Маънои лаҳзаҳо
Дар зиндагӣ "нисфи дуюм" вуҷуд надорад. Ҳар як инсон барои худ як ҷаҳон аст, ва робитаҳо на ҳамчун қисматҳои гумшудаи ҷон, балки ҳамчун лаҳзаҳои зебоиву ҳамдигарфаҳмӣ таҷассум мешаванд. Ҳар як вохӯрӣ — ин танҳо як пораи вақт аст, ки дар он мо бо касе хушбахт мебошем.
Шояд он танҳо се дақиқаи сӯҳбати самимӣ бошад. Шояд ду рӯзи саёҳат, ки хотираҳои ширин ба ёдгор мемонанд. Ё шояд панҷ соли пур аз муҳаббат, орзу ва муштаракоти зиндагӣ. Ва агар мо хушбахт бошем, шояд ин як умри комилро дар бар гирад.
Муҳим он нест, ки ин пораи вақт чӣ қадар давом мекунад, балки он ки дар ин лаҳзаҳо чӣ гуна худро эҳсос мекунем. Мо бо касе ҳастем, ки ҷаҳонро барои мо равшантар мекунад. Зиндагӣ аз чунин лаҳзаҳои равшан иборат аст, ки ба он маъно мебахшанд.
Ҳар вохӯрӣ як ҳикоятест, ва ҳар лаҳза як сафҳа. Ва муҳим он аст, ки мо ин ҳикояҳоро бо муҳаббат ва сипосгузорӣ зинда нигоҳ дорем. Зеро ҳаёт аз ин лаҳзаҳо сохта шудааст.
Санъати зиндагӣ дар лаҳзаи ҳозира
Одамон аксар вақт азоб мекашанд, на аз он чӣ дар ҳақиқат рух додааст, балки аз он чӣ ки тасаввур мекунанд. Қувваи хаёлоти инсон метавонад ҳам омили эҷодиёти бузург бошад, ҳам манбаи ранҷу озор. Вақте ки мо беист ҳодисаҳои нохуши гузаштаамонро ба ёд меорем, гӯё доимо дар сояи он зиндагӣ мекунем, на дар равшании лаҳзаи ҳозира.
Ҳаёт метавонад хеле сода бошад, агар мо ба худ иҷозат диҳем, ки танҳо дар имрӯз зиндагӣ кунем. Лаҳзаи ҳозира — ин ягона воқеияти мост. На гузашта, ки дигар вуҷуд надорад, ва на оянда, ки ҳанӯз наомадааст, қобилияти моро барои хушбахтӣ дар имрӯз набояд маҳдуд кунад.
Барои осуда зистан, мо бояд санъати раҳо шудан аз вазни гузашта ва тарсҳои беасоси ояндаро ёд гирем. Ҳаёт — ин ҷараёни доимии акнун аст, ва ҳар нафасе, ки мо онро бо фикру хаёлоти беҳуда сарф мекунем, аз дасти мо меравад.
Агар мо қувваи хаёлоти худро барои эҷоди умед ва шодӣ дар лаҳзаи ҳозира истифода кунем, на барои барқарор кардани дарду ғами гузашта, зиндагӣ метавонад барои мо равшантар ва гаронтар гардад. Мо метавонем зиндагӣ кунем, мисли кӯдакон, ки танҳо лаҳзаи ҳозираро эҳсос мекунанд ва ҳар шодӣ ё ранҷро дар вақти худ қабул мекунанд.
Зиндагӣ — ин на маҷмӯи хотираҳо, балки маҷмӯи лаҳзаҳои ҳозира аст. Пас, биёед имрӯзро ба таври содаву бо қалби кушод қабул кунем. Зеро танҳо имрӯз воқеист.
Арзишҳои нодири инсонӣ
Мо ба он одамоне эҳтиром дорем, ки беҳтарин ва гаронтарин чизҳоро мебахшанд — на чизҳои моддӣ, балки чизҳои бебаҳоро.
Онҳо вақташонро барои мо сарф мекунанд. Вақт — ин ганҷи бузург аст, ки кас наметавонад онро баргардонад ё бештар аз он дошта бошад. Вақте касе вақташро барои шумо бахшида меистад, ин маънои онро дорад, ки шумо дар зиндагии ӯ муҳимед.
Онҳо содиқанд. Садоқат — пайвастани дили инсон бо муҳаббат ва эътимод аст. Ин сарчашмаи робитаҳои ҳақиқӣ ва дустӣ мебошад, ки ҳатто дар лаҳзаҳои душвор устувор боқӣ мемонад.
Онҳо ростқавлӣ нишон медиҳанд. Ростқавлӣ — оинаест, ки шахсияти пок ва ҳақиқатро нишон медиҳад. Ин он чизест, ки робитаҳоро бо боварӣ ва самимият пур мекунад.
Ин арзишҳо — вақт, садоқат ва ростқавлӣ — на танҳо ба зиндагии мо маъно мебахшанд, балки онро бо муҳаббат ва гармо пур мекунанд. Онҳое, ки инро мебахшанд, барои мо воқеан гаронбаҳо ҳастанд.
Дар зиндагӣ, бузургтарин нафаскашии сабук ва лаззати ҳақиқӣ он аст, ки аз фикру назарҳои дигарон раҳо бошӣ. Он вақтест, ки худро комилан озод ҳис мекунӣ ва ба роҳе, ки дилат мехоҳад, бидуни тарс қадам мегузорӣ.
Назарҳои дигарон танҳо сояҳое мебошанд, ки метавонанд равшании роҳатонро кам кунанд, агар шумо ба онҳо эътибор диҳед. Вале вақте ки шумо ба худ иҷозат медиҳед, ки фикри дигаронро як гӯша гузоред, зиндагӣ мисли саҳни равшане мешавад, ки дар он танҳо шумо ва орзуҳои шумост.
Қудрати ҳақиқӣ дар он аст, ки бо дилу нияти худамон зиндагӣ кунем, на бо чашми дигарон. Он вақтест, ки мо метавонем ҳақиқатан хушбахт бошем ва роҳи худро бидуни ҳеҷ гуна боздоштанҳо идома диҳем.
Шумо ҳақ доред, ки дар дунёи худ ҳукмрон бошед. Пас, аз ин озодӣ лаззат баред. Ва бигзор ҳар қадами шумо бо эътимоди худатон бошад, на бо фикру андешаҳои дигарон!
Қуввати ҳамфикрӣ: Калиди субҳи пурмаҳсул
Субҳгоҳон вақти беҳтарин барои ба ҳам овардани нерӯҳо ва ба нақша гирифтани рӯзи пурмаҳсул аст. Ҳамфикрӣ бо ҳамкорон мисли як симфонияест, ки ҳар кас бо овози худ онро зебо мекунад. Ҳар фикру пешниҳод метавонад як порчаи муҳим дар сохтани муваффақият бошад.
Дар ёд дошта бош, ки ҳадафи умумӣ ҳамаро бо ҳам мепайвандад. Агар ҳар як узви гурӯҳ бо ҳамдигар ҳамфикр бошад, рӯз аз ҳамоҳангӣ ва эҷодкорӣ пур мешавад. Ҳар саволу ҷавоб, ҳар идеяи баёншуда ба мисли пайвандҳои занҷирест, ки мустаҳкамии як даста ва комёбиҳои умумиро таъмин мекунад.
Субҳро бо самимият ва иртибот оғоз кун. Ҳарф задан, гӯш кардан ва қадр кардани ақидаҳои якдигар танҳо корҳоро осон намекунад, балки муҳити корро низ гармтар ва дилпазиртар мегардонад. Дар як даста, ҳар ғоя метавонад ба як роҳнамо табдил ёбад, агар бо эҳтиром ва боварӣ муносибат карда шавад.
Имрӯзро бо рӯҳияи ҳамфикрӣ оғоз кун ва якҷоя қуллаҳои навро фатҳ намо!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё