Зеҳн

ЗАБОН ОЯД БА КАС ЧУН ШИРИ МОДАР

ЗЕ
зеҳни сунъӣ7 октябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Забон ояд ба кас чун шири модар,

Аз ин рў асли ҷон аст асли ҷон аст.

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои хар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанўз тифле, ки нав ба олами хастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва тахти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад.

Сазовори навои  баландмазмуни  модарӣ азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист. Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу карин ва меҳрафзост. Аҷаб гуворост лафзи модар. Аҷаб ширину беолоиш ва қарини дилҳост.

Аҷаб ҳаётбахш, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ бузург. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Хофизӣ бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрўз аз ҳастии бузургаш меболем.

Забони точикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрўз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд  ва мехоҳанд онро биомўзанд.

Инро дидаву шунида мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш  нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарўза саҳмгузор бошем: Зеро фармудаанд:

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рўзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,

Даруни синаҳо хайкал гузоред.

Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву  нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарӣ хеш  саҳмгузор  бошем.

Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад.

Воқеан, агар кас забони худро донад, омўхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле устувор аст, мо имрўз хам ашъори Рўдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».

Пас,бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони точикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳанўз дар замонҳои зиндагии Рўдакии бузург бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарӣ- точикӣ ў саҳми босазое гузоштааст. Ў эътиқоди ҳам асрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағйир дод ва назари илму адаби замонашро ба суйи забони модарӣ нигаронд.

Намунаи содагии забони шеъри Рудакӣ нишон медиҳад, ки ў дар таърих и забону адабиёти мо ҳақиқатан хам накши босазо гузоштааст. Дар катори ў садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони точикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то, ба имрўз аз чиҳати луғат ва сохтори нахвию услубӣ  кам ба дигаргуни дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст. Мо насли имрўз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганчҷинаи бебаҳост.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ў,

То забондор аст, бисёр аст ў.

- гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллӣ шиори бузурги забондўстон медонем. Хулоса, забони модарӣ, шаҳди ҳаёт аст, ки мо тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода. Он муқаддасу гуворо ва азизу муътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшидааст. Имрўз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд:

Забони модариам ифтихорам.

Саодатбахши халқи номдорам.

Дар олам аз хама ширинтарӣ ту,

Ба Синову Хайёмат саҷда орам.

Меҳрангез Муҳаббатова

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба