Зеҳн

Зеҳни сунъӣ

ЗЕ
Зеҳн15 августи 2026 · 3 дақиқа хондан

Зеҳни сунъӣ асосан аз барномаҳо ва алгоритмҳои мураккаб иборат буда, имкон медиҳад, ки мошинҳо ва дастгоҳҳо фикр кунанд, хулоса бароранд, маълумот таҳлил намоянд ва ҳатто қарорҳои мустақил қабул кунанд. Ин раванд дар соҳаҳои гуногун: тиб, иқтисод, маориф, саноат ва ҳатто зиндагии ҳаррўза таъсири худро гузошта истодааст.

Дар зиндагии муосир мо ҳар рўз бо намудҳои гуногуни зеҳни сунъӣ рў ба рў мешавем. Аз ҷумла:

- дастгоҳҳои шинохти чеҳра дар телефонҳо,

- барномаҳои тарҷумавӣ,\

  • роботҳои хизматрасон,\
  • барномаҳои таҳлили маълумот, - воситаҳои тавсиягар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто ёрдамчиёни рақамӣ, ки ба овози инсон посух медиҳанд.

Ҳамаи ин нишонаи равшани он аст, ки технология дигар танҳо воситаи ёрирасон нест, балки шарики фаъоли ҳаёти инсон шудааст.

Аммо бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, зеҳни сунъӣ бо худ масъалаҳои ҷиддии ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро низ доро мебошад. Яке аз нигарониҳои асосӣ ин аст, ки дар натиҷаи васеъ истифода бурдани зеҳни сунъӣ, бисёр ҷойҳои корӣ барои инсон аз байн мераванд. Дар корхонаҳо, ширкатҳо ва муассисаҳо, ки қаблан садҳо нафар коргарро талаб мекарданд, имрўз танҳо як система бо зеҳни сунъӣ метавонад тамоми корро анҷом диҳад. Ин раванд метавонад боиси бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва ноумедии табақаҳои муайяни аҳолӣ гардад.

Гузашта аз ин, масъалаи масъулият низ муҳим аст. Агар як барномаи зеҳни сунъӣ хато кунад ё қарореро қабул кунад, ки ба зарари инсон аст, пас кӣ масъул мешавад? Барномасоз? Ширкат? Ё худи система? Ин гуна саволҳо дар ҷаҳони ҳуқуқӣ то ҳол ҷавоби равшан надоранд ва зарурати таҳияи қонунгузории махсусро талаб менамоянд. Хатарҳои дигари эҳтимолӣ аз истифодаи нодуруст ё бешууронаи зеҳни сунъӣ, махсусан дар соҳаҳои ҳуқуқӣ, амният ва сиёсат, метавонанд оқибатҳои фалокатовар дошта бошанд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, зеҳни сунъӣ имкониятҳои нотакрор низ фароҳам меорад. Дар соҳаи тиб системаҳои интеллектуалӣ дар ташхис ва табобати бемориҳо нақши муҳим мебозанд. Онҳо метавонанд маълумоти зиёдеро дар як лаҳза таҳлил намуда, беҳтарин роҳи муолиҷаро пешниҳод кунанд. Дар иқтисод зеҳни сунъӣ ба таҳлили бозорҳо, коҳиши хатарҳои молиявӣ ва қабули қарорҳои оқилона ёрӣ медиҳад. Дар соҳаи маориф бошад, барномаҳои таълимии мутобиқшаванда метавонанд ба ҳар як донишҷў роҳу усули омўзиши мувофиқро пешниҳод намоянд ва ҳамин тавр, самаранокии таълимро зиёд кунанд.

Яке аз сабабҳои муҳими истифода бурдани зеҳни сунъӣ дар он аст, ки он на танҳо корро осон мекунад, балки имкони рушди шахсият ва ташаккули малакаҳои навро фароҳам меорад. Имрўзҳо одамон метавонанд бо кумаки зеҳни сунъӣ забонҳои нав омўзанд, касбҳои нав ёд гиранд ё ҳатто тиҷоратро низ оғоз намоянд. Ин маънои онро дорад, ки агар инсон худ омода ва фаъол бошад, ин технология метавонад ҳамчун замина барои рушди шахсӣ ва касбӣ хизмат намояд.

Дар ин ҷо муҳим аст, ки ҷомеа ба пешравиҳои технологӣ бо ҳушёрӣ ва масъулият муносибат кунад. Истифодаи зеҳни сунъӣ бояд дар доираи қонун, ахлоқ ва арзишҳои инсонӣ сурат гирад. Ба ҷои мубориза бо он, беҳтар аст, ки инсонҳо омўхтани технологияро ба ҳайси як малакаи нав қабул намоянд ва кўшиш кунанд, ки бо он ҳамқадами замон шаванд. Зеро зеҳни сунъӣ худ аз худ на хатар асту на пешрафт, он танҳо як фазо аст. Чӣ гуна ва барои чӣ истифода бурдани он комилан ба инсон вобаста аст.

Мо бояд дарк кунем, ки зеҳни сунъӣ як навоварии ҷиддӣ ва муҳими асри мо мебошад. Он метавонад ҳам фоидаовар бошад ва ҳам хатарнок, вобаста ба нияти инсон ва роҳе, ки онро истифода мебарад. Агар онро бо назорати дуруст, қонунмандӣ ва эҳтиёт истифода барем, метавонад ба рушди илм, иқтисод ва маърифат мусоидат намояд. Вале агар аз он беэҳтиёт ва бесалоҳият истифода шавад, метавонад сабаби таназзули иҷтимоӣ, вайроншавии арзишҳо ва паст шудани сифати зиндагӣ гардад.

Зеҳни сунъӣ ба мо имкони зиндагии беҳтарро медиҳад, аммо дар баробари ин, моро вазифадор мекунад, ки масъулиятнок, доно ва боинсоф бошем. Танҳо дар ин сурат он метавонад ба фоидаи инсоният хизмат намояд ва ба як пояи мустаҳками пешрафти умумиҷаҳонӣ табдил ёбад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба