ЗАРАРРАСОНҲОИ АСОСИИ ХАРБУЗА ВА УСУЛҲОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ОНҲО
Дар мақола усулҳои мубориза бар зидди зараррасони асосии харбуза (магаси харбуза ва ғайра) бо истифода аз инсектитсидҳо (Фюри, Фастак, Конфидор, Моспилан, Вертимек) ва инчунин чораҳои агротехникӣ (шудгори чуқури тирамоҳӣ, яхобмонӣ, интихоби тухмии хушсифат, кишти барвақтӣ дар зери плёнка) оварда шудааст.
Дар оянда зиёд кардани истеҳсоли ҳосили харбуза ба саривақт ва мақсаднок ташкил кардани мубориза бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳои он вобаста мебошад. Кишти харбуза дар Тоҷикистон аз зараррасонҳо ба монанди ширинчаи полезӣ, тортанаккана, кирми тирамохӣ, момохолаки полезӣ, зарари ҷиддӣ мебинад.
Бояд қайд кард, ки дар даҳ соли охир зараррасони нав магаси харбуза (Myiopardalis Pardalina Big), ки ҳамчун объекти карантини дохилӣ ҳисоб мешуд, ба ин зироат зарари калон расонида, ҳосили харбузаро қариб ба нестӣ меорад. Дар Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ оид ба дарёфт кардани усулҳои мубориза бар зидди ин ҳашарот аз соли 2009 корҳои илмию тадқиқотӣ сар шуд.
Магаси харбуза - Myiopardalis Pardalina Big ба оилаи рангинболҳо, гурўҳи дуқанотдорҳо дохил мешавад. Дарозии магас 5,5-6,5 мм, рангаш зарди тира, дар қафаси синааш ду рахи равшани бо хатҳои тиллоранг ҳошиякашидашуда дорад. Дар қанотҳояш се хати зардранги кундаланг, аз ин ду тояш дохилии рост ва берунааш V – монанд ҷойгир шудаанд.
Тухмаш то 1мм буда, сафеди ялақосӣ, дарозрўя ва қисми охираш борик мешавад. Кирмакаш сафеди зардчатоб, бепой, бе сар, дар охири қисми пеш ду шохчаи дар ду паҳлу баробар ҷой доранд. Дарозии кирмакаш то 10мм мебошад, дарозии пиллаи қалбакиаш (ложнококон) 7-8 мм мешавад.
Мувофиқи мушоҳидаҳои А.А.Мигулин ва дигарон (1983) магаси харбуза дар Озарбойҷон, Арманистон, минтақаҳои шарқии Гурҷистон ва манотиқи Қавқози шимолӣ объекти зараррасон ба ҳисоб мерафт. Аз соли 2003 ин ҷониб дар тамоми Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон паҳн шуда, зарари худро ба зироатҳои полезӣ, махсусан харбуза мерасонад. Объекти карантинии дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Магаси харбуза зимистонро дар дохили пиллаи қалбакӣ мегузаронад. Аз давраи гулкунии зироат зарари худро ба харбуза мерасонад. Пеш аз гулкунӣ пайдо шуда, дар танаи ниҳоли ҷавони харбуза, ки пўсташ нарм мебошад, ичунин аз найчаи гули модинаи нав пайдогардида шарбати онро макида тухм мегузорад.
Кирмакҳо аз тухм баромада дар муддати 15-20 рўз харбузаро аз дарун хўрда, аз дохилаш онро сурох карда баромада, ба хок медароянд. Дар чуқурии 5-20 см хок ба шакли зоча ба хоб мераванд. Баъди 20-45 рўз ба магас мубаддал гашта ба парвоз шурўъ мекунанд. Дар шароити Тоҷикистон 2-3 насл медиҳад. Дар як дона ҳосили харбуза аз 10 то 130-то тухм мегузоранд.
Дар давоми тадқиқотҳои илмӣ мо, як қатор инсектитсидҳо ва таъсири онҳоро омўхтем. Аз соли 2009 то 2014 натиҷаи беҳтаринро ин заҳрдоруҳо нишон доданд:
Фюри 10% к.э. (0,1-0,3 л/га); Фастак 10% к.э. (0,3-0,4 л/а); Конфидор 20% э.к. (0,1-0,2 л/га); Моспилан 20% х.ҳ.(0,5-0,3 л/га);
Вертимек 1,8 % э.к. (0,4-0,5 л/га). Бояд қайд кард, ки коркарди кимиёвӣ ҳатман як маротиба пеш аз гулкунии растании ҳарбуза гузаронида шавад. Коркарди 2-юм баъд аз гул фаромадан ва коркарди 3-юмро баъд аз 12-рўзи коркарди 2-юм гузаронида шавад. Дар ҳолати аз чормағз калонтар шудани ҳосили харбуза магаси харбуза ба ҳосил зарар расонида наметавонад. Давраи парвози умумии магаси харбуза ҳангоми ба +25о расидани ҳарорати ҳаво оғоз меёбад аз ин сабаб кишти барвақтӣ ё дар зери плёнкаи полиэтиленӣ кишт кардани зироат, аҳамияти калон дорад. Дар ин ҳолат метавон бо як коркарди кимиёвӣ ҳосили харбузаро нигоҳ дошт.
Чораҳои агротехникӣ:
• Кишти барвақтӣ
• Тухмии хушсифат
• Шудгори чуқури тирамохӣ бо яхобмонӣ
• Ба чуқурии на кам аз 50 см гўронидани харбузаҳои зарардида
• Аз алафҳои бегона тоза кардани майдони кишт
• Сари вақт истифода бурдани заҳр-химикатҳо
Ширинчаи полезӣ- Aphis gossypii Mordv, ҳашароти ҳамахўр буда, аз он 100 намуди зироат зарар мебинад. Ин ҳашарот дар Тоҷикистон васеъ паҳн гашта, дар тамоми минтақаҳои зироаткорӣ вомехўрад. Ширинча танаи бе боли байзашакл дорад, дарозиаш 1,5-2 мм. Рангаш сабзи равшан, инчунин сабзи торик. Дар қисми поёнии барг ҷойгир шуда, ба ҳамаи қисмҳои болоии харбуза зарар мерасонад. Шарбати растаниро ҷаббида дар натиҷа растанӣ аз нашъунамо бозмонда, нобуд мешавад.
Ширинчаҳо зимистонро дар дохили алафҳои бегона, бахусус ҷағ-ҷағи оддӣ (Пастушья сумка) паси сар карда, баъд ба растании харбуза мегузаранд. Аввалин калонияҳои ширинчаҳо аввали моҳи май дар зери барг пайдо шуда, шумораи зиёдтарини онҳо ба нимаи авали моҳи июн рост меояд. Шароити хуб барои нашъунамои ширинчаҳо ин намии зиёд ва гармии ҳаво мебошад. Бо ниҳоят гарм шудани ҳарорати ҳаво дар нимаи дуюми моҳи июн ва аввали июл ширинчаҳо миқдоран кам мешаванд. Дар ин давра шумораи энтомофагҳо зиёд шуда, ба паҳншавӣ ва афзоиши ширинчаҳо таъсири худро мерасонад.
Дар даҳаи дуюми июн ба ҳар як палак 9-10 энтомофаг рост меояд. Онҳо то пурра несту нобуд кардани ширинчаҳо парвозашонро дар ин майдонҳо қатъ намекунанд.
Инчунин дар ҳолати аз ҳад зиёд шудани шумораи ширинчаҳо аз препаратҳои кимиёвӣ истифода бурдан манфиатнок аст: Фуфанон 57% э.к (0,4-1,0 л/га); БИ -58 новый 40% э.к. (0,5-1,0 л/га); Детсис 25% э.к. (0,25-0,5 л/га).
Тортанаккана – Tetranichus telarius, ҳашароти ҳамахўр буда, бештар ба растаниҳои оилаи ангури сагак, кадугиҳо ва лўбиёгиҳо зарари калон мерасонад. Танааш гирд, дарозиаш 0,3-0,6 мм, рангаш сабзи зардтоб, аз ду бараш ду холи сиёҳ дорад, рангаш дар давраи зимистонгузаронӣ ба сурхи афлесунӣ монанд.
Давраи ҳаётгузаронии ҳашароти модинааш 32-44 рўзро ташкил мекунад, ҳар кадомаш то 100 дона тухм мегузорад. Вақти аз тухм баромадан ба мисли ҳашароти болиғ дар таги барг ҷойгир шуда, аз он ғизо мегиранд. Ҷойҳои сурохкардаи тортанаккана дар барг ранги зарди равшан дошта, аз ҳар ду тарафи барг намоён, баъд ин доғҳо ранги каҳвагиро мегиранд.
Дар ҳолати аз ҳад зиёд будани шумораи ин зараррасон баргҳои зироатҳо хушк мешаванд ва растаниро ба нести мерасонад.
Баҳорон онҳо дар алафҳои бегонаи худрўй инкишоф ёфта, ба зироати харбуза дар нимаи дуюми моҳи май мегузаранд. Дар аввали тобистон шумораи онҳо дар баргҳои алоҳида 15-20 торо ташкил мекунад. Аз ҳама давраи инкишофи баланди ин зараррасон ба нимаи дуюми моҳи июн рост меояд. Ҳарорати ҳаво дар ин давра 25-350С ташкил мекунад. Дар баъзе баргҳо шумораи тортанаккана ба 100 адад мерасад. Аз нимаи дуюми тобистон сар карда, шумораи тортанаккана дар палаки харбуза кам мешавад, ки сабаби асосиаш зиёд шудани шумораи энтомофагҳо мебошад.
Дар ҳолати аз ҳад зиёд будани шумораи зараррасонҳо ва нокифоя будани ҷараёнҳои биологӣ дар палаки харбуза, аз заҳрхимикатҳои кимиёвӣ истифода бурдан мувофиқи мақсад мебошад; ИСО-маҳлули ҷўшонидашудаи оҳаку олтингўгирд (ҳам мубориза бар зидди тортанаккана ва касалии замбўруғи ордакӣ ); Вертимек 1,8% э.к. (0,1-0,2 л/га);
Карате 5 % э.к. (0,1 л/га). Момохолаки полезӣ – Epilachna chrysomelina F., дар ҳамаи минтақаҳои полезкории ҷумҳурӣ паҳн гаштааст ва зарари калон бештар ба зироати харбуза мерасонад.
Ранги болиғаш зарди сурхчатоб буда, дарозиаш 7-9 мм, дар қанотҳояш шаштогӣ доғи сиёҳ дорад. Ранги зочааш бошад, зарди-тира ва дарозиаш 9мм-ро ташкил медиҳад. Гамбуска ва кирминааш ба шоха, гул ва ҳосили харбуза, бештар ба баргҳои тару тозаи нав зарар мерасонанд. Зимистонро дар таги боқимондаи растаниҳо гузаронада, дар палаки харбуза нимаи аввали моҳи май пайдо мешавад. Модинааш аз 10 то 30 тухм дар як тупакча мегузорад. Ҷамъ дар як барг 400-500 донаро ташкил мекунанд. Инкишофи зочаҳо 15-20 рўз мебошад, дар таги барг ҷойгир шуда, аз он ғизо мегиранд. Дар моҳи июн момохлаки полезӣ дар натиҷаи босуръат инкишоф ёфтанаш, дар 10 растанӣ ба 5 болиғ ва 8 кирмина мерасад, метавонанд аз ним зиёди майдони кишти харбузаро несту нобуд кунад.
Ба муқобили ин зараррасон метавон аз инсектитсидҳои зерин истифода бурд;
Фуфанон, 57% э.к (0,4-1,0 л/га); Арриво, 25% э.к. (0,06 л/га); Сиперметрин 25%
э.к. (0,06 л/га). Кирми тирамоҳӣ - Agrotis (Scoria) segetum Schiff, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон паҳн гардидааст. Ранги кирминааш хокистарии тира, дарозиаш 40-50мм. Зимистонро кирминаи насли шашум дар хок, дар чуқурии 10-15см мегузаронад. Ба қисми рўйзаминии харбуза зарар расонида, яквақта решаи онро мехояд.
Давраи зиёдшавии кирми тирамоҳӣ дар моҳи май ба назар мерасад, дар 1м2 4-5 кирмина рост меояд.
Дар нест кардани кирми тирамоҳӣ паразитҳо ба монанди броконҳо, ихневмонидҳо ва пашшаҳои тахин нақши бениҳоят калонро мебозанд. Ҳар кадом ин ҳашароти фоидаовар то 15% кирмакҳои кирми тирамоҳиро нест мекунад. Бар зидди ин зараррасон инчунин аз препаратҳои кимиёвӣ истифода мебаранд, ба монанди:
Золон, 35% э.к. (0,25-0,5 л/га); Нурелл – Д, 55% э.к. (,0-1,5 л/га); Арриво 25% э.к. (0,25- 0,35 л/га).
Хулоса
Ба киштзори харбуза ҳашаротҳои гуногун: магаси харбуза, ширинчаи полезӣ, тортанаккана, момохолаки полезӣ ва кирми тирамоҳӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд. Магаси харбуза, дар ҳолати нагузаронидани чораҷўиҳои лозима метавонад ҳосили зироати харбузаро ба пуррагӣ нобуд карда, барои соли оянда тухм гузорад. Аз ин лиҳоз ҳашароти номбурда, яке аз зараррасони асосии кишти харбуза ба ҳисоб меравад.
Ширинчаи харбуза, тортанаккана, момохолаки полезӣ ва кирми тирамоҳӣ ба растании харбуза таъсири мавсимӣ дошта, ин ҳашаротҳо метавонанд ҳосилнокии зироатро то 40-50 фоиз кам кунанд.
Бар зидди ин ҳашаротҳо ташкили мубориза бо роҳҳои агротехникӣ, механикӣ ва кимиёвӣ бо истифода аз заҳрхимикатҳои фастак, конфидор моспилан, вертимек, фуфанон, БИ-58 нав, маҳлули ИСО дар мўҳлатҳои пешкашаванда ҳатмист.
Сари вақт ва босифат гузаронидани чорабиниҳо дар қатори эмин нигоҳ доштани ҳосил, барои мувозинати экологии муҳит мусоидат менамоянд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё