Одамон ҳама чизро бо нархаш месанҷанд
Дар замони мо, одамон ҳама чизро бо нархаш месанҷанд, аммо кам касон метавонанд арзиши ҳақиқии чизҳоро дарк кунанд. Нарх танҳо як рақам аст, аммо қадршиносӣ — ин қобилияти дидани умқи маъно ва зебоӣ дар он чизҳост, ки моро иҳота мекунанд.
Ҳар як лаҳзаи зиндагӣ, ҳар як инсони дар атрофбуда, ҳар як лаҳзаи муҳаббат ё шодӣ арзише дорад, ки бо пул чен карда намешавад. Қадршиносӣ — ин санъати шукргузорӣ кардан ва дар ҳар як нафас зебоиро ёфтан аст. Он чизи зеботаринро ҳатто дар хурдтарин ва содатарин ҷузъиёт дидан ва эҳсос кардан мебошад.
Барои қадршинос шудан, бояд таваққуф кунем, назар афканем ва ба худ иҷозат диҳем, ки ба асли чизҳо нигарем. Танҳо он гоҳ мо мефаҳмем, ки зиндагӣ на дар он аст, ки нархҳорр чен мекунем, балки дар он аст, ки зебоӣ ва маънои онҳоро қадр мекунем.
Дар зиндагӣ кӯшиш кун, ки то метавонӣ, мардумони бофаҳм ва аҳли назарро озор надиҳӣ. Зеро ин дунёи фонӣ вафо надорад, ва зиндагӣ бисёр кӯтоҳ аст. Бигузор нури чашмонат равшании дилҳо ва оромии рӯҳҳо бошад. Ба ёд дор, ки меҳру муҳаббат арзиши болотар аз ҳама чиз дорад. Ҳазрати Ҳофиз чӣ зебо гуфтаанд:
Зинҳор, то тавонӣ, аҳли назар маёзор,
Дунё вафо надорад, эй нури ҳарду дида.
Умр мегузарад ва ман бештар мефаҳмам, ки ҳеҷ чиз дар дунё арзиши гиря карданро надорад! Мо одамҳо мудом чизҳоеро, ки исмашонро мусибат ва бадбахтӣ мегузорем, дар сарзамини афкормон мечархонем ва дарав мекунем. Маҳз ҳамин боис мешавад дар садсолагӣ ҳасрати лаззат набурдан аз зиндагиро бихӯрем!
Шояд калимаи "раҳо кардан" ва "фирор кардан" барои чунин лаҳзаҳое ба вуҷуд омадаанд... Аз ғуссаҳоият фирор кун, дар нокуҷоободи дарунат раҳояш кун! Ва ба думболи ҳар чиз, ки шодат мекунад равона шав!
Зиндагӣ агар чизҳои зиёде барои гиря кардан дорад, чизҳое ҳам барои лабханд задан дорад.
Фақат кофист аз таҳи дил бихоҳӣ, ки зиндагиро зиндагӣ кунӣ.
Кори худатонро анҷом диҳед, аммо на дар ҳадди вазифа, балки андаке бештар ва аз рӯи садоқат ва саховат. Ҳамин миқдори андак ба андозаи тамоми кор арзиш дорад.
Дин Бригз
Шумо инсони мунҳасир ба фарде ҳастед. Дар вуҷуди шумо истеъдодҳо ва тавоноиҳое вуҷуд дорад, ки шуморо аз ҳар инсони дигаре, ки то кунун ба дунё омадааст, фарқ медиҳад. Қурбоққаҳое ҳаст, ки фақат шумо метавонед бихӯред ё хурданашонро ёд бигиред то ба яке аз муҳимтарин инсонҳои насли худ табдил шавед.
Корҳои махсусе ҳаст, ки метавонед анҷом диҳед.
Зиндагӣ онқадар арзиш дорад, ки ба хотири он аз ҳама ҳастии худ моя бигузорем… то қасри бошукӯҳе аз меҳрубонӣ, муҳаббат, ишқ ва дӯстӣ бино кунем.
Ва зиндагӣ онқадар беарзиш аст, ки набояд ба хотири он дилеро биёзорем ва барои расидан ба қуллаҳои фонии дунё, даст ба ҳар коре бизанем.
Умр мегузарад ва ман бештар мефаҳмам, ки ҳеҷ чиз дар дунё арзиши гиря карданро надорад!
Мо одамҳо мудом чизҳоеро, ки исмашонро мусибат ва бадбахтӣ мегузорем дар сарзамини афкорамон мечархонем ва ҳамин боис мешавад дар садсолагӣ ҳасрати лаззат набурдан аз зиндагиро бихӯрем!
Шояд калимаҳои “раҳо кардан” ва “фирор кардан” барои чунин лаҳзаҳо ба вуҷуд омадаанд...
Пас мебояд аз ғуссаҳоят фирор кунӣ. Дар нокуҷоободи дарунат раҳояш кун;
Ва ба думболи ҳар чиз, ки шодат мекунад равона шав...
Зиндагӣ агар чизҳои зиёде барои гиря кардан дорад, чизҳое ҳам барои лабханд задан дорад.
Фақат кофӣ аст аз таҳти дилат бихоҳӣ, ки зиндагиро зиндагӣ кунӣ...
Ҳеҷ кас туро ба занҷир намебандад, ҷуз ноогоҳии худат.
Пас огоҳ бош ва зеҳнатро аз барадгии афкори манфӣ раҳо кун чаро, ки ту шоистаи беҳтаринҳо ҳастӣ ва метавони ҳамеша раҳо ва дар оромиш бошӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё