ҚОСИМ ҲАКИМЗОДА
Қосим Ҳакимзода якуми майи соли 1913 дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон ба дунё омадааст. Ў ҳамчун ходими намоёни давлатӣ дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷумҳуриамон саҳми шоиста дорад. Мавсуф хатмкардаи шуъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии шаҳри Самарқанд буда, аввалҳо муаллими мактаби миёнаи нопурраи ба номи Карл Маркси шаҳри Бухоро шуда кор кардааст. Як муддат омўзгори техникуми педагогии тоҷики шаҳри Бухорои назди Комиссариати халқи маорифи Тоҷикистон низ буд.
Минбаъд фаъолияташро дар соли 1934 ҳамчун ходими адабии рўзномаи «Барои коллективӣ» и шаҳри Сталинобод идома додааст. Дар солҳои 1934 – 1935 Қосим Ҳакимзода ба ҳайси муаллими курси ҷумҳуриявии кормандони маорифи сиёсии шаҳри Сталинобод, баъдтар ҳамчун омўзгори мактаби миёнаи нопурраи ба номи Октябри шаҳри Бухоро адои вазифа намудааст. Баъди анҷом додани хизмати ҳарбӣ дар округи ҳарбии Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тирмиз воқеъ гардида буд, то соли 1938 омўзгори мактаби миёнаи нопурраи рақами 5 – и ба номи Ворошилови шаҳри Бухоро ва як соли дигар муаллими мактаби миёнаи ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) буд.
Ба ҳамин минвол агар ба шарҳи ҳол ва фаъолияти самараноки Қосим Ҳакимзода таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки ў дар рушди соҳаи маорифи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Воқеан ҳам, маориф аз соҳаҳои калидии ҷомеаи мост. Ин аст, ки Қосим Ҳакимзода кўшидааст, дар тарбияи кадрҳои арзандаи соҳаи номбурда нақши комили хешро гузорад. Ин буд, ки ўро дар соли 1939 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Орҷоникидзеобод таъйин намуданд.
Дар давоми як соле, ки ин соҳаро пеш бурд, тавонист худро мутахассиси хубу кордон ва шинохта муаррифӣ намояд. Ҳангоми фаъолияти педагогиаш ҳамчун иштирокдори фаъоли корҳои ҷамъиятӣ аз кору бори кормандони соҳа, фаъолияти омўзгории муаллимони пешқадам лавҳаю очерк ва гузоришҳои хонданбоб таҳия намуда, дар матбуоти даврӣ дарҷ менамуд. Яъне, таваҷҷуҳ ва ғамхории Қосим Ҳакимзода ба соҳаи фарҳанг, шавқу завқи эҷодкориаш низ аз навиштаҳояш ба мушоҳида мерасид. Шояд ҳамин омилҳо буданд, ки ўро чун қаламкаши моҳир шинохтанд ва ба вазифаи муҳарририи масъули рўзномаи «Коммуна» пазируфтанд. Номбурда фаъолияташро дар ин вазифа то соли 1945 идома дод.
Бо дарназардошти дониши хуби сиёсӣ, адабиву фарҳангӣ доштанаш Қосим Ҳакимзода аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои 1945 1955 ба вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқоти ҳизбии ноҳияҳои Орҷоникидзеобод ва Роҳатӣ, инструктори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон, муовини вазири маорифи Тоҷикистон оид ба кадрҳо ва ҳамзамон муҳаррири масъули маҷаллаи «Мактаби советӣ», раиси Кумитаи муассисаҳои маданӣ – равшаннамоии назди Шўрои Вазирони Тоҷикистон, сардори раёсат оид ба корҳои санъати назди Шўрои Вазирони Тоҷикистон, ҷонишини мудир ва мудири шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Кумитаи Марказии Партияи коммунистии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, тамоми қувваю маҳорати сиёсӣ, эҷодӣ, ҳизбиву ҷамъиятиашро ба таври хеле густурда сарф намуд.
Қосим Ҳакимзода бо истифода аз неруи зеҳнӣ ва дониши мукаммалу фарохи соҳавиаш мутассил дар байни ҳаммаслакону атрофиёни хеш тадриҷан соҳиби обрўву эҳтиром мегардид. Бахусус таваҷҷуҳи ў оид ба соҳаи фарҳанги кишвар нисбатан бештар буд ва аз ин рў, дар матбуоти тоҷик оид ба ташаккули рўзафзуни соҳа, роҳҳои бартараф намудани монеаҳои сунъӣ дар ин самт фикру андешаҳои хешро ҷасурона баён менамуд. Чунин таваҷҷуҳ беасар намонд. Ин буд, ки мавсуфро дар соли 1955 вазири маданияти Тоҷикистон таъин намуданд. Дар ин вазифа то соли 1958 дониш ва маҳорати хешро истифода намуд. Минбаъд дар вазифаҳои муовини вазири маданияти Тоҷикистон, муовини вазири маорифи Тоҷикистон, директори мактаб – интернати рақами 2 – и шаҳри Душанбе ва баъд то охири умр (соли 1972) дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Октябр (ҳоло ноҳияи Исмоили Сомонӣ) – и шаҳри Душанбе кор кардааст.
Ин марди фидоии роҳи фарҳангу маориф, чеҳраи шинохтаи ҷумҳурӣ ҳамеша дар тарбияи кадрҳои хушсалиқа саҳм дошт. Вай ҳамчун инсони комил, дорои дониши хуби сиёсиву мутахассиси шинохта шуда, депутати Совети Олии Тоҷикистон (даъвати чорум, солҳои 1955 – 1959) низ интихоб гардида буд.
Хизматҳои шоистаи Қосим Ҳакимзода бо се ордени «Нишони фахрӣ» (солҳои 1948, 1954, 1957), медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945» қадрдонӣ карда шудааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё