РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ СОҲАҲОИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҷумҳурӣ ин иҷрои барномаҳои амнияти озуқаворӣ дар тамоми соҳаҳои кишоварзӣ мебошад. Дар ҳалли ин масъалаи стратеги нақши соҳаи боғу токпарварӣ назаррас аст, аммо то ҳол ин соҳа талаботи имрўзаи аҳолиро конеъ карда наметавонад. Масалан: истеҳсоли маҳсулотҳои мевагӣ хеле паст шудааст, ки ҳосилнокии он дар ҷумҳури мувофиқи маълумотномаи Агентии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон 43,3 с/га – ро ташкил медиҳад. Яъне истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ 447934 тоннаро ташкил медиҳад, ки мувофиқи талаботи меъёри истеъмол барои як нафар сокини кишвар то 40-50 кг ташкил мекунад. Барои содироти мева ба давлатҳои хориҷӣ тақрибан 167934 тонна боқӣ мемонад.
Аз ин лиҳоз бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии меваю ангур, беҳтар намудани сифати онҳо баъзе роҳҳои баланд бардоштани масъалаҳои дар боло зикр шуда истода мегузарем. Якум, масъалаи асосие, ки ба рушди соҳаҳои боғу токпарвари интихоб мекунад истеҳсоли зиёди онро таъмин менамояд, ин интихоби навъҳои нави мевагию ангур мебошад.
Аз ин лиҳоз ба хоҷгиҳои боғу ангурпарварӣ тавсия дода мешавад, ки бояд хоку иқлими ҳар як мавзеъро ба инобат гирифта навъҳои онҳоро интихоб намоянд.
Мувофиқи таҷрибаҳои ба дастовардашуда дар шароити ҷумҳурӣ аз навъҳои нави зардолуи «Аҳмадӣ», «Серҳосил», «Шифо», «Мирсанҷалӣ» ва дигарҳо истифода кардан ба мақсад мувофиқ дониста мешавад. Дар шароити вилояти Суғди мавзеъи «Ҳоҷабақирғон» ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ навъи «Нишонӣ»-и Филиали Институти боғпарварӣ ва сазавоткории АИКТ дар вилояти Суғдро истифода баранд. Дар ҳақиқат таҷрибаҳо нишон дод, ки ин навъ хислати худбордоршавӣ доштааст ва ҳар сол ҳосили хуб ба даст оварда мешавад, ки нисбат ба дигар навъҳо ҳосилнокиаш хеле зиёд мебошад.
Барои ангурпарварӣ бештар навъҳои маҳаллии «Ҳусайнӣ», «Кишмиши сиёҳ», «Тойфии гулобӣ», «Тагобӣ» - ро истифода баранд, ки хеле серҳосил мебошад. Дигар масъала ин пурра будани ниҳолу буттаҳои ток мебошанд, ки шумораи онҳо ба нақшаи шинониш ниҳолҳо бояд мувофиқ оянд. Аз рўи натиҷаҳои аз назаргузаронии майдони боғу токзор маълум гардид, ки бисёрии онҳо аз 10 то 30 фоиз ниҳолҳо намерасанд. Яъне дар вақташ таъмири онҳо гузаронида нашудаанд ё ин ки, ба онҳо аҳамияти махсус дода нашудаанд. Бинобар ин чунин ҳолат ба ҳосилнокии боғу токзор таъсири манфи мерасонад.
Барои ислоҳ намудани чунин ҳолат бояд ҳар сол дар боғу токзорҳои ҷавон таъмири онҳо гузаронида шавад. Агар дар майдони боғу токзор зиёда аз 30 фоиз шумораи ниҳол нарасад мувофиқи талаботи иқтисодӣ онҳоро решакоб карда ҳатман ба ҷояш боғу токзори ниҳолҳои нав шинонида шаванд.
Бо мақсади гирифтани ҳосили баланд дар ҳар 15 – 20 сол дар мавзеъҳою ноҳияҳои боғу токзор аз тарафи институти хокшиносӣ ташхиси агрокимёвии хок гузаронида мешуд. Мувофиқи он барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок як миқдори муайяни нуриҳои органикию минералӣ интихоб карда шавад.
Охирон, чунин фаъолият солҳои 1980 – 1981 чунин картограммаро барои хоҷагии марказии таҷрибавии филиал сохта шуда буд. Дар асоси ин нишондиҳандаи агрокимёвии хок миқдори зарурии барои боғу токзғорҳои ҳосилдиҳанда бо таносуби N200 P100 K100 ва барои боғу токзорҳои ҷавон нисфи ин меъёр истифода карда мешуданд. Баъд доир аз натиҷаҳои таҳқиқотҳои агрокимёвии хок дар боғу токзорҳои ҷумҳурӣ меъёрҳои навини N250 P150 K150 кор карда баромада шуд, ки сабаби гирифтани ҳосили баланд гардида буданд. Бинобар он вақти он расидааст, ки ба шароити хоку иқлим нигоҳ карда чунин ташхиси агрокимёвии хокро гузаронидан лозим аст.
Масъалаи муҳими дигар ин мувофиқи зироатҳои киштшаванда, боғу токзор ва дигарҳо ин сохтани картаи технологи оид ба парвариши ин ё он зироат мешавад.
Масалан барои бунёди боғи ҷавонӣ нав аз тайёр кардани замин то парвариши онро дарбар мегирад.
Баъд аз он парвариши боғ дар соли 1 – ум, 2 – юм ва дигарҳоро дар бар мегирад. Баъди 7 – ум сол давраи эксплуататсионӣ яъне ба боғҳои ҳосилдиҳанда дохил мешавад. Дар ин картаи технологӣ номгўи тамоми корҳои иҷрошаванда оиди парвариши боғи зардолу ё токзор нишон дода мешавад. Масалан: аз моҳи январ яхобмонӣ, тайёр кардан ва даровардани нуриҳои органикӣ, буридани шохсорҳо, ғундоштани ҳосил обмонӣ ва ҳоказо оварда мешавад. Дар он роҳҳои иҷро кардани корҳои дастию мошинӣ, ҳосилнокии кор, вақти иҷрои кор, тамғаи трактор ва олотҳо бо ҳосилнокиашон, маблағи кори коргар ва механизатор, меҳнатталабии ин ё он кор ва ҳоказо оварда мешавад. Гуфтан ҷоиз аст, ки шумораи корҳои бо механизатсия иҷро шаванда қисман зиёд карда шуд, ки дараҷаи механизасияи боғу токзор то 70 % расонида шавад. Ин бо шарофати дастовардҳои илмию амалӣ, ки аз тарафи олимону механизаторони пешқадами ҷумҳуриявӣ, кишоварзон ба даст оварда шуда дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуда буд.
Дар солҳои охир бунёди шаклҳои нави хоҷагидорӣ, яъне хоҷагиҳои (фермерӣ) деҳқонӣ талабот ба мутахассисони боғу токзорҳо зиёд гардид ва зарурияти таъмини ин хоҷагиҳо бо кадрҳои баланд ихтисоси соҳа пайдо гардида аст.
Бо ин мақсад хуб мешуд, ки дар базаи факултаи агротехнологияи Донишкадаи Политехникии ДТТ дар шаҳри Хуҷанд ба номи акад. М.Осимӣ бо барномаҳои таълимии донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ш. Душанбе дар базаҳои таълимию таҷрибавӣ ва истеҳсолӣ дар назди филиали Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар вилояти Суғд, доир ба соҳаи пахтакорӣ дар филиали институти “Зироаткор” – и АИКТ ташкил карда шавад ё, ки ақалан курсҳои кўтоҳмуддати ин соҳаҳо гузаронида шавад. Ин тарзи тайёр кардани кадрҳо бе ягон хароҷотҳои иловагӣ ба даст оварда мешаванд.
Мувофиқи маълумотҳои фаврии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҷумҳури 650 гектар боғҳои интенсивии мевагӣ, аз он ҷумла дар вилояти Хатлон – 378 га, дар вилояти Суғд – 144 га ва ноҳияи тобеъи ҷумҳуриявӣ - 127 гектар мавҷуд аст.
Дар оянда бо мақсади таъмини мошину техникаҳои нав барои боғҳои интенсивӣ масъалаи зарурияти такмил намудани системаи мошин барои дар боғҳои интенсивиро кор кунанда ба амал омадааст.
Таҷрибаи солҳои гузашта нишон дод, ки барои ҳар як мавзеъи ҷумҳурӣ вобаста ба хоку иқлим олоту мошинҳои беҳтарин интихоб карда шаванд, яъне олоту мошинҳои ба ҷумҳурӣ дохилшаванда санҷиши пешакиро бояд гузаранд кадоме, ки ин вазифаро идораи стансияи санҷиши мошинҳои ҷумҳуриявӣ мегузаронад. Вале ин ташкилот дар солҳои охир умуман аз байн рафтааст.
Ба фикри мо ин вазифаро Маркази илмии механизасияи кишоварзӣ ва технологияи нави АИКТ иҷро карда метавонад, чунки ин марказ базаи мустаҳкам ва мутахассисони варзида дорад. Аз тарафи дигар ба шарте ки марказро қисман молиявӣ ва амалан дастгирӣ карда шавад.
Барои самаранок фаъолият намудани Маркази илмии механизасияи кишоварзӣ ва технологияи нав бевосита бо факултаи агромеханиконии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, шўъбаи механизатсияи филиали ИБ ва САИКТ дар вилояти Суғд ва дигарҳо бояд ҳамкории амалию илмӣ дошта бошанд.
Охирон, дар солҳои охир ба ҷумҳурӣ нуриҳои минералӣ, заҳрдоруҳо, гербисидҳо ва дигарҳо аз хориҷи кишвар дохил мешаванд, ки сифати онҳо ба талабот ҷавобгў нестанд.
Хулоса
Ҳамин тариқ, ҳалли масъалаҳои дар боло зикршуда имконият медиҳад, ки рушди боғу токпарвариро дар ҷумҳурӣ таъмин намуда, ба ин васила ҳиссаи босазое барои иҷрои ҳадафи сеюми стратегии ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амнияти озуқаворӣ гузошта шавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё