ОБ ВА МУШКИЛОТИ САЙЁРА
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қарни нав ба мушкилоти зиёде, аз он ҷумла бо проблемаҳои обу иқлим гирифтор шудааст. Асри нав дар баробари рушди техника ҳаводиси зиёдеро ба бор овардааст, ки сокинони сайёраро нигарон сохтааст ва танҳо бо дастҷамъиву муттаҳидӣ метавон мушкилоти мавҷударо пешгирӣ кард. Тағйирёбии иқлим имрўз дар саросари олам бараъло мушоҳида мешавад. Сабаби асосӣ муносибати нодурусти одамон бо табиат аст. Аз як сў гармиҳои тоқатфарсо ва аз дигар сў сардиҳои қаҳратун мардумони сайёраро нигарон намудааст. Инсоният дар ин гуна муборизаҳо чӣ гуна пирўз мегардад, маълум нест.
Ҳол он, ки назар ба ақидаи ҳам олимону ҳам ҷомеашиносон, ҳамаи хатоҳо ва иштибоҳҳо маҳз аз тарафи одамон сурат мегиранд. Имрўз ҷаҳон бемуҳобо, дар коми оташи сўхтори бузурге қарор дорад. Ҳодисаҳои гуногуни табиӣ сўхтору обхезӣ, зилзилаву сел, ярч ва баъдан ҷангу низоъҳо паёмадҳои манфии худро доранд, ки ба нестии инсоният ва ҳаёт оварда мерасонад. Ба фазо интиқол ёфтани партовҳои гуногун, махсусан газҳои гулхонаӣ сабабгори ин мушкилот гардидааст. Тоҷикистон низ наметавонад аз ин мушкилот истисно бошад ва дар танҳоӣ бартараф созад. Кишвари мо, ки худ ватани обҳои мусаффост, дар талоши ҳалли мушкилоти сокинони ҷаҳон аст. Барои ҳифзи пиряхҳо ва роҳҳои пешгирии онҳо аз обшавӣ бояд чораандешӣ намуд.
Нобаробар тақсимшавии манбаъҳои об ба он оварда расонидааст, ки ҳоло дар Осиё 1 млрд. нафар, дар Африқо 350 млн. нафар ва дар Амрикои Лотинӣ беш аз 100 млн. нафар аз нарасидани оби нўшокӣ азият мекашанд. Ин, пеш аз ҳама, ба сатҳи релеф ва омилҳои иқлимӣ вобастагӣ дорад. Дар бисёр кишварҳо корхонаҳои махсуси тозакунии оби баҳр ва аз он ҳосил кардани оби нўшокӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло нақшаҳои аз Антарктидаю Гренландия ба Аврупо ва аз Амазонка ба Африқо кашонидани об амалӣ мешавад. Бисёр кишварҳои олам оби тозаи нўшокиро ҳам мехаранд. Алҳол 73%-и аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Таъминоти оби нўшокӣ ба воситаи шабакаҳои обрасон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30 дарсадро ташкил медиҳанд. Оби нопок ва корношоями аксари иншооти обтозакунӣ боиси паҳншавии бемориҳои сирояткунанда мегардад. Имрўз ба ҳар як сокини мамлакат соле 12000 метри мукааб об рост меояд.
Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян шудани 21-уми март ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Инчунин дар назди СММ таъсис ёфтани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо ва дар соли 2025 доир кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ шуданд.
Тибқи пешгўиҳо, пиряхҳо то соли 2100 метавонанд 4080% коҳиш ёбанд. Дар тўли 15 соли ахир сатҳи уқёнусҳо ҳар сол 3 миллиметр боло рафтааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки то охири аср сатҳи оби сайёра ҳадди ақалл 19-37 см боло меравад, ки ин боиси обхезиҳои бузург мешаванд. Бархе кишварҳои ҷазиравӣ метавонанд зери об монанд.
Имрўз тақрибан 10 %-и майдони заминро яхҳои пиряхӣ фаро гирифтаанд. Қариб 90% дар Антарктида, 10%-и боқимонда дар яхбандии Гренландия ҷойгир аст. Дар давоми 40 соли охир обшавии ях дар Антарктида 6 баробар афзуд. Шимоли сайёра аллакай 75%-и яхбандии худро аз даст додааст. 90%и оби тозаи ҷаҳон дар Антарктида аст. Аз соли 1992 инҷониб ин қитъа 3 трлн. тонна яхро аз даст додааст. Яхҳои пирях бузургтарин обанбори оби тоза дар рўйи замин ба шумор мераванд.
Гуфта мешавад, ки то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20 дарсадро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйироти иқлим ҳисоб кунем, ин вазъ хатарбор мегардад. Аз ин рў, ин гавҳари табиатро бояд сарфакорона истифода бурд!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё