Абдураҳмони Мушфиқӣ - Қасоид
АЗ ҚАСОИД
То қалам шуд сунбули тар дар саводи бўстон,
Лола бар нохун қалам бинҳод баҳри имтиҳон.
Гавҳари назме, ки шабнам баҳри гул иншо намуд,
Булбул азбар карду ҳамчун об мехонад равон.
Бед хандон асту дастомўзи мурғ(они) чаман,
Варна аз баҳри чӣ мағзи писта дорад дар даҳон?
Аз риёзатҳо, ки дар айёми бебаргӣ кашид,
Менамояд дар бадан рагҳо, ки дорад арғувон.
Беҳ шуд охир, к-аз шукуфа марҳами кофур баст,
Шоҳ ҳар захме, ки бар сар дошт аз барги хазон.
Шамсаҳои шаҳпари товус нилуфар намуд
Ҳамчу барги сабзи савсан аз пари тўт, нишон.
Нолаи ҷонсўзи ўро ин ҳама таъсир чист,
Оташе гар нест аз хокистари қумр, нишон?
Акси нахл аз баҳри ғаввос, нагун дар об рафт,
Дар кафи ў байза дур гашту садаф шуд ошён.
Аз сафар омад қаландарвор шохи гул ба боғ,
Суфраи ў ғунчаю дастони булбул тарҷумон.
Сел чун хайли араб пайдо шуд аз домони кўҳ,
Ноқаҳои сурхкўҳон шуд сўи вод, равон.
Лашкари пирони вай барҳам заду фирўз шуд
Бежани ховар зи теғу рустами абр аз камон.
Ғунча дорад сад гираҳ дар дил, зи шабнам во шавад
Чун кушояд лаб ба мадҳи подшоҳи инсу ҷон...
Лавҳи гулзор чу тазҳиб кунад абри Ҳамал,
Қалами мўй шавад сабзаву борон ҷадвал.
Аз тилои варақи барқ кунад абри баҳор
Сандуқи сабзаву истабрақи бўстон зи Зуҳал.
Гиряи абр ҳама сурати бодом гирифт,
Хандаи бед ҳама пистаи хандон ба масал.
Гул ниҳад сўзани зар таъбия бар коғази ол
Баҳри ҷайби санами наргиси зарринҳайкал.
Ҳашмати барф гузашту хашами сабза расид,
Лолаҳо чун рамаи барраи сурх аз сари тал...
Алами меҳр барафрошта аз бандари субҳ
Урдуи номия зад қима ба домони ҷибал.
Сипаҳи об равон гашт ҷанибаткаши мавҷ,
Хўд барбаста ҳубоб аст ба домони кўтал,
Дар бари об бипечад зи сабо акси ниҳол,
Ҳамчу мор аз тафи хуршед ба пои Сандал.
Мушкбед аз арақи гармии хуршед ба боғ,
Вожгун сохта мўинаи худро ба маҳал.
Ба чаманҳое бунафшаст шукуфа зи насим
Рез оварда сўи хона чу занбўри асал.
Май хўрдаву афрўхта рухсор шукуфа,
Гул-гул шуда аз хандаи бисёр шукуфа.
3-он пеш, ки дар боғ саропарда занад гул,
Зад хаймаи худ пеш ба гулзор шукуфа.
Азбаски ба ташрифи раёҳин гуҳар афшонд,
Шуд абр тиҳикисаю зардор шукуфа,
То сабза бар атрофи гулистон пари тўтист,
Аз синаи боз аст намудор шукуфа.
Дар боғ мабодо, ки зи шўх, фитад аз шох,
Худруставу тифл асту сабуксор шукуфа.
Кораш ҳама ханда задану шохчабандист,
Будаст басе соддаю пуркор шукуфа.
Савсан ба забон буд зи бемории ифлос,
Додаш ба қадаҳ шарбати динор шукуфа.
Бар рахти сафедаш хати гулбунии анқост,
К-омад зи сафар ҳамраҳи туҷҷор шукуфа.
Рў шуста суман, бар тарафи чўй ба хидмат
Бикшода зи сар гўшаи дастор шукуфа.
Мурғест, ки борон диҳадаш донаи кофур,
В-аз мева ниҳад байзаи зангор шукуфа.
Бар сўзани ў хўрда нагиред, ки дорад
Дар пои дил аз ишқи гуле хор шукуфа.
Имсол рух аз бода барафрўз, ки аз ту
Афрўхтатар буд басе пор шукуфа.
Симу зари худ сарфи тараб кун, ки дар ин боғ
Бисёр хазон ояду бисёр шукуфа.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё