ҒОЯ (ИДЕЯ)-И НЕКӢ
Ман фикр мекунам, ки инсон бояд мисли Замин бошад. Ба монанди он ки ҳама чизи хушкро Замин сабз месозад, инсон низ қобилияти дигаргун сохтани ҷаҳонбинии худ ва одамони дар як давр зиндагикунандаро дорад. Аммо боз ҳамин инсон аст, ки дар рӯи Замин тухми сулҳу ҷангро мекорад. Онро ба мерос мегузорад. То рӯзе, ки мо ҳастем, проблема ҳаст. Аммо ҳамаи инсонҳои номуваффақ аз муаммоҳо фоҷиа месозанд. Аз нигоҳи мо идеяи некӣ ва бадӣ моҳияти инсонро ташкил медиҳад. Даст задан ба некӯкорӣ на ба хотири қаҳрамонӣ ва шуҳратпарастӣ, балки болотар аз он-расидан ба мартабаи инсонӣ мебошад.
Ба вуҷуд омадани хислати некӯкорӣ азалӣ набуда, он маҳсули тарбия ва муҳити иҷтимоӣ мебошад. Ман фикр мекунам ҳама чиз аз байн меравад, аммо некӣ хусусияти ҷовидонӣ дорад. Инсонҳо дар натиҷаи тарбия ислоҳ мешаванд ва ба корҳои бузург даст мезананд. Лекин моҳияти тарбия асоси хислатҳои одамонро ташкил медиҳад. Инсонҳо мумкин аст, дар рӯҳияи бадахлоқӣ тарбия гиранд ва дар муҳити носолим ба воя расанд. Одамон маҳсули тарбияе мебошанд, ки аз кӯдаки ба онҳо таълим додаанд. Агар дар ҷомеа бадахлоқӣ зиёд аст, ба ин тарбиядиҳандагон гунаҳкор мебошанд. Мо бо идеяҳои некӯкорӣ аз инсонҳо нобуд кардани қувваҳои бадиро, ки дар вуҷуди онҳо зуҳур дорад, баркандан мехоҳем. Аммо чунин тарбияҳои некхоҳонаро аз кӯдакӣ, навҷавонӣ, ҷавонии инсонҳо оғоз намудан зарур аст.
Некӣ идеяи абадӣ мебошад. Ҳеҷ як андеша монанди он одамонро ба ҳамдигар наздик намесозад. 7 Фикри некӣ ба некӣ ва фикри бадӣ ба бадӣ мебарад. Нахуст инсонҳо бояд тафаккур, тасаввур, хислат, ҷаҳонбинӣ, ботин, ақида ва дигар муҳимтарин арзишҳояшонро рушд диҳанд. Барои рушд додани ин арзишҳо одамон ба як таълимоти ҷиддӣ ниёз доранд. Ҳамаи одамон мувофиқи ахлоқашон ва ақлашон амал мекунанд, аммо боз дар навбати худ ба иштибоҳҳои таърихӣ даст мезананд. Хатогиҳо маҳсули сустии ҷаҳонбинии одамон ва тасаввуроти носолим нисбат ба ҳаёт мебошад. Хатогиҳо хусусияти зиёдшавӣ ва бозтакроршавиро доранд. Танҳо халқҳои солим тарбия аз гузаштаи пурифтихор ва ноком метавонанд, ибрат гиранд. Некӣ намудан бар одамон, торикиҳои равонӣ ва норасоиҳои инсонро аз байн мебарад. Некӯкорӣ одамонро аз бешарафӣ ва корҳои ҷинояткорӣ боз медорад. Ба назари мо, адолат дар некӯкории умум ҳосил мешавад.
Одамони эгоист ҳеҷ гоҳ забонашон бо қалбашон мувофиқ намеояд. Бо ин гуна одамон наздик будан боиси коҳиш ёфтани хирад ва ахлоқ мешавад. Одамони дурӯя ҳамеша дар зиндагӣ аз фаъолияти шахсиятҳои нотакрор маҳдудият меҷӯянд ва ба иштибоҳ роҳ додани ононро мунтазир мешаванд. Дар бисёр лаҳзаҳои муҳимми ҳаёт ин ранг одамон ба дигарон такя намуда, аммо дар вақтҳои заруриашон худро аз мардум пинҳон мекунанд. Вафодорӣ ва содиқ будан ба арзишҳои азалии инсонӣ барои онҳо беаҳамият мебошад. Инсонҳое, ки ба воситаи фиреб ба шӯҳрат майл доранд, бояд аз чунин фикрҳои маҳдуд ва амалинашаванда даст кашанд. Зеро ҳеҷ гуна бадӣ, то абад дар қабати пардаҳои ҳаёт пинҳон намемонад. Одамони якзабон ҳамеша дар муносибат ба халқ на аз рӯи мансаб, на аз рӯи шӯҳрат, балки бо сабаби нерӯҳои ақлонии ботиниашон баробар ба ҳамагон сухан меронанд. Дар замири чунин инсонҳо ҳаёт ва одамон арзиши муқаддас мебошанд.
Маҳз одамон бо сабаби моҳияти ҳаётро дарк намуданашон некхӯ мешаванд. Аз ҳама чизи моддӣ арзишҳои маънавӣ боло гузошта мешавад. Дар ҳаёт инсонҳои якхӯ ҳамеша иродаи қавӣ ва маънавиёти мағлубнашаванда доранд. Инсонҳои зиёд некиро барои манфиатҳои шахсӣ мекунанд. Некӣ танҳо дар ҳамон вақт ба одамон рӯҳ мебахшад, ки аз ғаразҳо пок бошад. Зебоӣ ва шӯҳрати инсонро ҳаёт бо мурури даври худ аз байн мебарад ва ин ҳолат барои ҳамаи одамон яксон мебошад. Аммо одамон некӯкориро гоҳо дар масири зиндагӣ фаромӯш мекунанд. Сабаби чунин фаромӯшкориҳо сустии эътимоди одамон ба идеяи некӣ мебошад. Аксарияти инсонҳо аз ҳодисаҳои оддӣ ба дараҷаи баланди фикрӣ ва рӯҳӣ маюс мешаванд ва ба оянда умед бастанро ба худ ҳатто иҷозат намедиҳанд. Ин гуна инсонҳо ноумедиро ҳамчунон дар ботини худ ҷой додаанд, ки ҳама чизи воқеиро бад меҳисобанд. Дар чунин мардум хислатҳои эгоистӣ ва пессимистӣ ба андозаи боло рушд мекунад. Онҳо наметавонанд дар ҳаёт хушбин бошанд.
Ҳақиқат танҳо он чизе аст, ки онҳо меҳисобанд. Бинобарон мо дар ҳар гуна монеаҳои ҳаёт рӯҳафтода нашуданро ба инсонҳо зарур медонем. Ҳеҷ гуна ғаму дард, ормону ҳасрат, бадбинӣ ва бадфикрӣ ҳаётро тайғир намедиҳад. Одамон набояд ҳангоми навмедӣ аз ҳаёт ва сохти мавҷудаи иҷтимоӣ норозӣ гарданд. Зеро бо чунин роҳҳо ҳаракати ҷомеа ғайриимкон мебошад. Одамон ҳангоми нотавониҳояшон ба Худованд рӯ меоранд ва ҳамачиро аз ӯ мехоҳанд. Ҳамачиро аз Худованд талаб доштан нишони коҳилии инсонҳо мебошад.
Одамон бояд ба ирода ва илм такя кунанд ва нақши худро дар зиндагӣ фаромӯш насозанд. Шодӣ ба саломатӣ ва сарватмандшавии одамон кӯмак мерасонад. Онро аз вуҷуди худ баркандан, нишони эҳтиром накардани шахсияти худ мебошад. Одамони зиёд ҳатто сабаби ғусса ва рӯҳан ранҷ кашиданашонро намедонанд. Аз ин рӯ, илм ва дониш бар он заруранд, ки ба қалби миллионҳо одамони рӯҳшикаста умед банданд. Ба назари мо заминаи ҷомеаи боадолат, маҳз аз хислатҳои миллӣ ва рӯҳияи умум иборат дониста мешавад. Ҳалли масъалаи шодӣ ва ғам аз нигоҳи мо сухани оромкунанда ва ё як чизи ба хаёлот асосёфта набуда, ҳамчун воқеият ба ҳаёти инсонҳо наздикӣ дорад.
Ҳар гуна рӯҳияи шодмонӣ ва гамангез дар охир ба худ хос натиҷа меорад. Ҳар як шодӣ ба шодмонии дигар ва ҳар як рӯҳафтодагӣ ва рӯҳшикастагии дигар сабаб мешавад. Ҳар як эҳсосоти бад ба ҳаёти бад сабаб мегардад. Бинобарон ранҷро таҳаммул кардан, ба меҳнат одат намудан хеле муҳим мебошад. Ҳар як шахсият ҳаёти умумиинсониятро мушоҳида меронад ва дар ҳолатҳои ақибмондагӣ дидани зиндагии худ ва аз сабаби танқисии шароитҳои иқтисодӣ мумкин аст, ки аз ҳаёт дилгир шавад. Аз ин рӯ, мо тарафдори ғамандешии инсонҳо нестем, аз категорияҳои имконият, хушбахтӣ, комёбӣ, боварӣ, худсозӣ, ва фаровонӣ андеша намудан зарур медонем. Инсонҳо дар замин абадӣ намемонанд, лекин ҳамеша аз пайи расидан ба рӯзгори саодатманд шуда муттасил ба кӯшишҳои идеалӣ даст мезананд.
Зеро ҳамин ахлоқ ва ақле, ки дар вуҷуди онҳо ниҳон аст, имкон медиҳад, то ба ояндаи худ умед банданд. Ҷомеаи бомаърифат маҳз ҳамон ҷомеаест, ки дар он инсонҳо ба ояндаи бузург доштани зиндагиашон эътимод доранд. Ба назари мо ҳар як шахсият бояд ранҷу алами дилро бар дили худ нигоҳ дорад ва вазнинии мушкилоти хештанро бар дӯши дигарон нагузорад. Аммо инсонҳо баъзан аз зудбоварӣ ва сустиродабуданашон дарду ранҷашонро ҳарчи зудтар ба дигарон изҳор мекунанд. Ин гуна муносибат метавонад эҳтироми шахсро дар назди атрофиён паст созад. Барои он, ки инсонҳо ҳамеша аз ҳаёт наноланд, бояд иродаи қавӣ, дили мустаҳкам ва дониши амиқ дошта бошанд. Вазифаи инсонҳои некӯкор аз умед бахшидан ба ҳаёти одамони заҳматкаш ва бепарастор мебошад. Ҳар як одамон новобаста аз иқтидори маънавӣ ва моддӣ дар баробари ҳам ба эҳтиром ва эътибор сазовор мебошанд. Аз ин лиҳоз, чунин баробарбинӣ натиҷаи идеяи некӣ мебошад, ки ба зиндагии дигарон умед мебахшад. Инсонҳо қобилияти шинохтани ҳамдигарро дошта бошанд ва барои дуруст шинохтани одамон зарур аст, ки дониш ва истеъдоди баланд дошта бошӣ. Зеро мумкин аст, ки бо сабаби таҷрибаи ҳаётӣ надоштан, инсонҳои бадахлоқро нексиришт пиндорӣ ва баръакс нобиғагонро девона ҳисобӣ. Ҳар он чизе, ки дар асоси дониш таҳлил намешавад, маҳз ҳақиқати дурӯғ мебошад. Ҳамаи одамон дар ботинашон қобилияти худсозӣ доранд, аммо бештари онҳо онро дарк намекунанд. Сабаби чунин нашинохтани ҳақиқат аз заифии шуур ва ҷаҳонбинӣ аст.
Инсонҳо дар мавридҳои зиёд ба зоҳири фард нигариста ба шахсияти он баҳо мегузоранд. Одамоне, ки бо нигоҳи зоҳирӣ ба ҷаҳони ботинӣ баҳо медиҳанд, иштибоҳи бузург мекунанд. Инсон бояд ҳақро аз дурӯғ, некро аз бад, хирадмандро аз ҷоҳил, паҳрезкорро аз зишткор ҷудо карда тавонад. Мо ҷараёни шинохти одамонро аз амалкардҳояшон пай мебарем ва на аз тарзи суханпардозиҳои философиашон. Инсонҳо дар мавридҳои зиёд дар бобати шинохти ҳамдигар ба иштибоҳ даст мезананд. Тавассути эҳсосот фикри ҳамдигарро қабул мекунанд ва бо ҳамин ҳиссиёт мехоҳанд эътиқод варзанд. Ҳар чизе, ки бо эҳсосот қабул мешавад дар охир мумкин аст, ки пушаймонӣ орад. Аз ин рӯ, ба фикри одамон бо назари ҳиссиётӣ не, балки маърифатӣ нигарист.
Зеро на ҳар шахсони бисёрдон ва китобхон паҳрезкор мебошанд. Агар одамон ҳамдигарро ҳамон тавре, ки ҳастанд, шиносанд, ин дар ҳақиқат мӯъҷиза мешавад. Дар ин гуна ҷомеаи худшинохта фақат онҳое комёб мешаванд, ки истеъдод ва қобилият доранд. Пас дар ин ҷомеа ҷои тақлидкориро эҷодкорӣ, эҳсосотро ақлгароӣ, худсӯзиро худсозӣ мегирад. Дар ин ҷомеа ҳиссиёти одамон нисбат ба ҳаёт гарм мешавад ва ба қалби онон умед пайдо мегардад. Инсонҳои нодон дар мавқеи паст мемонанд ва онҳо маҳсули ҳаракатҳояшон мебошанд. Ин одамон вуҷуди худ ва дигаронро ҳис карда наметавонанд. Эҳсосоти бадашонро идора карда, онро аз байн намебаранд ва ҳамеша дар як поя қарор мегиранд.
Дар вуҷуди онҳо коҳилӣ, бахилӣ ва ин қабил иллатҳо мавҷуданд. Онҳо чизи зиёдро меомӯзанд, вале худро такон дода наметавонанд. Аз ин рӯ, ба хулосае омадан мумкин аст, ки бояд сиёсатмадорон ва идоракунандагон қобилияти инсоншиносӣ дошта бошанд. Агар дар ҷомеа одамони соҳибистеъдод ҳукмронӣ намоянд, адолати воқеӣ бунёд мешавад. Зеро идоракунандагони қобилиятнок ба рушди қобилияти дигарон сабаб мешаванд. Рушди шуури маърифатии инсонҳо аз муҳити иҳотакунанда вобастагӣ дорад. Ҳукмронии ғояи ташаббус маҳз аз мавҷудияти одамони эҷодкор сар мезанад. Барои мо чизи аз ҳама асосӣ аз байн бурдани сустсаводии умум мебошад. Бемаърифатӣ боиси сар задани беадолатиҳо, ҷангҳо ва дигар бадбахтиҳои куллӣ мегардад. Барои одамони бемаърифат на мутафаккири нобиғавӣ, на шахсияти некӯкор, на инсони ахлоқӣ будани дигарон аҳамияти муҳим надорад. Барои онҳо ҳама чизи берун аз ахлоқ воқеияти оқилона фаҳмида мешавад.
Дар ин маврид илм бояд решаҳои сустмаърифатиро чуқур омӯзад ва роҳҳои наҷот аз онро ба инсонҳо тавсия диҳад. Ба назари мо нахустсабаби нобаробариҳо заифии қобилияти шинохт ва маърифати омма мебошад. Одамони нодон ҳаёти номуваффақона доранд. Гузашта аз ин чунин одамон таҷриба ва сохтори нодурусти фикррониашонро ба дигарон медиҳанд. Чун одамони нодон фикр кардан дар зеҳни атрофиён шакл мегирад ва дар натиҷа муҳити ҷомеа ба бӯҳрони ақл ва ахлоқ гирифтор мешавад. Муборизаи асосии инсонҳо дар ҳаёт аз шинохт ва рушд додани дониш иборат мебошад. Танҳо худи инсонҳо маънавиёташонро бунёд мекунанд. Одамон дар мавридҳои зиёд эҳсос мекунанд, ки бояд дар зиндагӣ некӯкорӣ намоянд, раҳмдил бошанд ва соҳибистеъдод гарданд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё