Зеҳн

АЗ НЕКОН БОҒ

ЗЕ
Зеҳн21 августи 2026 · 2 дақиқа хондан

Қосим Ҳакимзода дар баробари дар вазифаҳои пурмасъулияти ҷамъиятиву сиёсӣ кор кардан, падари мушфиқу ғамхор, шавҳари содиқу вафодор низ будааст. Ў дар тарбияи ҳафт фарзанди хеш ҳеҷ гоҳ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накарда, балки онҳоро дар руҳияи ватандўстӣ, вафодор будан ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор кардан аз меҳани худ ба камол расондааст. Аз чунин падари намунаи даврон фарзандоне ба воя расидаанд, ки мисли падари хеш дар ободонии ёру диёр, ватани гулгулшукуфонамон саҳми хешро гузоштаанд.

Яке аз онҳо дастпарвари мактаби миёнаи рақами 14 – и шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрўза) ва бахши русии факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ), айни замон номзади илми сиёсӣ, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Севар Ҳакимзода мебошанд, ки собиқаи кории панҷоҳсола доранд. Он кас дар баробари таълими шогирдон ба корҳои илмӣ низ машғул гардида, муаллифи баштар аз 30 таълифоти илмианд.

Мо дар оилаамон ҳафт нафар ба воя расидаем, солҳои наврасиву ҷавониашонро ба ёд оварда мегўяд С. Ҳакимзода. – Ҳамеша ба он кўшидаем, ки номи падари бузургворамонро нек нигоҳ дорем. Албатта, падарам ба корҳои идоравӣ бештар банд буданд ва модарамон моро ҳамеша таъкид мекарданд, ки мабодо аз обруву эътибори қиблагоҳамон сўиистифода бурда, ўро сархам намоем. Ва дар оила вақте сарҷамъ меомадем, падарамон ҳар кадомамонро бо меҳр ба оғуш гирифта дўстдорӣ мекарданду мегуфтанд, ки ман аз фарзандонам боварии комил дорам, онҳо бояд хуб хонанду соҳиби илму маърифат гарданд. Ҳамин боварии падарамон ба мо руҳ мебахшид.

Чунонки муаллима С. Ҳакимзода зимни суҳбат иброз доштанд, аз нусхаи падар (аз ҳафт нафар – ду духтар ва панҷ писар) танҳо худи ў боқӣ мондааст. Хоҳарбузургашон – София Ҳакимова низ омўзгори муваффақ будаанд ва то охири ҳаёташон директори мактаби миёнаи рақами 50 – и шаҳри Душанбе шуда кор кардаанд. Дигар бародарон низ дар вазифаҳои пурмасъул кор карда, соҳиби обрўву эҳтироми атрофиён гардида, ному шарафи падари бузургворашонро зинда нигоҳ доштаанд.

Воқеан ҳам, ҳама чиз ба сарвари хонадон вобаста аст. Қосим Ҳакимзода тавонистаанд, ки дар давоми ҳаёти хеш ҳам масъулияти бузурги давлтиро бар дўш дошта бошанд, дар баробари ин, оилаи намунавиро ташкил диҳанд. Соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ бо ному пайкори ин абармарди соҳа ифтихор дорад. Маҳз хизматҳои шоёнаш дар вазифаҳои иҷрокардааш номи ўро ба таври ҷовидонӣ зинда нигоҳ медорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба