Зеҳн

ШИНОХТИ САБКИ ФАРДӢ ДАР АДАБИЁТШИНОСИИ РУСУ АВРУПО

ЗЕ
Зеҳн22 августи 2026 · 10 дақиқа хондан

Дар мақола мабоҳис ва масоили равишҳои шинохти сабки фардии шоир аз нигоҳи адабиётшиносони аврупоӣ ва рус ба баррасӣ кашида шудаанд. Муаллиф ба баъзе аз равишҳои ҷудогонаи сабкшиносии сабки фардӣ, ба монанди маҳдуд шудан ба моддаи луғавии шеър, омода намудани басомади вожагон дар сабкшиносии аврупоӣ ишорат фармуда, ҳамчунин ба зарурати истифодаи бархўрдҳои гуногун зимни баррасии сабки фардӣ таъкид мекунад.

Ҳамчунон ки таърифи худи сабк дидгоҳи дидгоҳҳои мутафовити сабкшиносонро дар бар мегирад, таърифи сабки фардӣ ҳам на танҳо дар адабиёти мо, балки дар тамоми адабиёти ҷаҳон ягона нест. Масалан, намояндагони мактаби сабкшиносии Фаронса, ба мисли П. Гиро, Ш. Брюно,Ж. Антуан ба аҳаммияти забони гўянда таъкид кардаанд. Ба ақидаи онҳо, таъсири сабкии матн тариқи ба кор бурдани имконоти забони умумӣ, ки ба худии худ ҳамон рамз ва низом ҳастанд, падидор мегардад.

Яке аз намояндагони барҷастаи мактаби сабкшиносии русӣ В.В. Виноградов баррасии таҳаввули эҷодии нависанда ё шоирро дар пажўҳиши сабки ў зарур медонад. Ў мўътақид аст, ки «мушкили сабки фардии нависанда бо тахсиси он ҳастаи сабкӣ, он низоми васоили баён аст, ки ба таври собит дар осори ин нависанда, дастикам дар маҳдудаи як давраи ҷудогона вуҷуд дорад».

Гурўҳи дигаре аз сабкшиносон вуҷуди истеъдодро яке аз бунёдитарин омили шакл гирифтани сабки фардӣ донистаанд. В. Набоков дар ин маврид менависад, ки «сабк абзор ё равиш ва ё интихоби калимот нест. Танҳо дар сурате, ки як нависандаи тозакор истеъдод дошта бошад, метавон ба ў кўмак кард, то худро пайдо кунад, забонро аз калишаҳо ва иборатпардозиҳои печида пок созад, одати ҷустуҷўи хастагинопазир ва мудовимро барои пайдо кардани ҳамон вожаи муносибе касб кунад, ки сояи андеша ва шиддати дар назар будаи онро дақиқан мунтақил карда тавонад».

В.А. Кухаренко ақида дорад, ки «маҳз моддаи луғавӣ танҳо воқеияте аст, ки аз он бояд дар мавриди ҷаҳонбинии нависанда, моҳияти воқеияти баён кардаи ў, кайфият ва вижагии тасвир натиҷагирӣ кард». Дар рисолаи дастаҷамъии «Сабки фардии ҳунарӣ ва пажўҳиши он», ки зери таҳрири ў омода шудааст, баррасии осори нависандагони амрикоӣ ва англис дар ду бахш сурат гирифтааст.

Дар навбати аввал забони фардии нависанда, яъне «воҳидҳои наҳвӣ, луғавӣ, сарфӣ, овоӣ ва басомад ва ҷойи онҳо дар матн» [4, с. 6] омўхта мешавад. Дар бахши сонӣ ин бархўрди шуморавӣ бо бархўрди сифатӣ такмил меёбад: воҳидҳое, ки дар матн корбурди бештар доранд, хасоиси сужавӣ,мавзуӣ, навъӣ ва сохтории матн, ё ҳамон сабки фардӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ин ду мафҳумро Е.В. Литус ба таври зерин шарҳ додааст: «Як сабки мутафовит дар иртибот бо офариниши ҳунарии фардӣ дар як идеолект – маҷмўае аз воҳидҳои забонӣ, ки намоёнгари як тасвири инфиродӣ аз ҷаҳон бошад ва ҳамчунин, дар сабки хос – маҷмўае аз равишҳо ва шигардҳо барои баёни мақосиди нависанда дар муҳтавои мутун таҳаққуқ меёбад».

Ин пажўҳиши дуҷониба, ки баррасиҳои забонӣ ва адабиро ба ҳам меоранд, мавриди қабули ағлаби сабкшиносони муосир қарор гирифтааст. Мавзуи пажўҳиши онҳо дар ин маврид забон ва сабки фардии нависанда қарор мегирад.

Мафоҳими забони фардӣ ва сабки фардӣ бо ҳам иртиботи ногусастанӣ доранд. Вижагиҳои фардии истифода аз васоили забони тадвиншуда ба ҳарду мафҳум рабт мегирад. Тарҷеҳи аносири тадвинношуда (вожагони навсохт, ғайриадабӣ), ки мафоҳими ҷадидеро ташкил медиҳанд, вижагии сабки фардиро ташкил медиҳад. Сабки фардӣ ҳамчунин дар интихоби як маснад ба унвони василае барои тавсиф, дар равишҳои таркиби калимот, дар истифода аз ҳуруф ва шаклҳои хос худро нишон медиҳад.

Аз ин нукот метавон чунин натиҷа гирифт, ки сабки фардӣ як низоми шахсиятии забонии ҷудогона аст, ки бо корбурди забони фардӣ аз нигариш нисбат ба равишҳои мухталифи бознамоӣ истифода мекунад.

Дар сабки фардии шоир сабки давраӣ низ таҷаллӣ мекунад. Сабки мусаллат ва сабки фардии шоир, ноҳамгунӣ ва худмухторӣ дар сабкҳои шоиронаи хос ба шеваҳои мухталиф зуҳур мекунанд. Аммо ҳатто бо канор гузоштани ҷустуҷўҳо дар заминаи анвоъи шеърӣ, агар шоир битавонад равобити забонӣ ва шеърии муназзами худро эҷод кунад, ки қобилияти ироа кардани бардошти ўро аз ҷаҳон дошта бошад, фардияти худро аз даст нахоҳад дод. Дар ин маврид П.Е. Суворова чунин мегўяд: «Муҳим ин нест, ки ин ё он шоир аз дастовардҳои гузаштагони худ истифода кунад, балки муҳим ин аст, ки оё ин ё он бархўрд дар низоми шеърии ҷадид коромад хоҳад буд».

Ҳамчунин, метавон бо истифода аз басомади луғавӣ забони фардии нависанда ё шоирро мавриди мутолиа қарор дод ва аз ҳамин зовия онро ба таҳлили шуморавӣ ва сифатӣ фаро гирифт. Ба гуфтаи Гаспаров, «баррасии басомади луғавии вожагони нависанда (ё асар, ё ҷамъи осор) ҳамон тарҷумаи «ҷаҳони ҳунар» ба забони илмҳои филологӣ аст». Воқеан, бо шинохти вожагони серистеъмол, метавон ба ҷаҳони тамсил ва ангезаҳои як матни мушаххас роҳ ёфт.

Ба омодасозии басомади вожагон дар матн пажўҳишгарони бисёре даст задаанд: П. Гиро, З. Минз, Т. Сивян, М.И. Бореский, И.В. Романова ва дигарон. Ин кори пурзаҳмат бо ёрии барномаҳои роёнавӣ анҷом шудааст. Ба назари мо, набояд дар аҳаммияти чунин мутолиот дар таъйини сабк иғроқ сурат бигирад, зеро истифода аз воҳидҳои луғавӣ дар як асар на фақат ба вижагиҳои фардии нависанда бастагӣ дорад, балки ба навъ ва вобастагии сабкии мутун ҳам алоқаманд аст. Бинобар ин, таҷзия ва таҳлили шуморавӣ ва сифатии басомади луғавӣ дар сабки фардӣ бидуни дар назар гирифтани навъ ва сабке (илмӣ, адабӣ), ки матни мавриди назар ба он тааллуқ дорад, ғайримумкин аст.

Ҳамин тавр, чунончи мушоҳида мешавад, бисёре аз муҳаққиқоне, ки дар боло зикрашон рафт, сабки фардиро фақат дар вижагиҳои забон хулоса мекунанд. Бо ин ҳол, ин дидгоҳ, ки дар ҳақиқат, ҳамчун забоншиносӣ танҳо ба унвони бахше аз сабкшиносӣ бояд пазируфта шавад, барои мутолиаи падидаҳои адабӣ бисёр маҳдуд ба назар мерасад. Зеро мафҳуми сабки як асари адабӣ на танҳо шомили абзорҳои забонӣ, балки фарогири мавзуъ, тамсилот, сохтори асар, мўҳтавои ҳунарии он, корбурди саноеи бадеӣ низ ҳаст. Агарчи сабк бо мақулаи қолаби ҳунарӣ марбут аст, аммо бо истифода аз бархўрдҳо ва абзорҳои хоси ҳунарӣ, бояд дар сабк иртибот бо муҳтавои асар, ғоя, масъалагузорӣ ва ҷаҳонбинии гўяндаро ҷустуҷў кард.

Сабки ҳунарии нависанда баёни ҷаҳонбинии ўст, ки дар тасовир бо абзорҳои забонӣ таҷассум ёфтааст. Ба ҳамин далел аст, ки сабк ба унвони падидае аз қолаб наметавонад ҷудо аз муҳтавои ғоявӣ ва маҷозии асари мавриди мутолиа қарор гирад. Сабки фардӣ бояд як падидаи нотакрор бошад.

Он нишондиҳандаи истеъдоди ҳунарии нависанда аст. Беҳуда нест, ки И.В. Гёте муътақид буд, ки ҳамаи шоирон сабки хоси худро надоранд. Сабк аз назари ў, болотарин дараҷаи камоли ҳунарӣ аст, ки танҳо устодони ҷудогона метавонанд ба он бирасанд. Дар пайи ин табақабандияш Гёте мафҳуми «равиш»-ро дар баробари адибони маъмулӣ ва «меросбарӣ»-ро дар ҳаққи «бадтаринҳо» ба кор мебарад.

Дар матни адабӣ ҳузури шахсияти гўянда ба ин ё он сурат ва аз тариқи абзорҳои баёни як забони хос эҳсос мешавад. Куллиёти абзорҳои забонӣ огоҳии мунҳасир ба фарди гўяндаро бозсозӣ мекунад ва арзишҳо, нигаришҳо, аҳдофи ўро нишон медиҳад. Аз тариқи таҷзия ва таҳлили ин шахсият шиносоӣ ва дарки падидаҳои муассири зиндагии ў ва ҳатто ангезаҳои ҳаёташ, ки дар офаридаҳои адабии ў мунъакис шудаанд, муяссар мешавад.

Дар назар гирифтани тимсоли нависанда вазифаи аслии таҷзия таҳлили асосии вижагиҳои фардии сабк аст. Ин мафҳум ба маънои тасвири холиқи як матни адабӣ аст, ки дар натиҷаи кўшишҳои шинохтан ва огоҳӣ ёфтани хонанда аз ангезаҳои асар ба вуҷуд меояд. Тимсоли нависанда ба унвони таҷаллии мақулаи фардият меҳварест, ки ваҳдати тамоми аносири сохтори як асари адабиро ташкил медиҳад. Тимсоли нависанда таҷассуми мутамаркази моҳияти асар аст, ки кулли низоми сохтори гуфтори шахсиятҳоро дар иртибот бо ровӣ ё ҷамъе аз ровиён муттаҳид мекунад ва аз тариқи онҳо тамаркузи ғоявӣ ва сабкӣ ва ниҳоят тамаркузи куллии асарро таъмин месозад.

Ин амр таҷаллии «маҳорати адабӣ»-и шоир ё нависандаро таъйин мекунад, ки ба васоили гуфтории баён, ҳаракати нишонраси сабк ва моҳияти арзёбиҳое рўй меорад, ки пояи асосии сабки нависандаро ташкил медиҳанд. Ин бардошт дар ин воқеият баён мешавад, ки усул ва қавонини сохти каломӣ ва ҳунарии тимсоли нависандаро бояд дар матни асари ҳунарии ў ҷустуҷў кард.

Мантиқи «ман»-и шоир ҳаққи густардае барои таносух ва тағйири воқеиятро талаб мекунад. Бо мутолиаи робитаи дутарафаи нависанда ва сохтори матне, ки ў ба унвони як асари комили каломӣ ва ҳунарӣ эҷод мекунад, метавон ба ин натиҷа расид, ки сабки нависанда вижагиҳо баёнии мунҳасир ба фард ва равобити ашё ва тимсоли барои низоми офаринандагии як шоир ё нависанда хосро эҷод ва бозофаринӣ мекунад.

Сабки шахсияти адабӣ ё ҳамон сабки фардӣ дар ҳақиқат, ҳамон роҳи равиши шахсиятии ўст. Аз ин назар метавон гуфт, ки сабк иборат аст аз тавоноии баёни афкор тавассути ҳамон вожа ва ҳамон таркибсозӣ, ки худи сифоти зотии андеша ва афкори баёншуданӣ маҳз ба ҳамонҳо ниёз дорад. Сабк ба худии худ ҳамон истеъдод ва андешаи баёншуда аст. Метавон тамоми тору пўди ҳунар ва қобилияти ҳунармандии нависанда ё шоирро дар сабки ў ба мушоҳида гирифт. Мутолиаи сабк умдатан дар таъйини он чӣ нависанда аз забон гирифта аст ва чӣ гуна, барои чӣ аҳдофе истифода мекунад ва ба чӣ мушаххасоте садои хоси ў бо садои дигарон мутафовит мешавад, баён мегардад.

Дар ин маврид, Г.О. Винокур бисёр зебо ибрози андеша мекунад. Ў мегўяд: «Бо баррасии забони як нависанда ё асари алоҳидаи ў, рўйи пуле қарор мегирем, ки моро аз як забони ғайришахсӣ, умумӣ ва фавқи инфиродӣ ба шахсияти худи гўянда мерасонад». Аз тариқи дарки тимсоли нависанда ба унвони «мақулаи меҳварӣ»-и як асари ҳунарӣ метавон ба баррасии комили асар расид. дидиани имкони тавсифи забонӣ аз тимсоли нависанда иштибоҳ хоҳад буд. Зоти инсонии гўянда дар аносире мунъакис шудааст, ки бо вуҷуди аз тариқи забон баён шуданаш, ба худи хасоиси забон маҳдуд намешавад.

Ин мақулаи иртиботи танготанги «ман»-и шоир ва шахсияти воқеии ў аз як тараф, ҳамаи воҳидҳои матнро дар як ҷамъи маъноӣ ва сохторӣ муттаҳид мекунад. Ҷанбаи амалгароёнаи ин мақула равобити нависанда ва хонандаро дар назар мегирад. Ин ҳолат ба далели идроки шахсияти нависанда бар асоси таомули бевосита ва дутарафаи «ман»-и шоир бо хонанда зуҳур мекунад. Аз тарафи дигар, моҳияти аслии асар нишондиҳандаи шахсияти шоир ва ҳамчунин баёнгари андеша ва афкори «ман»-и шоир аст. Моҳияти матн иборат аст аз баёни мавқеи нависанда дар матн, нигариши нависанда ба мавзўи паём, нигариши арзишии он. Арзёбиҳои нависанда аз ончи ба тасвир кашида мешавад, мусталзами ҷустуҷўи шеваҳои мухталифи баён, баста ба матн, комилан тобеи мақосиди нависанда аст. моҳият ба унвони баёни нигариши нависанда ба мавзўи паём мусталзами дарки матн ба унвони як сохтори том аст.

Ин дарк на бар асоси дар назар гирифтани вижагиҳои воҳидҳои гуфтории фардӣ, балки бар асоси эҷоди амалкардҳои онҳо ба унвони як ҷузъ аз тамоми аҷзои асар аст. Дар гуфтумон аз вижагиҳои сабки фардии шоир метавон фарз кард, ки яке аз шохисаҳои сабксоз дар ин мавриди ҳунари вожасозӣ, таркибсозӣ ва иборатофаринии гўянда метавонад бошад. Аз он ҷо, ки иқтидори забонии вожасозӣ, таркибсозӣ ва иборатофаринӣ номаҳдуд аст, пажўҳиши истифода аз ин воҳидҳо дар офаридаҳои шоири ҷудогона метавонад барои шинохтани сабки фардии ў кўмак кунад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба