Зеҳн

АСОСҲОИ МЕТОДОЛОГИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

ФЕ
Фермер19 августи 2026 · 8 дақиқа хондан

Шаклҳо ва усулҳои амалкунандаи низоми маблағгузории соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба рушди сатҳи воқеии истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат наменамояд ва соҳа то кунун пастдаромад боқӣ мондааст.

Таҳлили натиҷаҳои ислоҳотҳои амалигардида маҷмўи муаммоҳоеро ошкор сохтанд, ки ҳалли онҳо таҳияи сиёсат ва ҷараёни амалкунандаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро талаб месозад.

Маблағгузории хурд, аз низомҳои амалкунандаи маблағгузорӣ ва қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ фарқ намуда, тавонист дар худ ду самтро мувофиқ созад: хизматрасонии аҳолии камбизоат (бештар аҳолии деҳотро) ва фаъолияти самараноке, ки ба фароҳамории худтаъминсозӣ нигаронида шудааст.

Муваффақияти маблағгузории хурд пеш аз ҳама, дар равишҳо ва методологияи истифодашавандае хулоса меёбад, ки нисбатан сода, ва дар навбати худ, хеле боэътимод мебошанд. Методологияи маблағгузории соҳаи кишоварзӣ, ин истифодабарии низомҳои махсус, усулҳо ва равишҳоеро пешбинӣ менамояд, ки аз сарчашмаҳои анъанавии маблағгузорие, ки ба қонеъгардонии эҳтиёҷоти аҳолии деҳот нигаронида шудаанд, бо дастрасии озоди худ аз захираҳои молиявӣ тафовут дорад.

Бо доштани мақсадҳои стратегӣ, методологияи истифодашавандаи маблағгузории хурди соҳаи кишоварзӣ ба ҳалли муаммоҳои мубрами соҳаи кишоварзӣ, ки бо барқароршавии мунтазами иқтидори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, паси сарнамоии ақибмондагии иқтисодӣ ва технологии он, навкунии техникӣ ва гузариш ба самти рушди инноватсионӣ, ки дар маҷмўъ ба ҳалли вазифаҳои глобалӣ мусоидат менамояд, ки дар қатори онҳо, ба андешаи мо, асоситаринашон инҳо мебошанд, рушди соҳибкории кишоварзӣ ва коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ, алоқаманд мебошанд.

Методологияи қарздиҳии хурди соҳаи кишоварзӣ барои ҷорисозӣ ва истифодабарӣ мушкил намебошад.

Муҳлати кўтоҳи қарзҳои хурд, гардиши баланди воситаҳои гардонро таъмин сохта, меъёрҳои баланди фоизӣ бошанд - худтаъминшавии ташкилотҳои молиявии хурдро дар муддати нисбатан кўтоҳи начандон дароз таъмин месозанд.

Тавассути муваффақиятҳои ноилгардида, маблағгузории хурд, нуфузи олоти самаранокеро касб намуд, ки муаммоҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳал месозанд. Ба андешаи мо, саҳми қарздиҳии хурд дар ноилгардии мувафаққиятҳои умумии маблағгузории хурд, калидӣ ба ҳисоб меравад, чунки он ба рушди соҳибкории хурд мусоидат менамояд, ки дар навбати хурд, сарчашмаи асосии таъсисдиҳии ҷойҳои корӣ ва коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб меравад.

Методологияи қарздиҳии хурди истифодашавандаи соҳаи кишоварзӣ, чи тавре, ки дар боло қайд гардид, дар ҷорисозӣ нисбатан сода мебошад. Асосан дар ҷумҳурӣ ташкилотҳои молиявии хурд ҳангоми қарздиҳии хурди аҳолии деҳот усулҳои қарздиҳии гурўҳӣ ва инфиродиро истифода менамоянд.

Методологияи қарздиҳии(хурд)-и гурўҳӣ. Бештари ташкилотҳои молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи қарздиҳии хурди гуруҳиро истифода менамоянд, ки якумин маротиба аз ҷониби ширкати «FINCA» ҷорӣ гардида, яке аз усулҳои паҳнгардидаи маблағгузории хурд дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ, методологияи қарздиҳии гурўҳӣ дар асоси методологияи «бонкҳои деҳагӣ», аз ҷониби М. Юнус ҷорӣ гардид, мутобиқ гардонида шуда буд.

Таҳлили фаъолияти (соҳибкорӣ/ кишоварзӣ) аъзоёни гурўҳ яке аз элементҳои асосии методологияи қарздиҳии гурўҳӣ ба ҳисоб меравад. Ҷараёни таҳлил бояд, амиқ, ҳаматарафа санҷидашуда ва объективӣ гузаронида шавад. Ҷоиз аст қайд намоем, ки маҳз таҳлили бесифат, дар бисёр ҳолатҳо, сабаби асосии сар задании муаммоҳо бо пардохти қарздиҳӣ мегардад. Дар алоқамандӣ бо ин, аз ҷониби мо модели таҳлили қабули пардохтҳои қарзҳои хурд пешниҳод карда шудааст.

Риояи модели пешниҳодгардида имкон фароҳам меорад, то хавфҳои қарзии ташкилотҳои маблағгузории хурд коҳиш дода шаванд.

Методологияи навбатии маблағгузории хурди қарздорони гурўҳӣ ҷараёни додани қарзи хурд мебошад. Ҷараёни додани қарзи хурди гурўҳиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зуд-зуд «ифтитоҳ»- и гурўҳ меноманд. Истилоҳи мазур дар оғоз ҳангоми таҷрибаҳои якуми барномаҳои маблағгузории хурди ташкилотҳои байналхалқии ғайриҳукуматӣ пешниҳод карда шудааст, баъдан дар миёни ташкилотҳои молиявии хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати васеъ ёфт.

Таҳлил нишон дод, ки методологияи қарздиҳии гурўҳӣ, ки дар кафолати ҳамфикрии аъзоёни гурўҳ барои ҳамдигар бунёд ёфтааст, ҳам ҳолати мусбӣ ва ҳам ҳолатҳои манфиро дорад.Бояд қайд намуд, ки гурўҳи қарздиҳии барномавӣ - хеле демократӣ, худидорашаванда ва ташкилоти воқеан халқӣ мебошанд.

Аъзоёни гурўҳ мустақилона сардорони худро интихоб намуда, ба гурўҳ иштирокчиёни навро қабул намуда, қоидаҳои шахсии худро коркард намуда, баҳисобгириҳоро бурда, муаммоҳои қарзҳои пардохтнагардидаро ҳал менамоянд.

Аз шумораи умумии қарзгирандагони фаъоли ташкилотҳои молиявии хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 31.12.2018 ба қайд гирифта шудаанд - 113.252 нафар, қарздорони гурўҳӣ бошад - 101.927 нафар, яъне 90%-ро ташкил доданд.

Мо чунин меҳисобем, ки ин санад шаҳодати возеҳи рушди маблағгузории хурд мебошад. Методологияи қарздиҳии гурўҳӣ на танҳо олоти самараноки маблағгузории хурд, балки инчунин дар худ самтҳои иҷтимоӣ ва таълимиро низ дар бар мегирад. Муносибатҳои тиҷоратиро дар дохили гурўҳ ҷоннок сохта, аъзоёни он якдигарро дар ҳолати зарурияти ҳалли муаммоҳои молиявӣ дастгирӣ менамоянд. Ба ғайр аз ин, аз қарзҳои хурд шурўъ намуда, дар ҳолатҳои зиёд қарздорони гурўҳӣ таҷрибаи якуми қарздиҳии худро маҳз дар ташкилотҳои молиявии хурд мегиранд, ки дар он ҷо дониши молиявии худро баланд мебардоранд, ки дар навбати худ ба баландбардории эътимоднокии аҳолӣ ба низоми молиявӣ-қарзии мамлакат меорад.

Новобаста аз сабабҳои дар боло зикргардида, маблағгузории хурд дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат паҳн шуда истодааст. Аз рўйи маълумотҳои Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ) ба 31.12.2018 ., саҳми қарзҳои кишоварзӣ дар сабади ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон 35,1%, аз рўйи шумораи қарздорони фаъол бошад - 56,2%-ро ташкил дод.

Аз дигар ҷиҳат, ташкилотҳои маблағгузории хурд бо муаммоҳои муайяне рў ба рў мешаванд, ки онҳо ҷараёни хизматрасониҳои молиявиро дар маконҳои деҳот мушкил мегардонанд.

Чунин муаммоҳои ташкилотҳои маблағгузории хурдро ҳангоми хизматрасонии соҳибкорони деҳот ошкор сохт:

  • талаботи пароканда оид ба хизматрасониҳои молиявӣ аз сабаби сатҳи пасти фаъолнокии иқтисодӣ ва зичии аҳолӣ;
  • хароҷотҳои баланди иттилоотӣ ва амалиётӣ аз рушд наёфтани инфрасохтор ва норасоии иттилоот оид ба қарздорон;
  • рушди сусти маблағгузории хурд дар маҳалли деҳот, ки бо таъминсозии мутахассисони босавод ва баландихтисос аз ҷониби ташкилотҳои молиявии хурд дар маҳалҳои начандони калони деҳот алоқманд буда;
  • таъсири қарзҳои субсидиякунонидашуда ё қарзҳои мақсадноки давлатӣ (тавассути бонкҳои тиҷоратӣ) ё лоиҳаҳои донорӣ;
  • мавсимии намудҳои зиёди фаъолияти кишоварзӣ ва давраи дарозмуддати мавҷуд набудани имконияти баргардонии воситаҳо аз ҷониби қарздорон.

Мавҷуд набудани кафолате, ки бо номуайянӣ нисбат ба ҳуқуқи моликият ба замин, барўйхатгирии қимматбаҳо ё ҷараёни дарозмуддат ва ғайрисамаранок амалнамоии низоми ҳуқуқӣ алоқаманд мебошад.

Афзалияти маблағгузории ба иҷтимоӣ нигаронидашуда ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъулиятёфта як қатор афзалиятҳоро барои ҳамаи субъектҳои ҷалбгардида дар ин ҷараён доро мебошанд.

Аз дигар ҷиҳат, зарур аст, то дуруст дарк намоем, ки маблағгузории хурд, махсусан қарздиҳии хурд, ҳалли универсалӣ намебошад. Қарздиҳии хурд ҳамаи муаммоҳоро дар ҳамаи ҳолатҳо ҳал карда наметавонад. Аҳолии камбизоати деҳот, ки имконияти даромад ва пардохт намудани қарзро надорад, ба дигар шаклҳои дастгирӣ то он замоне, ки онҳо метавонанд бо хизматрасонии маблағгузории хурд истифода менамоянд, эҳтиёҷ доранд.

Дар воқеияти кунунии иқтисодиёти муосир аҳолии деҳот ба хизматрасониҳои гуногуни молиявӣ эҳтиёҷ доранд, на танҳо ба қарздиҳиҳои хурд. Таҳлил нишон дод, ки аз спектри пурраи хизматрасоние, ки ташкилотҳои молиявии хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод месозанд, дар бисёр ҳолат бо қарздиҳии хурд маҳдуд карда мешаванд. Ҳамагӣ танҳо ташкилотҳои молиявии хурд ба ғайр аз қарздиҳии хурд инчунин чунин хизматрасониҳоро ба монанди лизинги хурд, интиқоли маблағҳо ва инчунин пасандозҳоро қабул намуда, пешниҳод месозанд.

Ҳамгироии амиқи маблағгузории хурд ба иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ имкон фароҳам меорад, то шароитҳои мусоидро барои рушди иқтидори соҳибкории деҳот, ба ҷараёни истеҳсолӣ ҷалб намудани қишри нисбатан васеи аҳолӣ, иқтидори дохилии хоҷагиҳои хонавода, махсусан занҳо мусоидат менамояд.

Истифодабарии имкониятҳои мавҷудаи рушди соҳибкории кишоварзӣ тавассути маблағгузории хурд, инчунин равиши дахлдорро ба хусусиятҳои хоси соҳаи кишоварзӣ, менталитети аҳолӣ, баҳисобгирии тамаддун ва расму одатҳо ва инчунин вазъияти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳо тақозо менамоянд. Дар вобастагӣ аз ин, зарур аст, то ҳангоми маблағгузории хурди соҳаи кишоварзӣ методология ва равишҳои махсус истифода карда шаванд, ки имкон фароҳам меоранд, то иқтидори мавҷуда ба таври максимали самаранок истифода карда шавад, ки бе ягон шакку тардид азим мебошад. Ҳамин тавр, бо мақсади рушди маблағгузории хурди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин беҳтарсозии методологияи пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ инҳо зарур мебошанд:

  • такмилдиҳии методологияи маблағгузорӣ тавассути дар такшилотҳои молиявии хурд ҷорӣ
  • намудани технологияҳои нав ҳангоми пешниҳоди қарзҳои соҳаи кишоварзӣ.

Ба сифати пешниҳод, барои маблағи начандон калон (то 2000 сомонӣ), ҳангоми таҳлили пардохтпазирии қарздорон ба сифати ҳисоботи асосӣ, намуди тавозунӣ гирифта шавад, ки нишондиҳандаи асосии он бояд сармояи худии қарздор бошад. Ба сифати асосноксозии пешниҳоди мазкур аз ҷониби мо далелҳои зерин оварда мешаванд;

  • сармоягузории аҳолии деҳот оид ба дороиҳои худӣ дар намуди чорвои хонагӣ, техникаи кишоварзӣ,мошинҳои сабукрав ва ғайра намудҳои асосии захирагардии онҳо ба ҳисоб меравад. Дар ҳолати мазкур, тавозуни хоҷагии хонавода (инчунин хоҷагӣ) манзараи нисбатан пурра ва воқеъии вазъияти қарздорро медиҳад;
  • сарчашмаҳоии ғайримунтазами воситаҳои пулӣ. Хусусияти фарқкунандаи қарздорони кишоварзӣ он ба ҳисоб меравад, ки онҳо дорои сарчашмаҳои мунтазами захираҳои молиявӣ мебошанд. Дар чунин ҳолат, таҳлили фоида ва зарар маънои худро гум менамояд.

Маблағҳои хурди қарзи хурдро ба инобат гирифта (то 2000 сомонӣ), гузаронидани таҳлили ҷараёни нақдӣ, ки муддати дуру дарозро аз муттахассисони ташкилотҳои молиявии хурд мегирад, ғайрисамаранок ба ҳисоб меравад;

  • баландбардории сатҳ ва тахассусмандии кормандони ташкилотҳои молиявии хурд, ки бояд талаботҳо ва эҳтиёҷотҳои қарздорони кишовар ва инчунин баҳогузории дурусти хавфҳои онҳоро ба инобат мегиранд;
  • коркард ва ҷорӣ намудани маҳсулотҳои наве, ки барои соҳаи кишварзӣ марбут дониста шудаанд;
  • рушд додани пешниҳоди лизинги кишоварзӣ;
  • афзоиш додани шароитҳои имтиёзӣ дар маҳсулотҳои қарзӣ барои соҳаи кишоварзӣ;
  • ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нав барои аҳолии деҳот, ба монанди пасандозҳои хурд, интиқоли маблағҳо ва ғайра.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба