ПУРКУНИИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ БО МОЛҲОИ ОЗУҚАВОРӢ
Дар марҳилаи ҳозираи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафи стратегии рушди кишвар мебошад. Бо назардошти ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 таъкид мешавад: “...мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон - ... ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем...”. Ҳалли ин ҳадафи стратегӣ дар баробари дигар чорабиниҳо ҳалли масъалаи муҳими озуқавории даркориро дар вақти даркорӣ ба ҷои даркорӣ ба истеъмолкунандаи даркорӣ бо хароҷоти камтарин дастрас карданро талаб менамояд. Ин масъала дар шароити кўҳсори Тоҷикистон нақши калонро мебозад, чунки бисёр шаҳру ноҳияҳо бинобар сабаби дар муҳити кўҳсор буданашон имконияти бо молҳои озуқаворӣ пуркунии бозори истеъмолиро надоранд ва дорои роҳҳое мебошанд, ки шароити душворгузар қарор доранд. Дар вақти ҳозира истеъмолоти шахсӣ ва истеъмолоти истеҳсолии мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ қаноатбахш аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бозори истеъмолӣ ва ҳам дар бозори корхонаҳо таъмини молҳо асосан аз ҳисоби молҳои воридотӣ пур карда мешаванд. Дар сохтори гардиши молҳо дар бозори дохилии мамлакат қариб 71 фоизро молҳои воридотӣ ташкил мекунанд. Фақат дар сохтори молҳои кишоварзӣ ҳиссаи картошка 97, 9 %, сабзавот – 99,4%, мевагӣ – 96,7%, гўшт ва маҳсулоти гўштӣ – 72,0%, шир ва маҳсулоти ширӣ – 99,1%, тухм – 63,7%, маҳсулоти нонӣ – 45,2%, равғани растанӣ – 11,7% аз ҳисоби истеҳсоли ватании худӣ таъмин карда мешаванд.
Дар чунин ҳолат бозори истеъмолӣ ва бозори корхонаҳои мамлакат аз молҳои воридотӣ вобаста мешаванд. Бинобар ин дар ҳолати ҷой надоштани
иқтисодиёти воридотивазкунанда мустақилият ва соҳибихтиёрии иқтисодии мамлакат ноустувор мемонад. Сарзамини Тоҷикистон дорои шароити гуногуни табиӣ-географӣ мебошад, ки қисми зиёдро кўҳсор (93%) ва начандонеро (7%) ҳамворӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҷойи ҳамвории мамлакат бештари аҳолӣ ҷойгиранд ва ҳиссаи зиёди неъматҳои моддӣ истеҳсол карда мешаванд. Кўҳҳои Точикистон аз маъданҳои зеризаминӣ бой аст. Бинобар ин, тараққиёт ва ҷойгиршавии корхонаҳои саноатии мамлакат асосан ба боигариҳои табиӣ ва коркадрди маҳсулоти кишоварзии худӣ
алоқаманданд.
Шароити табиию иқлимии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар кишоварзӣ на танҳо пахтакорӣ, балки дигар соҳаҳои растанипарварӣ, аз қабили сабзавоткорӣ, мевапарварӣ ва бисёр дигар соҳаҳо низ тараққӣ ёбанд. Инчунин чорводорӣ ҳам, махсусан бузу гўсфандпарварӣ, мурғпарварӣ, чорвои калони шохдор, кирмакпарварӣ инкишоф ёфтаанд. Дар Тоҷикистон шароити табиию географӣ ва ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда ҳар хел мебошанд. Қисмҳои гуногуни вай хусусиятҳои хоси худро доранд, ки пеш аз ҳама аз рўйи дараҷаи тараққиёти иқтисодиёташон зоҳир мегарданд. Дигар хел карда гўем, дар истеҳсолот ва истеъмолоти ҷамиятӣ онҳо нобаробар иштирок менамоянд. Бинобар ин бо назардошти ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда ва дараҷаи тараққиёти онҳо сарзамини Тоҷикистонро ба 7 минтақаи (зонаи) иқтисодӣ ҷудо кардан мумкин аст: Шимол, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Кўлоб, Рашт ва Бадахшон. Таҳлили тараққиёт ва ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сарзамини мамлакат ба шаҳру ноҳияҳо ва дар гурўҳӣ ба минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда, миёнатараққикарда ва суст тараққикарда ҷудо мешаванд. Ба минтақахои тараққикарда - минтақаҳои Шимол ва Ҳисор, миёнатараққикарда – минтақаи Вахш ва сусттараққикарда – минтақаҳои Зарафшон, Кўлоб, Рашт ва Бадахшон дохил мешаванд. Чунин ҳолати қувваҳои истеҳсолкунанда тавсифи муносибатҳои истеҳсолиро дар таъмини пуркунии бозори истеъмолӣ бо молҳои озуқаворӣ муайян менамояд.
Дар таъмини пуркунии бозори истеъмолӣ бо молҳои озуқаворӣ на танҳо тараққиёти истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ, балки оварда тавонистани онҳо аз дигар истеҳсолкунандагони беруна низ нақши калон мебозад. Минтақаҳои Шимол, Ҳисор, Вахш ва Кўлоб имкониятҳои хуби даркориро барои алоқаи дохилию берунӣ доранд. Онҳо бо роҳи оҳани васеъбар бевосита пайвастанд ва роҳҳои дурусти автомобилгард доранд. Минтақаҳои дигар бошанд бо роҳи оҳани васеъбар пайваст нестанд ва ҳатто роҳҳои автомобилгарди қаноатбахшкунандаро надоранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаҳои истеҳсолкунандаи неъматҳои моддӣ, асосан соҳаҳои саноатӣ ва кишоварзии истеҳсолкунандаи молҳои озуқаворӣ дар минтақаҳои Шимол, Ҳисор ва Вахш тараққӣ кардаанд. Бинобар ин, дар овардан ва баровардани молҳои озуқаворӣ баланси наклиётӣ-иктисодии мусбӣ доранд ва дигар минтақаҳо бештар молҳои озуқавории даркории худро аз онҳо мегиранд.
Минтақаи Шимол аз истеҳсолоти худаш қисми муайяни талаботи бозори истеъмолиро бо молҳои озуқавории худӣ қонеъ гардонида метавонад ва нисбат ба дигар минтақаҳо хеле камтар аз берун, пеш аз ҳама, аз минтақаҳои Ҳисор, Вахш ва баъзе шаҳру ноҳияҳои Ўзбекистон молҳои озуқаворӣ мегирад. Дар баробари ин ба бозори истеъмолии ин минтақа молҳои озуқаворӣ ба воситаи роҳи оҳани васеъбар аз бисёр кишварҳои беруна бевосита оварда мешаванд.
Дар минтақаи Ҳисор дар баробари тараққӣ кардани соҳаҳои истеҳсолкунандаи молҳои озуқавории саноатӣ ва кишоварзӣ истгоҳҳои асосии молфурории озуқавории роҳи оҳани васеъбари мамлакат ҷойгиранд. Ба онҳо қариб ҳамаи молҳои озуқавории барои бозори истеъмолии ноҳияҳои дигари Тоҷикистон пешбинишуда, ки аз кишварҳои беруни ҷумҳурӣ меоянд, фароварда мешаванд. Бинобар ин минтақаи Ҳисор асосан аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии худаш ва молҳои овардашуда барои ҳамаи минтақаҳои дигари мамлакат молҳои озуқаворӣ мефиристад.
Ҳангоми доду гирифти молҳои озуқаворӣ дар байни минтақаҳо нисбати минтақаҳои Шимол ва Ҳисор минтақаҳои дигари мамлакат молгирандаи молҳои озуқаворӣ ҳисоб мешаванд. Масалан, ҳангоми доду гирифти молҳои озуқаворӣ воситаҳои нақлиётии (асосан автомобилҳо) аз минтақаи Ҳисор молҳои озуқаворӣ баранда бештар аз се ду ҳиссаашон аз набудани бор аз дигар минтақаҳо холӣ бармегарданд, ки хароҷоти умумии нодаркории хоҷагиҳои миллии мамлакатро зиёд менамоянд.
Ҳангоми баҳо додани ҳолати иқтисоди миллии Тоҷикистон ва ҳолати иҷтимоии ба фарҳанги истеъмолии одамон таъсиррасонанда шароити таърихии ба вай хос бударо низ ба ҳисоб гирифтан зарур аст. Мардуми Тоҷикистон то имруз ба ғайр аз муносибатҳои фармондиҳию амрдиҳӣ ва иҷрои онҳо ба дигар муносибатҳо амалан дар ҳаёт кам кор гирифтаанд. Ба сохти Ҳукумати Шуравӣ онҳо асосан бо мероси ҷамоаи қабилавию истеҳсолоти натуралӣ, муносибатҳои истеҳсолии начандон тараққикардаи ғуломдорию феодалӣ ва фақат дар баъзе ҷойҳо (қисми шимолии мамлакат) бо аввалин унсурҳои муносибатҳои капиталистӣ гузаштаанд. Ҳатто ҳозир ҳам дар баъзе ноҳияҳо рушди бозори молҳои озуқавории кишоварзӣ ва умуман муносибатҳои бозаргонӣ сустанд.
Дар солҳои Ҳокимияти Шўравӣ дар натиҷаи тақсимоти умумииттифоқии меҳнат дар Тоҷикистон асосан муносибатҳои аграрӣ тараққӣ карданд (ба ғайр аз ду шаҳри саноатӣ – Душанбе ва Хуҷанд ва якчанд корхонаҳои начандон калони саноатии аҳамияти маҳаллӣ дошта дар баъзе шаҳру шаҳракҳои ҷумҳурӣ). Аз ин ҷост, ки зиёда аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷумҳурӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ фаъолият доштанд. Онҳо тафаккури дехқонӣ доранд ва бештар аз 90 фоизи корҳоро дастӣ иҷро мекарданд.
Таҷриба нишон дод, ки муносибатҳои дар заминаи истеҳсолоти саноатӣ (махсусан саноати коркардабарорӣ) дар байни одамон ба вуҷуд меомада нисбат ба муносибатҳои аграрӣ пешқадам аст ва тафаккуру ҷаҳонбинии одамон низ баланданд. Беҳуда нест, ки дар шароити тафаккури деҳқонӣ коркунон одати ба ҳамдигар амр кардан ва итоат карданро мепарастанд. Ба ҳисоби миёна қариб 60% -и аҳолии деҳот дар холати камбизоатӣ қарор доштанд.
Аммо ҳозир дар ибтидои асри 21 мебошем ва табаддулоти илмӣ-техникӣ, тараққиёти воситаҳои ахбор ва ғайраҳо ба ҷаҳонбинии одамон таъсири худро мерасонанд. Бинобар ин, дар одамон муносибатҳо на танҳо оиди истеҳсолот, балки оиди тақсимот, мубодила ва истеъмолоти неъматҳои моддӣ куллан тағйир ёфтаанд. Онҳо акнун мехоҳанд на танҳо воситаҳои хуби зиндагиро дошта бошанд, балки воситаҳои аз ҳама баланди зиндагиро, аз ҷумла молҳои озуқавории сифатан баландтаринро истеъмол намоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар вақти ҳозира ва дар шароити ҳозираи ягон минтақа бо пуррагӣ мувофиқи талаботи муосир амнияти озуқавории худро таъмин карда наметавонад. Барои пуркунии бозори истеъмолӣ бо молҳои озуқавории ватании худии Тоҷикистон дар навбати аввал аз нав кардани сармояи асосии соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонии кишоварзӣ ва саноати хўрокворӣ лозим мебошад. Вале Тоҷикистон ба соҳибихтиёрию мустақилият бо воситаҳои истеҳсолии алакай куҳнаю фарсудашудаи аз замони Иттифоқи Шўравӣ монда гузашт. Бинобар ин вай бисёр хароб гаштааст ва имкониятҳои иқтисодию молияваш бениҳоят маҳдуданд. Ба ғайр аз як ё ду моли ашёвӣ, ба мисоли пахта, алюминий, меваи хушк, семент, энергияи электрикӣ Тоҷикистон алҳол дигар моли бозоргир бароварда наметавонад. Дар чунин ҳолат зарур аст, ки имкониятҳо ва захираҳои дохилии худи Тоҷикистонро дар навбати аввал мувофиқи мақсад истифода барем. Барои ин ногузир аст, ки тарзи хоҷагидориро дар мамлакат дигар намоем. Дигар хел карда гўем, муносибатҳои истеҳсолӣ ва дар асоси онҳо дигар муносибатҳои ҷамъиятиро низ, аз ҷумла, муносибатҳои истеъмолиро бояд мувофиқи талаботи пешрафтаи иқтисодиёти бозорӣ дар шароити ҳозира тағйир диҳем.
Барои васеъ кардани имкониятҳои доду гирифти ҳар минтақа, шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади пуркунии бозори истеъмолии онҳо бо молҳои озуқаворӣ ташкили таъмини нақлиётӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Бо ёрии вай на танҳо молҳои озуқавории даркорӣ дар вақти даркорӣ ба ҷойи даркорӣ ба истеъмолкунанда бо хароҷоти камтарин расонда мешавад, балки барои рушди кишоварзӣ ва саноати хўроквории истеҳсолкунандагони молҳои озуқаворӣ шароити даркорӣ ташкил карда мешавад. Вале дар шароити кўҳсори баланд ва иқлими гуногуну мушкили Тоҷикистон сохтмони нақлиёт дар минтақаҳои вай бо душвориҳо ба амал омаданд. Дар натиҷаи таъсири инҳо ва баъзеи дигар омилҳои табиӣ-иқлимӣ ҳолати муносибатҳои иқтисодӣ-нақлиётӣ дар Тоҷикистон то солҳои 2000-м чунин вазъиятро доштанд:
- роҳҳои нақлиётӣ дар сарзамини Тоҷикистон нобаробар ҷойгир мебошанд, ки дар натиҷа баъзе минтақаҳо соҳиби роҳҳои қаноаткунанда гардидаанд (минтақаҳои Шимол ва Ҳисор), баъзеи дигар дар ҳолати миёнаанд (минтақаҳои Вахш ва Кўлоб) ва дигар минтақаҳо роҳҳои душворгузар доранд (минтақаҳои Зарафшон, Рашт ва Бадахшон);
- бо сабаби номунтазамии (мавсимии) кори нақлиёт дар самтҳои ҷудогонаи кишвар (маҳкам шудани баъзе ағбаҳо дар муддати 6-8 моҳ) дастрас кардани молҳои озуқаворӣ ба баъзе минтақаҳо (минтақаҳои Зарафшон, Рашт, Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои кўҳии минтақаи Кўлоб) пеш аз муҳлат амалӣ карда мешуд;
- душвории ҳаракати нақлиёт барои минтақаҳои зиёди Тоҷикистон корҳои дастрас кардани молҳои озуқавориро мушкил мегардонад, ба монанди мураккабии гузаронидани борҳоро аз як намуди нақлиёт ба дигараш ва бисёр вақт чандин карата зиёд мекунад;
- ҳолати ғайриқаноатбахши роҳҳои ҷудогона на танҳо дастрас кардани молҳои озуқавориро мушкил мекунад, инчунин талаф ёфтан ва корношоям гардидани онҳоро зиёд мекунад, ки дар натиҷа, албатта, пуркунии бозори истеъмолмолӣ бо молҳои озуқаворӣ душвор мегардад;
- Тоҷикистон дар ҳолати бумбасти нақлиётӣ қарор дошт, ки дар натиҷа на танҳо барои ба беруни Тоҷикистон баромадан ва ба Тоҷикистон ворид шудан танҳо аз як ҷо (ба воситаи сарзамини Ўзбекистон) бо роҳи оҳан ва роҳи автомобилӣ мегузашт, балки ҳатто дар дохили Тоҷикистон байни шаҳру ноҳияҳо алоқаҳои нақлиётӣ-иқтисодӣ хусусияти мавсимӣ доштанд.
Дар солҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон чорабиниҳо оид ба таҷдид, васеъкунӣ ва беҳдошти кори нақлиётӣ асосан дар натиҷаи сохтани роҳҳои нав ва ҷорӣ кардани воситаҳои такмилёфтаи нақлиёт гузаронида мешаванд. Чорабиниҳои созандагии нав имконият доданд, ки масъалаи молҳои озуқавории зарурӣ дар вақти зарурӣ ба ҷойи зарурӣ бо хароҷоти камтарин дастрас кардан, то дараҷае роҳҳои ҳалли худро ёбанд. Дар баробари ин бисёр минтақаҳо ва ноҳияҳои дар шароити душвори кўҳӣ қарор дошта имконият пайдо мекунанд, ки дар рушд додани кишоварзӣ барои истеҳсол кардани молҳои озуқаворӣ сари вақт маводи истеҳсолиро дастрас намоянд ва молҳои озуқавории истеҳсол кардаашонро дар вақти зарурӣ ба ҷойи зарурӣ бо хароҷоти камтарин ба истеъмолкунандагон расонда тавонанд.
Дар солҳои 90-уми асри 20-ум роҳи автомобилгарди Кўлоб – Қалъаихум ва роҳи оҳани Қўрғонтеппа – Кўлоб (охири соли 1999) сохта ба истифода дода шуданд. Дар натиҷаи ба истифода додани ин роҳҳо хусусияти номунтазамии (мавсимии) кори нақлиёт дар байни ВМБК ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон оиди кашондани молҳои озуқаворӣ аз байн рафт.
Дар шароити дохил шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба бозор ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ талабот ба молҳои озуқаворӣ меафзояд. Бинобар ин таъмин намудани алоқаҳои доимии нақлиётӣ дар байни ҳамаи минтақаҳои мамлакат ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ аҳамияти калон дорад. Бо назардошти ин дар вақти ҳозира таҷдиди интенсивонии роҳҳои куҳнаи оҳан ва автомобилии мамлакат ва сохтмони нави онҳо рафта истодаанд. Нақбҳои Истиқлол (Анзоб), Озодӣ (Шар-Шар), Шахристон, Хатлон (Чормағзак) сохта ва ба истифода дода шуданд.
Роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак роҳи муҳимтарин барои таъмини алоқаҳои ноҳияҳои минтақаи шимолии Тоҷикистон бо ноҳияҳои минтақаҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии мамлакт мебошад.
Инчунин вай ҳамчун роҳрави транзитӣ барои баромадан ба беруни мамлакат ба воситаи сарзамини Ўзбекистон нақши муҳим мебозад. Барои ҳамин аз ҳисоби ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ин роҳи автомобилгард аз нав карда шуд, ки бо истифодаи ин роҳ имконияти аз минтақаҳои дигари мамлакат ва берун аз мамлакат ба бозори истеъмолии шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Шимолу Зарафшон ворид кардани молҳои озуқаворӣ, инчунин ба воситаи ин роҳ транзити молҳои озуқаворӣ ба бозори истеъмолии дигар минтақаҳо васеъ мегарданд.
Ба истифода додани шоҳроҳи автомобилгарди байналмилалии Душанбе – Нуробод – Рашт - Ҷирғатол - Саритош – Ош ҳамчун роҳрави транзитии байналмилалӣ алоқаҳои нақлиётӣ-иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистонро барои таъмини пуркунии бозори истеъмолӣ бо молҳои озуқаворӣ ба воситаи сарзамини Қирғизистон бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия васеъ мекунад.
Истифодаи шоҳроҳи автомобилии байналмилалии Душанбе – Кўлоб – Хоруғ – Кулма – Қарақорум ҳамчун роҳрави нақлиётии транзитии байналмилалӣ шароит ба вуҷуд меорад, ки ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои манфиатдори ҷаҳон ба мамлакатҳои хориҷа бароянд, аз ҷумла, ба Хитой, Покистон, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои минтақаи ҷанубу шарқи ҷаҳон. Чунин вазъияти нақлиётии ин роҳ пуркунии бозори истеъмолиро бо молҳои озуқаворӣ дар бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъмин карда метавонад.
Дар таъмини пуркунии бозори истеъмолӣ бо молҳои озуқаворӣ баромадан ба мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна, мамлакатҳои араб ва дигарон, ба бандарҳои азими баҳрӣ ва бо ҳамин роҳ имкои ёфтан барои баромадан ба дигар минтақаҳои кураи замин аҳамияти махсус дорад. Ба ҳамин муносибат корҳои лоиҳавӣ-сохтмонӣ оиди сохтани пулҳо байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар дарёи Панҷ ба охир расиданд.
Ба воситаи ин роҳҳо барои минтақаҳои Тоҷикистон роҳравҳои нақлиёти автомобилии транзитии байналмилалӣ сохта шуданд ва баромади онҳо ба воситаи сарзамини Афғонистон ба бозорҳои нав ва бандарҳои баҳрии ҷаҳон таъмин карда шуданд.
Сохтан ва ба истифода додани роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, роҳҳои оҳани Турсунзода – Душанбе - Ваҳдат, Шаҳритус – Қўрғонтеппа - Ёвон ва Қўрғонтеппа – Кўлобро бо ҳам мепайванданд. Инчунин ба истифода додани роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Турсунзода, Айни – Панҷакент, Восеъ - Ховалинг ва як қатори дигар лоиҳаҳо имконият доданд, ки дар солҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон сарзамини ба се қисмат ҷудо будаи вай байни ҳам пайваст шаванд. Ин роҳҳои ба истифодадода имкониятҳои пуркунии бозори истеъмолии минтақаҳои кишварро бо молҳои озуқаворӣ хеле васеъ мегардонанд.
Албатта, дар пуркунии бозори истеъмолии мамлакат бо молҳои озуқаворӣ ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти озуқавории кишоварзии худӣ, маҳсулоти озуқавории овардашуда аз дигар ҷойҳо ва инчунин нархи фурўши молҳои озуқаворӣ дар бозор хеле калон мебошанд. Ҳангоми фурўш дар бозори истеъмолӣ молҳои озуқаворӣ ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ расонда мешаванд. Бинобар ин, дар бозори истеъмолии молҳои озуқаворӣ одатан фурўшандагон-истеҳсолкунандагон ва харидорон-истеъмолкунандагон ба рақобати нархӣ ва ғайринархӣ дучор мегарданд. Агар дар бозори рақобати ғайринархӣ молҳои озуқаворӣ бо афзалияти хусусиятҳои истеъмолиашон бозори истеъмолиро пур кунанд, дар бозори рақобати нархӣ бошад пуркунии бозори истеъмолиро молҳои озуқаворӣ бо пасту баланд шудани нархи хариди истеъмолкунандагон зиёд ва ё кам мекунанд.
Бояд қайд кард, ки дар бозор нархи молҳои озуқавориро на фурўшанда–истеҳсолкунанда, балки харидор–истеъмолкунанда пасту баланд мекунад. Фурўшанда ба бозор моли озуқавориро бо умеде мебарорад, ки бо нархи дилхоҳи баланд фурўхта фоидаи баланд – қаймоқи бозорро соҳиб шавад. Бинобар ин, агар дар бозор харидор–истеъмолкунанда бо нархи пешниҳодкардаи фурўшанда харид кунад, пас чаро фурўшанда намефурўхтааст, чунки дар бозор истеъмолкунанда шахси аз ҳама муътабар аст, фикри ў, талаботи ў қонун аст. Дархости истеъмолкунанда илтифоти вай барои истеҳсолкунанда аст, ки дар ин асос истеҳсолкунанда моли даркории истеъмолкунандаро ба бозор барои фурўш мебарорад, яъне истеҳсолкунанда аз истеъмолкунанда вобаста аст, на баръакс. Масалан, моҳи шарифи Рамазон – моҳи хайру саховат, моҳи парҳезкорӣ аст. Дар ин моҳ одатан дар мамлакатҳои исломӣ арзонӣ, парҳезкорӣ, камхўрокӣ мешавад. Вале дар Тоҷикистон баръакс – нархҳо бо карат баланд мешаванд ва то рамазони дигар қариб аксари молҳои озуқаворӣ бо ҳамон нархҳои баландшуда мемонанд ва дар соли дигар боз баланд мешаванд. Мувофиқи мушоҳидаи соли 2014 дар яке аз бозорҳои калони шаҳри Душанбе – бозори «Шоҳмансур» ҳар рўз дар вақти муқаррарӣ ба ҳисоби миёна 4-4,5 ҳазор кг гўшт ба фурўш мерафт. Бо саршавии моҳи шарифи Рамазон фурўши гўшт ҳар рўз ба 8-11 ҳазор кг расид, дар 3 рўзи пеш аз иди саиди Фитр фурўши гўшт ба 19-21 ҳазор кг расид. Мувофиқан фурўши равған ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ ва нархи фурўши онҳо низ зиёд шуданд.
Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар пуркунии бозори истеъмолӣ бо молҳои озуқаворӣ фарҳанги истеъмолии харидорони молҳои озуқаворӣ таъсири калон расонида метавонад. Бинобар ин дар баробари зиёд кардани истеҳсоли махсулоти озуқавории кишоварзии ватанӣ, овардани молҳои озуқаворӣ аз дигар ҷойҳо пуркунии бозори истеъмолӣ бо молҳои озуқаворӣ бо пасту баландшавии нархи фурўши онҳо дар бозор низ зич алоқаманд мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё