӣ ҳамроҳ шуда, истилоҳоте месозад, ки маънои ашхоси ба ин ё он касбу кор шуғлдоштаро ифода мекунад: начальник- сэрвэр-сарвар, проводник-раhбэр-роҳбар.

Пасванди –гор, -гар асосан дар натиҷаи ба тағйироти фонетикӣ дучор омадани вожаи кор ба вуҷуд омадааст. Яъне пасванди -гор гунаи фонетикии вожаи -кор маҳсуб меёбад ва ба маънои соҳиби ягон касб будани шахс далолат мекунад: кузнец-аhэнкер-оҳангар, рулевой-суккянгэр- роҳбарикунанда.

Пасванди –бон дар натиҷаи заъиф шудани маънои луғавии феъли бонидан зуҳур намуда, истилоҳоте месозад, ки онҳо зимни амалиёти бардавоми одамон сар задаанд. Ин пасванд аз исмҳои конкрет исми нав месозад, ки шахсро аз рўйи касбу кор ва машғулият ифода мекунад ва тобиши назорат дорад. Мисол: шкиперъ-кештибан-киштибон, караульный-пасбан-посбон, инспекторъ-нигяhбан-нигаҳбон, инспектор, парусный-бадбани-бодбонӣ. Маҳз ба туфайли луғати мазкур мо гуногунтарин калимаҳоро мехонем, ки бо пасванди –бон сохта шудаанд. Вожаи немисии шпикеръ дар забони русӣ дар асри XIX-ум мустаъмал будааст ва он киштибон, инспекторъ-нигаҳбон тарҷума шудааст. Ҳоло онҳо бо номҳои дигар маълуманд. Шпикер ҳоло дар забони русӣ архаизм шудааст, инспектор тобиши маъноии дигар гирифта, чун бозрас мустаъмал аст. Маълум мешавад, ки дар замони таҳияи луғат вожаи мазкур ба маънои умумӣ ба кор мерафтааст. Калимаҳои карауль- посбон ва парус-бодбон маъно дигар накардааст.

Пасванди -дор. Асоси замони ҳозираи феълии -дор вазифаи худро тағйир дода, ҳамчун пасванди калимасоз ба кор бурда мешавад. Пасванди –дор дар забони тоҷикӣ ҳамчун пасванди сифатсоз қабул шудааст ва серистеъмол мебошад. Калимаҳои бо пасванди -дор дар луғати А. В. Старчевский чун: знаменосец-байракдар-байрақдор, комендантъ-диздар-комендант, главный начальникъ-сэрдар-сардор, сторожъ-нигяhдар- посбон, вооружённый-силяhдар-силоҳдор ба назар расид. Вожаи диздор ҷолиб намуд, ки аз ҷузъҳои диз (қалъа) ва –дор тартиб ёфта, дар он замон мустаъмал будааст. Он дар «Русско-персидский словарь» чун диж тарҷума шудааст, ки гунаи дигари ҳамон қалъа, ё худ диз мебошад. Ҳам главный начальникъ ва ҳам начальникъ сардор баргардон шудааст.

Пасванди –нок каммаҳсул ва камистеъмол буда, дар як маврид аз исм сифат сохтааст, ки он ҳам бошад, калимаи маъмули ваҳмнок будааст: страшный-вемнак-ваҳмнок.

Пасванди –дон бо исмҳои ҷинс ҳамроҳ омада, маънои зарфиятро дорост. Дар луғат калимаи умумиистеъмоли сумка ба маънои фишэнкдан (фишангдон халтае, ки барои андохтани тир истифода мебаранд) мустаъмал будааст, ки тавассути иловаи пасванди –дон ба исми фишанг сохта шудааст. Дар «Русско-персидский словарь» вожаи сумка киф ва кейси тарҷума шудааст, вале дар луғати А. В. Старчевский бо дарназардошти вежагии соҳа фишангдон маънӣ додааст.

Пасванди –она дар як маврид аз исм зарф сохтааст: храбро, мужественно- мэрданэ-мардона.

Пасванди –боз танҳо дар калимаи пехотинец-сэрбаз-сарбоз, аскари пиёда истифода шудааст.

Ҳамин тавр, таҳлили сохтору маънои истилоҳоти соҳа собит месозад, ки яке аз рукнҳои фаъоли истилоҳофарии соҳаи ҳарбию баҳрӣ дар забони тоҷикӣ роҳи морфологии калимасозӣ (ба воситаи пешванду пасвандҳо) ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вандҳои маъмули калимасози забони форсӣ бо тоҷикӣ айнияти зиёд доранд ва дар сохтани истилоҳоти соҳаи ҳарбию баҳрӣ ба дараҷаи гуногун ширкат варзидаанд. Масалан, истифодаи пешвандҳо камтар, вале пасвандҳои -чӣ, -гар, -ӣ, -гоҳ, -дон нисбатан сермаҳсул мебошанд. Мавриди зикр аст, ки ҳамаи вандҳои зикршуда баромади форсиву тоҷикӣ доранд.

Таҳлили сохтори истилоҳоти соҳаи ҳарбию баҳрӣ нишон дод, ки бисёр қолабҳои истилоҳсозии классикӣ имрўз низ дар истифодаанд: сарвар, сарбоз, силоҳдор, фирорӣ, баҳрӣ, гузаргоҳ, роҳбар ва ғайра, ки дар забони форсӣ васеъ паҳн шудаанд, вале баъзе аз истилоҳот ба қатори вожаҳои архаистӣ низ дохил шудаанд, ба монанди: замбурак, хумбурачӣ, диздор ва ғайра. Ин раванд шаҳодати он аст, ки истилоҳоти соҳаи мавриди назар низ дар пайвастагии таркиби луғавии забони форсӣ дар рушди доимӣ мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба