Забон хишти аввалини кохи миллат аст
Ҳар як дарси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба мақсади илмомӯзии хонандагон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, одамгарӣ, гиромӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони қадимаю вожаҳои ноби тоҷикӣ, хештаншиносӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва инчунин, муқобил будан ба амалҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза, ба монанди бегонапарастӣ, истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддир, бурдани муборизаи оштинопазир ба муқобили терроризм ва экстремизм, эҳтиром намудани суннатҳои миллӣ, бузургдошти чеҳраҳои намоёни ҷомеаи имрӯза, расидан ба қадри сулҳу дӯстӣ, ягонагӣ ва ҳамчунин, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ равона карда мешавад.
Таъкидҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси тарбияи насли наврас дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар лаҳзаҳои гуногуни дарсӣ метавон истифода бурд. Агар дарс забони тоҷикӣ бошад, барои баланд бардоштани ҳувияти миллии хонандагон мо метавонем аз суханони пурмӯҳтавои Президенти кишвар ба монанди: «Забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ ва дунё волотарин меросест, ки аз ҳазорсолаҳои дур чун дурдонаҳои пок то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст». Ё ин ки «Лафзи модарӣ азиз аст ва онро азизу гиромӣ бояд дошт.» метавонем истифода барем.
Дар ҳақиқат, чун дурдонаҳои пок ин забон аз замонҳои дур ба мо мерос мондааст ва он аз қадимӣ будани забонитоҷикӣ шаҳодат медиҳад. Лафзи модариро азиз нигоҳ доштан вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номус ва фарҳангдӯст мебошад.
Пӯшида нест, ки имрӯзҳо баъзе ҷавонони гумроҳгаштаю камсаводи мо ба қадри забон, миллат, ватани осудаву ободи худ намерасанд. Ба ин гуна ҷавонони сустирода муроҷиат намуда, ба шогирдон аз чунин гуфтору таъкидҳои Президенти кишвар мисолҳо овардан бамаврид мебошад: «Мо, пеш аз ҳама, барои рушди забони давлатӣ тадбирҳои лозимӣ андешида, танҳо дар ҳамин замина омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан, русӣ ва англисиро вусъат медиҳем.» ё ин ки «Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таърих, фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку беғазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад.». Дар ҷои дигар Президенти кишвар мегӯянд: «Забони тоҷикӣ на фақат гавҳари ҳастии миллати мо, балки нишони барҷастаи фарҳанги қадимӣ ва камолоти он аст».
Ба оламиён маълум аст, ки забони тоҷикӣ забони боё қадима буда, таърихи беш аз ҳазорсоларо доро мебошад. Ин забон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хос буда, бо ин забони зебою ширин асарҳои оламшумули зиёде офарида шудаанд. Из ҷумла, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо китоби нодирро мисол овардан мумкин аст. Дар ин самт низ Президенти ҷумҳурӣ таъкид намудаанд, ки мутолиаи осори бузургон ва аз ҳар яке аз онҳо шеър аз бар намудани ҷавонон ва наврасон ҳатмӣ мебошад. Бо ин ҳидоят дар дили ҷавонону наврасон меҳру эҳтиром нисбат ба гузаштагони фарҳангдӯсти худ эҳё мегард.
Гулшан ЭШБОЕВА,
*> омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсейи №1, шаҳри Бӯстон
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё