ҲИКОЯИ КОҲАКӢ
Ҷамшед ҳамроҳи падару модар дар шаҳр мезист. Вай ҳар сол барои дидорбинӣ ба деҳа, назди бобою бибиаш мерафт. Вақтҳои охир барои он ҷо рафтан фурсати муносиб намеёфт. Падараш хоҳиши ӯро аз як вақт ба вақти дигар мемононд.
Ниҳоят, амакаш аз деҳа ба хонаи онҳо омаду Ҷамшед ду пояшро дар як мӯза монда гуфт:
— Пеши бибиҷонам, бобочонам меравам, албатта меравам!…
Падар розӣ шуд. Ҷамшед ҳамроҳи амакаш ба деҳа омад. Рӯз поён ёфта буд. Бачагон гову гӯсфандонро аз пода ҷудо намуда, пешандоз карда ба хонаҳо мебурданд.
— Биё, биё ҷони бибӣ, - ба ҳавлӣ ворид шудани Ҷамшедро дида, шод шуда гуфт кампири Зика.
Вай Ҷамшедро ба оғӯш кашида, сару рӯяшро сила намуд. Пас болои кати рӯйи ҳавлӣ наздаш дастархон кушод.
— Чой нӯш, бачем, ман говро ҷӯшида бароят ширбиринҷ мепазам, гуфт бибии Зика ва тараддуди говдӯшӣ кард.
Хона дар баландӣ ҷойгир буд. Ҷамшед аз болои кат гирду атрофро назора менамуд: талу теппаҳо сабзапӯш. Ғаллазори поёни деҳа аз вазидани насими форами бегоҳӣ чун баҳри кабуд алвонҷ мехӯрд. Дар ду канори деҳа майдонҳои ҷуворимакка, лаблабу ва дигар зироатҳо ба чашм мерасид. Бӯйи гиёҳҳои кӯҳӣ ба машом мезад. Бибии Зикка зери сояи маҷнунбед остин бар зада, назди модагови сиёҳ «шим ҷонвар‚ шим» — гуфта, пистони модаговро молиш медод.
Ҳайвон беқарорӣ мекард: чапу рост печутоб мехӯрд, дум афшонда, лагад мепартофт.
Бибии Зика ба оғил даромад ва аз он ҷо гӯсоламонанд чизеро бардошта, назди гов оварда монд.
— Ба коҳакӣ - суночак одат кардагӣ, — ба Ҷамшед фаҳмонд бибии Зика. - То онро налесад, ором намешавад, шир намедиҳад.
Ҷамшед наздиктар омад, ба гӯсолаи коҳакӣ нигарист. Вай, ки онро бори аввал медид, дар тааҷҷуб монд.
Модагов пӯсти аз оби намак шушадамидаи хӯсаро бо ҳаваси тамом мелесид. Бибии Зика ин дам баҳузур шир медӯшид. Дастонаш мисли моку ҳаракат мекарданд. Шир аз пистони модагов чун борони найсон ба сатил мерехт. Кафки он баланд шуда, ҳаловатбахш ба назар мерасид...
Ҷамшед донист, ки гӯсолаи аслиро гӯсолаи сунъӣ иваз менамудааст.
Яке онро коҳакӣ, дигаре суночак, хӯса меномидааст.
Раҷабалӣ АҲМАДОВ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё