Зеҳн

Муносибат бо дигарон

КИ
Китобдор11 декабри 2024 · 5 дақиқа хондан

Хислати воқеии инсон на аз суханони ӯ, балки аз муносибаташ ба дигарон маълум мешавад. Он чизе, ки инсонро дар назди касоне, ки наметавонанд ба ӯ фоида расонанд ва на қуввату имконият доранд, ки муқобила кунанд, нишон медиҳад, муҳим аст.

Маҳз дар чунин вазъиятҳо инсон ботини худро ифшо мекунад. Оё ӯ бо одамони одӣ, ки на фоидаовар ва на хатарноканд, бо эҳтиром муносибат мекунад? Ё худбиниву ҳавонафсро нишон медиҳад?

Шахсияти ҳақиқӣ бо меҳрубонӣ ва инсоф ба дигарон маънидод мешавад. Ҳар касе, ки бо ҳама табақаҳои ҷомеа бо адолат ва эҳтиром муносибат мекунад, ба қуллаи баланди инсонӣ мерасад. Зеро бузургии инсон на дар суханони калон, балки дар рафторҳои одии ҳаррӯзаи ӯ пинҳон аст.

Мо аз муҳаббат ба одамон манфиати онҳоро аз манфиати худ боло мегузорем. Тамоми одамон аслан фарзандони Одам Атоянд ва як оиларо ташкил медиҳанд. Гарчанд аъзоёни оила бояд бо ҳам меҳрубон бошанд ва якдигарро ҳурмат кунанд, имрӯз меҳру оқубат кам ба чашм мерасад. Хирадмандон фармудаанд: "Ёратро мисли худат дӯст дор"; "Душманони худро дӯст доред."

Вақте дигарон ба хатогию камбудиҳоятон пуртоқатона муносибат мекунанд ва бо шумо меҳрубон мемонанд, шумо худро чӣ хел ҳис мекунед? Фикр кунед: Агар дигарон аз шумо гумони бад кунанд ё ба шумо рашку ҳасад баранд, магар аз ин зиқ намешудед?

Муҳаббат «фоидаи худро намеҷӯяд». Фикр кунед: Агар дигарон ба ҷойи доим гапи худро гузарондан фикру хоҳиши шуморо низ ба назар гиранд, оё ин ба шумо маъқул намешуд?

Муҳаббат «ба дил кина намегирад». Фикр кунед: Агар мо ягон касро хафа кунему ӯ моро бахшад, магар аз ин хурсанд намешудем? Пас, мо ҳам дар навбати худ бояд бо омодагӣ дигаронро бахшем.

Муҳаббат «аз бадӣ хурсанд намешавад». Фикр кунед: Вақте ба сари мо мусибате ояд, мо намехостем, ки дигарон аз азоби мо хурсанд шаванд, ҳамин тавр-не? Барои ҳамин вақте дигарон аз мушкилие азоб мекашанд, мо набояд хурсанд шавем, ҳатто агар онҳо ба мо бадӣ карда бошанд ҳам.

Карим, барои баракатро соҳиб шудан мо бояд ҳама одамонро новобаста аз синну сол, миллат, нажод ва динашон дӯст дорем. Як роҳи зоҳир кардани муҳаббат ин кӯмак расондан ба мӯҳтоҷон мебошад.

Барои хушбахт шудан шумо бояд ба ин маслиҳатҳо амал кунед:

— ба гапи дигарон гӯш кунед, озодии сухани ҳамсӯҳбатонро ёд гиред;

— хоксор бошед, зеро фурӯтанӣ муассиртарин роҳи дӯст доштан аст;

— хоҳиши шунидани таърифро як сӯ гузоред, дигаронро рӯҳбаланд ва таъриф карданро ёд гиред;

Ҳама вақт хушҳол будан душвор аст. Ин фаҳмо, аммо ғамҳои худро то ҳадди имкон пинҳон кунед;

— дуруст қабул кардани танқидро ёд гиред;

— чеҳраи кушоду сухани ширин калиди дилҳост;

— ҳамеша аввал салом гӯед, баъд аҳволашонро пурсед;

— ба аёдати хешу табор равед, бо ҳамсояҳо ва ошноёнатон муомилаи хуб кунед.

Пас аз як рӯзи дароз, вазнинии кор, модарам дар рӯи миз хурокро гузошт ва ҳамроҳи худ ноне, ки боло ва зераш каме сухта буд овард. Падарам ба як пора нон даст дароз кард ва ба сӯи модарам табассум намуда аз ман пурсон шуд: "Имрӯзи ман дар мактаб чӣ гуна буд?"

Дар ёд надорам, ки ба ӯ чӣ ҷавоб додам, аммо дар ёд дорам, ки ба як бурида нон равған ва мураббо молида, ҳамаро хурд.

Вақте ман аз болои мизи хӯрокхӯрӣ бархостам, шунидам, ки модарам аз падарам барои пухтани нони сухта бахшиш пурсид. Ман посухи падарамро ба узрхоҳии модарам фаромӯш намекунам, ки гуфт:

- Парво накун, ман баъзан хурдани нони сухтаро дӯст медорам. Нони сухта мазза ва буи хос дорад, ки маро ба замони кудакиям мекашад.

Шаб, вақте ман пеш аз хоб ба назди падарам омадам аз ӯ пурсидам, ки оё вай воқеан дӯст медорад нони сухта шударо?

Ӯ маро ба сандуқи дили худ часпонид ва суханоне гуфт, ки маро ба фикр кардан водор намуд:

- Писарам, модари ту имрӯз кори душвор дошт, хаста ва монда шудааст. Хурдани нони сухта инсонро ба марг намебарад ва ба ҳеҷ қисмати бадани мо зарар надорад. Ҳаёт пур аз чизҳои гумшуда аст, инсони комил бе доғ намешавад. Мо бояд дар баъзе масъалаҳо қабул кардани нокомилиро ёд гирем ва ба хатогиҳои дигарон иқрор шавему чашм пушем. Ин яке аз муҳимтарин амал дар сохтани муносибат аст, ки он пояро мустаҳкам ва устувор месозад. Нони каме сӯхта набояд дили касеро бишканад...

Бигзор мардум бо ҳам видоъ кунанд бо хушӣ;

Бигзор ҳар яки мо он чиро, ки боиси озор мегардад аз якдигар нодида бигирем;

Биёед ҳаракатҳо ва амалҳои бемаъниро боздорем.

Танқиди доимӣ ҳаловати муҳаббатро мекушад!

Агар дарахт ба шамоли доимӣ дучор меомад, барг ва мева дар он намесабзид!

Айнан бо инсон ҳамин тавр аст, агар ӯро доимо мавриди танқиди ранҷур қарор диҳӣ, манфӣ мешавад.

Амали неки ҳамдигарро ситоиш кунед ва хатогиҳоро нодида гиред...

Сухани хуб ба калид монанд аст...

Даҳон ва дилҳо кушода мешавад.

Арзиши инсонӣ дар ростӣ ва амал

Арзиши ҳақиқии инсон дар мувофиқати сухан ва амалаш пинҳон аст. Вақте ки касе сухан мегӯяд ва онро бо амал тасдиқ мекунад, ӯ эътимод ва эҳтироми атрофиёнро ба даст меорад.

Сухан танҳо вақте пурмазмун мешавад, ки он на бо ҳаво, балки бо амалҳои устувор ҳамроҳ бошад. Ин на танҳо нишонаи шахсияти комил аст, балки рамзи инсони боҳадаф ва масъулиятшинос мебошад.

Ростӣ ва амалҳо, ки ба якдигар пайванданд, инсонро арзишманд месозанд ва ҷаҳонро бо эътимод ва эҳтиром равшан мекунанд.

Биёед, сухан ва амали худро бо ҳам мувофиқ нигоҳ дорем, то зиндагиро пурмазмун ва бо эҳтиром созем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба