Зеҳн

РОҶЕЪ БА САЛОҲИЯТНОКИИ ҲУҚУҚИИ ОМЎЗГОР

АХ
Ахбор22 августи 2026 · 8 дақиқа хондан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2018) таъкид сохта буданд: “ Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Агар омўзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”.

Таҳқиқ ва баррасии масъалаи салоҳиятнокии ҳуқуқии мутахассисон имрўз бо сабаби тағйироти муайяни дар Тоҷикистон баамаломада аҳамиятнок гаштааст. Унсурҳои муайяни рушд, аз ҷумла, демократикунонии ҷомеа, ташаккул додани давлати ҳуқуқбунёд, эътирофи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон мушкилии омодагии мутахассиси оянда, махсусан барои интихоб ва амали мустақили масъулиятнок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба амал меорад, ки ин омилҳо мубрамияти мавзўъро таъйид месозад. Ин тамоюлҳои рушд аз нав дида баромадани ҳадафҳо ва натиҷаҳои таълимро талаб мекунанд.

Салоҳиятнокии ҳуқуқӣ чист?

Мафҳуми “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ”- ро мутахассисон барои ифодаи мафҳумҳои компетенция ва компетентность, ки аз забони лотинӣ (competens competentis) ба забони русӣ иқтибос шудаанд, истифода мебаранд. Бештари таҳлили адабиётҳо маҳз ба ҳамин иқтибосҳо ва аз назари илмию методӣ таснифи онҳоро дар бар мегирад.

Мафҳуми салоҳият дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ - лаёқат, шоистагӣ, қобилият тафсир дода шудааст.

Дар “Луғати истилоҳоти Хазинаи аврупоии таҳсилот” мафҳуми салоҳият (компетенсия) чунин шарҳ дода шудааст:

1.Қобилияти ягон кор (амал) –ро хуб ва самаранок иҷро кардан.
2.Ба талаботи вазифавӣ (касбӣ) мутобиқ будан.
3.Қобилияти иҷрои вазифаҳои махсуси меҳнатӣ.
Хулоса, салоҳият - маҷмўи дониш, малака ва маҳорати ба ҳам пайванде, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.

Дар баъзе адабиёти илмӣ мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешаванд.

Дар асоси тафсири боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки шахси салоҳиятнок амалеро хуб, қобилона ва боэътимодона иҷро карда метавонад.

Тибқи андешаи як қатор олимон, салоҳиятнокии ҳуқуқӣ «сифати муназзам ва шохиси субъекти соҳаи маориф мебошад, ки ягонагии омодагии назариявӣ ва ҳуқуқии ў ва қобилияти амалии ўро дар татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳалли вазифаҳои тағйирёбанда дар соҳаи фаъолияти касбӣ, амалӣ намудани таълими ҳуқуқӣ ва ҳифзи кўдакон мебошад».

Гурўҳи дуюм бар он андешаанд, ки салоҳиятнокии ҳуқуқӣ «ҷузъи салоҳияти касбӣ буда, тамоюли ҳуқуқии шахсро дар заминаи фаъолияти касбӣ муайян мекунад ва ин хусусиятест, ки қобилияти ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқии субъектҳои раванди таълимро дар заминаи арзишҳо, дониш ва таҷрибаи корӣ тибқи принсипҳои ахлоқӣ, афзалияти ҳуқуқҳои инсон, стандартҳои иҷтимоӣ, масъулияти касбии омўзгори оянда, заминаи меъёрии фаъолият нишон медиҳад».

Гурўҳи сеюми олимон бошанд, салоҳиятнокии ҳуқуқиро ҳамчун «моликияти интегратсионии шахс, ки дар маҷмўи салоҳиятҳо дар соҳаи ҳуқуқии дониш ифода ёфтааст; қобилияти фаъолона таъсир расонидан ба раванди инкишоф ва худомўзии хусусиятҳои иҷтимоӣ ва арзишии шахс, ки ба иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва арзишӣ дар ҷомеа, пешгирӣ ва рафъи зуҳуроти ғайриқонунии рафтор имкон медиҳад», шарҳ додаанд.

Аз нуқтаи назари мо, салоҳиятнокии ҳуқуқӣ натиҷаи азхудкунии салоҳияти ҳуқуқӣ мебошад, ки дониши ҳуқуқӣ ва малакаҳои амалиро ҳамчун таҷрибаи ҳифзи ҳуқуқ дар фаъолияти касбӣ фаро мегирад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм пайваста кўшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонида, барои ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид намудани таҳсилоти миллӣ тадбирҳо андешанд. Соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2012-2020”-ро ба тасвиб расонд. Тибқи он низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба донишҷўён имконияти аз худ намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро ба монанди қабули масъулиятноки қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомўзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, тайёрии касбии дар бозори меҳнат талаботдошта, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин намояд.

Стратегияи миллии рушди маориф самтҳои тағйироти муносибат ба таълимро мушаххас карда, гузаришро аз шакли таълими кунунӣ ба шакли таълими салоҳиятнок ба нақша мегирад.

Имрўз дар ҷои аввал масъалаи зарурати рушди «пешрафта»-и салоҳиятнокии ҳуқуқӣ, усулҳо ва технологияҳо меистад, ки онҳоро омўзгор мустақилона аз худ карда, метавонад ба қонуният ва дурустии муносибатҳои таълимӣ дар шароити нав ноил гардад. Бояд дар баробари ҷанбаҳои мусбати омодагардонии омўзгори оянда, ҷанбаҳои манфиро низ қайд кунем. Монеаи ҷиддӣ барои тағйир додани муносибати таълимӣ ин пеш аз ҳама омода набудани устод ба инкишоф додани касбият мебошад, аммо мушкилоти аз ин ҷиддитар ҳам ҷой доранд.

Мо чунин мешуморем, ки яке аз сабабҳо ақибмонии динамикаи рушди салоҳиятнокии ҳуқуқии муаллим, пеш аз ҳама, аз суръати тағйирёбии муносибатҳои таълимӣ мебошад. Натиҷаи рукуд дар рушди салоҳиятнокии ҳуқуқӣ бо он муайян карда мешавад, ки омўзгорон, одатан, мазмуни санадҳои нави давлатиро дар соҳаи маориф дарк намекунанд, масъалаҳои мушкилотро дар соҳаи маориф дар асоси ҳиссиёт ё меъёрҳои кўҳнаи ҳуқуқӣ ҳал мекунанд, қобилияти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва низоъҳоро дар системаи маориф надоранд, тағйирёбии омилҳои хусусияти иҷтимоию иқтисодидоштаро ба назар намегиранд, хавфи амалҳои иштирокчиёни раванди таълимро дарк намекунанд.

Ҳангоми ворид шудан ба бозори хизматрасонии таълимии кормандони соҳаи педагогика, ки дараҷаи бакалавр доранд, ба масъалаи рушди салоҳиятнокии ҳуқуқии омўзгор аҳамияти махсус дода мешавад. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти таҳқиқотии расонаҳо аксарияти коршиносон чунин мешуморанд, ки дараҷаи бакалавр таҳсилоти олии нопурра мебошад, аммо дар Аврупо онро таҳсилоти олии комил медонанд. Эҳтимол, вазъи ҳуқуқии бакалавр, доираи масъулияти кории ў дар баъзе ҳолатҳо барои корфармо, ҳамкорон ва хатмкардагони донишгоҳ маълум нест.

Хусусияти мавзўи ин мақола истифодаи равиши салоҳиятнок ва методҳои контекстӣ ва пешгўишавандаро ҳамчун методология пурра муайян мекунад.

Хусусияти истифодаи равиши контекстӣ дар ин ҳолат ҳувияти муҳити таълимӣ (дар он бакалаври оянда таҳсил мекунад) ва муҳити касбие, ки бакалавр кор хоҳад кард ба шумор меравад. Тибқи гуфтаи Л.З. Кувандикова ва И.Д. Белоновская, ки мо бо ў ҳамфикр ҳастем, «раванди мукаммали омода сохтани бакалаври ояндаро барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ дар муносибатҳои таълимӣ, ҳамгиро кардани марҳилаи ташаккули салоҳияти ҳуқуқӣ ва марҳилаи пай дар пайи рушди он, ки бештар ба равиши пешгўии дараҷаи бакалавр мувофиқ аст, бояд баррасӣ кард».

Дақиқкунии дастгоҳи мафҳумӣ ва истилоҳии тадқиқот, генезиси чунин мафҳумҳо, ба монанди муносибатҳои таълимӣ, вазъи ҳуқуқии омўзгор, салоҳияти ҳуқуқӣ ва рушди салоҳияти ҳуқуқии бакалаврро дар назар дорад.

Дар сохтори салоҳиятноки ҳуқуқӣ И.Д. Белоновская ва Е.О.Филиппова чор ҷузъро фарқ мекунанд: ҳавасмандгардонӣ, маърифатӣ, амалиётӣ, мақом. Олимони дигар, аз ҷумла Д.А. Микаилов, се ҷузъи асосӣ: маърифатӣ, арзиши ҳавасмандгардонӣ ва рафториро муайян кардаанд. Ҷузъи маърифатӣ «системаи дониши ҳуқуқӣ, иттилооти ҳуқуқӣ мебошад. Вобаста ба салоҳияти ҳуқуқӣ, ин ҷузъ маҷмўи чунин донишҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад: донистани қоидаҳои асосии назарияи ҳуқуқ; донистани қонунҳои кишвар, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо, озодӣ ва масъулияти шахс; дониши соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ (конститутсионӣ, маъмурӣ, шаҳрвандӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ) ҳамчун кафолати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон; донистани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти касбӣ; донистани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои кормандон, механизмҳои асосии таъмини ҳуқуқи онҳо». Ҷузъи ҳавасмандгардонӣ-арзишӣ «табдил додани маълумоти ҷамъшуда ва дониши ҳуқуқӣ барои эътиқод ба қонун, одатҳои рафтори қонунӣ; муносибатро ба қонун ҳамчун арзиш, эҳтиром ба қонун, риояи қонун, рафтори қонунӣ дар бар мегирад». Ҷузъи рафтор «омодагии рафторро бо роҳнамоии дониш ва эътиқоди ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунад, яъне қонунӣ - мувофиқи қонун амал кардан: аз ҳуқуқҳои худ истифода бурдан, ўҳдадориҳоро иҷро кардан, манъкуниҳоро риоя кардан ва дар сурати вайрон кардани онҳо, инчунин ҳуқуқҳои худро ҳимоя кардан аст».

Ҳангоми интихоби усулҳо ва воситаҳое, ки ба рушди салоҳиятнокии ҳуқуқии бакалаври педагогика мусоидат мекунанд, бояд ба назар гирифт, ки дар таълими педагогӣ ҳолатҳои гуногуни омўзгории педагогӣ самаранок татбиқ карда мешаванд, ки онҳо бояд барои рушди салоҳиятнокии ҳуқуқӣ низ татбиқ шаванд.

Тадқиқоти олимон тасдиқ кардааст, ки намуди ҳолатҳои мушкилие, ки дар раванди таълим татбиқ мешаванд, бояд ба марҳилаҳои ташаккули ҷузъҳои салоҳият мувофиқат кунанд.

Модели педагогии рушди салоҳиятнокии ҳуқуқии бакалаври педагогика мақсадҳо, вазифаҳо, равишҳои методологӣ, принсипҳои татбиқи онҳо, шароити ташкилию педагогӣ, марҳилаҳои раванди рушдро, ки методология ва технологияи онро таъмин кардаанд, воситаҳои арзишнок ва натиҷаи равандро дар бар мегирад. Шароити ташкилию педагогӣ бояд мавқеъҳои зеринро дар бар гирад: раванди ташаккули салоҳиятнокии ҳуқуқии бакалаври ояндаи педагогика ба азхудкунии салоҳиятҳои воқеӣ ва ояндадор дар системаи муносибатҳои таълимӣ равона карда шудааст; тарҳрезии ҳолатҳои ҳуқуқие, ки заминаи касбии таълими ҳуқуқии донишҷўёнро дар асоси ҳамгиро кардани мундариҷаи фанҳои қисмҳои асосӣ ва тағйирёбандаи барномаҳои таълимӣ барои омодасозии бакалаври ояндаи педагогика, захираҳои Маркази қонунгузории таълимӣ ва манбаъҳои ҳуқуқии интернетӣ муайян мекунанд». Методологияи рушди салоҳиятнокии ҳуқуқӣ азхудкунии ҳамаҷонибаи салоҳиятҳои ҳуқуқиро тавассути татбиқи ҳолатҳои проблемавии касбӣ дар бар мегирад. Ҳамчун воситаи татбиқи маҷмўи ҳолати мушкилот, «ҷустуҷўи мустақили иттилоотии ҳуқуқӣ, мини-кейсҳо, муколамаҳои касбӣ, бозиҳои корӣ, ҳамкориҳои шабакавӣ бо интернет, технологияи тарроҳии мутобиқаткунонӣ ба шумор мераванд».

Бояд қайд кард, ки вобаста ба ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқот дар амалияи таҳсилоти педагогӣ аз тарафи муаллимон, шиддати зиддиятҳо дар ҷомеаи тараққикунандаи демократӣ метавонад коҳиш ёбад, ки ин дар навбати худ ба паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ дар соҳаи маориф, дараҷаи хавфҳои ҳолатҳои низоъӣ, болоравии фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон мусоидат мекунад. Аз ин рў, омўзиши равандҳои ташаккули салоҳиятнокии ҳуқуқии бакалавр проблемаи муҳим ва муосири таҳсилоти касбӣ мебошад. Ҳалли он шарти зарурии баланд бардоштани сифати таҳсилоти педагогӣ, татбиқи асосҳои воқеан демократии ҳуқуқии муносибатҳои таълимӣ мебошад.

Раванди рушд ҳангоми татбиқ дар раванди таълим, кори мустақилона ва таҷрибаи омўзгории бакалаврҳо, вазъияти проблемавии дорои хусусияти мубрам ва ояндадор вусъат мебахшад. Дар хулоса, бояд қайд кард, ки ҳангоми омодасозии омўзгор ва мутобиқшавии ў дар муассисаи таълимӣ салоҳиятнокии ҳуқуқӣ ҳамчун сифати интегратсионии субъект, дар натиҷаи маҷмўи чорабиниҳо, дар соҳаи маориф ташаккул меёбад: аттестатсия, такмили ихтисос ва бозомўзӣ бошанд, ҳар яке хусусиятҳои хоси худро доранд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба