Зеҳн

ИҚТИСОДИ САБЗ - САМТИ МУҲИМИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛИИ КИШВАР

ЗЕ
Зеҳн15 августи 2026 · 9 дақиқа хондан

Иқтисоди сабз ин шакли нави рушди иқтисодӣ мебошад, ки ба баландбардории сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад ва он дар заминаи технологияҳои коркарди аз ҷиҳати экологӣ тозаи маҳсулот пайдо шуда, дар он тавозуни рушди иқтисодӣ ва беҳдошти муҳити зист нигоҳ дошта мешавад. Воқеан ҳам, иқтисодиёти анъанавӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба муҳити зист таъсири манфиро дар шакли партовҳо зиёд менамояд, аммо ҳолати рушди иқтисоди сабз, баръакс, яъне партовҳои истеҳсоли ба сикл (занҷираи)-и истеҳсолӣ баргардонидашуда бошад, хатарҳои экологиро ба муҳити зист коҳиш медиҳанд.

Дар ҳақиқат, зиёд гардидани хатарҳои экологӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист зарурати коркарди модели нави рушди иқтисодӣ, яъне иқтисоди сабзро ба миён овард. Мақсад ва вазифаҳои чунин як шакли хоҷагидорӣ дар барномаҳои СММ оид ба гузариш ба иқтисоди сабз (green economy), барномаи рушди сабзи (green growth) кишварҳои ОЭСР (2008-2012) пешниҳод гардидаанд, ки он зарурати мутобиқгардонии шакли хоҷагидории одамон ба самти коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зистро мефаҳмонад. Ҳатто дар баъзе адабиёт дар бораи «навҷорисозӣ» (инноватсия)-и сабз низ гуфта шудааст, ки таҳти ин мафҳум ҷорӣ намудани технологияҳои нави камтаъсир ба муҳити зист фаҳмида мешавад. Дар ин радиф, шаклҳои алтернативии знергияи барқароршаванда (обӣ, офтобӣ, шамолӣ), нақлиёти бо қувваи барқ ҳаракаткунанда, сўзишвории биологӣ ва ғайраро мисол овардан мумкин аст.

Стратегияи рушди иқтисоди сабз бори аввал аз тарафи конфронси байналмилалӣ оид ба рушди устувори иқтисодӣ ва муҳити зист соли 1992 дар Бразилия (Рио-де-Жанейро) ва соли 2002 дар Африқои Ҷанубӣ (Йоханнесбург) қабул карда шуд, ки барои ташаккулёбии иқтисодиёти сабз асос гузоштааст. Ба ғайр аз ин, дар Форуми глобалии намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки он дар як вақт бо конференсияи Рио-92 баргузор гардид, оид ба амалисозии иқтисодиёти сабз чунин ақидаҳо пешниҳод намудаанд:

- тараққиёти иқтисодӣ бо ҷудо будан аз экологияи кураи заминро ба биёбон табдил хоҳад дод; экология бе тараққиёти иқтисодӣ қашшоқӣ ва рафтори ноодилонаро ба миён меорад;

- нигоҳ доштани тавозуни иқтисодӣ бе риоя намудани омилҳои экологии рушди истеҳсолот қашшоқӣ барои ҳама ба ҳисоб меравад;

- ҳуқуқ барои фаъолият намудан бе экология роҳ кушодан барои худнобудсозии коллективӣ ва оммавӣ мебошад.

Дар маҷмўъ, иқтисодиёти сабз ҳамчун иқтисодиёте муаррифӣ карда мешавад, ки ба баландбардории сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шуда, адолати иҷтимоиро таъмин созад. Бар замми ин, сатҳи таваккалро ба муҳити зист ва харобшавии онро ба қадри лозимӣ паст мекунад. Хусусиятҳои асосии чунин иқтисодиёт аз омилҳои зерин маншаъ мегиранд:

- истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама, захираҳои замину об; \

  • нигоҳдорӣ ва зиёд намудани сармояи табиӣ;

- паст намудани ифлосшавии муҳити зист;\

  • паст намудани партовҳои истеҳсолӣ ва карбонӣ;

- пешгирии нобудшавии хизматҳои низоми экологӣ ва гуногунии биологӣ;

- баланд бардоштани даромадҳо аз шуғли сабз.
Тайи даҳсолаҳои охир мавзўи иқтисоди сабз аз ҷониби олимону мутахассисони экологии соҳаи иқтисодиёт ва дар форумҳою ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва роҳбарони сатҳҳои гуногуни давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар бораи иқтисоди сабз Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон соли 2018- ро Соли рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, ки он яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди сабз мебошад. Ин раванд ба рушди соҳаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама, туризми экологӣ, сохтмони иншооти табобатию санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ ва корхонаҳои тандурустӣ имкониятҳои васеъ медиҳад. Барои ин, пеш аз ҳама, дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори бозорӣ ва таблиғи ширкатҳои ватание, ки ба ҷалби сайёҳон ва истеҳсоли обҳои нўшокӣ машғуланд, лозим аст, ки тавассути ин омилҳо имкониятҳои васеи ҷалби сармоягузориро ба иқтисоди сабз афзун намоем.

Яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди сабз ин таназзулёбии захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама, захираҳои замину об, бахусус заминҳои обӣ мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки натиҷаи нодурусти истифодаи захираҳои мазкур ва ба қоидаҳои агротехникию мелиоративӣ диққат надодан дар баъзе ҳолатҳо боиси харобшавӣ ва аз истифодаи кишоварзӣ баромадани заминҳои обӣ мегардад. Масалан, аз рўйи баъзе факту рақамҳо имрўзҳо дар масоҳати 9% заминҳои кишт баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, 17% маъданнокии обҳои зеризаминӣ, 7% шўрашавии заминҳо ва дар масоҳати 5% заминҳои аҳамияти кишоварзидошта ҷараёнҳои эрозионӣ мушоҳида карда мешавад. Агар тасаввур кунем, ки ҳама омилҳои манфӣ, дар маҷмўъ, вуҷуд доранд, пас дар ин маврид ҳам қариб 25% заминҳои обёришавандаи мавҷудбуда беҳтаркунии комплексии мелиоративиро талаб мекунад. Аз ин лиҳоз, барои бартараф намудани харобшавӣ (деградатсия)-и заминҳои обӣ чорабиниҳои гуногуни экологии заминҳои обӣ истифода бурда мешавад.

Агар ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза назар афканем, аз рўйи ҳисобу китоби коршиносону мутахассисон қонеъгардонии талаботи 9 миллард нафар аҳолии кураи замин то солҳои 2050-ум яке аз масъалаҳои муҳиму рўзмараи ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, ки он зарурати истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои замину обро ба миён меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, зиёда аз 50 фоизи сарчашмагирии ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди он рост меояд. Захираҳои обӣ ба таври васеъ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварӣ, аз ҷумла барои обёрикунонии заминҳои корами обӣ истифода бурда мешавад. Махсусан, дараҷаи баланди аз об таъмин будани ҷумҳурӣ ба тараққиёти интенсивии заминҳои обӣ мусоидат менамояд. Заминҳои обии ҷумҳурӣ зиёда аз 13 фоизи заминҳои кишти кишоварзиро ишғол намуда, то 90 фоизи маҳсулоти умумии соҳаи мазкурро истеҳсол мекунанд ва таъкиди Пешвои миллат оид ба рўёнидани 2-3 ҳосил аз ҳар як гектар замини обӣ, ишора ба яке аз се ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки норасоии оби нўшокӣ низ имрўз ба яке аз проблемаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Аз рўйи маълумоти омории ҷаҳонӣ то солҳои 2030-ум масъалаи қонеъгардонии талаботи солонаи аҳолии кураи замин бо оби нўшокӣ ва дастрасии он аз сарчашмаҳо ба масъалаи муҳими ҳастӣ табдил меёбад. Аз ҷониби дигар, эҳтимолияти беҳдошти вазъи санитарию гигении 2,6 млрд. аҳолии кураи замин дар назар дошта шудааст ва имрўз дар ҷаҳон зиёда аз 884 млн. нафар одамон аз истифодаи обҳои нўшокӣ танқисӣ мекашанд. Амалӣ гардонидани ташаббуси Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди сабз ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи обҳои тозаи нушокӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ созгор мебошад.

Яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёти сабз ин сармоягузориҳо барои дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва қувваи барқ мебошад, чунки дар ояндаи наздик яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишварҳои пешрафта иқтисодиёти гази карбонаш паст бо самаранокии баланди энергия ва таъсиррасонии минималӣ ба низоми иқлимӣ хоҳад буд. Проблемаи амалисозии технологияи сарфаи энергияи барқароршаванда ва аз нигоҳи экологӣ тоза, ки яке аз самтҳои асосии иқтисоди сабз ба ҳисоб меравад, боз аз он ҳам муҳимтар гашта истодааст. Як нуқтаро бояд қайд намуд, ки «сабзгардонӣ» ва экологикунонии соҳаи энергетика низ яке аз самтҳои амалисозии иқтисодиёти сабз ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун унсури нигоҳдории бехатарии энергетикии байналмилалӣ арзёбӣ гардидааст. Кишварҳои тараққикарда, пеш аз ҳама, ба рушди манбаъҳои энергетикии алтернативӣ, ҳифзи захира ва энергияи барқароршаванда такя намудаанд.

Аз ин ҷо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки амалисозии бартариятҳои энергетикӣ ва иқлимӣ ба таври автоматӣ фишори экологиро паст менамоянд, ки ба бузургии истифодаи энергия, истифодаи захираҳои табиӣ, партовҳои газҳои парникӣ ва ҳаҷми ифлосиҳо алоқаманд мебошанд. Ҳамаи ин далелу рақамҳо шаҳодати он аст, ки дар даҳсолаҳои наздик кишварҳои тараққикарда метавонанд иқтисодиёти ба дастовардҳои инноватсионӣ ва технологияи нав асосёфта дошта бошанд, ки хусусияти асосии он - таъсири минималӣ ба муҳити зист мебошад. Ҷавоб ба ин суол, пеш аз ҳама, ташкили бозори минтақавии энергетикӣ (бо назардошти сохтану ба истифода додани хати интиқоли қувваи барқи CASA-1000), мавҷудияти захираҳои фоиданоки арзиши аслиаш нисбатан паст (бо назардошти шароитҳои табиию ҷуғрофӣ барои сохтани НОБ-ҳои бузургу миёна) ва дараҷаи даромаднокиаш нисбатан баланд асос меёбад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтисоди бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ мебошад, ки он дар ҳаҷми 527 млрд. кВт соат арзёбӣ гардида, аз ин миқдор зиёда аз 300 млрд. кВт соаташ аз ҷиҳати техникӣ дастрас аст. Тибқи нишондоди созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон аз рўйи фоизи истеҳсоли энергияи сабз, яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил мебошад. Имрўз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби дигар, истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ташаккули иқтисоди сабз мусоидат менамояд.

Як нуктаро ёдрас бояд намуд, ки истифодаи самараноки партовҳои истеҳсолӣ ва экологикунонии ҷараёни истеҳсолот яке аз самтҳои амалисозии иқтисоди сабз ба ҳисоб рафта, ҳамчун унсури асосии беҳдошти муҳити зист арзёбӣ мегардад. Дар иҷлосияи 70-уми СММ, ки рўзҳои 20-28-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки: «Тоҷикистон аз рўйи нишондиҳандаи партовҳои гази карбонат ба фазо дар байни кишварҳое, ки камтарин ҳаҷми партовҳои газҳоро доранд, ҷойи 135-умро соҳиб аст. Ин партовҳо ба ҳар сари аҳолӣ рақамеро ташкил медиҳанд, ки аз нишондиҳандаи миёнаи дунё ба маротиб камтар аст» [5]. Иқтисоди сабзро баъзан маврид ҳамчун дар роҳи мубориза ба истифодаи самараноки партовҳои истеҳсолӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва самтҳои ояндаи баромадан аз буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ арзёбӣ менамоянд.

Ба андешаи мо, дар сурати ҳалли дастаҷамъонаи рушди сифатан нави иқтисоди сабз, дар базаи технологияи нави аз ҷиҳати экологӣ тоза, рушди соҳаи кишоварзии органикӣ, самаранокии баланди соҳаи энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоии аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашудаи шаҳрҳо ва минтақаҳои кишвар, кам кардани партовҳои истеҳсолӣ ба муҳити зист ва рушди нақлиёти экологии тоза метавонем вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии ояндаи кишварро беҳ намуда, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва беҳдошти муҳити зисти одамонро беҳтар гардонем.

Умуман, аз нуқтаи таъмини босуботи экологӣ-иқтисодӣ иқтисоди сабз бояд ҳалли чунин вазифаҳои асосиро дар бар гирад:

- дар нақшаи рушди стратегии иқтисоди миллии кишвар бояд самтҳои асосии гузаштан ба иқтисоди сабз ҷой дода шаванд;

- бартарият дар соҳаҳои афзалиятнок ва илмталабкунанда, технологияи нав, рушди инфрасохтори бозорӣ бо таъсири минималии ба муҳити зист равонагардида бояд ба амал бароварда шавад;

- вазни қиёсии соҳаҳои ба ашёи хом нигаронидашуда бояд кам карда шавад;

- оқилона истифодабарии захираҳои табиӣ ва сарфи он ба таври қатъӣ баланд бардошта шуда, он дар кам кардани яку якбораи хароҷотҳо ба воҳиди ягонаи натиҷаҳо ба назар мерасад;

- дар натиҷаи истифодаи технологияи кампартов ва бепартов, амалигардонии дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, технологияи инноватсионӣ ва ғайра, ифлосшавии муҳити зист бояд кам гардад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба