Зеҳн

ИНЪИКОСИ ВОСИТАҲОИ ТАСВИРИ БАДЕӢ ДАР НАСРИ УБАЙДИ ЗОКОНӢ

ЗЕ
Зеҳн22 августи 2026 · 12 дақиқа хондан

Дар ин мақола перомуни бархе аз воситаҳои тасвири бадеӣ, аз он ҷумла саҷъ, тамсил, талмеҳ, тавсиф ё сифатчинӣ ва таҷнис, ки дар осори мансури Убайди Зоконӣ басомади зиёд доранд, сухан рафтааст. Адиб дар осори мансури худ аз доираи васеи воситаҳои тасвири бадеии фавқуззикр истифода кардааст ва бархе аз он дар ҳунарӣ шудани каломи нависанда нақши муассир доранд.

Убайди Зоконӣ дар осори мансури худ аз доираи васеи воситаҳои тасвири бадеӣ истифода кардааст, ки дар он миён саҷъ, тамсил, талмеҳ, тавсиф ё сифатчинӣ ва таҷнис басомади зиёд дошта, дар ҳунарӣ шудани каломи нависанда нақши муассир доранд. Бинобар ин, дар ин мақола перомуни санъатҳои бадеии номбаршуда баҳс сурат мегирад.

Вожаи саҷъ дар фарҳангномаҳо дар маъноҳои гуногун шарҳ ёфтааст. Аз ҷумла, дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” саҷъ аз се ҷиҳат: дар маънои аслӣ – овози парандаҳои хушилҳон, ҳамчун булбул ва қумрӣ, дар маънои маҷозӣ – суруд ва нағма ва ба маънои истилоҳӣ – сухани қофиядор, дар наср овардани калимаҳои ҳамвазну ҳамоҳанг шарҳ ёфтааст.

Дар баррасии мо манзур аз маонии зикршуда маънои истилоҳии он аст, ки бо оҳангу равиши вожаҳову ибораҳо ва ҳамчунин, ҷумлаҳо иртибот дорад. Истилоҳи “саҷъ” бештар бар наср тааллуқ мегирад, чун он ҳамоҳангиву ҳамқофиягии воҳидҳои дохили ҷумларо таъмин мекунад, ки ин қоида дар назм ба исми қофия номида мешавад. Бо ин ки муҳаққиқон гоҳо қофияҳои дарунии шеърро саҷъи байт номгузорӣ кардаанд, аммо истилоҳи мазкур аслан ба наср тааллуқ дорад. Муҳаққиқоне, ки дар иртибот бар саҷъ ва қавоиди сохтории он таҳқиқот бурдаанд, саҷъро на ба мисраъ ё байт, балки ба ҷумла рабт додаанд, ки ин ақидаи моро дар ин маврид таъйид менамояд. Аз ҷумла, Сируси Шамисо чунин қайд менамояд: “Равиши тасҷеъ яке аз равишҳоест, ки бо аъмоли он дар сатҳи ду ё якчанд калима (як ҷумла) ё дар сатҳи ду ё чанд ҷумла (-и калом) мусиқӣ ва ҳамоҳангӣ ба вуҷуд меояд ва ё мусиқии калом афзунӣ меёбад”.

Дар таърихи каломи мансури форсу тоҷик саҷъ ҳамчун василаи таъмин сохтани равониву хушоҳангии ҷумлаҳо ва дар маҷмўъ, матн то ба арсаи адабиёт қадам ниҳодани Убайд дар осори нависандагони зиёде мавриди истифода қарор гирифтааст. Адабиётшинос Раҳими Мусулмониён вуҷуди саҷъро ҳатто дар ёдгориҳо ва осори тоисломии бостонӣ, монанди катибаҳои кўҳи Бесутун, адабиёти паҳлавии даврони Сосонӣ – “Дарахти Асурик”, “Ёдгори Зарирон”, “Корномаки Артахшери Попакон” дарёфта, иддао дорад, ки дар навиштаҷоти осори мансур як навъ каломи мусаҷҷаъ истифода гардидааст.

Маликушшуаро Баҳор дар таърихи насри классикии форсӣ Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро аввалин саҷъсоз эътироф кардааст. Маликушшуаро Баҳор дар ҷилди аввали “Сабкшиносӣ” мароҳили рушду тараққии насри форсиро ба чаҳор давра тақисм намуда, давраи сеюми онро (аз ҳамлаи муғул то давраи бозгашти адабӣ) давраи саҷъу қофия ва асри такаллуфу тасаннуъ қаламдод кардааст, ки қобили мулоҳиза аст. Зеро маҳз дар ҳамин давра дар адабиёти форсу тоҷик намунаҳои зиёде аз осори илмиву адабии иборат аз кутуби таъриху тазкира, рисолаҳои гуногунмавзуи илмӣ ва ғайраҳо ба майдони адабиёт ворид шудаанд, ки дар сабк ва тарзи баёни онҳо таҳаввулоти чашмрасе ба вуҷуд омадааст.

Муҳаққиқон дар осори насрии Амир Хусрави Деҳлавӣ, монанди “Расоил-ул-эъҷоз” ва “Хазоин-ул-футўҳ” осори такаллуфоти забонӣ ва мушкилбаёниро қайд намудаанд. Пайравиву ҷавобиянависӣ ба тарзи иншои Амир Хусрав, махсусан ба насри тарассули вай, ки “Расоил-ул-эъҷоз” маъруф ба “Эъҷози Хусравӣ” дар сархатти онҳо қарор дорад, мушкилписандӣ дар иншои форсиро боз ҳам бештар гардонида, асароти такаллуфу маснўияти каломро дар он ба маротиб афзуд. Чунончи, адабиётшинос Мисбоҳиддин Нарзиқул дар таҳқиқоти арзишманде, ки оид ба “Эъҷози Хусравӣ” ва анъанаи жанри тарассул дар таърихи адабиёти форсу тоҷик дар ҳитаи асрҳои X-XIV ба анҷом расонида, дар хусуси ин истиқболи носирони баъдӣ аз тарзи иншои Амир Хусрав маълумот дода, номгўйи осори зиёдро дар ин маврид овардааст.

Ин нишон медиҳад, ки дар асрҳои мазкур истифода аз такаллуфу санъатгароӣ, ҳамчунин, саҷъу қофия, ки, дар маҷмуъ, муаррифгари насри маснўъ мебошанд, дар осори насрӣ на танҳо ба ҳайси анъанаву одат ва пайравӣ аз нависандагони пешин шинохта мешавад, зиёда аз ин, ин равиш ҳамчун яке аз хусусиятҳои умдаву асосии матраҳ сохтани тафаккури илмиву бадеӣ барои носирони даврони мазкур маҳсуб мегардидааст.

Дар осори Убайди Зоконӣ низ саҷъ мавқеи назаррас дорад, ҳарчанд ба андозаи Саъдии Шерозӣ набошад ҳам, анвои гуногуни саҷъро дар асарҳои худ ба таври ҳунармандона истифода кардааст.

Тибқи таҳлили оморие, ки мо дар мавриди истифодаи саҷъ дар осори Убайд ба анҷом расонидем, ба ин натиҷа расидем, ки санъати мазкур бештар дар “Садпанд”-у “Ришнома” ва баъдан дар “Ахлоқ-ул-ашроф” мавриди корбурд қарор гирифтааст. Дар рисолаи “Дилкушо”, агарчи ҷой-ҷой нишонаҳое аз саҷъбандии муаллиф дида мешавад, дар қиёс бо се асари фавқуззикр чандон намоён нест.

Убайди Зоконӣ аз ҳар се навъи саҷъ суд ҷустааст, аммо истифодаи саҷъи мутарраф ва мутавозӣ дар каломи вай бештар мушоҳида мешавад. Махсусан, саҷъи мутарраф тамоми осори адибро фаро гирифта, дар ҳамоҳанг сохтани воҳидҳои дохили ҷумлаҳо нақши муассир дорад. Ин навъи саҷъ миёни исмҳо, сифатҳо, феълҳо, исму сифат ва бештар миёни феълҳо истифода гардидааст. Агар саҷъи мутавозин дар осори адиб бо теъдоди ниҳоят кам ва саҷъи мутавозӣ аз он бештар корбурд шуда бошад, саҷъи мутарраф ҷуз аз рисолаи “Таърифот” дар дигар осори вай ба таври бисёр васеъ истифода гардидааст.

Масалан, бо истифода аз ҷонишини “ў”, ки дар мисолҳои зер ҳуруфи равӣ “–и, ў” мешаванд: “Зарф-ул-ҳирмон – давоти ў. Ал-максур – қалами ў. Ал- марҳун – китоби ў. Ал-мабтар – аҷзои ў...”. Бо истифода аз ҷонишини “эшон”, ки ҳуруфи равӣ дар мисоли зер “–и, эшон” мешавад: “Аз-забония – пешрави эшон. Амуд-ул-фитна – санҷоқи эшон. Ат-толон – санъати эшон. Ат-тарош – моли эшон...”. Бо истифода аз ҷонишини “он”, ки дар мисоли зер ҳуруфи равӣ “-и он” мешавад: “Аш-шатранҷ – олати он. Ад-даф – сози он. Ал- офтобрўй – мавзеи он. Ал-ҳирсиятул ҳалво – ағзияи он. Ал-ҷаволиқ ва-л- гилем-ул-барг – либоси он”.

Дар мавриди корбурди саҷъи мутарраф бояд зикр намуд, ки навъи мазкур бинои устувори саҷъкориҳои Убайдро дарбар гирифта, аксари ҷумлаҳои адиб тавассути ин саҷъ музайян ва банду баст гардидаанд. Масалан, дар дохили матни ҷумлаи зер аз рисолаи “Садпанд” ҷуз аз саҷъҳои мутавозин, ҳамчунин, се намуна аз саҷъи мутарраф тавассути феълҳо истифода гардидааст: “Ҳокиме одил ва қозие, ки ришват наситонад ва зоҳиде, ки сухан ба риё нагўяд ва ҳоҷие, ки бодиёнат бошад... дар ин рўзгор маталабед”.

Чунонки дида мешавад, дар ҷумлаи мазкур се феъл, ки дар зерашон хати дароз кашидаем, бо ҳам мусаҷҷаъ гашта, ба василаи ҳуруфи равии “-ад/-яд” (аслан: -д) дар ҳиҷои охир ҳамоҳанг гардидаанд.

Дар “Ришнома” истифодаи саҷъи мутарраф аз он иборат, ки якҷо бо феълҳои мусаҷҷаъ муаллиф, ҳамчунин, исмҳову сифатҳоро низ ҷиҳати хушоҳанг шудани матн барчидааст, ки онҳо низ, дар навбати худ, ба навъи мутаррафи саҷъ тааллуқ доранд. Аз ҷумла, дар ин мисол ҳолати мазкур мушоҳида мешавад: “Ва он қаҳҳорам, ки агар дар маҳбубе ҷафокоре, ошиқи озоде, тундхўе, арбадаҷўе ба назари қаҳр нигоҳ кунам, бад-он як назар ўро дар пеши ҷаҳониён рўсиёҳ гардонам”.

Дар рисолаи “Садпанд” дар 18 ҳолат, дар “Ахлоқ-ул-ашроф” 13 ҳолат, дар “Ришнома” 10 ва дар рисолаи “Дилкушо” 7 ҳолат аз саҷъи мутарраф мушоҳида мешавад, ки дар маҷмўъ, 48 ҳолатро дар бар мегирад.
Саҷъи навъи мутавозӣ ҳам дар осори Убайди Зоконӣ дар ҷанбаи мусиқоиву оҳангнокӣ бахшидани ҷумлаҳо ва матнҳо нақши муассир дорад. Сируси Шамисо саҷъи навъи мутавозиро дар нигоҳ бар ҷанбаи бештари мусиқоии он қавитарини асҷоъ хондааст.

Ин ҳолат, махсусан, дар қисмати муқаддимавии ҳамаи осори насрии Убайд маҳсустар аст ва ин онро нишон медиҳад, ки Убайд маҳз дар ин қисматҳои осори худ таваҷҷуҳи хосса ба санъати мазкур нишон додааст. Масалан, ин ҳолат дар муқаддимаи “Садпанд” маҳсус аст: “Бар раъйи арбоби хираду киёсат ва асҳоби назару фаросат арза меафтад, ки муҳаррири ин ҳуруф Убайди Зоконӣ..., ҳарчанд аз илм пояе ва аз ҳунар мояе надорад ва пайваста аз овони рубъони зиндагонӣ ва замони унфувони ҷавонӣ мутолиаи сухани ҳукамо ва уламо ҳирсе ғолиб ва шаафе комил дошт...”.

Чунонки дида мешавад, дар ҷумлаи боло чаҳор саҷъи мутавозӣ: арбоб / асҳоб, киёсат / фаросат, поя / моя, ҳукамо / уламо, ду саҷъи мутавозин: хирад / назар, ғолиб / комил ва ду саҷъи мутарраф: рубъон / замон, зиндагонӣ / ҷавонӣ истифода гардидаанд. Корбурди анвои сегонаи саҷъ бори мусиқоӣ ва хушоҳангии матнро бештар намуда, аз сўйи дигар, боиси равонии он гардидаанд. Дар муқаддимаи “Ришнома”, дар аввалин ҷумлаи мураккабе, ки ба тамҳид бахшида шудааст, Убайд дар мисоли вожагону ибораҳои зиёде, амсоли: машшота / шаъшаа, олам / Одам, ҷамолнозукон / нозанинон, меҳнатзадагон / машаққаткашидагон, дарё / байдо, муҳаббат / муваддат ҳамоҳангиро дар дохили матн ба вуҷуд овардааст: “Шукру сано Ҳазрати Холиқеро, ки ба дасти машшотаи қудрат шаъшааи ҷамолнозукони хиттаву олам ва нозанинони зуряи Одам бар оинаи хотири меҳнатзадагони дарёи муҳаббат ва машаққаткашидагони байдои муваддат ҷилва дода...”.

Чунонки дида мешавад, намунаҳои саҷъи мутавозӣ дар осори мазкур яксон нест ва дар ин маврид мақоми аввалро “Ришнома”, дуюмро “Ахлоқ-ул- ашроф” ва сеюмро “Садпанд” ишғол менамояд.

Дар “Ахлоқ-ул-ашроф” баъзан саҷъбандӣ тавассути сифатҳо ба назар мерасад. Масалан, дар ҷумлаи “Фикри софӣ ва андешаи шофӣ бар куллиёти маошу маод гумоштанд” вожагони арабии софӣ ва шофӣ ба сифат тааллуқ доранд. Ҳамчунин, дар ҷумлаи зерин низ сифат омили эҷоди саҷъ гардидааст: “Миёни он кас ва муродоти ў ҳиҷобе ғализ ва монеъе азим шуда бошад ва ў ҳамвора бар бахту толеи худ гирён бошад”. Сифатҳо дар саҷъбандии Убайд бештар дар дохили ибораҳо истифода гардидаанд ва нақши ибораҳо дар тарҳбандии тасҷеоти осори адиб қобили таваҷҷуҳ аст.

Миёни ҷамеи ҳиссаҳои нутқ ба воситаи феъл сохта шудани саҷъ дар осори Убайд назаррастар аст ва феълҳои мусаҷҷаъ дар матни осори Убайд ду вазифаро иҷро менамоянд: якум, оҳангнокии қисмати дарунии ҷумларо таъмин менамоянд, дуюм, ҷумлаҳои як матни бузургро бо ҳамдигар пайванди мантиқӣ мебахшанд. Дар нигоҳ бар ҳамин хусусият дар осори Убайд феъл сутуни устувори тасҷеоти вай ба ҳисоб меравад. Далели равшани ин гуфтаҳо махсусан феълҳое, ки дар анҷоми ҷумлаҳои матни “Садпанд” истифода шудаанд, ба ҳисоб мераванд ва дар саҷъбандии ҷумлаҳо адиб феълҳоро дар замони оянда истифода кардааст: баред, бибуред, бигрезед, бигўед, биёбед, бирасед, бифурўшед, бихўред, бошед, бубаред, гиред, гўед, дарёбед, донед, доред, ёбед, занед, кунед, мабозед, мабошед, магардед, магиред, магзоред, мадиҳед, мадонед, мадоред, мадўзед, мазоед, макунед, манамоед, маншонед, маравед, маранҷед, мастонед, маталабед, махоҳед, махўред, машавед, маяфтед, набаред, набахшед, нагардед, наёбед, назанед, наравед, нахоҳед, нашавед, оваред, оред, созед, тезед, хандед, шавед, шиносед, шумаред / шуморед ва ғ.

Саҷъбандии мазкур дар рисола, дар навбати худ, дорои ду хусусият аст. Аввалан, дар ҷумлаҳои мураккабе, ки ҷумлаҳои содаи дохили он ҳар ду нисбатан дарозанд, аммо бо вуҷуди ин вожаи саҷъшаванда бештар эҳсос мешавад. Масалан: “Сухани шайхакон бовар макунед, то гумроҳ нашавед ва ба дўзах наравед”. Ва: “Бар лаби ҷўй ва канори ҳавз маст наравед, то магар дар ҳавз наяфтед”. Сониян, дар ҷумлаҳое, ки қисмати аввали он нисбатан кўтоҳ ва баъдӣ дароз аст, ки ба сабаби ин фосилаи вожаҳои саҷъшаванда дуртар ва камэҳсостар мегардад: “Тавбакор машавед, то мафлуку мандабур ва бахткўру гаронҷон машавед”.

Хусусияти дуюми назарраси саҷъбандӣ дар рисолаи “Садпанд” ҳамоҳангии дохилии матн мебошад. Ин ҳамоҳангӣ дар тасҷеи вожаҳои дигари матни асар инъикос мегардад, ки бо равии ягонаи тасҷеъкунанда умумияте надоранд, яъне на аз тариқи ҳуруфи равии умумии матн, балки аз тариқи дигар ҳуруфи ҳамоҳанг мусаҷҷаъ гардидаанд. Чунончи, дар исмҳо: “Аз миннати хешон ва суфраи хасисон ва гираҳи пешонии хидматгорон ва носозгории аҳли хона ва тақозои қарзхоҳон гурезон бошед”. Ва: “Аз ҳукумати доя ва танаъуми қобила ва шакли гаҳвора ва ганда...- и куҳна ва мағзи хардиза ва саломи домод ва таклифи зану бача тарсон бошед”.

Дар матни чунин ҷумлаҳо баъзан тавассути чандин навъи саҷъ рангорангиву тавотури вожаҳои ҳамоҳангшаванда дида мешаванд ва дар матн як навъ асари мусиқоӣ эҳсос мегардад. Чунончи, дар ҷумлаи зерин: “Мардумакони фузул ва касоне, ки бомдод рўйи турш доранд ва дар хумор фазиҳат ва маломат кунанд, ки ту дўш шароби бад хўрдаӣ ва суроҳӣ шикаста ва зару ҷомае бахшида...”.

Чунончи дида мешавад, дар осори Убайди Зоконӣ аз ҳайси навъ се намуди саҷъ: мутавозӣ, мутарраф ва мутавозин истифода гардида, аз нигоҳи басомади корбурд миёни онҳо мавқеи аввалро саҷъи мутарраф, дуюмро мутавозӣ ва сеюмро саҷъи мутавозин ишғол менамояд. Аз ҳайси васоити тарҳрезии саҷъ бошад, дар осори адиб тасҷеот аслан тавассути се навъи вожа:исм, сифат ва феъл матраҳ гаштаанд. Миёни ин вожагон феълҳоро махсусан бояд зикр кард, зеро бинои аксари тасҷеоти осори Убайд бо анвои гуногуни феъл: ҳам феълҳои содаву сохта ва ҳам феълҳои таркибӣ музайян гардидаанд. Саҷъҳои тавассути исм бавуҷудомада дар осори адиб мақоми дувумро доро мебошанд.

Вазифаи асосии саҷъ дар осори Убайд, аввалан, иборат аз равону дилнишин кардани вожаҳову ибораҳо ва ҷаззобтар кардани маонӣ ва мазомини ҳаҷвии ҷумлаҳо, баъдан, хушоҳангу мутавозин намудани воҳидҳои мазкур ва ба ин васила ҷанбаи мусиқоӣ бахшидан бар матн мебошад. Насри Убайди Зоконӣ, агарчи мутааллиқ бар сабки маснуи олӣ нест ва саҷъ дар он нақши бунёдиву калидӣ надорад, аммо он ба ҳайси василаи муҳимми эҷоди хушоҳангӣ ва бахшидани ҷанбаи мусиқоӣ дар осори вай аз аҳамияти вижае бархурдор аст.

Ҳамин тариқ, аз барасии мавҷуда метавон чунин натиҷа бардошт - дар осори насрии Убайди Зоконӣ истифодаи мукаррар аз талмеҳ ва аз ҳайси фарогирии мавзуъ гуногун буда, бештар ба чунин мавзуот мансубанд:

  1. бар халифагон ва шоҳону салотин;

  2. бар каломи ҳакимону донишмандон ва ашъори шоирон;

  3. ба пайғамбарон ва оёту ҳадисҳо;

  4. бар шахсияти файласуфону ҳакимон ва шоирону фозилон;

  5. бар қаҳрамонони ҳамосӣ, ишқӣ ва устураӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба