Зеҳн

БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ВА
Валиев Султон7 октябри 2024 · 19 дақиқа хондан

Таърихи забон аз фанҳои шавқовар ва дар навбати худ сангини силсилаи донишҳои филологӣ маҳсуб меёбад. Филология (юн. рilologia – муҳаббат ба сухан, дониш) чун фалсафа дар аввали пайдоишаш фанҳои зиёдеро дар бар мегирифт. Сипас дар асрҳои миёна ба ду шоха: ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ ҷудо шуд. Дар айни замон филология маҷмўи донишҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, матншиносӣ, манбаъшиносӣ ва монанди инҳоро фаро гирифта, ба воситаи таҳлили забон ва услуби осори хаттӣ таърихи маданияти маънавии инсониятро омўхта, моҳияти онро ошкор месозад. Аз ин рў ҳар як филолог ва муҳаққиқи матн илова бар илмҳои забону адабиёт бояд аз донишҳои таъриху этнография, ҷуғрофия, иқтисод, фалсафаву ҳуқуқ ва илмҳои табиатшиносӣ инҳо воқиф бошад.

Нахустин таҳқиқоти филологӣ дар Юнону Эрон ва Мисру Ҳиндустони бостон пайдо шудааст. Таълифи “Поэтика”-и Арасту, осори олимони Ҳинд Панини ва Патанҷали, дар аҳди Сосон тартиб додани луғатҳои гуногун, барқарору тарҷума ва тафсири Авасто, ташкили китобхонаи Александрияи Миср аз нахустин таҳқиқоти филологӣ ба шумор мераванд. Тараққиёти минбаъдаи илмҳои филологӣ ба пайдоиш ва инкишофи Ислом, ба аҳди Сомониён ва ба давраи эҳёи Авропо марбут аст. Дар асрҳои XVII-XVIII филология ҳамчун илми мустақил ташаккул ёфта, минбаъд дар асрҳои XIX ва ХХ рў ба инкишоф ниҳод.

Таваҷҷўҳи Ғарб ба қадрияти забониву фарҳангии Шарқ маҳз дар давраи эҳёи Аврупо боло гирифт. Рағбату шавқи онҳо аз асрҳои XV-XVI сар карда ба омўзиши забонҳои эрониву туркӣ ва як қатор забонҳои Шарқи Дур пайдо шуда, минбаъд (дар садаҳои XVII-XVIII) тамоми Машриқзаминро фаро гирифт ва аллакай то охирҳои асри XIX олимони Аврупо қариб тамоми ёдгориҳои хаттиву нигораҳои бостониро омўхта ба як қатор кушоишҳои илми филология, аз ҷумла эроншиносӣ, поягузорӣ намуданд.

Забон ва лаҳҷаҳои эронӣ дар якҷоягӣ як гурўҳи алоҳидаро ташкил менамоянд, ки шомили оилаи ҳиндуаврупоиянд. Ин забонҳо аз як асосзабон ҷудо шудаанд, ки эроншиносон ба он номи шартии “эронии муштарак”-ро додаанд. Дар навбати худ эронии муштарак аз асосзабони бостонитари “ҳиндуориёӣ” иштиқоқ шудааст.

Иштироки калимаҳои решагӣ ва усули сохти дастурии ин забонҳо ва гўишҳо бурҳони хешовандии онҳост. Ё худ агар сохти дастурии ин забонҳоро ба ҳам муқоиса кунем, пай мебарем, ки онҳо аз як асосзабон пайдо шудаанд.

Ҳамин тариқ, сохти дастурӣ ва фонди луғавии ҳар як забон устувор буда, асоси ҳамон забонро ташкил мекунанд. Аз забони рамзии эронии муштарак ба мо ягон санади хаттие боқӣ намондааст. Вале аз лаҳҷаву забонҳое, ки аз он ҷудо шудаанд, муайян намудан осон аст, ки манбаъу сарчашмаи онҳо ба як забони умумӣ рафта мерасад.

Албатта дастур ва асоси ҳар як забон доимо дар инкишоф буда, он ба дигар забонҳо иқтибос намешавад. Агар таърихи ташаккули забонҳои эрониро тақрибан ибтидои ҳазораи дуввуми пеш аз милод гўем, дар давоми атрофи чаҳор ҳазор сол асоси забонҳои эронӣ ба тағироти ҷиддие дучор нашудааст.

Дар хусуси истилоҳи “ориёӣ” ва забонҳои эронӣ

Аз ончи гуфта шуд, чунин бармеояд, ки забонҳои эронӣ як гурўҳи калони ба ҳам наздик (хеш) ҳастанд, ки аз забони эронии муштарак (асосзабон) ҷудо шуда аз назари маншаъу манбаъ ва ҳам аз назари фонди луғавиву сохти дастурӣ ба ҳам вобастаанд.

Қавму қабилаҳое, ки дар охири ҳазораи дуввум ва аввалҳои ҳазораи якуми пеш аз милод дар Осиёи Марказӣ ва сарзаминҳои ҳамҷавори он зиндагонӣ мекарданд ва қадимтарин осори адабии забони эронии бостон, яъне Авесторо ба вуҷуд оварданд, худро “Ориё” меномиданд. Ин калима дар Авесто ба шакли airya омадааст. Дар номҳои қабилаҳои эронизабон ва қавмҳое, ки дар ин давра дар шарқи Эронзамин мезистанд ва баъдтар аз марзҳои Осиёи Миёна ба тарафи ҷанубу ғарби Эронзамин ва соҳилҳои баҳри Сиёҳ, Аврупо мустақар (мигратсия) шуданд , дида мешавад:

– номи қабилаи модӣ: қабилаи ориёӣ;

– номи қабилаи саккоӣ-сарматӣ:

– номи қабилаи олонӣ:

– номҳои хоси пешвоёни қабилаҳои саккоии ғарбӣ

– номи яке аз шоҳони ҳахоманишӣ

– дар катибаҳои давраи ҳахоманишӣ: писари Гуштоспи ҳахоманишӣ, писари як порсӣ, ориёӣ, ориёинажод...

– номи яке аз кишварҳои Аврупо: Ирландия, ки маънии кишвар ё сарзамини ориёнро дорад ва ғ.

Бино ба далелу фарзияҳои аксари донишмандон қабилаҳои ориёӣ яке аз қабилаҳои бузургтарини ирқи сафед аст, ки эҳтимол дорад дар миёнаи ҳазораҳои сеюму дуюми қабл аз мелод ба минтақаҳои гуногуни Аврупо ва Осиё муҳоҷират намудаанд, ки минбаъд сарзаминҳои худро бо исмҳои гуногун аз қабили Ҳинд, Чин, Эрон, Фаранг, Булғор, Рус, Ирланд ва монанди инҳо номгузорӣ намуданд.

Аз Ригведо ва Авесто маълум мешавад, ки гузаштагони дури қавмҳои эронӣ ва ҳиндӣ рўзгоре бо якдигар дар сарзамини ягона мезистанд. Ин ҷойгоҳ, ки дар Авесто бо номи airyanəm vaējo > ērān-vēž омадааст, ба маънои сарзамини ориёиён аст. Куҳантарин иттилоъ аз маҳалли Эронвеҷ ба замони ашкониён бармегардад, ки як қатор донишмандон онро сарзамини Хоразм (Xvarasmīya) мепиндоранд. Ҳафриёти бостоншиносӣ нишон медиҳад, ки дар ин сарзамин дар чаҳор ҳазор сол пеш аз даврони мо низ қавму қабоили ориёӣ ба сар мебурданд. Лекин пеш аз омадани ориёиён дар он ҷо тамаддун ва фарҳанги хос шакл гирифта будааст. Пас ориёиён ба ин сарзамин низ таърихан мардуми муҳоҷир будаанд.

Пас тибқи ин назария (Кристенсен, Гимпро, Молури) зодбуми мардумони ориёиро аз шимолтари Хоразм то ба бахшҳои Сибири Ҷанубӣ бубояд ҷустуҷў намуд. Агар ин ақидаро дастгирӣ намоем, пас ориёиён батадриҷ байни ҳазорсолаҳои панҷум то дуввуми пеш аз милод ба Хоразму атрофи он ва сипас ба ғарбтару ҷанубтар ҳаракат намудаанд.

Иддаи дигар аз донишмандон (Я.В.Чеснов, В.Чивилихин, А.Н.Афанасев) минтақаи бешагӣ ва даштубешагии Аврупои Шарқиро ватани аслии ориёиҳо мешуморанд.

Умуман, то садаи бистум ақидае мавҷуд буд, ки нахустмеҳани ҳиндуаврупоиҳо (ориёиён) дар Ҳиндустони кунунӣ, ё дар шимоли баҳри Сиёҳ, ё байни рудхонаҳои Рейн, Дунай, Днепр ва ё дар ҳудуди Аврупо будааст. Дар забоншиносии садаи бистум низ дар ин бобат фарзияҳои зиёде пешниҳод шудаанд. Забоншиносон В.В.Иванов ва Т.В.Гамкрелидзе тарафдори онанд, ки зодбуми мардумони ориёӣ Осиёи Марказӣ буду аз он ҷо мардумони ҳиндуаврупоӣ бо чандин мавҷҳои паиҳам то нимаи дуюми ҳазораи дуввум ба чор самт паҳн шудаанд. Солҳои ҳаштодуми асри ХХ В.В.Иванов ва Т.В.Гамкрелидзе дар асоси маводҳои забоншиносӣ ва бостоншиносӣ Ховари Миёна будани нахустмеҳани мардумони ҳиндуаврупоиро ба исбот расониданд. Дар як навбат ҷуғрофидон ва мардумшиноси (этнограф) фаронсавӣ Мишел Пессел, ки зиёда аз нисфи умри худро сарфи сафарҳо намудааст, солҳои 1976-1983 ба силсилакўҳҳои Ҳимолой сафари илмӣ-тадқиқотӣ намуда, ба исбот расонидааст, ки Ҳимолой низ метавонад ватани аслии ҳиндуаврупоиён бошад.

Ҳамин тариқ, муайян намудани ватани аслии мардумони ҳиндуориёӣ яке аз масъалаҳои баҳсталаби илми ҳозиразамон буда, то ҳол ҳалли илмии худро наёфтааст. Аз тадқиқоти солҳои охир хулосаи пешакӣ баровардан метавон, ки ҳанўз мардумони ҳиндуаврупоӣ ҳудуди ҳазораҳои 5-4 пеш аз мелод дар яке аз сарзаминҳои байни Аврупои Шарқӣ то Осиёи Марказӣ ва Моварои Кавказ то Осиёи Пеш мезистанд ва дар Эрону Ҳинд байни ҳазораҳои 4-3 ва 3-2 пеш аз мелод мустақар гаштаанд. Қобили қайд аст, ки қабилаҳои ориёӣ ба Эрон аз Осиёи Марказӣ, аз марзҳои Помиру Фарғона рафтаанд ва ҳатто оини яккахудоии Маздоясноро низ бо худ бурдаанд.

Сипас тахминан 2 ҳазор сол қабл аз мелод давраи ба ду гурўҳ: шарқӣ ва ғарбӣ ҷудо шудани забонҳои ҳиндуаврупоӣ оғоз меёбад. Донишмандон ҷудо шудани қабилаҳои ҳиндӣ аз эрониро ҳам ба ин давра мансуб медонанд. Ориёиёни ҳинди пас аз ҷудоӣ аз эрониён аз силсилакўҳҳои Ҳиндукуш гузашта, аз тарафи шимолу ғарби Ҳинд ба дараҳои Синду Панҷоб расиданд ва мунтаҳо то ҷануби Ҳинд расиданд.

Ориёиёни Эронзамин низ аз ду ҷониб: ғарб ва шарқ рў ба ҷанубтар оварданд. Портиён, ки аз тоифаҳои саккоӣ буданд, атрофи Дарбанди Хазар ва баъдан саросари Хуросони бузургро дар ихтиёр гирифтанд. Дар охирҳои ҳазораи дуввум ва аввалҳои ҳазораи аввали пеш аз мелод қавмҳои мод ва порс аз ҷониби Хазар ба Эронзамин дохил шуданд: модҳо дар атрофи Урумия иқомат гузиданд, порсҳо бошанд ҷанубтар, то ба Хузистон кўч бастанд. Як қисми саккоиҳо низ аз садаи VIII пеш аз мелод сар карда то ба дохилтари Аврупо ҳаракат намуданд. Як қисми тахориён низ дар ҷои худ қарор гирифтанд, қисми дигарашон бошанд то Туркистони Чин ба тарафи шарқтар рафта иқомат гузиданд.

Дар ғарби Эронзамин ва Осиёи Хурд тахминан ду ҳазор сол пеш аз мелод императории Хетҳо ташкил шуд. Тақрибан дар ҳамин давра охоиён вориди Юнонистон шуданд. Селтҳо ҳудуди садаҳои XII-VIII қабл аз мелод то ба Алп расида буданд ва нахустин иқоматгоҳҳояшонро дар Фаронса ва Олмони Ҷанубӣ ихтиёр намуданд. Дар миёнаҳои ҳазораи аввали пеш аз милод ҷазираҳои Англия, Олмони Шимолӣ, Шветсия ва гирду атрофи онро ишғол намуданд. Ҳамин тариқ то қарнҳои нахустини мелод тамоми Аврупо ва шимолу ғарби Осиёро тасхир намуданд.

Оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ

Забонҳои ҳиндуаврупоӣ яке аз калонтарин оилаи забонҳои ҷаҳон буда, бо он қариб нисфи (47 %) аҳолии дунё гуфтугузор мекунанд. Агарчи бархе аз ин соҳибзабонон ба нажоди ғайриориёӣ тааллуқ доранд. Аз монандиву шабоҳати забонҳои ҳиндуаврупоӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки онҳо як навъ сарчашмаи умумӣ (ҳамчун нахустзабон, асосзабони ҳиндуевропоӣ ва ё забони мабдаъ), шеваҳои сершумори қадимии ҳиндуаврупоӣ худ шароити иттиҳоди забоние доштанд, ки боиси инкишофи як қатор забонҳои гуногун шудааст. Ин гуна забонҳоеро, ки аз ҷиҳати умумияти пайдоишашон ба як гурўҳ мансубанд, забоншиносон ба як оилаи забонҳо марбут медонанд. Оилаи забонҳо гурўҳи нисбатан калони забонҳои хешро дар бар мегирад.

Раванди ба забонҳои мустақили ба ҳам наздик мубаддалшавии шева ва гўишҳои як забон боиси ба вуҷуд омадани оилаи забонҳо мегардад. Чунончи, забони қадими русӣ барои забонҳои русӣ белорусӣ ва украинӣ, забони лотинӣ барои забонҳои романӣ: итолиёвӣ, фаронсавӣ, румини, португалӣ ва монанди инҳо забони мабдаъ ё асосзабон ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ ҳар яке аз ин асосзабонҳо аз як нахустзабоне ҷудо шудаанд, ки дар забоншиносӣ шартан онро нахустзабони ҳиндуаврупоӣ ё ҳиндуориёӣ меноманд. Ҳамин тариқ, донишмандон тамоми забонҳои ҷаҳонро ба 23 оила тақсим намудаанд, ки дар навбати худ ҳар яке аз ин оилаҳо ба гурўҳҳо ё забонҳои алоҳида тақсим мешаванд.

Бо ин ҳама дар бобати таснифоти забонҳои ҷаҳон то ҳол олимон ба як хулосаи аниқ наомадаанд. Чунончи, забоншиносон оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро аз 11 то ба 18 гурўҳ табақабандӣ намудаанд.

Такя ба маълумоти ниҳоии энсеклопедӣ ва дастовардҳои солҳои оар оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ба гурўҳҳои зерин тақсим мешаванд:

I . Гурўҳи анатолӣ (Забонҳои мурда). Ба ин гурўҳ 6 забони мурдаи хетию лувийӣ дохил мешаванд:

1.Хетии иероглифӣ (аз рўи ёдгориҳои хатҳои иероглифӣ ва мехӣ маълум аст) – забони давлати Хет дар садаҳои XVIII-XII то мелод.

2.Лувийӣ, 3.Палайӣ, 4.Карейӣ, 5.Лидийӣ ва 6.Ликийӣ дар аҳди қадими Осиёи Хурд.

II. Гурўҳи ҳиндӣ (ҳиндуориёӣ), ки зиёда аз 100 забони зинда ва матрукро дар бар мегирад. Ҳиндуориёизабонон дар Ҳиндўстон, Покистон, Бангладеш, Непал, Шри Ланка (Сарандеб) ва як қатор мавзеъҳои кўҳистони Ҳимолой зиндагонӣ мекунанд. Забонҳои гурўҳи ҳиндӣ низ чун гурўҳи эронӣ се давраи таърихиро аз сар гузаронидаанд:

А) Давраи қадим, ки бо номи санскрит машҳур буда, шеваҳои гуногунро фаро мегирад:

1.Забони ведии пешин, 2.Забони ведии пасин, 3.Ведии Ригведа ва ғ.

Б) Давраи миёна, ки бо унвони пракрит ёдоварӣ шуда, забонҳои катибаҳои асрҳои III пеш аз мелод то IV мелодӣ ва забонҳои адабии зиёди ин давраро дар бар мегирад. Асоситарин забонҳои давраи миёна инҳоянд:

1.Забони маҳараштрӣ, 2.Забони шаурасенӣ, 3.Забони магадҳӣ, 4.ардҳамагадҳӣ, 5.Забони пайсачӣ (бҳўта, бҳоша), 6.Забони палӣ (забони қавоиди оини буддоӣ), 7.Забони апабҳранша, ки барои пайдоиши якчанд забонҳои ҳиндии нав забони мабдаъ ба ҳисоб меравад ва ғ.

В) Давраи нав. Забонҳои давраи нав аз асрҳои IX-X дар асоси забонҳои қадиму миёна ба ташаккул ёфтан оғоз меёбад. Аз забонҳои ҳозираи ҳиндӣ забонҳои ҳиндӣ, урду, банголӣ, маратҳӣ, гуҷаротӣ, панҷобӣ, ория, ассамӣ – дар Ҳиндустон, урду, банголӣ, панҷобӣ, синдхӣ – дар покистону Бангладеш, непалӣ – дар Непал, сингалӣ – дар Шри Ланка забонҳои давлатианд. Барои забонҳои гурўҳи ҳиндӣ алифбоҳои гуногуни браҳманиасос, форсии арабиасос ва як қатор алифбоҳои маҳаллӣ истифода мешаванд.

III. Гурўҳи забонҳои дардӣ. Забонҳои ин гурўҳ дар вилоятҳои ҳамҳудуди шимолӣ-шарқии Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон паҳн шуда, бо он тақрибан 6 млн. нафар гуфтугузор мекунанд. Забонҳои дардӣ байни гурўҳҳои ҳиндӣ ва эронӣ истода, дар якҷоягӣ ҳар се гурўҳ қадимтарин шохаи ҳиндуориёии (ҳиндуэронӣ) оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил медиҳанд. Забонҳои дардӣ ба се зергурўҳ тақсим мешаванд:

1. Шарқӣ: кашмирӣ, шина, чатролӣ (чатрорӣ), забонҳои кўҳистонӣ

2. Марказӣ: кҳовар, калаша, пашаӣ, тирахӣ, гавар, вотапурӣ ва ғ.

3. Ғарбӣ (ин гурўҳро кофирӣ низ меноманд): ашкур, прасун, вайгалӣ, катӣ, замелӣ

Аз забонҳои дардӣ фақат кашмирӣ соҳибхат аст.

IV. Гурўҳи забонҳои эронӣ. Дар хусуси ин гурўҳ дар бобҳои минбаъда маълумот оварда мешавад.

V. Забони арманӣ. Ин забон як шохаи махсуси забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил медиҳад, ки бо баъзе элементҳояш ба забонҳои кавказӣ монанд буда, шояд бо баъзе забонҳои нимҷазираи Балкан низ алоқае дошта бошад. Забони армании ҳозира аз забони армании қадим (то садаи V) фарқи калон дорад.

VI. Забони фригӣ. Забони мурда буда (асрҳои VI пеш аз милод то IV), аз он фақат глоссаҳои (луғатнома) алоҳида, катибаҳо ва як қатор исмҳои хос боқӣ мондааст. Ин забон бо баъзе хусусиятҳои худ ба забони армании бостон қаробат дорад.

VII. Забони юнонӣ (бо шеваҳояш) якҷоя бо забони македонии бостон гурўҳи алоҳидаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил карда ба се давраи калон тақсим мешавад: юнонии қадим, миёна (византӣ) ва юнонии нав. Дар навбати худ юнонии қадим чаҳор давраро паси сар кардааст: қадимтарин (давраи ҳомерӣ, асрҳои Х-VI пеш аз мелод); классикӣ (шеваҳои ионӣ, аттикӣ, дорӣ, эолӣ); давраи эллинӣ-римӣ (забони ягонаи койне); қадимиюнонии пасин ё византии пасин (аз давраи эллинӣ то милод).

Забони юнонии миёна ё византӣ забони давлатӣ ва адабии Византия буда, аз асрҳои аввали эраи мо то садаи XV бо он осори зиёди таърихӣ, динӣ ва адабӣ офарида шудааст.

Аз юнонии қадиму миёна гўишҳои зерини забони юнонӣ пайдо шудаанд: демотика, кафаревуса, урумӣ, трапезундӣ, тсаконӣ. Ҳоло бо шеваҳои забони юнонӣ зиёда аз 15 млн. нафар гуфтугузор доранд.

VIII. Забони фракӣ. Забони мурда буда, дар давраҳои қадим дар Балкани шарқӣ истеъмол мешуд. Аз забони фракӣ то ба замони мо калимаҳои алоҳида, глоссаҳо ва як қатор катибаҳои кўтоҳ-кўтоҳ боқӣ мондааст. Ба ин забон гурўҳи шеваҳои дакӣ-мизийии давраи қадим ва иллирии матрук наздиканд.

IX. Забони иллирӣ. Аз ин забон асосан калимаҳои алоҳида, ки аксар номҳои ашхосро ташкил мекунанд, боқӣ мондааст. Ҳамчунин калимаҳои ин забон дар дохили матнҳои забони мессапӣ (ҷануби Италия) ва матнҳои бостонии қисми ғарбии Балкан ба чашм мехўрад.

X. Забони албанӣ. Ин забон боқимондаи забонҳои матруки палеобалканӣ – фракӣ ва иллирӣ буда, қадимтарин осори хаттиаш ба асри XV тааллуқ дорад. Ба ғайр аз Албания дар дигар қисматҳои нимҷазираи Балкан низ бо ин забон гуфтугў мекунанд.

XI. Забони венетӣ. Венетӣ забони мурда буда, осори ба асрҳои V-I то мелод тааллуқдоштаи он дар Италия ёфт шудааст.

XII. Гурўҳи забонҳои италӣ. Забонҳои матруки зеринро дар бар мегирад: лотинӣ, оскӣ, умбрӣ, фалескӣ, пелигнӣ, далматӣ ва ғайра, ки қадимтарин матнҳои боқимондаи онҳо ба асри VII пеш аз мелод тааллуқ дорад. Забони лотинӣ – забони адабивӣ ва давлатии Рим дар давраи республикавӣ ва императорӣ (аз асри III пеш аз мелод то садаҳои аввали мелод) буда, аз он мероси бойи адабиву таърихӣ, риторикӣ, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқшиносӣ ва матнҳои зиёди динӣ ба ҷой мондааст.

XIII. Гурўҳи забонҳои романии аз лотинӣ (италӣ) инкишофёфта:

1.Испанӣ. Ин забон дар натиҷаи омезиши забони лотинии халқӣ ва мардумони маҳаллии музофоти Рим ба вуҷуд омадааст. 2.Забони португалӣ. 3.Забони фаронсавӣ, ки ёдгориҳои қадимтарини он ба асри IX тааллуқ дошта, шакли адабии он дар садаи XVI дар асоси шеваи Ил-де Франси Париж ташаккул ёфтааст. 4.Забони провансалӣ дар ҷануби шарқии фаронса то асри XIX истеъмол мешуд. Ин забон дар ду садаи охир қариб пурра ба таъсири забони фаронсавӣ монда, аз истеъмол баромадааст. 5.Забони италиявӣ. Ин забон дар заминаи шеваҳои тосканӣ, аз ҷумла лаҳҷаи флоренсия ташаккул ёфта, нахустин забони миллӣ дар Аврупо маҳсуб меёбад. 6.Забони сардинӣ. 7.Забони рето-романӣ. Ин забон аз соли 1938 яке аз чаҳор забони Швейсария эътироф карда шудааст. 8.Забони руминӣ. Ин забон дар натиҷаи омезиши забони лотинии халқӣ ва забонҳои маҳаллии Дакияи Рим ташаккул ёфтааст. 9.Забони креолӣ. Забони бошандагони ҷазираи Гаити буда, дар натиҷаи омезиши лаҳҷаҳои маҳаллӣ бо забони фаронсавӣ ба амал омадааст. 10.Забони каталонӣ. 11.Забони македонӣ. 12.Забони молдовӣ. Ин забон шабеҳи забони руминӣ, аниқтараш як гўиши он буда, хаташ дар асоси алифбои русӣ тартиб дода шудааст. Боқӣ намояндагони 11 забони болоӣ алифбоҳои худро дар асоси хати лотинӣ тартиб додаанд.

XIV. Гурўҳи забонҳои келтӣ. Қадимтарин матнҳои боқимондаи ин гурўҳ (асри IV) ба мардумони Ирландияву Шотландия ва Фаронсаву ҷазираҳои Британия тааллуқ дорад.

А) Забонҳои мурда: 1.Корнуолӣ – забони қадимаи словениҳо. Дар нимҷазираи ҷануби ғарбии Балкан. 2.Галлӣ. Дар аҳди бостон дар Галлия, Италияи Шимолӣ, Балкан ва Осиёи Хурд ҷорӣ буда, ҷои худро ба забони фаронсавӣ ва дигар забонҳои романӣ додааст.

Б) Забонҳои зинда: а) шохаи бриттӣ – 1.Забони бретонӣ. 2.Забони валлӣ;  б) шохаи гаэлӣ – 1.Забони ирландӣ. Қадимтарин ёдгориҳои хаттии он ба асри IV тааллуқ дошта, аз асри VII ба алифбои лотинӣ гузаштааст. 2.Забони шотландӣ. 3.Забони гаэлӣ. 4.Забони мэнкӣ. Ин забони адабӣ набуда, ба сифати забони гуфтугўии моҳидорони ҷазираи Ман боқӣ мондааст.

XV. Гурўҳи забонҳои олмонӣ.

А) Олмонии шарқӣ: Забони готӣ ва дигар шеваҳои матрук.

Б) Олмонии шимолӣ ё скандинавӣ, яъне забонҳои шимолии қадима ва ҳозира: 1.Забони шведӣ. 2.Забони датӣ. 3.Забони норвегӣ. 4.Забони ислондӣ. 5.форерӣ (фарёрӣ)

В) Олмонии ғарбӣ: Кўҳна – 1.Забони олмонии бостон. 2.Саксонии қадим. 3.Франкии поёнии бостон. 4.Англисии қадим; Нав – 1.Забони олмонӣ. 2.Забони идиш, ки он аз унсурҳои яҳудии қадим, шеваҳои ҷанубии олмонӣ ва дигар забонҳо таркиб ёфтааст. 3.Забони нидерландӣ. 4.Забони фламандӣ. 5.Забони голландӣ. 6.Забони африкаанс. 7.Забони фризӣ. 8.Забони англисӣ.

XVI. Гурўҳи забонҳои балтикӣ.

А) Балтикии ғарбӣ (Забонҳои матрук): 1.Забони пруссӣ. Дар Пруссияи Шарқии аҳди бостон истеъмол мешуд ва он то асри XVII аз байн рафтааст. 2.Забони ятвяжӣ. Ин забон низ ба кулли аз истеъмол баромадааст.

Б) Балтикии шарқӣ: 1.Забони литвонӣ. 2.Забони латишӣ. 3.Забони мурдаи куршӣ.

XVII. Гурўҳи забонҳои славянӣ.

А) Славянии шарқӣ: 1.Забони русӣ. Дар асоси шеваҳои Маскав ва гирду атрофи ташаккул ёфта қадимтарин ёдгориҳои хаттии он ба асри XI тааллуқ дорад. 2.Забони украинӣ. Дар асрҳои XVI-XII дар заминаи шеваҳои Полтава ва Киев ташаккул ёфтааст. 3.Забони белорусӣ. Қадимтарин осори хаттии забони белорусӣ ба асри XIII тааллуқ дорад. Асоси алифбои ин се забонро хати кириллӣ ташкил мекунад, ки дар давраи Пётри I таҳрир ёфтааст.

Б) Славянии ҷанубӣ: 1.Славянии қадим (матрук). Ин забон дар асоси лаҳҷаҳои солунии забони булғорӣ ташаккул ёфта буд ва ба сифати забони умумии славянҳои асрҳои миёна хизмат мекард. 2.Забони булғорӣ. 3.Забони македонӣ. 4.Забони сербухорватӣ – забони сербҳо, хорватҳо, босниягиҳо, черногорийҳо ва мусалмонони боснийӣ. 5.Забони словенӣ.

В) Славянии ғарбӣ: 1.Забони полабӣ (матрук). Дар асрҳои миёна ин забон дар ду соҳили дарёи Элба истеъмол мешуд ва то асри XVIII аз байн рафтааст. 2.Шеваҳои поморӣ (матрук). Дар савоҳили ҷанубии баҳри Балтик мустаъмал буда дар асрҳои миёна аз истеъмол баромадааст. 3.Забони полякӣ. 4.Забони кашубӣ. 5.Забони лужитсии поён. 6.Забони чехӣ. 7.Забони словакӣ.

XVIII. Гурўҳи тохарӣ (матрук). Дар хусуси гўишҳои забони тохарӣ (турфонӣ, кучанӣ ва қарашарӣ) дар бобҳои минбаъда муфассал таваққуф хоҳем кард.

Дар ибтидои давраҳои таърихӣ забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар Ҳиндустону Эрон, Осиёи Миёнаву Осиёи Пеш, Кавказу Ҷануби Россия ва тамоми Европа; дар давраҳои ба баъд дар Сибирияву Австралия, Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ ва қораи Африко нуфуз пайдо кард.

Мақоми гурўҳи забонҳои эронӣ дар оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ

Забон системаи мураккаби аломатҳост ва он бо мурури замон дигар мешавад. Ин тағирот забонро сифатан дигар мекунанд. Дар 3000 соли охир забонҳои эронӣ, аз ҷумла порсӣ-дарӣ-точикӣ то дараҷае дигаргун шудаанд, ки он ҳатто ба сохти забон таъсири куллӣ расонид. Чунончи, забони порсӣ дар давраи қадим синтетикӣ буд, дар давраи нав бошад ба аналитикӣ мубаддал гашт. Тамоми ин дигаргуниҳоро ҳам дар фонетика, ҳам дар лексика ва ҳам дар грамматика фанҳои таърихи забон ва грамматикаи таърихӣ тадқиқу таҳқиқ карда метавонад. Грамматикаи таърихӣ бо таърихи забон алоқамандии ногусастанӣ дорад, вале онҳо як чиз нестанд. Грамматикаи таърихӣ таърих, равнақу инкишофи фонетикӣ, лексикӣ ва грамматикиро дар хамаи давру замонҳо меомўзад.

    Ҳам дар таърихи забон ва ҳам дар грамматикаи таърихӣ тамоми ҳодисоти забониро аз нуқтаи назари таърихи худи забон ва ҳатто аҳли ҳамон забон дар муқоиса бо якдигар омўхтан ва ба хулосаи лозимӣ омадан мумкин.

    Дар замони ҳозира тақрибан 40 забон ва лаҳҷаҳои калони забонҳои гурўҳи эронӣ маълум буда, забони точикӣ яке аз онҳо ба ҳисоб меравад, ки таърихи зиёда аз 1200-сола дорад ва пайдоиши он шояд ба давраи Сосониён тааллуқ дошта бошад.

    Ба ғайр аз забони адабии ҳозираи тоҷик гурўҳи эронӣ забонҳои курдӣ, балуҷӣ, толишӣ, гилёнӣ, мозандаронӣ, форсӣ, дарӣ, ормурӣ, парачӣ, тотӣ, лурӣ, бахтиёрӣ, кумзарӣ, пашту(афғонӣ), осетинӣ, забонҳои помирӣ (ишкошимӣ, шуғнонӣ, рушонӣ, ринӣ, ғешӣ, язгуломӣ, вахонӣ, сарикулӣ, бартангӣ), яғнобӣ, мунчӣ, ва монанди инҳоро шомил буда, забони точикӣ бештар ба забонҳои форсӣ ва дарӣ наздиктар аст. Ин наздикӣ ба андозаест, ки ағлаби забоншиносон ин се забонро як забон меҳисобанд.

     Таърихи забонҳои эрониро дар эроншиносӣ ба се давраи калон тақсим мекунанд: 1.Қадим, 2.Миёна, 3.Нав. Давраи қадим аз қадимулайём то қарнҳои 4-3 п.а.м.-ро дар бар мегирад. Аз садаҳои 4-3 п.а.м. то асрҳои 7-8 милодӣ давраи миёнаро фаро мегирад. Аз асри 8 то замони мо ба давраи нав шомил мегардад. Таърихи забонҳо ва грамматикаи таърихиро асосан аз рўи сарчашмаҳои хаттӣ меомўзанд. Нахустин сарчашмаҳои хаттӣ дар асри 6 п.а.м. ба вуҷуд омадаанд. Яке аз қадимтарин катибаҳо, ки то замони мо расидааст, соли 521-522 п.а.м. ҳаккокӣ шуда, ба даврони шоҳ Доро тааллуқ дорад.

Тамоми забонҳои эрониро дар ҳар се давраи таърихӣ ба ду гуруҳ ҷудо мекунанд: Ғарбӣ ва Шарқӣ. Аз давраи қадим ба мо 1.Забони порсии қадим, 2.Забони мод (ﻤﺎﺪ , Мидея), 3.Забони сокӣ (скифӣ, saka, сиистон), 4.Забони авастоӣ маълум аст. Ду забони аввал ғарбӣ ва дуи дигар шарқӣ мебошанд.

Аз давраи миёна ба мо забонҳои 1.Порсии миёна, 2.Парфиянӣ (портӣ), 3.Суғдӣ, 4.Хоразмӣ, 5.Бохтарӣ, 6.Ту(а)хорӣ, 7.Сокӣ (сокӣ-хутанӣ), 8.Паркана (фарғонӣ) маълум аст. Дар давраҳои қадим ва миёна ба ғайр аз забонҳои номбаршуда забонҳои дигаре низ вуҷуд доштанд. Вале мо дар бораи онҳо маълумотҳои кофӣ дар даст надорем. Сарҳади рамзии забонҳои ғарбӣ ва шарқӣ Дашти Лут, Саҳрои Кабир ва Баҳри Хазар маҳсуб меёбад.

Калимаи Эрон (irān) на фақат ба мардуми эронӣ, балки ба тамоми халқҳои эронинажод тааллуқ дорад. Эрон то соли 1935 Порс (Персия) ном дошт ва аз соли 1936 Эрон ном гирифт. Аҷдоди мо дар давраи қадим худро ария (aria) меномиданд. Решаи ar дар падежи Nominativ маънои шахси убуркунанда ё ҳаракаткунандаро дорад ва дар шакли ҷамъи падежи Genitiv, airyanam – erān-ро ифода мекунад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба