ШАРҲИ ВОЖАҲОИ ЗАБОНИ САНСКРИТӢ ДАР “МАҶМАЪ-УЛ- БАҲРАЙН” ВА “СИРРИ АКБАР”-И МУҲАММАДИ ДОРОШУКЎҲ
Дар бораи осори Муҳаммади Дорошукўҳ маълумот дода шудааст. Зикр гардидааст, ки Муҳаммади Дорошукўҳ яке аз донандагони забони санскритӣ ва ирфони ҳиду мебошад. Истифода ва шарҳи вожаҳои забони санскритӣ дар “Сирри акбар” ва “Маҷмаъ-ул-баҳраён” таҳлил карда шудааст. Баён шудааст, ки Муҳаммади Дорошукўҳ аз ирфони ҳинду ва исломӣ хуб огоҳ буда, “Маҷмаъ-ул-баҳраён”-ро дар муқоисаи ирфони ҳинду бо ирфони исломӣ навиштааст. Аҳамияти шарҳи вожаҳои санскритӣ бо забони форсӣ баён шудааст. Аҳамияти тарҷумаи “Упанишадҳо” бо забони форсӣ таъкид гардидааст.
Муҳаммади Дорошукўҳ (1615-1659м.) яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти форсизабони Ҳинд мебошад. Ў олим, шоир, ориф, тарҷумон ва мутафаккири бузург буда, аз донандагони барҷастаи забони санскритӣ ва фарҳанги ведоӣ маҳсуб меёбад.
Аз Муҳаммади Дорошукўҳ асарҳои зерин ба ёдгор мондаанд. “Сафинат- ул-авлиё”, “Сакинат-ул-авлиё”, “Рисолаи ҳақнамо”, “Тариқат-ул-ҳақиқат”, “Ҳасанот-ул-орифин ё шатиҳот”, “Маҷмаъ-ул-баҳрайн”, “Иксири аъзам”. (Девони ашъор). Тарҷумаҳо: “Баҳагавата гито”, “Сирри акбар”, “Юго башист” ва ғ. Аз осори Муҳаммади Дорошукўҳ “Сирри акбар” (тарҷумаи Упанишадҳо) ва “Маҷмаъ-ул-баҳрайн” хеле муҳим мебошанд. Чунки яке тарҷумаи осори фарҳанги ведоӣ аз забони санскритӣ буда дигаре дар муқоисаи фарҳанги ведоӣ бо ирфони исломӣ навишта шудааст. Аз тарҷумаи “Упанишадҳо” ва мазмуни китобҳои “Маҷмаъ-ул-баҳрайн” ва “Саволу ҷавоб”-и ў бо Бобо Лаъли Дос маълум мешавад, ки Дорошукўҳ аз фалсафа ва ирфони ҳинду иттилооти фаровоне доштааст.
Ў “Упанишадҳо”-ро соли 1067/1656 дар муддати шаш моҳ бо кўмаки пандитон ва санёсиёни (муаллимоне, ки фарҳанги ведоиро медонанд) бед (ведо) ва упанишаддон ба форсӣ тарҷума карда “Сирри акбар” ё “Сирруласрор” номгузорӣ кардааст. Тарҷумаи “Сирри акбар” аҳамият ва арзиши баланд дорад, зеро аз як тараф қадимтарин тарҷума аз матни забони санскритии “Упанишадҳо” аст ва аз сўи дигар тарҷумае мўътабар ва дақиқ мебошад. Мутарҷим ҳарҷо ниёзе ба тавзеҳ ва роҳнамоие дошт аз пандитон ва беддонон мепурсид ва аниқ мекард. Онҳо ба ду забон, санскритӣ ва форсӣ ошно буданд ва дар натиҷа Дорошукўҳ, ки худ форсиро равон ва содда менавишт ва бо забони санскритӣ низ балад буд, ин тарҷумаро хеле бо равонӣ ба итмом расонид. Забон ва услуби баёни “Сирри акбар” нисбат ба насри он қарн, ки мураккаб ва омехтаи вожаҳои забони арабӣ буд, хеле содда мебошад.
Муаллиф аз истилоҳоти илмии забони санскритӣ ва муродифоти форсӣ фаровон истифода бурдааст. Дар он ҷое, ки истилоҳи забони санскритӣ омадааст, асли калимаро низ оварда, сипас муродифи форсии онро шарҳ медиҳад, ки барои фаҳмидани матни санскритӣ ба хонанда кўмак мекунад.
Чунончӣ: Вожаи ҷева атма – “jivatma” дар “Сирри акбар” чунин шарҳ дода шудааст: “Ва он ҷева атма “jivatma” миқдори нарангушт дар миёни сўрохии дил мебошад ва мисли офтоб ба нури худ равшан аст. Аммо ба сабаби ақл дар бадани аноният ва хоҳиш афтодааст ва ҳамон равшание, ки миқдори нарангушт аст дар баъзе дилҳо хилқати хирад баробари сўзан мебошад”. Ин руҳ дар дигар ҷонварон чунин тасвир шудааст: “Ва дар баъзе дилҳои хилқатҳо, ки ҳам аз он хурдтар бошад баробари нўги як мўе, ки онро сад ҳисса карда бошанд баробар аст”.
Оид ба вожаи ҷева атма чунин мегўяд: «Ва ҳамон ҷева атма дар хилқати бузург мувофиқи дили он хилқат аст ва вақте, ки худро мешиносад бениҳоят мешавад». “Ва он ҷева атма зан ҳам нест ва мард ҳам нест ва муҳаннас ҳам нест ва дар ҳар бадане, ки дармеояд мувофиқи он бадан ном мегирад”.
Вожаи пурнав “pranava” – калимаи муқаддас “авм” – ба фикри Дорошукўҳ парвардигори мутлақ, ифодакунандаи номи Аллоҳ мебошад. Чунончи: “Ва ҳамин ҳарфи пурнав браҳама аст ва бартар аз ҳама аст ва ҳамин исмро бузург дониста агар мутлақ хоҳӣ хост мутлақро хоҳӣ ёфт ва агар муқайидро хоҳӣ хост, муқайидро хоҳӣ ёфт, ки ин исми бузург ҳам мутлақ аст ва ҳам муқайид аст”.
Вожаи пракрит-“Prakrti”-ро чунин шарҳ медиҳад: эътидоли се сифат, фитрат, коинот, олами моддӣ. Асли мавҷудот, ҷавҳари мавҷудот, модда. “Ва аз он болотар ҳиҷоби пракрит “Prakrti” аст, ки эътидоли се сифат бошад ва аз он болотар атма аст, ки дар ҳама ҷо муҳит аст ва ҳамин ҳадди мартабаҳо аст ва манзили бузург расидан ҳамин аст ва аз он пештар ҳеҷ мартабае нест”.
Вожаҳои зерин низ чунин шарҳу баён шудаанд: “palala pinda”-қитъае аз кунҷити кўбида. Шириние, ки бо равған ва шакар дуруст мекунанд”, “punya- амали нек”, “panditah- олимон, доноён”, “pranava-калимаи муқаддас, парвардигор, номи Аллоҳ”, “tat-ў, tat-tvam-asi - ў туӣ, он атомо ту ҳастӣ”, “tejas-нур”,“tam-қонун”, “sa-дониш”, “sadhumati-фаҳми хуб”, “stri-зан”, “svapna-хоб”, “sattva guna-огоҳӣ”, “satyam-ростӣ, ҳақ”.
“Сирри акбар” аз ду ҷилд иборат буда дар он вожаҳои хеле зиёди забони санскритӣ шарҳу эзоҳ дода шудааст. Мо дар мақолаи хеш танҳо чанд намунаи онро зикр намудем. Муҳаммади Дорошкўҳ дар «Маҷмаъ-ул- баҳрайн», ки онро дар соли 1065ҳ/қ. 1654м. навиштааст низ бисёр истилоҳоти забони санскритиро шарҳу эзоҳ медиҳад. Ин китоб яке аз муҳимтарин осори Дорошукўҳ мебошад, ки асолат ва андешаи ўро собит месозад ва ба тадбиқу муқоисаи ирфони ҳинду ва исломӣ мепардозад. «Маҷмаъ-ул-баҳрайн» аз 22 боб иборат аст. Муаллиф дар боби аввал, ки баёни аносири панҷгона ном дорад чунин оғоз менамояд: «Бидон, ки аносир панҷ аст ва моддаи ҷамеъи махлуқоти носутӣ ҳамин панҷ аст. Аввал унсури аъзам, ки онро аҳли шаръ (донандагони қонунҳои исломӣ. М.А.) арши акбар мегўянд. Дуввум бод, саввум оташ, чаҳорум об, панҷум хок ва ба забони аҳли ҳинд ин аносирро «панча бҳут» (pancabhūta) номанд: 1-окош (akaśa); 2. васюуу (vāṣṣyu); 3. тиҷ (tejas); 4.ҷала (Jala); 5. пртаҳиюи (prtivī). Ва «окош» се аст: 1. бҳут окош; (bhūtākāśa) 2. ман окош (manas-ākāśa); 3.чад окош (cidākāśa)». Бояд зикр кард, ки дар ирфони ҳинду ба панҷ унсур ишора шудааст. Аз ин сабаб Дорошукўҳ ба аносири исломӣ якто изофа мекунад ва онро «арши акбар» ном мебарад. Аммо дар фарҳанги исломӣ чаҳор унсур зикр мешавад. Ба мисли: «хок, об, бод ва оташ, ки ба ақидаи ҳукамои қадим тамоми дунёи моддӣ аз онҳо таркиб ёфтааст» [5, с. 392].
Дорошукўҳ вожаҳои «бҳут окош» (bhūtākāśa) «ман окош» (manas-ākāśa) «чад окош» (cidākāśa)-ро чунин шарҳ медиҳад: «Ончи муҳити аносир бошад онро «бҳут окош» (bhūtākāśa) гўянд ва ончи муҳити мавҷудот аст онро «ман окош» (manas-ākāśa) гўянд ва ончи бар ҳама муҳит ва дар ҳама ҷо бошад «чад окош» (cidākāśa) хонанд» [2, с. 3]. Дорошукўҳ вожаи «чад окош» (cidākāśa)-ро ҳамчун зоти Худованд ва бо вожаи санскритии «аҷн (a-janoni)» ки маънои «нозода»-ро ифода мекунад баробар медонад. Чунончи мегўяд: «Ва «чад окош» «аҷн (a-janoni)» (нозода) аст. Яъне ҳодис нест ва бар ҳудус ва фанои ў ҳеҷ ояи Қуръон ва Бед (Вед), ки китоби осмонӣ аст далолат намекунад».
Ба андешаи Дорошукўҳ аввалин чизе ки аз «чад окош» (cidākāśa) зуҳур намудааст ишқ мебошад ва аз ишқ руҳи аъзам ба вуҷуд омадааст, ки онро «ҳақиқати муҳаммадия» таъбир мекунанд. Ў вожаи ишқро бо вожаи санскритии «мойё» (māyā)» ва руҳи аъзам ё «ҳақиқати муҳаммадия»-ро бо вожаи «ҷеватман» (jīvātman) ва ҷамоли илоҳиро бо вожаҳои «ҳран грабҳа (hiranyagarbha) ва австҳатман (avasthātman)» муродиф меҳисобад. Чунончи мегўяд: «Аз «чад акаша» (cidākāśa) аввал чизе ки ба ҳам расид ишқ буд, ки онро ба забони муваҳҳидони ҳинд «майёа (māyā)» гўянд. Ва аз ишқ руҳи аъзам, ки «ҷеватман» (jīvātman) бошад пайдо шуд, ки онро «ҳақиқати муҳаммадия» гўянд, ки ишора ба руҳи кулли он сарвар (с) аст. Ва муваҳҳидони ҳинд онро «ҳран грабҳа (hiranyagarbha) ва австҳатман (avasthātman)» меноманд, ки ишора ба мартабаи ҷамол аст».
Боби дуввуми рисола, ки баёни ҳаввос ном дорад панҷ ҳаввосро ба панҷ унсур баробар маънидод мекунад. Чунончӣ: «Ва мувофиқи ин панҷ унсур панҷ ҳаввос аст, ки ба забони аҳли ҳинд онро «панҷандрӣ» (panjendri=panca- indryāni) гўянд ва иборатанд аз: шомиа, зоиқа, босира, сомиъа ва ломиса, ба забони ҳинду: «гҳрана» (ghrāna), «расана» (rasanā), «чачҳа» (caksuh), «шротра» (śrotra) ва «твак» (tvak) мегўянд. Ва маҳсусоти онҳоро «гандҳа» (gandha), «раса» (rasa), «рупа» (rupa), «шабда» (śabda) ва «спарса» (sparśa) гўянд]». Дорошукўҳ ҳар як аз ин ҳаввоси панҷгонаро ба панҷ аносир алоқаманд қаламдод мекунад. Чунончи шомиа ба хок, зоиқа ба об, босира ба оташ, ломиса ба бод ва сомиаро ба унсури аъзам монанд намудааст. Ҳаввоси ботиниро низ ба панҷ исм ном мебарад: ҳисси муштарак, муттахайила (хаёл), мутафаккира, ҳофиза ва воҳима. Ў зикр мекунад, ки ин ҳаввос назди муваҳҳидони ҳинд чортоанд. Чунончи: «будҳӣ» (budhi), “манас” (manas), «аҳамкара» (ahamkāra) ва “чита (citta)” ва маҷмўаи ин чаҳорро “антаҳкарана (antahkarana)” гўянд, ки ба манзалаи панҷуми онҳост”.
Дар фасли 6-ум, «Баёни бодҳо» Дорошукўҳ тавсифи кўтоҳ ва мўъҷаз мекунад ва 5-то вожаи забони санскритиро шарҳ медиҳад. Чунончи ў зикр мекунад: «Боде, ки дар бадани инсон ҳаракат мекунад чун дар панҷ мавзеъ мебошад, панҷ ном дорад: «прана» (prāna), «апана» (apāna), «самана» (samāna), «удана» (udāna), «вияна» (vyāna)».
Муҳаммади Дорошукўҳ дар «Маҷмаъ-ул-баҳрайн» 293 - то вожаи забони санскритиро тарҷума ва шарҳу эзоҳ додааст, ки дар илми забоншиносии муқоисавӣ басо аҳамияти калон дорад. Чунонеки аз номи асар маълум аст муаллиф оид ба ду баҳри бекарони ирфони ҳинду ва исломӣ сухан меронад. Аҳамияти ин асар боз дар он аст, ки муҳаққиқони фарҳангӣ ведоӣ метавонанд аз бисёр ҷабҳаҳои муштараки забон, фалсафа ва ирфони ҳиндӣ ва исломӣ баҳраманд шаванд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё