Зеҳн

КАЛИМАҲОИ СОМАТИКИИ СЕРМАЪНО ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ТАШАККУЛИ САНЪАТҲОИ БАДЕӢ

АХ
Ахбор22 августи 2026 · 10 дақиқа хондан

Мақолаи мазкур ба муайян намудани мавқеи вожаҳои сермаънои соматикӣ дар ташаккули санъатҳои бадеӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси мисолҳои мушаххас аз мунтахаби сеҷилдаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона - «Қатрае аз Мўлиён» ва маҷмўаи «Ҳама гул, ҳама тарона» ва «Маснавии Маънавӣ» -и Ҷалолудднии Балхӣ нақши соматизмҳоро дар ташаккули санъатҳои бадеии ташбеҳ, муболиға, таҷнис ва истиора нишон додааст. Дар ашъори ҳар ду шоир ҳам соматизмҳои «пой», «сар», «дил», «чашм» дар ташкили санъатҳои бадеӣ зиёд ба кор рафтаанд.

Дар забони тоҷикӣ вожаҳои ифодагари узвҳои бадани инсон, ки аксарият сермаъно мебошанд, дар ташаккули санъатҳои бадеӣ низ нақши муҳим мебозанд. Забоншинос Д. Бобоҷонова дар рисолаи хеш боби алоҳидаеро бо унвони «Воҳидҳои луғавии сермаъно (калима, ибора, таъбирҳо) ва хусусиятҳои бадеии онҳо» ҷой додааст, ки дар он мисолҳои фаровоне аз «Шоҳнома» -и безаволи Фирдавсӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

Роҷеъ ба санъатҳои бадеии ашъори Фарзона адабиётшинос Ҳазратқулиён Дилшоди Фарҳодзод дар мавзўи «Поэтикаи ашъори Фарзона» [2] рисолаи таҳқиқотӣ ба анҷом расонида, муҳаққиқ Суҳайло Ҳусейнӣ низ дар таҳқиқоташ - «Махсусиятҳои поэтикаи ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ ва муносибати адабии ў бо шоираҳои эронӣ (Парвин, Фурўғ ва Симин) ибрози андеша намудааст. Муҳаққиқ Азизов С. роҷеъ ба масоили поэтика ва матншиносии осори насрии Ҷалолуддини Балхӣ дар мисоли «Маҷолиси сабъа» ва «Фиҳӣ мо фиҳӣ» таҳқиқот анҷом додааст.
Мо низ дар мақолаи хеш кўшиш ба харҷ медиҳем, ки нақши соматизмҳоро дар корбасти саноеи бадеӣ дар мисоли ашъори Фарзона ва «Маснавии Маънавӣ» нишон дода бошем.

Маводи ҷамъовардаи мо далели он аст, ки нақши вожаҳои соматикӣ дар ташаккули санъатҳои бадеӣ, ҳам маънавӣ ва ҳам лафзӣ хеле назаррас аст. Маълум аст, ки санъатҳои маънавӣ ба калимаҳо тобишҳои нави маъноӣ дода, мазмуни шеърро чуқуртар ва рехтатар мекунанд. Ташбеҳ, истиора, талмеҳ, муболиға, муқобила ва ғайра ба ин гурўҳ мансубанд. Шоирони мавриди назари мо низ дар ашъори худ аз ин санъатҳои бадеӣ хеле фаровон истифода намуда, ҳунари баланди шоирии худро нишон додаанд.

Ташбеҳ, ки аз ҷумлаи санъатҳои маънавӣ аст, яке аз шартҳои асосии сухани бадеӣ ба шумор меравад. Дар ашъори Фарзона ва «Маснавии Маънавӣ» санъати ташбеҳ мавқеи махсус дорад.

Дар калимаҳои сермаънои соматикӣ навъи ташбеҳи бевосита, ки бо адоти ташбеҳ (калимаҳои ёвари чу, чун) омадаанд ва ташбеҳи бевосита, ки бе ин калимаҳо корбаст шудаанд, хеле зиёд мушоҳида гардиданд.

Соматизми дил аз ҳама бештар мавриди ташбеҳ қарор гирифтааст. Фарзона дилро дар мавридҳои гуногун ба гўри торик, мазори ормон, нинии хушбахт, моҳии тилло, зоҳиди хилватнишин, хотиразор, булўри хорапарвар, ҳуҷҷати сурх, ҷаридаи субҳ, зодгоҳи шодии олам, қабои кўҳна, кўҳнаҷома, уди Дақёнус ва ғайра шабеҳ намудааст, ки аксарият ташбеҳҳо наванд ва махсуси ашъори Фарзонаанд.

Масалан, дар байти поёнӣ дили худро шоира шабеҳи атласи ҷуғрофӣ номидааст ва он ташбеҳи пўшида аст, зеро бе адоти ташбеҳ омадааст:

Андар дили ман, ки атласи ҷуғрофист,
Эй Ишқ, фарангу ховарат якҷо шуд.
Атласи ҷуғрофӣ ин харитаест, ки дар он тамоми рўи замин тасвир шудааст.

Шоира низ қалбашро шабеҳи ин атласи ҷуғрофӣ шуморида, дар он ишқи ду қитъа фарангу ховар якҷо шуданашро таъкид месозад.

Дар мисоли поёнӣ кафи боз ва дили бикшода, ки аз хислатҳои беҳтарини инсонӣ аст, мавриди ташбеҳ қарор гирифтааст. Яке ба офтоб ва дигаре ба паҳнои софи осмон монанд карда шудааст. Агар ташбеҳи мисраи аввал бо адоти ташбеҳ омада бошад, дар мисраи дуюм бидуни он омадааст:

Эй кафи бозат шабеҳи офтоб,
Эй дили бикшодаат паҳнои софи осмон....

Дар «Маснавии маънавӣ» низ санъати ташбеҳ мавқеи махсус дорад. Дар байте Мавлоно қалби инсони саҷдакунандаро ба масҷид шабеҳ кардааст, ки хеле ташбеҳи зебост. Масҷид, ки ҷои покиза аст, бинобар пок будани замири инсони худотарсу баимон шоир онро ба масҷид ташбеҳ додааст:

Масҷид аст он дил, ки ҷисмаш соҷид аст,
Ёри бад Харруб, ҳар ҷо масҷид аст.
Шоир дар байти дигар дили худро ба боғ ташбеҳ сохта, чашмонашро абрваш меномад. Манзури шоир аз гуфтани байти поён дар он аст, ки сабаби шукуфоиву зебоии боғ агар бориши борон бошад, сабаби шодии қалби ман тавассути ашк қалбро пок сохтан аст:

Ин дилам боғ асту чашмам абрваш,
Абр гўяд, боғ хандад шоду х(в)аш.
Дар эҷодиёти Фарзона истиораи вожаи дил хеле зиёд мушоҳида карда шуд, ки онҳо дар шакли калима (тило, офтоб, ёқут, себ, сурхтило, гулдон...) ва ибора (гули нозук, зари сурх, себи мамнўӣ, гиёҳи нодира, офтоби қафаси сина, булбули лоҳутӣ, кафтари мурда, қанории хушнаво...) ба кор рафтаанд. Масалан, дар байтҳои поёнӣ ибораи исмии ёқути сурх на ба маънои аслӣ, балки чун истиораи соматизми дил корбаст шудаанд:

Аз ту ёқути сурх бистонам,
Ки дар он исми аъзам аст, биё.
Дар ашъори шоира истиора фаровон ба кор рафтааст. Масалан, дар байти зерин меҳмонсаро истиораи дунё бошад, ибораи меҳмонии дил истиораи ҳаёти инсон, умри одамӣ аст:

Кӣ мегўяд, ки чандинрўза бошад,
Дар ин меҳмонсаро меҳмонии дил.
Ба ҳамин монанд Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» калимаи меҳмонхонаро истифода карда, танро шабеҳи меҳмонхона медонад. Шоир ба хонанда муроҷиат карда мегўяд, ки тани инсоният мисли меҳмонхона буда, ҳар субҳдам меҳмони нав давон меояд. Дар идома таъкид мекунад, ки ҳар он чӣ аз олами ғайб меояд, дар қалби ту мисоли меҳмон буда, бояд онро хуш дорӣ:

Ҳаст меҳмонхона ин тан, эй ҷавон!
Ҳар сабоҳе зайфи нав ояд давон...
Ҳар чӣ ояд аз ҷаҳони ғайбваш,
Дар дилат зайф аст, ўро дор х(в)аш.
Дар ашъори Фарзона санъати тавсиф низ ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст. Дар мисолҳои ҷамъовардаи мо аз ҳама беш соматизмҳои дил, даст, чашм, рўй ва муродифҳои он чеҳра, рух, симо бо ин санъат омадаанд.

Дар ашъори Фарзона як қисм калимаҳои мураккаб бо калимаҳои соматикии дил, рўй ва муродифҳои он симо, рух сохта шудаанд, ки ҳамчун тавсиф хусусияти тасвирӣ ва тавсифӣ доранд.

Вожаҳои мураккаб бо ҷузъи рўй: тозарўй рўйкушод, сабзинарў, тобандарў, фархундарў, сабзрў, соддарў, арғувонрў, сурхинарў, рўкушо, хуршедрў, гармрў, юсуфрў, рўсурх...

Масалан, дар байти поёнӣ шоира дар тавсифи офтоб, ки дар осмони чаҳорум қарор дорад, калимаи мураккаби гармрўро ба кор бурдааст. Бояд қайд сохт, ки мураттибони «Фарҳанги Фарзона» ибораи «хоҳари гармрўи зарин» -ро «киноя аз офтоб» ва «чаҳорум ошёна» -ро «осмони чорум» эзоҳ додаанд:

Ман мераваму нигоҳи сардам дар раъша фиканда кўчаҳоро.

Он хоҳари гармрўи зарин хандад
зи чаҳорум ошёна.
Дар «Маснавии маънавӣ» калимаҳои мураккаби бо соматизми «рўй» сохташуда хеле зиёд буда, хусусияти тавсифиро доро мебошанд: нибирўён, рўйзард, маҳрўй, хубрў, сурхрў, густохрў, хуршедрў, гадорў, вақеҳарўй, душманрў, парирў, одамрў, бегонарў, ағёррў, истезарўй ва ғ.

Дар «Маснавии маънавӣ» як дафъа ба кор рафтани вожаи тавсифии одамрўй мушоҳида гардид. Ин вожа дар фарҳангҳои зеридаст пайдо нашуд. Мавлавӣ ин вожаро нисбати нафароне, ки ботинан хисоли иблисона дошта, зоҳиран инсонанд, мавриди корбурд қарор додааст:

Чун басе Иблиси одамрўй ҳаст,
Пас ба ҳар дасте нашояд дод даст.
Бо истифодаи санъати муқобила ё тазод, ки яке аз пуртаъсиртарин воситаҳои тасвироти бадеӣ мебошад, образ ва воқеаҳои ба ҳам муқобилро як ҷо оварда, бо ҳамин ҳодисаҳои мусбат ё манфиро равшану возеҳтар нишон медиҳанд. Дар ашъори Фарзона ҳар се навъи муқобала истифода гардидаанд. Бештар муқобилаи маънавӣ ба назар расид, ки дар як мисраъ, байт ё чанд байт маъниҳои ба ҳам муқобил оварда мешаванд. Ду навъи дигари муқобала, ки муқобилаи воқеа ва ҳодисаҳои ба ҳам зид ва муқобилаи мавзўъ аст, дар бархе байтҳои шоира ба кор омадаанд.

Дар мисолҳои ҷамъовардаи мо аз байни калимаҳои соматикӣ вожаҳои по ва сар бештар бо ин санъат омадаанд. Дар байти зерин муқобилаи маънавӣ мушоҳида мегардад:

Сари ман он қадарҳо мезанад чарх,
Ки бигрезад замин зери поям.
Дар «Маснавии маънавӣ» низ аз байни соматизмҳо калимаҳои пой ва сар бештар барои ташкили санъати муқобила ба кор рафтаанд:
Аз сари кўҳ ман бубинам пойи кўҳ,
Ҳар гаву ҳамворро ман тўҳ-тўҳ
Яке аз намунаҳои мутазод дар ашъори Фарзона байти поёнӣ аст, ки вожаҳои мисраи нахуст бо калимаҳои мисраи сонӣ зидмаъно аст. Исмҳои рўз бо шаб, шумораи як бо ҳазорон, сифати ҷаҳонбин бо кўр, ибораҳои чашми хуршедӣ бо чашми кавкаб муқобилмаъно мебошад:

Рўз бо як чашми хуршедӣ ҷаҳонбин гаштааст,
Шаб ҳазорон чашми кавкаб дораду кўр аст боз.
Фарзона ба ҳар як рўйдод ва ҳодисаи табиату муҳити атроф ба назари амиқу дақиқ ва борикбин нигариста, даркашро хеле образнок ба қалам меорад. Масалан, ҳодисаи бо нуру шафақи офтоб равшан будани рўз ва бо вуҷуди ситоразор буданаш торик будани шабро хеле шоирона, бо мушоҳидаи вожаи худ ба тасвир гирифтааст. Шоира нурҳои офтобро бо ибораи чашми хуршедӣ, ҷилои ситораҳоро бо чашми кавкаб ифода намуда, вожаи ҷаҳонбинро ба маънои равшан, дидашаванда, бинанда, бино ва калимаи кўрро ба маънои нобинову торик истифода кардааст.

Шоира тавассути санъати таҷнис калимаҳои талаффуз ва шаклашон монанди маъноҳои гуногун доштаро истифода мебарад. Калимаҳои ифодагари узвҳои инсон бештар дар ташкили навъҳои таҷниси том ва мураккаб истифода гаштаанд.

Масалан, дар байти зерин соматизми дил дар мавриди аввал ба маънии узви инсон ва дуюм ба маънии ёд, хотир, фикр омадааст.

Дўш дилам бо дили ту метапид,
Метапад ин лаҳза дар оғуши хун.
Дар «Маснавии маънавӣ» низ истифодаи вожаи дил дар як байт ба ду ва баъзан ба се маънӣ ба чашм мерасад. Масалан, дар мисраи аввали байти зерин ба маънии ҷуръат ва дар мисраи дуюм бошад, ба маънии аслӣ истифода шудааст:

Он дили марде, ки аз зан кам бувад,
Он диле бошад, ки кам з-ишкам бувад.
Муболиға яке аз санъатҳоест, ки дар эҷодиёти шуаро мавқеи хосаро дорост.

Шоир ва ё нависанда барои равшантар баён намудани ягон ҳодиса ё воқеаи зиндагӣ ва ё хислати инсон, барои пуртаъсиртар баён намудани ҳиссиёту ҳаяҷони худ образ ё воқеаи тасвиркардаашро аз будаш зиёд карда нишон медиҳад, ки ҳамин тасвири муҳоботнок муболиға аст. Муболиға дар шеър барои пурзўртар изҳор намудани фикру ҳаяҷони шоир хизмат мекунад.

Дар эҷодиёти Фарзона навъҳои муболиға моҳирона истифода шудааст. Дар ин санъат калимаҳои соматикӣ ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар таркиби таъбирҳои рехта корбаст шудаанд. Масалан, дар байти зерин соматизми сар дар таркиби ибораи устувори осмон ба сари касе фурў афтодан (ба мушкилии сахт афтодан, бадбахтии калоне рўй додан) корбаст шуда, муболиғаро ташкил додааст:

Осмон ба дилпурсӣ бар сарам фурў афтод,
Меҳрзоди некахтар, дер шуд, намеоӣ.
Дар байти зерин бошад, соматизми дил дар ташаккули санъати муболиға нақш бозидааст. Шоира хеле зебо қайд месозад, ки дили ў бо вуҷуди кўчак буданаш ҳаммасоҳати кайҳон аст:

Растухезҳои ту кай хулоса хоҳад шуд,
Эй дили бад-ин хурдӣ ҳаммасоҳати кайҳон.
Мавлоно низ дар таълифи «Маснавии маънавӣ» зиёд аз санъати муболиға истифода кардааст. Дар байти поёнӣ ибораҳои «дили дарёву кон ҷўшидан» ва «ларзон шудани ҳафт осмон» санъати муболиға аст:

З-ин хабар ҷўшад дили дарёву кон,
З-ин хабар ларзон шавад ҳафт осмон.
Дар байти зерини «Маснавии маънавӣ» мисраи дуюм, яъне аз рўйи шайх

мунир гаштани шаҳри Ғазнин санъати муболиға мебошад:
Рў ба шаҳр овард он фармонпазир,
Шаҳри Ғазнин гашт аз рўяш мунир.
Соматизмҳои ашъори Фарзона ва «Маснавии маънавӣ» -и Ҷ. Балхӣ дар созмони санъати ташхис низ хеле фаъол мебошанд. Дар байти зерини Фарзона ибораи шарфаи пойи офтоб аз зуҳури санъати ташхис дарак медиҳад. Шоира тавассути ибораи мазкур манзараи тулўи арўси ховарро тасвир кардааст, ки хеле шоиронаву зебост:

Бори дигар кушодаам ҳафт дари маҷозро,
Аз паси хона мерасад шарфаи пойи офтоб.

Хулоса. Ҳамин тариқ, аз баррасии чанде аз саноеи бадеии ашъори шоира маълум гардид, ки соматизмҳо дар ташаккули санъатҳои бадеӣ хеле нақши намоён доранд. Махсусан, соматизмҳои дил, сар, пой, чашм, ки хусусиятҳои сермаъноӣ доранд, дар ташкили санъатҳои бадеии ҳам ашъори Фарзона ва ҳам «Маснавии маънавӣ» -и Ҷалолуддини Балхӣ фаровон истифода шудаанд. Фарзона дар истифодаи санъатҳои бадеӣ бо соматизмҳо хеле тозакориҳо намудааст ва ба ин васила эҷодиёти худро муассиру ҷаззоб гардонидааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба