ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҲАЙВОНОТИ КУРАИ ЗАМИН
Дар мақола дар бораи дар 100 соли охир ба ҳисоби миёна 0,6 дараҷа зиёдшавии иқлими сайёра сухан меравад. Баъд аз 100 соли оянда,яъне 2100 сол иқлими сайёра боз 5,8 дараҷа зиёд мешавад. Дар натиҷа ними дунёзери об мемонад. Бинобар барои пешгирии он,тамоми роҳбарони дунё чораҳои заруриро андешида истодаанд.
Моҳи декабри соли 1997 дар шаҳри Киото (Япония) конгресси байналхалқии кормандони соҳаи иқлимшиносӣ (гидрологҳо, метеорологҳо) шуда гузашт. Онҳо чунин ақидаро пешниҳод карданд, ки гўё иқлими сайёра дар 100 соли охир ба ҳисоби миёна 0,6 – дараҷа зиёд шудааст. Баъд аз 100 соли оянда, яъне 2100 сол ба 5,8 дараҷа зиёд мешавад. Агар ин тавр шавад сатҳи баҳру уқёнусҳо, аз ҳисоби об шудани пиръяхҳои китъаи Шимол (Арктика) ва қитъаи ҷануб (Антарктида) 25 – 30 метр баланд мешавад. Дар натиҷа ними дунё (яъне мамлакатҳои соҳили баҳрҳо) зери об мемонад. Ин хабар роҳбарони тамоми дунёро ба ташвиш овард ва то ҳол дар ҳама мамлакатҳо омили гармшавии иқлимро ҳаллу-фасл мекунанд ва роҳҳои наҷоти ўро мекобанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам якчанд маротиба дар бораи гармшудани иқлим суханронӣ карданд.
Дар табиат дигаргуншави ииқлим аз пиряхои бузург, баҳру уқёнусҳо вобаста мебошад. Зеро, ки 71% кураи Заминро баҳру уқёнусҳо, кўлу дарёҳо ташкил мекунанд ва фақат 28-29% он ба хушки рост меояд.
Яъне сатҳи об аз сатҳи кураи Замин 3 маротиба зиёд аст. Акну бояд қайд кард, ки об хосияти ба худ ғунчонидани ҳароратро дорад, яъне тобистону-тирамоҳ гармиро ба худ мегирад ва баҳор бо оҳистагӣ он гармиро медиҳад. Мисол, моҳи марти 1978 ғафсии яхи кўли Сарез то 1 метр мерасид, дар чуқурии 23 метр ҳарорат 3 дараҷа гарм буд, дар чуқурии 211 метр ҳарорат ба + 6,6 дараҷа мерасид. Фасли тобистон яхҳо об мешаванд дар ин вақт ҳарорати зери об назар ба болои он баландтар мешавад. Ин қонуниятро стратификатсияи рост меноманд (протсесси ивазшавии ҳарорат меноманд). Дар ҳамаи кўлҳои чуқуртарини Помир (Яшилкул, Қаракул, Сарез) ин қонуниятро мушоҳида кардан мумкин аст. Мегўянд, ки уқёнусҳо ин ошхонаи табиат мебошад. Иқлими гарми ё хунукии кураи замин ҳам аз кори ҳамин баҳру уқёнусҳо вобаста аст.
Ба назар чунин мерасад, ки гўё оби баҳру уқёнусҳо ҳамеша ором аст, ҳаргиз ин тавр нест. Дар баҳру уқёнусҳо ҷараёни об ба таври уфуқӣ ва амудӣ ҳаракат мекунад. Амудӣ дар натиҷаи кашиши офтобу моҳтоб рўй медихад, уфуқӣ бошад дар натиҷаи давр задании замин рўй медихад. Дар шимолӣ Европа аз уқёнуси Атлантика ҷараёни Голфстрим меояд ва гармии уқёнуси Атлантикаро ба тарафи Европа меорад. Агар ҳамин ҷараёни уфуқии Атлантика намешуд. Европа ҳам зери яхи Уқёнуси Шимолӣ мемонд.
Дар қитъаи ҷануби дунё Антарктида вуҷуд дорад. Дар ин ҷой ин гуна ҷараёни гарм нест. Аз ин рў тамоми замини Антарктида зери пиряхҳо мебошад.
Сардорони давлатҳо дар ташвишанд, зеро ки агар иқлим то 5,8 дараҷа гарм шавад, пиряхҳои ҷаҳон об мешаванд ва ними мамлакатҳои соҳили баҳру уқёнусҳо зери об мемонанд.
Иқлим дар давраҳои гузашта миллионҳо сол пеш чи тавр буд?. Аз рўйи нишондодҳои олимони заминшинос – геологҳо дар давраҳои геологӣ- плейстосен (миллионҳо сол пеш) иқлими рўйи Замин тамоман дигар буд. Олими англис Э.Дарлингтон (1966) менависад, ки 60 млн.сол пеш кураи Замин ҳамвор буда, баландиҳо, кўҳҳо набуд дар давраи Кайнозой (55 миллион сол пеш) дар рўи замин дар натиҷаи сар задании вулканҳо кўҳҳои паст-паст пайдо шуданд. Чи тавре, ки мо ҳоло кўҳҳои баландро мебинем дар гузашта онҳо ин тавр набуда, кўҳҳо ҳам мисли дарахт доимо дар сабзишанд. Геологҳо муайян карданд, ки кўҳҳоиПомир дар 1 сол то 1-1,5 см месабзанд, яъне баланд мешаванд. Сабзидани кўҳро дар Помир, дар соҳили ғарбии Қарокўл мушоҳида карда мешавад. Одатан дар соҳили кўлҳо аз қуму-шағал деворча мемонад, ки онро такшинии кўли меноманд. Агар мо ба соҳили кўлҳои калон равед мебинем, ки дар натиҷаи лаппиши об ин гунна деворҳои қуми вашағалӣ пайдо шудааст. Дар соҳили ғарбии Қарокўл кўҳи баланд мавҷуд аст, вакте ки мо аз соҳили кўл истода ба кўҳ менигарем мушоҳида мекунем, ки ҳамин девори қуму шағали кўл аст, дар баландии100-150 метр намудор аст. Пас хулоса мебарорем, ки як замонҳое ин кўҳ набуд, баъд пайдо шудааст. То пайдоиши кўҳҳо иқлими Помир мисли иқлими тропикӣ гарму нарм будааст. Ҷангалзорҳои тропикӣ месабзиданд, ҳайвонҳои тропикӣ мисли шеру, палангу. филу тимсоҳҳо вуҷуд доштанд. Бо пайдо шудани кўҳҳо иқлими Помири он вақта, дигар шуд–иқлимаш хунук шуд, ҳамаи он ҷангалзорҳо ва ҳайвонҳо мурданд. Боқимондаи онҳоро дар қабатҳои замин монданд, ҳоло геологҳо пайдо мекунанд. Дар он давраҳо иқлими Помир мисли тропика гарму нарм буд.
Гармӣ аз 25 дараҷа зиёд намешуд. Холо бошад дар Мурғоб ва Булункул то 45-50 дараҷа хунуки ҳукмфармост. Дар моҳи июль – август дар Душанбе об то 35 дараҷа гарм мешавад дар кўлҳои Помир ҳамагӣ ба 8-9 дараҷа мерасад.
То давраи кайнозой яъне пайдо шудани кўҳҳо, дарёҳои Помир ба тарафи Ҳиндустон ҷорӣ шуда ба дарёи Инд ваБрахматпутра якҷоя мешуданд ва ба уқёнуси Ором мерехтанд.
Вақте ки дар замин Помир кўҳҳо пайдо шуданд кўҳи Лаъл ва Сафедкўҳ пеши роҳи дарёҳоро мегирад ва оби ин дарёҳо ба тарафи баҳри Арал мерафтагӣ шудааст.
Бояд гуфт. ки баҳри Шимол ба нуқтаи «О» баробар аст. Баландии ҳар як нуқтаи заминро мо бояд бо ҳамин О баробар кунем. Баландиҳо ва нуқтаҳои кўҳҳоро аз ҳамин нуқтаи«О-нол» ҳисоб карда мегиранд.
Мисол Душанбе дар баландии 800 метр ҷой гирифтааст. Кўҳҳои Помир баландии 6-8 ҳазор метр дорад.
Замини баҳри Арал аз ҳамин ҳисоб 12 метр паст буда, аз ҳамин сабаб ҳам оби дарёҳои Панҷ, Сирдарё ба он сў ҷорӣ шуданд ва баҳри Арал пайдо шудааст.
Геолог В.И.Буданов (1964) менависад, ки аввалин дарёи Помир – Қизилсу мебошад. ки 120 млн.сол пеш пайдо шудааст. Дарёи Ғунт 20 млн. сол пеш пайдо шудааст. Аз ин мебарояд, ки 120 млн. сол пеш иқлими Помир иқлими тропикӣ доштааст. Боқимондаи растаниҳо ва ҳайвонҳои он давраро олимони палеозоологҳо дар қабатҳои замини Тоҷикистон пайдо кардаанд. Мисол як палеонтологи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи фанҳо Шарапов Ш. дар Қуруқсойи вилояти Кўлоб боқимондаи палангеро ёфтааст, ки дандонҳои паланг шакли шамшерро доштааст. Муҳаққиқ паланги ёфтаашро «Паланги шамшердандон» номидааст.
Кофтуковҳои геологӣ, омўзиши таърихи пайдоиш ва ташаккулёбии заминро нишон медиҳад, ки пеш аз пайдо шудани кўҳҳо иқлими сайёра, симои замин доимо тағйир меёфт. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки як замонҳое Осиёи Марказӣ аз он ҷумла Тоҷикистон зери оби «Баҳри Тетис» будааст. Лекин сарҳади ҳозираи мавзеи Помир аз обӣ ин баҳр озод мондааст. Мумкин аст, ки дар китобҳои динӣ тўфонҳои он баҳрро
«Тўфони-9» номидаанд. Дар давраи пайдо шудани кўҳҳо «Баҳри Тетис» ба қафо меравад ва боқимондаи он баҳри Каспий мебошад.
Баъд аз давраҳои обхезӣ давраҳои яхбандӣ ба амал меояд Мувофиқи нишондоди В.И.Попов (1932) ва Н.Л.Корженевский (1936) вақте ки кўли Қарокўл давраи яхбандиро аз сар мегузаронад чуқурии он аз пиряхҳо пур мешавад. Пиряхҳое, ки ҳоло дар кўли Қарокўл мушоҳида карда мешавад, онҳо боқимондаи «Давраи яхбандӣ» мебошанд. Дар бораи давраи яхбандӣ ақидаҳои илмӣ ҳархела вуҷуд доранд. Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки дар давраи гармшавии иқлими сайёра пиряхҳои шимол (аз уқёнуси яхбастаи шимолӣ) ба ҷануб ҳаракат карда то сарзамини мо омадаанд. Дигарҳо ин ақидаро инкор мекунанд ва мегўянд, ки дар натиҷаи сардии баланди иқлим дар Осиёи Миёна яхҳо пайдо шудаанд. Мо тарафдори ақидаи якум ҳастем, зеро ки дар таркиби ҷонварони обӣ элементҳои аз шимол омада бисёранд
Мутахассисон онҳоро « Намудҳои сибирӣ» меноманд.
Донистани сабаби пайдоиши давраи яхбандӣ барои мо зарур нест, лекин мо бояд донем, ки сарзамини мо ҳам давраи яхбандиро аз сар гузаронидааст. Пиряхҳои кўли Қарокўл дар Помир, пиряхи Федченко дар Ванҷ шоҳиди он давраҳо мебошанд.
Умуман дар давраҳое триас (90 млн.сол пеш ва аз он ҳам пештар) дар рўйи замин динозаврҳо, ихтиозаврҳо, калтокелосҳои калонҷуссаи мепаридагӣ, стегофалҳо. ки дар ботлоқзорҳо зист мекарданд пайдо шуда буданд. Инро на фақат олимон, балки одамҳои оддӣ аз телефилмҳо ва кинофилмҳо дидаанд ва ҳеҷ кас инкор намекунад.
Олимони иқлимшинос мегўянд, ки дар ҳар як 100 сол иқлим дигар мешавад. Шояд ки ин ақидаҳо асоси илмӣ дошта бошад. Лекин дигар шудани иқлим ба дигар шудани ҳайвоноту наботот оварда мерасонад.
Ҳайвонҳои нав якбора пайдо намешавад, балки ҳамаи хазандаҳо, обхокиҳо, парандаҳо ва ширхўрҳо, аломатҳои асосӣ ва хусусиятҳои асосии худро аз авлодҳои худ қабул мекунанд ва ба иқлими нав мутобиқ мешаванд. Инро Ч.Дарвин «Интихоби табиӣ» номидааст.
Дар натиҷаи тадқиқотҳои бисёрсолаи олимон таърихи пайдоиши кўлҳои Помирро мо ба 3 гурўҳ тақсим мекунанд:
1.Кўлҳое, ки дар давраи пайдоиши замин, вулконҳо, фурў рафтани замин пайдо шуданд. Ин кўлҳо аз давраи яхбандӣ пеш пайдо шуда буданд –инҳо Қарокўл, Трумтайкўл, Кукджигит мебошанд.
2.Кўлҳое, ки дар натиҷаи гарм шудани иқлим, пиряхҳо об шуда ба ҳаракат медароянд ва дар ҷойи худ кўлҳо боқӣ мондаанд. Чуқурии ин гуна кўлҳо аз 5-6 метр зиёд намешавад. Дар атрофии онҳо ё дар ғарби кўл ё дар қисми шарқии кўл деворҳои қумуреги бисёр боқӣ мондааст. Ба ин гуна кўлҳо Қарокўл, Чаканкўл, Аждаркўл, Учкўл, Булункўл дохил мешаванд.
3. Кўлҳое,ки садсолаҳо пеш дар натиҷаи заминҷунбии сахт қисми кўҳ канда шуда пеши дарёро гирифтааст ва кўл пайдо шудааст. Кўли Яшилкулро ки 600 сол пеш пайдо шудааст, кўли Сарез ки 25 феврали соли 1911 дар натиҷаи заминҷунбии сахт қисми кўҳ канда шуда пеши роҳи дарёи Бартангро гирифтааст ва кўли Сарез пайдо шудааст.
Нармбаданҳо (моллюскаҳо), ки аз давраҳои геологӣ (давраҳои ангишт-300 млн.сол пеш, триас -190 млн.сол пеш) зист мекарданд, боқимондаҳои онҳоро дар қабатҳои замин пайдо мекарданд. Мисол олими немис Линдголм соли 1932 «б» навишта буд, ки дар қабатҳои геологӣ ў авлоди нармбадани меланоидесро пайдо кардааст ва онро ҳайвони мурда рафта ҳисобидааст. Лекин Ф.Аҳроров, авлодИ зиндаи меланоидесро дар яке аз чашмаҳои обаш гарми (32оС) Шохдара дарёфт карданд (Ахроров, 1976). Мақсад аз ин гуфтаҳо дар чист? Дигаргун шудани иқлим садсолаҳоро талаб мекунад ва ин қонунияти доимии табиат мебошад. Агар дар муддати 100 сол ҳарорат ба 0,6 дараҷа баланд шуда бошад, ин боиси воҳима нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё