ШЕВАИ ТАЪЛИМИ БОСАЛОҲИЯТИ ШАРҲИ ҲОЛИ ҶОМӢ ДАР КУРСИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТ
Муаллифи мақола кўшиш намудааст, ки омўзиши шарҳи ҳоли Абдураҳмони Ҷомиро бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим ва нишон додани схемаву ҷадвалҳо пешкаши устодони адабиёт гардонад. Инчунин, дар мақолаи мазкур фикру андешаҳои ҳамасрони адиб ва ховаршиносони хориҷӣ аз қабили Алишер Навоӣ, Мирзо Бобур, Абдулғафури Лорӣ, Камолиддин Биноӣ, Александр Кримский, Ҳермон Эте ва дигарон доир ба зиндагиномаи нависанда далелҳо оварда шудааст.
Тадриси босалоҳият ва босамари ҳаёт ва эҷодиёти суханварону мутафаккурони бузург дар муассисаҳои таълимӣ аз масоили муҳими таълиму тарбия ва методикаи таълим ба шумор меравад. Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо дар таърихи адабиёти тоҷик, балки дар тамаддуни башарӣ ҳамчун шоиру нависандаи беҳамто,олими нуктасанҷ ва мутафаккири инсонпарвар шинохта шуда, осори инсонсози ў, чи дар гузашта ва чи дар замони муосир, ба сифати китоби дарсӣ таълим дода мешавад.
Дар ибтидои асри навин дар арсаи байналмилалӣ дар соҳаи маориф дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омад ва илми педагогика хеле пеш рафтаву донишмандон методҳои тозаи таълимро, ки ҷавобгўи талаботи замон аст, коркард намудаанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ворид шуд ва соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар эълон гардида, бевосита зери назар ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.Барои ҷавобгў будан ба талаботи замон ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Вазорати маориф ва илми ҶТ дар МТМУ усули нав-муносибати босалоҳият ба таълим(МБТ)-ро ҷорӣ карда, ки фанни адабиёт низ монанди дигар фанҳои таълимӣ бояд вобаста ба талаботи МБТ таҳқиқ шавад ва усули таълими босалоҳияти он пешниҳод гардад.
Дар курси таърихи адабиёт, ки таълими ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи барнома дар синфи 9 пешниҳод шудааст, тарҷумаи ҳоли адиб ба таври муфассал таълим дода мешавад. Ш.Тағоев дар дастури таълимии “Таълими эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ дар синфи 8” ва Т. Миров дар “Дастури методии “Адабиёти тоҷик” ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомиро ба дарсҳо тақсим намуда, ҳар як мавзуъро вабаста ба ҷараёни дарс баён кардаанд. Омўзгорон метавонанд аз ин китобҳо ба сифати дастури методӣ истифода баранд, аммо бо онҳо маҳдуд нагарданд, зеро ба талаботи замон ҷавобгў нестанд.
Шинохти рўзгор, замони зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ, муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангии Абдураҳмони Ҷомӣ дар дарки дурусти осори вай таъсири зиёд дорад. Ҳар як суханвар фарзанди замони худ аст ва вобаста ба ҷаҳонбинию талаботи замони худ асар офаридааст. Аз сўйи дигар, дар шинохти тарҷумаи ҳоли адиб сарчашмаи дараҷаи аввал осори худи ўст. Методист М. Аҳмадов дар ин масъала менависад: «Танҳо таҳлили амиқи асарҳои нависанда имкон фароҳам меоварад, ки ба шахсияти ў баҳои воқеӣ дода шавад. Дар ин масъала зиндагӣ ва муносибати ў ба атрофиёнаш дар сафи дувум меистад. Пас омўхтани зиндагӣ, фаъолияти адабӣ, огаҳӣ аз моҳият ва мазмуну мундариҷа ва ғояи офаридаҳои нависанда ҳама якҷоя омили асосии комилан баҳо додан ба шахсияти адибон дониста мешавад». Хушбахтона, Абдураҳмони Ҷомӣ худ дар осораш оид ба тарҷумаи ҳоли хеш маълумоти фаровон додаст, ки дар байни онҳо рисолаи «Руқаот» (Мактубҳо), қасидаи «Рашҳи бол ва шарҳи ҳол» ва «Қасидаи шайбия» арзиши бештар доранд. Илова бар ин, бино ба гуфтаи ҷомишинос Аълохон Афсаҳзод, «доир ба тарҷумаи ҳол ҳулқу атвор ва эҷодиёти Ҷомӣ... дар асри ХУ «Хамсат-ул- мутаҳаййирин»-и Алишери Навоӣ, «Такмила бар «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдулғафури Лорӣ ва «Мақомоти Мавлавӣ Ҷомӣ»-и Абдулвосеи Низомӣ таълиф гардида буданд. Боби махсуси китоби «Рашаҳот айн-ул-ҳаёт»-и Фахруддин Алӣ ибни Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ҳикоятҳои зиёди «Латоиф-ут- тавоиф»-и ҳамин муаллиф ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ низ ҳукми китобҳои алоҳидаро доранд. Инчунин Давлатшоҳи Самарқандӣ, Камолиддини Биноӣ, Ғиёсуддини Хондамир, Муиниддини Исфизорӣ, Мирхонд, Бобурмирзо, Соммирзои Сафавӣ ва чанде дигар аз аҳли фазли асри ХУ ва асри ХУ1 дар осори худ лаҳзаҳои ҷудогонаи рўзгори ин мутафаккири бузургро тавзеҳ додаанд». Дастрас намудан ва омўхтани ҳамаи он китобу маълумотномаҳое, ки аз раванди зиндагии Абдураҳмони Ҷомӣ баҳс мукунанд, барои муаллими мактаб кори басо душвор ва ҳатто номумкин аст. Зеро на ҳамаи ин сарчашмаҳо мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гирифта, ба хатти кириллӣ баргардонида шудаанд. Хушбахтона, донишманди тоҷик Аълохон Афсаҳзод, ки «тамоми умр бо Ҷомӣ» будааст, муҳимтарин асарҳои адабии ўро таҳқиқ ва нашр намудааст. Донишманди номбурда дар асоси осори Ҷомӣ ва навиштаҳои шогирдону дўстон ва пайвандону пайравонаш дар бораи шарҳи ҳоли ин адиби бузурги форсу тоҷик як асари илмию адабии нисбатан мукаммалро бо забони содаву равон, ки ба синну соли хонандагони синни калони мактаб мувофиқ аст, эҷод намудааст. Бе ҳеч шакке, метавон гуфт, ки китоби Аълохон Афсаҳзод «Дарёи нур» беҳтарин асари илмию адабӣ доир ба тарҷумаи ҳоли Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Омўзгорони мактаб бояд ҳангоми таълими шарҳи ҳоли адиб дар синфи 9 аз ин китоб истифода баранд ва мутолиаи онро аз хонандагон талаб намоянд.
Мутахассисони соҳа, монанди Х. Мирзозода, Н.Маъсумӣ, М. Қозиҷонов, А. Ваҳҳобов, Ғ. Мирзоев, Н.Раҳматҷонов, Х. Раҳимов,Т. Миров, Ш. Исломов ва Қ. Хоҷаев ва М. Аҳмадов доир ба методикаи таълими шарҳи ҳоли суханварон дар мактаб изҳори назар кардаанд. Аз ҷумла, М. Аҳмадов дар китоби «Таълими адабиёти тоҷик» дар ин масъала батафсил маълумот додаст. Тавсияҳои М. Аҳмадов хеле омўзанда ва пурсамар мебошанд. Донишманди номбурда боби ҳаштуми қисми дуюми китобро маҳз ба ин масъала ихтисос дода, доир ба ҳар як масъалаи методикаи шарҳи ҳоли суханварон батафсил маълумот медиҳад ва шеваи тадриси шарҳи ҳоли адибони ҷудогонаро пешниҳоди хонанда мегардонад.
М. Аҳмадов дар қисмати охири боби ҳаштум ба тариқи намуна «Таълими шарҳи ҳол дар мисоли зиндагиномаи Мирзо Турсунзода»-ро меоварад, ки хеле ҷолиб аст ва муаллимон метавонанд аз он дар дарси худ истифода баранд. Хусусияти ҷолиби таваҷҷуҳи навиштаҳои М. Аҳмадов дар он аст, ки ў ин китоби худро дар замони Истиқлол, озод аз ҳама гуна идеология навишта ва аксари китобу мақолоти дар ин масъала навишташударо ба назар гирифтааст. Масалан, дар мавриди шеваи тадриси шарҳи ҳоли Абдураҳмони Ҷомӣ менависад: «Дар баробари оғоз кардани таълими Ҷомӣ дар синфи 9, пеш аз ҳама, мақсади асосии мавзуъ муайян карда мешавад, ки аз баҳои умумӣ ба адиб ва фаъолияти эҷодии ў иборат аст. Барои ҳосил кардани ин ғояи асосии мавзуъ корҳои зерин ба иҷро расонида мешавад:
а) муайян кардан ва интихоб намудани маводи таълим;
б) мавқеи баёни он мавод;
в) натиҷагирии хотимавӣ». Бино ба андешаи донишманди номбурда, барои муаррифии мақоми Ҷомӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик сухани ховаршиноси бузурги рус Е.Э. Бертелс мувофиқи мақсад аст: «Ҷомӣ дар осори худ соҳирона такомули панҷсадсолаи адабиёти гузаштаро ҷамъбаст мекунад».
М.Аҳмадов тавсия медиҳад, ки дар оғози таълими шарҳи ҳоли Ҷомӣ омўзгор метавонад бо воситаи нақшаҳо гуфтаҳои бузургони илму адабро дар бораи Ҷомӣ намоиш диҳад ва онҳоро шарҳу тавзеҳ диҳад. Донишманди номбурда бар он андеша аст, ки баҳои ҳамасрону дўстон, шогирдон ва ховаршиносони ватанию хориҷӣ дар бораи Ҷомӣ ва нақши ў дар такомули адабиёти форсу тоҷик тавассути нақшаҳо ба хонандагон нишон дода шавад, тарҷумаи ҳоли адиб хубтар дарк мегардад. Худи муаллиф ин нақшаҳоро мураттаб намуда, ки воқеан, дар муаррифии адиб ва мақоми ў дар таърихи адабу фарҳанги тоҷик нақши муҳим доранд.
Бояд зикр кард, ки бархилофи аксари шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик дар бораи рўзгору осори А.Ҷомӣ маълумоти фаровони дақиқу саҳеҳ мавҷуданд. Илова бар ин, донишмандон, алалхусус А.Афсаҳзод ҳаёт ва эҷодиёти ин мутафаккири бузургро ҳаматарфа омўхта, дар ин замина китобу мақолоти зиёде ба нашр расонидаанд. Омўзгор бояд рисолаи илмӣ- бадеии «Дарёи нур»-ро барои хонандагон тавсия кунад, аммо худ барои маълумоти бештари илмӣ гирифтан метавонад аз монографияҳои А. Афсаҳзод «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир» ва «Рўзгор ва осори Ҷомӣ» истифода баранд. Дар бораи зиндагии Абдураҳмони Ҷомӣ филми бадеӣ сохтаанд ва бо такя ба осори ў асарҳои саҳнавӣ рўйи саҳнаи театр омада, ки тамошои онҳо ба хонандагон нақши бештаре мегузорад.
Дар барномаи таълими адабиёт дар синфи 9 қабл аз А. Ҷомӣ 3 соат барои тадриси мавзуи «Адабиёти тоҷик дар асри ХУ» пешниҳод шудааст. Қобили зикр аст, ки бузургтарин шоиру мутафаккири асри ХУ Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Омўзгор бояд ин соатҳоро самаранок истифода барад. Бино ба гуфтаи ховаршиноси бузурги рус Е.Э. Бертелс, «аз рўи осори Ҷомӣ бо камоли боварӣ метавон ҳукм кард, ки дар қарни ХУ аз мероси гузашта чӣ боқӣ монда ва чӣ аз байн рафтааст» ва ҳамчунин ба таъкиди ин донишманд, «Ҷомӣ дар осори худ такомули панҷсадсолаи адабиёти классикии форсу тоҷикро ҷамъбаст намудааст». Бояд зикр кард, ки МБТ ба муаллим имкон медиҳад, ки мавзуъ ва мундариҷаи таълимро тағйир диҳад, зеро мавзуъ ва мундариҷаи таълим ба ҳайси восита барои ташаккули салоҳиятҳо хидмат мекунанд. Мавзуи «Адабиёти тоҷик дар асри ХУ»-ро, ки аслан бояд ба тариқи обзорӣ таълим дода шавад, бо мавзуи «Замони Ҷомӣ ва зиндагиномаи ў» тавъам таълим додан мувофиқи мақсад аст. Муаллим аз фаслҳои аввалу дувуми китоби А. Афсаҳзод «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир», ки ба замони зиндагӣ ва шахсияту эҷодиёти Ҷомӣ бахшида шудаанд, маводи фаровон ба даст оварада метавонад. Дар боби аавали китоб перомуни вазъияти сиёсию иҷтимоӣ дар асри ХУ, заминаҳои мафкуравии ҷамъият, ҳаёти илмию маданӣ ва адабӣ дар ин аҳд батафсил бо такя ба сарчашмаҳои дараҷаи аввал маълумот дода шудааст. Дар фасли дувум доир ба шахсияту эҷодиёти Ҷомӣ аз даврони туфулият то фарҷоми зиндагии ў баҳс меравад.
Дар машғулиятҳое, ки дар курси таърихи адабиёт ба шарҳи ҳоли адиб ихтисос дорад, бино ба таъкиди мутахассисон, бояд масоили зер равшан карда шавад:”
а) Хусусияти асосии нависанда ба ҳайси суханвар ва мутафаккир;
б) робитаи адиб бо замони худ, бо ин ё он синфи ҷамъиятӣ ва бо зиндагии мардум;
в) усули эҷодии адиб чӣ гуна инкишоф ёфтааст, марҳалаҳои асосии раванди фаъолияти ў чӣ тарз давом кардааст) ў дар таърихи адабиёт ва умуман ҳаёти ҷамъиятии замони хеш чӣ навгонӣ ворид кардааст?”.
Қобили зикр аст, омўзгор аз китобҳои зикршудаи А. Афсаҳзод ба тамоми ин масъалаҳо ҷавоб ёфта метавонад.
Вақеан ҳақ бар ҷониби методистон аст, ки истифодаи асбобҳои аёнӣ, монанди акси шоир, китобҳои ў, нақшаҳои гуфтаҳои бузургон илму адаб ва муҳаққиқон дар бора ў ва ғайраро ҳангоми таълими шарҳи ҳоли адиб пурманфиат медонанд. Қобили зикр аст, ки Рафоэли Шарқ – Камолиддини Беҳзод расми Ҷомиро кашидааст, ки то ба рўзгори мо расидааст. Ба хонандагон бояд фаҳмонд, ки акси Ҷомӣ маҳсули тахайюли мусаввирон нест, балки онро ҳамасри Ҷомӣ рассом Беҳзод кашидааст. Аз сўйи дигар, имрўз илму техника ба ҳадди баланди инкишофи худ расидаанд ва дар мактаб васоити техникӣ, монанди компютор, планшет, тахтаи электронӣ мавҷуданд, ки кори муаллим ва хонандагонро ба маротиб осон мегадонанд. Омўзгор метавонад ҳама он асбоби аёниро дар слайд ҷо диҳад ва шарҳу тафсири онҳоро дар ҳошия бинависад. Бамаврид ва муассир хоҳад буд, агар слайди шарҳи ҳоли Ҷомӣ ба мавзуъҳо тақсимбандӣ шуда бошанд. Масалан, дар мавриди мақоми Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи адабиёти тоҷик суханони донишмандони зерро овардан мумкин аст:
Ҳаёти адабиии асри ХУ-и форсу тоҷикро, ки дар он эҷодиёти Ҷомӣ бо тамоми бузургияш намудор мегардад, шартан асри Ҷомӣ номидан мумкин аст.
Ховаршиноси укроинӣ Александр Кримский
Метавон гуфт, давраи классикии шеъри форсӣ бо зуҳур ва уфули Нуриддини Абдураҳмони Ҷомӣ ба поён расид.
Ховаршиноси олмонӣ Ҳермон Эте
Суханони ҳамасрони шоир, ки аксар шогирдони ўянд, низ дар муаррифии шарҳи ҳоли мутафаккир хеле муассир хоҳад буд:
Вай [Ҷомӣ]-ро дар улуми саврӣ ва маънавӣ ҳамто ва баробаре дар асри худ набуд.
Мирзо Бобур
Суҳбати ҳазрат [Ҷомӣ]-ро хосияте буд, ки ҳар кас ба суҳбати эшон мерасид, аз мамарри қабзе ва андўҳе, ки медошт, он қабз аз андўҳ муртафеъ мешуд.
Абдулғафури Лорӣ
Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ,
Он мунаввар ба нури субҳонӣ.
Қадри авқоти хеш чун дарёфт,
Ба сўи ҳифзи нақди вақт шитофт.
Қимати умрро шикаст надод,
Як нафасро дигар зи даст надод.
Камолиддини Биноӣ
Равоншиносон собит кардаанд, ки ба мардуми Шарқ, махсусан ба мардуми тоҷик таъсири сухани мавзун нисбат ба мансур бештар таъсир мерасонад. Аз ин рў, дар ҳар масъалае барои муаррифии шарҳи ҳоли адиб пораи шеърие овардан ба хонандагон таъсири бештар мерасонад. Агар он шеър аз эҷодиёти худи адиб бошад, боз ҳам беҳтар аст. Масалан, қитъаи шеърии зер, ки ба масъалаи тахаллус ва зодгоҳи шоир иртибот дорад, ҳангоми дарси шарҳи ҳоли Ҷомӣ нақши муҳим бозида метавонад:
Мавлидам Ҷому рашҳаи қаламам
Ҷуръаи ҷоми Шайхулисломист.
Лоҷарам дар ҷаридаи ашъор
Ба ду маънӣ тахаллусам Ҷомист.
Дар мавриди вафоти Абдураҳмони Ҷомӣ шоирони зиёде марсияву таърих гуфтаанд, ки ба илова зикри дақиқи соли вафоти ў аз мақоми баланди шоири мутафаккир дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Дар слайди шарҳи ҳоли Ҷомӣ ҷой додани онҳо мувофиқи мақсад аст. Ба тариқи намунае чанд аз онҳоро меоварем. Масалан, Алишери Навоӣ ҳам таърихи вафоти устодашро дар шеър ҷой додаст ва ҳам марсияи пурсўзе сурудааст:
Гавҳари кони ҳақиқат, ду(р)ри баҳри маърифат,
К-ў ба Ҳақ восил шуда, дар дил набудаш мосивоҳ.
Кошифи сирри Илоҳӣ буд, бешак, з-он сабаб
Гашт таърихи вафоташ «Кошифи сирри Илоҳ».
Таърихи зерро, ки мутаассифона, муаллифаш дақиқ маълум нест, аз ҷумлаи беҳтарин таърихи вафоти Ҷомист, бояд дар слайд ҷой дод, зеро мисраи охири қитъа ҳам баёнгари руҳияи шогирдону пайвандон ва дар маҷмуъ аҳли маърифати Хуросонро аз марги Ҷомӣ ифода мекунад ва ҳам таърихи соли вафоти шоирро дақиқ нишон медиҳад:
Султони ақлу дониш Ҷомӣ, ки ёфт дар хулд
Аз бодаи висолаш арвоҳи қудс ҷоме.
Таърихи фавти ўро аз ақл хостам, гуфт:
«Оҳ аз фироқи Ҷомӣ, оҳ аз фироқи Ҷомӣ»
Албатта, ин қитъаҳои шеърӣ ва насрие, ки овардем, бояд шарҳу тафсир шаванд. Алалхусус, ба ду маънӣ будани тахаллуси «Ҷомӣ», ки ҳам ишора ба зодгоҳаш асту ҳам киноя аз Шайхулислом, орифи машҳури ҳамватани Ҷомӣ - Аҳмади Ҷом. Ҳамчунин бояд моддаҳои таърихи вафоти Ҷомӣ «Кошифи сирри Илоҳ» ва «Оҳ аз фироқи Ҷомӣ», ки соли 898 мебарояд, аз тарафи муаллим шарҳу тафсир ёбанд ва аҳамияти моддаи таърихнависӣ ба хонандагон фаҳмонда шавад.
Дар мавриди илмомўзии Ҷомӣ дар даврони наврасию ҷавонӣ аз «Хамсаи мутаҳаййира» (Панҷгонаи ҳайратовар) метавон ҳикояти ҷолиб нақл кард. А.Афсаҳзод ин ҳикоятро ба забони содаву равон дар китоби «Дарёи нур» нақл карда, ки омўзгор метавонад аз он истифода кунад. Ин ҳикоят аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошта, ба хонандагон талқин мекунад, ки дар хондан саъю кўшиши бештар ба харҷ диҳанд. Омўзгор бояд ҳангоми шарҳи ҳоли суханвар ба давраи таҳсили ў бештар диққат диҳад. Рақамҳои оморӣ, монанди фалон сол ба мактаб рафт ва ё дар фалон мадраса солҳои фалон таҳсил кардааст масъаларо ҳал намекунад. Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи таъкиди муҳаққиқон, бештари илмҳои замони худро баъд аз сабақи устодони номвари замонро гирифтан мустақилона омўхта, аз устодонаш пеш гузаштааст. Зикри ин нукта ба хонандагон таъсири бештар дорад.
Ин нуктаро бояд таъкид сохт, ки соати ҷудошуда барои шарҳи ҳоли адиб маҳдуд аст, нақли омўзгор бояд дар ҳама масоили шарҳи ҳоли адиб ихчаму мухтасар бошад. Аз сўйи дигар, МБТ, ки бунёди онро таълими хонандамеҳвар ташкил медиҳад, ба ташаккули шахсияти хонанда нигаронида шудааст. Дар ин шеваи таълим хусусияти фардии хонандагон ба назар гирифта шуда, дар раванди таълим бояд ба таври мақсаднок истифода шаванд. Масалан, хонандагон дар мавриди зиндагиномаи Абдураҳмони Ҷомӣ маводи заруриро ҷамъ оварданд, ахбори пешниҳодшуда аз ҷониби омўзгорро азхуд карданд ва метавонанд онҳоро бозгўӣ кунанд. Ин ҳама фаъолияти маърифатии хонанда дар шакли суннатии таълим аст. Фаъолияти маърифатии хонанда дар шеваи МБТ бо ин маҳдуд намегардад. Хонанда бояд ахбору маводи пешниҳодшударо таҳлилу таҳқиқ намояд, ҳар масъалаи марбут ба зиндагиномаи мутафакирро таҳлилу баррасӣ намояд, илова бар гуфтаҳои муаллим доир ба ҳар масъала фикри худро дошта бошад ва бо баррасии маводу ахбори марбут ба мавзуъ натиҷагирӣ карда тавонад.
Хонандагон ба салоҳиятҳо ҳамон вақт даст меёбанд, ки дар раванди дарс иштироки фаъол дошта бошанд. Яъне, ҳангоми баррасии шарҳи ҳоли адиб маҳдуд ба маълумоти китоби дарсӣ набошанду аз сарчашмаҳои гуногун, монанди осори худи адиб, маълумоти тазкираву асарҳои тадқиқотӣ, китобҳои бадеӣ, донишномаҳо, рўзномаву маҷаллаҳо, маводи интернет ва ғайра истифода баранд, ки мо дар ибтидо теъдоде аз онҳоро зикр кардем. Омўзгор дар раванди таълим, ки раҳнамои хонандагонро барои ноил гардидан ба салоҳиятҳо ба душ дорад, бояд дарсро тавре ба роҳ монад, ки хонандагон ба ибрози андеша худ доир ба ҳар масъала имкон пайдо кунад, ба таъбири дигар, малака ва маҳорати худро нишон дода тавонанд. Яъне, омўзгор бояд қобилият ва таҷрибаи маърифатии хонандагонро дар раванди таълим ба назар гирад ва дар мароҳили мухталифи ташаккули салоҳиятҳо ба онҳо ёрӣ диҳад. Дар ҷараёни таълими шарҳи ҳоли адиб диққати асосӣ на танҳо ба мазмуни таълим (яъне, чиро меомўзем?), балки ба тарзи таълим (яъне, чӣ тавр меомўзем) низ равона гардад.
Хулоса, ҳангоми таълими шарҳи ҳоли Абдураҳмони Ҷомӣ дар курси таърихи адабиёт (синфи 9) вобаста ба талаботи МБТ набояд факту рақамҳои зиёдеро ба хонандагон пешниҳод кард. Хонандагон ҳамон маълумотро бояд донанд, ки барои фаҳмиши осори шоир ва дар маҷмуъ адабиёти асри ХУ барои онҳо муфид буда метавонад. Тарҷумаи ҳоли Абдураҳмони Ҷомиро тавъам бо ҳаёти адабӣ ва фарҳангии асри ХУ таълим додан мувофиқи мақсад аст. Ин амал имкон медиҳад, ки соатҳои ҷудошуда барои вазъи адабию иҷтимоии асри ХУ ва шарҳи ҳоли адиб босамар истифода шаванд. Омўзгор бояд ба марҳалаи севуму чаҳоруми МБТ диққати махсус диҳад, зеро маҳз дар ин ду марҳалаи охир салоҳиятҳои адабӣ ва фаннӣ дар хонандагон ташаккул меёбад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё