ТАШАККУЛИ МАЪНОИИ ВОЖАИ "ҶОМА" ДАР "ШОҲНОМА"-И ФИРДАВСӢ
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун эҳёгари забони аслии форсӣ-тоҷикӣ кўшидааст калимаҳои алоҳидаро бо тамоми маъниҳову мафҳумҳояш мавриди истифода қарор диҳад. Паёмбари авсоф ба ҳодисаву воқеаҳо, ашёи гирду атроф, аз диди эстетикии худ ворид шуда, чун саҳнасози майдони базму разм макону муҳити ҳодисаҳоро аз ҷиҳати зоҳир бо абраву астари либос инъикос намудааст.
Бояд гуфт, ки сарулибос ифодагари аср аст! Тасвири ҷузъиёти пўшок ин тасвири рўҳи замон аст. Ҳеҷ як ҳодисаву воқеа рўҳи замонро ин қадар дақиқ ифода намекунад, ки либос мекунад. Дар ин ҷо танҳо як вожа - ҷома мавриди таҳлил қарор мегирад, ки аз нигоҳи лексикӣ-семантикӣ шоистаи баррасӣ ва тадқиқ аст. Шоир мономорфемаи ҷомаро 310 маротиба истифода кардааст, ки сабаби чунин серистифода бурдани ин калима, пеш аз ҳама, дар сермаъноии он аст.
Ҷома аз калимаи форсии қадимаи йомака гирифта шудааст, ки минбаъд бо табдили ҳамсадоҳои й ба ҷ, к ба г ва г ба ғ шакли ҷомағро гирифта, бо афтидани ғ ҷома ҳосил шудааст (Ҷўраев Р. "Этимологияи сад калима").
Дар аксари луғатҳои мавҷуда ҷома сермаъно нишон дода шудааст...Лекин он маъниҳое, ки дар "Шоҳнома" вомехўранд, барои луғатсозон маводи тоза мебошанд.
Ҷома имрўз либоси зимистонаи ғафси дарунаш пахтадор ва пешкушодаи то зону дароз аст, ки аз рўи дигар пўшок ба бар мекунанд. Фикр мекунам, ки маҳз ҳамин ҷомаи пахтагини ғафси зимистона сабаб шудааст, ки вожаи ҷома аз байн нарафтааст. Низоми Албиса дар асараш даҳҳо номи либосро меорад, ки имрўз дар истифода нестанд. Ҷои ин вожаҳоро бо пайдоиши тамаддуни нав даҳҳо вожаи иқтибосии ифодагари либосҳои муди аврупоӣ иваз карда истодаанд. Ҳамин тариқ, ҷома ба чунин маъниҳо омадааст.
1. Маънии маъруф. Либоси зимистонаи ғафси пахтанок ва пешкушодаи то зону дароз, ки аз рўи дигар пўшок мепўшанд. Он аз абраву астар ва қисмати байни абраву астар - пахта иборат мебошад. Яъне, ҳамон маъние, ки имрўз чӣ дар хату чӣ дар гуфтугў мустаъмал аст.
Чи аз ҷомаи нарму румиҳарир,
Зи дурру забарҷад яке обгир.
Ҳаме ронд бо тоҷу бо гўшвор,
Ба зар бофта ҷомаи шаҳриер.
Яке ганҷи вижа ба дарвеш дод,
Сарояндаро ҷомаи хеш дод.
Чу бишнид Баҳром болой хост,
Як ҷомаи хусраворой хост.
В-аз он пас ба ҳар мўбаде нома кард,
Касеро, ки дарвеш буд, ҷома кард.
2. Либос, пўшок – номи умумии тамоми навъи либосҳо. Гуфтан ба маврид аст, ки Фирдавсӣ чи либосҳои ҷангӣ ва чи либосҳои мулкӣ (базмӣ)- ро ҷома гуфта, ном мебарад. Мисли ҷомаи разму базм, ҷомаи корзор;
Дигар панҷаҳ андешаи ҷома кард,
Ки пўшанд ҳангоми базму набард.
Инчунин ҷомаи чинӣ ё рўмӣ, ҷомаи занона ва мардона ба ин маънӣ далолат мекунанд. Дар ҳамаи ин мисолҳо ба ҷои ҷома калимаи либос ё пўшокро гузоштан мумкин аст. Бояд гуфт, ки дар адабиёти классикӣ ҷома ба маънии умуман либос васеъ истифода мешуд;
Яке афсаре хост аз ганҷи Рой,
Ҳамон ҷомаи ў зи сар то ба пой.
Зи рои барин назди мо нома буд,
Гуҳар буду ҳар гунае ҷома буд.
Даҳ уштур ҳама борашон гавҳаро,
Сад уштур ҳама ҷомаи лашкаро.
Либосҳои кўдакона низ бо номи ҷома ёд мешавад. Дар ин байт шоир ҷома гуфта, парпечҳову пўшокҳои кўдаконаро дар назар дорад.:
Зи хорош гаҳвораву доя хок,
Тан аз ҷома дуру лаб аз шир пок.
Бозаргонон либоси хосае доштаанд, ки дар чанд ҷои шоҳасар ҷомаи бозаргонон зикр шудааст. Мисли: " Рафтани Исфандиёр Руиндиж ба ҷомаи бозаргон".
Ҳама ҷома бар сони бозоргон,
Бипўшиду букшод банд аз миён.
Табиист, ки қавму халқиятҳо пўшоки хосаи худро доштанд, ки ин вижагии либосҳо бо номи ҷома зикр шудаааст:
Ки аз тоҷу аз тахту мўҳру нигин,
Ҳамон ҷомаи Руму Кашмиру Чин.
Ранги либосҳо низ сурху зарду бунафш нишон дода шуда, ороиши қасру боргоҳ бо ашёи муқаддасе чун дурафш зебо афтодааст:
Ҳама ҷомаҳо зарду сурху бунафш,
Шаҳаншоҳ бо коваёни дурафш.
Дар абёти боло мурод аз "ҳама ҷомаҳо ", ҷомаи ў зи сар то ба пой ", " ҳар гуна ҷома", " ҷомаи лашкар " либос аст.
3. Матоъ, ҷомаворӣ, либосворӣ.
Ҳангоми тасвири бойгарӣ ва хазинаву ганҷ ҷома аз рўи шумора ва теъдод нишон дода мешавад. Масалан ҳазор ҷома, ё дусад уштур ҷома ва ғайра. Чунин ба назар мерасад, ки мақсад аз ҷома на танҳо маънии маъруф, балки маънии дигар – матоъ ё ҷомаворӣ дар назар аст;
Биёвард сад ҷома дебои Рум,
Ҳама пайкараш гавҳару зар-ш бум.
Зи дебову аз ҷомаи нобисуд,
Ки онро шумору карона набуд.
Ҳамчунин шоир калимаҳои нобисуд (дар байти боло) ва нобуридро ҳамчун муайянкунандаҳои ҷома истифода мекунад, маънии онҳо матоъи дастнарасида ё ки барои дўхтан нотайёр мебошад. Аз мисолҳо маълум мешавад, ки матоъро ду навъ нигоҳ медоштанд. Яке бурида, яъне ба қадри як либосворӣ (чи тавре, ки имрўз 2-3 метр як либос гуфта мефурўшанд) ва дигаре нобурида, яъне матоъи ҳоло нотайёр, ки тўб-тўб нигоҳ медоштанд;
Чи ҷома бурида чи аз нобурид,
Ки кас дар ҷаҳон бештар з-он надид.
Зи дебову аз ҷомаи нобурид,
Парастор в-аз кўдаки норасид.
Чунин маънои матоъро ифода кардани ҷома ҳодисаи нодир буда, давому бақои онро ифода мекунад.
Шоир як маротиба калимаи ҷомагиро ба кор бурдааст, ки бархилофи маъниҳои дар луғатҳо нишондодашуда ба маънии ҷомаворӣ омадааст. Рақами ҳазор ба ҷуз аз фаровонӣ ҳамчунин зебоиву эстетикавро фаҳмонад, дар ин ҷо номуайянӣ, дақиқ набуданро низ ифода мекунад.
Ҳазор астар аз ҷомагӣ ҳар чӣ буд,
Ҳазор аз зарру гавҳари нобисуд.
4. Зиреҳ, ҷавшан.
Фирдавсӣ ҳангоми тасвири майдони ҷанг ё паҳлавони алоҳида либоси ҷангиро ҷома гуфта ном мебарад. Масалан дар байти поён зиреҳи Сиёвуш дар санъати муболиға чунин васф карда шудааст;
Нагардад чунин ҷома аз об тар,
На оташ бар ў-бар бувад коргар.
Ба ғайр аз ин ибораҳои ҷомаи разму ҷомаи корзор бо назардошти маънии умумӣ – либос далели ин маъниянд;
Ҳама ҷомаи разм берун кунед,
Ҳама хубкорӣ ба афзун кунед.
Шавам ҷомаи разм берун кунам,
Ба май рўи пажмурда гулгун кунам.
Чу ториктар шуд шаб Исфандиёр,
Бипўшид нав ҷомаи корзор.
5. Бистари хоб, рахти хоб.
Ба ин маънӣ омадани ҷома дар забон ҳодисаи нав нест. Лекин чи дар "Фарҳанги забони тоҷикӣ" ва чи дар "Фарҳанги мухтасари Шоҳнома" ба он диққат надодаанд. Шоир нуҳ маротиба ҷомаро ба маънии ҷойгаҳи хоб истифода намудааст;
Бупечиду дар ҷома сар з-ў битофт,
Ки аз накҳаташ бўи нохуб ёфт.
Ба хобу ба оромиш омад шитоб,
Биғалтид бар ҷома Афросиёб.
Дар байти поён Гуштоспу Катоюн аз ҳиҷрони дар пеш истода шаб дар бистари хоб гиря мекунанд;
Ба норафт дар ҷома гирён шуданд,
Абе оташ аз дард бирён шуданд.
Саҳарӣ онҳо;
Аз он ҷомаи нарм бархостанд,
Зи ҳар гунае гуфтан оростанд.
Шоири нуктасанҷ калимаи маъмули ҷомахобро низ сарфи назар накардааст;
Ду рўз аст то нону об орзуст,
Маро бар яке ҷомахоб орзуст.
6. Кўрпача, ки як ҷузъи бистари хоб низ ҳисоб мешавад, бо ибораи "ҷомаҳои нишаст" ифода шудааст. Шоир ду маротиба онро дар қатори бойгариҳои дигар истифода намудааст:
Дирам бор карданд хирвор шаст,
Ҳама аз гавҳару ҷомаҳои нишаст.
Ҳама гирд кун хоста ҳарчи ҳаст,
Парастандаву ҷомаҳои нишаст.
Дар мисраъҳои поён кўрпача чун як ҷузъи бистари хоб бо калимаи ҷома ифода ёфтааст;
Ҳаме хўрд ҳар чиз то гашт сер,
Фиканданд пас ҷомаи нарм зер.
Бихуфту баросуд аз андуҳу ранҷ,
Зи тимори маргу аз андўҳи ганҷ.
7. Ҷома – қолин, рахти густурданӣ, фарш.
Дар аксар луғот ин маънӣ зикр нагардидааст ва агар зикр шуда бошад ҳам, бо мисолҳо равшан ифода наёфтааст. Дар "Шоҳнома" ин маънӣ хеле возеҳ баён шудааст. Масалан, шоир дар тавсифи ин гуна ҷома – қолин овардааст, ки ҳунарманде аз Чин ҳафт сол онро мебофад ва дар он нақшу нигори зиёд тасвир мекунад. Шоҳи Эрон ин ҳадяро, ки 57 – раш паҳно дошт, дар Наврўз дар дарбор (маҷлисе ороста) паҳн мекунад.
Яке ҷома афканда буд заррбафт,
Ба раш буд болош панҷоҳу ҳафт.
Ба гавҳар ҳама ришаҳо бофта,
Зи бар шушаи зар бар ў тофта.
Бар ў карда пайдо нишони сипеҳр,
Зи Баҳрому Кайвону Ҳурмузду меҳр...
Бигустурд рўзи нав он ҷомаро,
Зи шодӣ ҷудо кард худкомаро.
Бар он ҷома – бар маҷлис оростанд,
Навозандаи руду май хостанд.
Маълум аст, ки бофтан ба чунин тарзу намуд ба қолин хос аст, бинобар ин онро аз рўи контекст метавон қолин номид. Гарчанде Фирдавсӣ худ қолин нагуфтааст, лекин калимаи арабии фаршро зиёд истифода намудааст;
Яке фарш густурда шуд дар ҷаҳон,
Ки ҳаргиз нишонаш нагардад ниҳон.
Ба кох андаромад худовандаи Рахш,
Ҳама фаршу дебои ў кард пахш.
8. Рахти ороишӣ, ки бо он ҳам қаср, ҳам тахт ва ҳам кўчаҳоро оро медоданд, ҷома номида шудааст. Ҷараёни шаклгирӣ аз матои нобурида то ба як ашёи муайяну яклухт, хеле дуру дароз будааст. Бо ин ашё ба ғайр аз бадани шахсон хонаву айвону девору кўчаҳо низ орову зинат дода мешуд. Ва ин ҳама бо як истилоҳи ҷома ҷамъбаст шудааст. Ташаккули маъноии ҷома ба сермаъноии он сабаб гаштааст:
Ҳама бому дар ҷома овехтанд,
Дирам ба сари ў ҳаме рехтанд.
Ба айвонҳо тахти заррин ниҳед.
Ба вай ҷомаи хусравоин ниҳед. ё ки;
Ба айвонҳо тахти заррин ниҳед,
Ба дар ҷомаи хусравоин ниҳед.
Барои пешвози шахси олимартаба низ ҳама шаҳрро меоростанд;
Ҳама шаҳри Эрон биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.
Зи деворҳо ҷома овехтанд,
Зи бар мушку анбар ҳаме рехтанд.
9. Ҷома – ҷом, қадаҳ.
Гарчанде дар луғатҳо ба ин маънии ҷома ишора рафтааст ва дар фарҳанги мухтасари " Шоҳнома " байти зер оварда шудааст, лекин ба ин маънӣ дар " Шоҳнома " омадани он шубҳанок аст;
Чу бишнид Парвиз бар пой хост,
Яке ҷомаи гулшанорой хост.
Ғайр аз ин байтҳое ҳастанд, ки маънои ҷомаро равшан намудан мушкил аст. Гоҳо бо айби чоп калимаи чома (шеър, суруд) дар шакли ҷома омадааст; Сипаҳбад чунин дод посух бад- ўй,
Ки ман нестам ҷомаи (?) гуфтугўй.
Ростӣ, чунин маъноҳои зиёдеро доро будани калимае, ки ҳоло танҳо як маънии он дар истифода аст, хеле мароқангез аст.
Ҳамин тариқ, ҷома дар " Шоҳнома " - и Фирдавсӣ ба чунин маъниҳо омадааст; 1) Маъруф; 2) Либос, пўшок; 3) Матоъ, ҷомаворӣ; 4) Зиреҳ, ҷавшан; 5) Бистари хоб; 6) Кўрпача; 7) Қолин, фарш; 8) Рахти ороишӣ; 9) Ҷом, қадаҳ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё