Зеҳн

ЧАНД МУЛОҲИЗА ДАР БОРАИ ИСТИЛОҲОТИ “ДОД”-У “ДОДВАРӢ” ДАР ДАВРОНИ КУҲАН

ЗЕ
Зеҳн22 августи 2026 · 7 дақиқа хондан

Таҳлили маъноии истилоҳот на танҳо муносибати системавии таркиби луғавии забонро таҷассум менамояд, балки муносибати изоморфию алломорфии системаи истилоҳоти забони тоҷикиро возеҳ мегардонад. Дар мисоли калимаҳои дод ва додварӣ ба исбот расонида шудааст, ки диохронияи истилоҳот тағйирёбанда буда, бо мурури замон яке муддати тўлонӣ, дигаре зудтар бадал мешаваду сеюмӣ ба дигаргунии маъноию шаклӣ ва сохторӣ дучор мегардад. Истилоҳоти мазкур ҳанўз аз даврони куҳани рушди забони тоҷикӣ ба истифода даромада, бо тағйироти фонетикӣ мавриди корбаст қарор доранд.

Аз қадимулайём дар ҳар забон мафҳумҳои хубу бад дурусту нодуруст, мумкину номумкин, доду бедод ва додварзӣ роиҷ аст, зеро тамоми тафаккур, гуфтор ва рафтори инсон чунин аст.

Маъмулан, вақте сухан аз таърихи вожаву истилоҳот меравад, таҳлилро аз «Авесто» шурўъ менамоянд. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳама аз он оғоз гирифтааст. То арзи вуҷуди ин китоби пурарзиш ва муқаддас ҳам, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми боризе дорад, истилоҳоту истилоҳгунаҳо буданд, вале бенизому номуташаккилу пароканда.

«Авесто» омили ташаккулу танзими бисёр қазияву масоил, аз ҷумла истилоҳот низ гардид. Аммо аз давраҳои қадимтар низ истилоҳгунаҳо маълуманд. Вале дар замони таълифи Гоҳон ё Готҳои Зардушт, вожаҳои ифодагари ҳуқуқ андаке ба низом даромадааст.

Бояд таъкид кард, ки аз сарчашмаҳои он даврон ҷустани сирф истилоҳоти ҳуқуқи имрўза қобили қабул нест, зеро аксари онҳо омехтаи дину ниёиш ва ҳуқуқу идоравианд. Аммо ба ҳар ҳол, ҳини корбасти аносири луғавие чун доду додварӣ бо эътимоди комил метавон онҳоро истилоҳоти ҳуқуқ номид. Зеро оид ба доду додварзӣ дар «Авесто» ҳатто бахши алоҳида бо номи «Вандидод» ҷой дода шудааст. Шакли қадимтарини он dta (dt) буда, аслан зарфи маънӣ(ғайримоддӣ) будаасту дорои маънои луғавӣ гашта, тобишҳои мухталиф пайдо кардааст. Маъмулан чун ифодагари муқаррарот, дастур, нишондод, оиннома корбаст мешудааст. Дар забонҳои форсии қадим, авестоӣ ва форсии миёна қонун, адл, адолат, ҳақиқат, нидои мададҷўӣ, доду фиғон, афғон, фарёд низ аз ҳамин вожа будааст. Вале дод асосан ҳамчун муродифи адолат роиҷ гаштааст.

Қайдаш бамаврид аст, ки калимаи решагии До (d-da-di) бино ба ташреҳи В. С. Расторгуева ва Д. И. Эделман офаридан, барқарор кардан,

муқаррар сохтан, гузоштан, ниҳодан, бунёд кардан, сохтан, кордон, кореро ба сомон расонидан, додан, задан буда, онро решаи асосӣ вожаҳои адо, адодо, додо, дод, дад, додан, додвар (довар), дод, додвоҳ, додво, дох (дах), дадта- даста ва ғ. гаштаанд.

Вожаи дод (dād,dāta) бошад, бо шакли қадимаи калимаҳои dāti; datai; dāt- ia (dātik; dādig; a-dāt; a-dād); dāitya–и «Авесто»-ӣ, dādistān; dāta- ӣara (dātavar, dādvar, dāvar), dāta-kara (dāta-karāka), додгустар(ӣ), додрас, додгоҳ, додо, доднигар, доднигоҳ, додталаб, додар, додгир, додбахш, додшикан ва ғ. паҳн гаштааст.

Dd (dāt, dātak) дар «Авесто» бино бар шарҳи Ҷалили Дўстхоҳ, «қонун, додгарӣ, инсоф ва номи изади намоянда ва нигаҳбони додгарӣ ва қонун аст».

Дар «Авесто» вожаи Ода ба кор рафтааст, ки коршиносон аз он «подоши менуи некўкорон ва подафраи гуноҳкорон» маънӣ баровардаанд. Ин вожа дар банди 1-уми ҳоти 49, банди 21-уми ҳоти 68-уми «Ясно» ва банди 1-уми кардаи 4-уми «Виспарад»-и «Авесто» ба кор рафтааст. Гоҳо чун ифодагари номи худое низ омадааст. Бинобар он, баъзеҳо бар онанд, ки вожаи мазкур номи худост. Гурўҳе дар пиндори онанд, ки Ода номи дигари тавоноию подош-- Аши мебошад. Воқеан, ин вожа бо гунаҳои Ода, Одон, Адо, Азов ва мувозиҳои дигар корбаст шудааст, вале асоси ҳамаи онҳоро масдари до ба маънои додан, супоридан, бахшидан ташкил медиҳад.

Дод муродифҳо низ доштааст, ки ratу яке аз онҳост. Rату дар забони паҳлавӣ шакли rat ва дар форсии қадим rad-ро дошта, дар «Авесто» ба маъноҳои замону вақту ҳангом ва доду додхоҳӣ омадааст. Дар бандҳои 2 ва 6- и Ясно, 29 ва банди 2-юми ҳоти 31-уми Ясно ба маънои додвар, додгустар ва сардор, накў, одил ба гунаи рад омадааст. Он вожаи сифатии ратумандро (родмард аз ҳамин ҷост) низ сохтааст, ки ба маънои соҳиби сарварию бузургӣ, шахси додхоҳу додгустар ва маъмулан чун сифати ҳурамаздо ва ҳамрадифи аҳумант (аҳуманд) корбаст мегардад. Аҳурамаздо бошад, таҷассумгари доду адолат мебошад.

Ба маънии дод вожаи растотат низ дучор меояд, ки чун додгарию ҷавонмардӣ мазмункушоӣ шудааст. Он вожа баробари ерета (irita), Арт ё Аша ва Чиста мебошад. Ерета шакли паҳлавӣ ва «Авесто»-и рас (ras)- ро дошта, ифодагари ростӣ, покӣ, дурустӣ будааст. Чиста-гунаи чистиро низ дошта, аслану маъмулан муродифи донишогоҳиву фарзонагӣ ва ҳамчунин ҳаммаънии ростӣ, росттарин, поктарин, беолоишу бегуноҳ будааст. Дар «Диняшт»-и «Авесто» чун худои донишу фарзонагӣ ситоишу ниёиш гаштааст.

Дод бунвожаи худро дорад, ки дар форсии қадим dāta, авестоӣ dāta, форсии миёна dāt, баъдан dād мебошад.

Аз ин вожа dāt шаклу гунаҳои мухталифи дигар ба мисли dāti, dātai (оиннома, мақом, қавоид, дастурамал, мазмуни асосӣ , мураттабсозӣ, низом, қонун) дар «Авесто» dātay; dāiti, дар форсии миёна аввал dātiha, баъдтар dādihā пайдо шудааст.

Шакли dāt-ia, ки дар «Авесто» гунаи daitia (мутобиқи қонун, бо қонун муқарраркардашуда), дар форсии миёна ба намуди dātik – dādig қонунӣ интишор ёфта, шакли инкории adāt – аdād-ро (беқонун, ғайриқонунӣ, ғайриодил, бедод, ноинсоф) дорост.

Вожаҳои форсии миёнаи dādistān аз вожаи dād ва istān таркиб ёфта, ба маъниҳои одил, ҳаққонӣ, адолатнок, боинсоф, дуруст, адлия, адолат, одилона, қонун, парвандаи ҷиноятӣ, мурофиа, прокурор истифода шудааст.

Ҳоло вожаи додистон тағйири маъно карда, чун муродифи прокуратура истеъмол мегардад. Шакли инкориаш a-dādistān, dādistān, a-dādistānihā; a- dādistānēhā;ва ham-dādistān – hamdādistān қарори ҳамдодӣ, ҳамҷиноятӣ низ мавриди истифода будааст.

Додор ба маънои додбахш, оваранда ё офарандаю диҳандаи дод, бо шакли қадимааш dātar маъмул будааст. Дар «Авесто» вожаи додор чун яке аз сифатҳои хуби Аҳурамаздо ва худоёни додиву покӣ, ростӣ ва накўкорӣ мустаъмал гаштааст.

Ҷалили Дўстхоҳ вожаи чистаро, ки дар таркиби номи духтари хурдии Зардушт меорад (Пуручиста) аз ҳамин чистаи болоӣ маънидод мекунад. Вожаи ҳаммаъно ё наздикмаънои дигари дод рото (rātā) буда, он тобиши маъноии дод, диҳишу бахшандагиро доштааст. Он шаклои рот, ротйаро дошта, дар паҳлавӣ чун род, дар форсӣ родӣ бино ба эзои Ҷалили Дўстxоҳ ба маънии фидя ва ниёзу диҳишу бахшиш интишор ёфтааст.

Дар «Авесто» дод сифатҳои гуногун гирифтааст, ки номи яке аз бобҳои асосиаш «Видасвадота» аз он ҷумла буда, чун доди девситез маънидод шудааст. Шакли таҳрифёфтаи маъмулаш «Вандидод» мебошад.

Додвар аввало дар забони паҳлавӣ ба шакли dāta-иara, дар форсии миёна dātavar, баъдтар dādvar ва ниҳоят dāvar интишор ёфта, тағйири маъно низ кардааст (баранда, офаранда, дорандаи дод; ҳакам ва ғ.). Ин вожа ба маънии зайл ва шакли dāta-kāra (аз dāta-kāraka) низ маълум аст. Ин ҳама мафҳумҳои хубиву некӣ ва ифодагари ҷилавгирии бадию амали номақбуланд. Вожаҳои ҳаммаънову наздикмаънои зиёде дар давраҳои гуногун арзи вуҷуд кардаанд, ки қобили таваҷҷуҳанд.

Дар забони тоҷикӣ аз даҳди Куруши Кабир то замони мо калимаву истилоҳоти зиёди ифодагари доду додварӣ хубиву некӣ дар доираи давлатдорӣ иштироки фаъол доштаанду доранд.

Вожаҳои ифодагари мафҳумҳои марбути давлату давлатдорӣ ва ҳуқуқ аз даврони Куруш маълум буда, то имрўз роиҷанд. Масалан, дар нахусткатибаи кўҳи Бесутани Эрон, ки аз аҳди шоҳ Дорои I (522-486 то м.), ки аз се матни бузурги ҳаммаъно иборат буда, бо забонҳои порсии қадим (5 сутун), эламӣ (3 сутун), бобулӣ катиба шудааст, вожаҳои dātiк; dādig; а-dāt; а-dād(дод), dāta- вara—dātavar—dādvar(додвар-судя, суд), dādār (додор), gaustara(густар), ваndаk|| ваndа (ғулом, тобеъ мутеъ), arah (мубориза, муҳориба, ҳарб, муқобилат), duš//dаuš (бад, ) duškama(бадхоҳ, бадандеш, бадкеш), rti(дарафтиш, таҷовуз, зарар расонидан, поймол кардани ҳуқуқ), arah, arahka(рафтор, амал, ҳаракат, кор), čāka ва ғ. истифода шудаанд(сангнабиштаҳои), ки минбаъд дар сарчашмаҳои дигар, ба вежа «Авесто» ба назар мерасанд.

Ба ҷуз «Авесто» фарҳангномаҳо, вожаномаҳо ва донишномаҳои қадиме аз асрҳои III-IV то ин замон расидаанд, ки фарогири мафҳумҳои доду додварӣ мебошанд. Аксари кулли истилоҳоти даврони қадими тоисломӣ бинобар ҷорӣ гардидани дини Ислому шариати мусулмонӣ бо мурури замон аз истифода баромаданд ё доираи корбасташон маҳдуд гардид ва бархе бо тағйири шаклу маъно то ба имрўз расидаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба