МАНЗАРАҲОИ ДИЛФИРЕБИ ПАРКИ МИЛЛӢ
Бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва нигоҳубини ҳайвоноти нодир дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ Парки миллӣ таъсис дода шуд, ки муҳити созгор ва зебову дилрабо дорад. Табиати зебову дилоро, кўҳҳои сарбарфалаккашида ва тамошои манзараҳои нотакрораш кайҳо боз диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст.
Деҳаи Пойи Мазор низ дар ҳамин ҳудуд, дар домони кўҳсор, дар назди пиряхи овозадори Федченко ҷойгир буда, аз маркази ноҳия то деҳа зиёда аз 70 км роҳ аст. Шуғли асосии бошандагони деҳа зироаткорӣ ва чорводорист. Зимистон дар ин мавзеъ дар қабати зиёда аз ду метр барф меборад. Чун аз деҳаи Гармчашма ба боло менигарӣ, Пойи Мазор чодари заррини гулдўзиеро мемонад, ки хонаҳо чун холи сафеди чаманистон ба чашм мерасанд.
Бори нахуст сайёҳи рус В. Ф. Ошанин соли 1878 аз ин ҷо дидан карда, дар бораи бошандагонаш маълумот додааст. Ў ба воситаи забонаи пирях, ки аз он маҷрои калони об ҷорӣ мешуд, пиряхро кашф намуда, онро ба номи Федченко гузоштааст.
Дар маркази деҳа оромгоҳи Садру Бадр ҷой дошта, то саргаҳи рустои Ванван доман густурдааст. Як километр поёнтар аз пиряхи Федченко дар қуллаи кўҳ, дар ҷойгоҳи сабзу хуррами ҳайратовар марқади Абдулқаҳори Сармаст ба чашм мерасад. Оромгоҳ шакли секунҷаи азимҷуссаеро мемонад, ки дар қуллаи он мазори Абдулқаҳор меистад. Асрори оромгоҳи ин бузургвор имрўз муаммои сарбастаест, ки дар қаъри асрҳо маҳфуз аст.
Деҳа зиёратгоҳи хурду бузург аст. Ба ин ҷой аз тамоми гўшаю канори Тоҷикистон ихлосмандон меоянд. Сокинони ин деҳаи ҳикматангез ба рўи ҳама чеҳраи кушодаву дастархони густурда доранд. Сайёҳону аҳли илм низ аз ин диёри доманаи пиряхҳои Федченко ва Хирсон борҳо дидан карда, манзараҳои нотакрорашро ба оламиён муаррифӣ намудаанд.
Ба андешаи бархе аз таърихнигорон, мавҷудияти деҳа ба асрҳои 13 рост меояд, вале қабристонҳои хурду бузург, хоктўдаҳои монанд ба манзилгоҳ, гўристони беканори саргаҳи Ванван, сағонаву тўпхонаҳо, олотҳои шикорӣ, нақши болои сангсуфаҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки ин мавзеъ соҳиби таърихи куҳан буда, мавқеи ҷойгиршавиаш низ ба ин гуфтаҳо далолат мекунад.
Дар ин мавзеъ пиряхи Хирсон ҷойгир буда, яке аз пиряхҳои серҳаракаттарин ва хатарноктарин маҳсуб меёбад.
Дар соли 1962 мутахассисон ҳаракати пиряхи Хирсонро мушоҳида карданд, ки дар як шабонарўз 50 метрро ташкил медод.
Дар соли 1963 ҳаракати Хирсон ба тадриҷ рў ба афзоиш ниҳод, ки хатари ҷиддиро ба бор овард. Ниҳоят Хирсон ба кўҳи тарафи муқобил бархўрда, сарбанди мустаҳками яхинро эҷод намуд.
Тадқиқотчиён муайян намуданд, ки Хирсон дар солҳои 1914, 1937,1951, 1963, 1973, 1989, 2002 ҳаракат карда, пеши дарёи Ванҷобро бастааст ва ҳар бор хисороти зиёде боқӣ гузоштааст.
Пиряхҳои Кашолаях ва Ғармо низ дар ин ҳудуд мавқеъ доранд. Дар умум ин пиряхҳо захираи калони обиро ташкил медиҳанд.
Солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин ҳудуд нисбатан бештар гардид, ки ин нишондод ба рушди соҳаи сайёҳии Бадахшон мусоид аст. Аз ҷониби дигар, таваҷҷуҳ ба ин макон моро водор месозад, ки баҳри ғанӣ гардонидани сарватҳои бебаҳои табиати диёр бештар заҳмат ба харҷ диҳем. Аз ин лиҳоз, бедории шуури ҷомеа нисбат ба табиат зарурати аввалия дорад. Дар ин роҳ бояд амалҳои нек роҳандозӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ бештар гардад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё