ҲИКОЯИ МОДАР ВА ФАРЗАНД
Писаре чанд вақт буд, ки аз Модараш дур буд. Модар ҳар рӯз ба писараш занг мезад ва мегуфт писарам зуд биё пеши ман, ки ман хеле туро ёд кардаам. Писар ҳар рӯз Модарашро фанд мекард ва мегуфт: Модар пагоҳ меоям, пагоҳ меоям. Ҳар рӯз ин гапро мегуфт, вале намеомад!!!
Модар хеле мунтазир монд, то ин ки аз ғаму ғуссаи писараш ба ҷогаи хоб афтод. Боз ҳам ба писараш мегуфт, вале писар бо ҳамон фанду фиребаш пагоҳ-пагоҳ мегуфт ва намеомад!!!
То ҷое, ки Модар гуфт: писарам агар пагоҳ биёи маро мебинӣ, вале агар наёи маро дар қиёмат мебинӣ. Пагоҳ шуд писар наёмад.
Модар як бор чашмашро боз кард ва ба духтараш гуфт: духтарам! —Ман як орзу дорам мехоҳам, ки ту орзуи маро бароварда куни, чун ман дигар вақт надорам. Модар гуфт: —Ман аз ту мехоҳам, ки вақте, ки бародарат омад аз тарафи ман ӯро дар оғӯш бигир ва бигӯ ин орзӯи Модарам буд.
Вақте Модар ин гапро гуфт чашмонашро пӯшид ва дигар боз накард!!!
Модар ва Падар фариштаҳое ҳастанд, ки вақте рафтанд, баъд мо ба қадри онҳо мерасем!!!
Хуш ба ҳоли онҳое, ки пеш аз рафтани Модар ва Падарашон ба қадри ин фариштаҳо мерасанд!!!
МОДАР
Баъди ту сад ҷомаро садпора кардам, модарам,
Қалби ғамнодидаро ғамхора кардам, модарам
Дар фироқат чорае ҷустам, ба ин бечорагӣ,
Хештанро садчунон бечора кардам, модарам
Пеши даргоҳи Худо дар ҳасрати як аллаат,
Гиря кардам, нола кардам, зора кардам, модарам!
Тифли ноороми ҷон як лаҳза оромиш наёфт
Гар ба чӯби устухон гаҳвора кардам, модарам
Дар ҷавониям мисоли мӯсафеди кӯзпушт,
Кӯдакии хешро пуштора кардам, модарам
Эй мабодо рӯҳи ту ғамгин шавад аз дасти ман,
Озарахшатро чунин овора кардам, модарам!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё