Зеҳн

РИВОЯТИ  УСТОДИ ПӮШИДА

ДУ
Дунё10 августи 2026 · 2 дақиқа хондан

Замоне дар як шаҳри дур донишманде зиндагӣ мекард бо номи Ҳазрати Саъдӣ. Ӯ дар хирад, илму фазилат машҳур буд ва шогирдони зиёде дошт. Як рӯз ҷавоне ба назди ӯ омад ва гуфт:

— Эй устод, ман мехоҳам доно ва донишманд шавам, то мардум ба ман эҳтиром гузоранд. Ба ман омӯзед, то мисли шумо шавам!

Саъдӣ бо табассум гуфт:

— Агар рост мегӯӣ, пас аввал ту бояд омӯзӣ, ки чӣ гуна донишро барои худат нахоҳӣ, балки барои ҳақиқат ва ба нафъи дигарон.

Ҷавон ҳайрон шуд:

— Ман намефаҳмам, магар донишро барои худ гирифтан нодуруст аст?

Саъдӣ гуфт:

— Бале, агар ту илмро танҳо барои ном, мансаб ва шуҳрат хоҳӣ, он мисли обест дар зоҳир соф, вале ботинаш заҳр. Вале агар илмро барои рушд, фаҳми ҳақиқат ва хидмат ба дигарон омӯзӣ, он мисли оби тозаест, ки ҳаёт мебахшад.

Он гоҳ устод ӯро ба хидматгории китобхона ва шустушӯи муҳити дарсӣ гузошт. Ҷавон гуфт:

— Ман барои дониш омадам, на барои шустани фарш!

Саъдӣ бо нармӣ гуфт:

— Ҳар кӣ аз таҳти дил хидмат кунад, омодаи гирифтани илм мегардад. Тоза кардани ҷойи илм, тавозӯъ ва ихлоси туро месанҷад. Илм ба қалбе ворид мешавад, ки пок ва хоксор бошад.

  Ҷавон инро фаҳмид ва бо муҳаббат ба хидмат оғоз кард. Вақте устод дид, ки ӯ аз роҳи тавозӯъ гузаштааст, дарҳоро ба сӯйи илм ба рӯяш кушод. Ва солҳо пас, ӯ худаш устоди бузурге гашт — на бо мақсади шуҳрат, балки бо нияти хидмат ва фазилат.

Панд:

Илмомӯзӣ танҳо гирифтани дониш нест — он сафари поксозии ният, хоксорӣ ва ихлос аст. Касе, ки барои ҳақиқат, на баҳри шуҳрат илм меомӯзад, нурро дар дил мегирад ва хирадро паҳн мекунад.

ХИРАДМАНД БОШЕМ!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2