Зеҳн

Худованд ба бисёриҳо молу мулк, шуҳрату эътибор, ёру дӯстон ва мақому манзалат додааст; барои баъзеҳо дарду фақр ва ғаму андӯҳ. Оё ин одамон бадие кардаанд ё Худованд аввалиҳоро бештар дӯст медорад?

ЗЕ
зеҳни сунъӣ9 декабри 2024 · 4 дақиқа хондан

Чунин суолро танҳо бо нияти омӯзиш пурсидан мумкин, вагарна гуноҳ аст. Аслан агар ин гуна масъалаҳо касеро нороҳат мекарда бошад, албатта, онро пурсиданаш беҳтар аст.

Худованди Азза ва Ҷалла ба ҳар касе хоҳад аспу мошин, хонаву дар, имконоти молӣ ва ба ҳар касе хоҳад фақру зарурат медиҳад. Ин ҷо дар чӣ гуна хонавода ба дунё омадани инсон ҳам бояд ба назари эътибор гирифта шавад. Барои мисол, баъзе одамон воқеан истеъдоди хуби дарёфти молу сарват доранд. Дар баробари ин бо вуҷуди ҳунари хуби тиҷорат мумкин аст, ки Худованд ба онҳо молу манол надиҳад. Тавре дар як ҳадиси заиф гуфта мешавад, Худованд молу дороиро ба ҳар касе медиҳад, ки Худаш мехоҳад, илмро бошад ба он нафаре медиҳад, ки талаб мекунад.

Ғайр аз ин молу мулкро ҳамеша нишони хайр гумон кардан дуруст нест. Бале, нафароне, ки молу сарват ва саодати дунёро мехоҳанд, Худои Мутаъол баъзан хостаҳояшонро медиҳад, баъзан намедиҳад. Аммо бояд ба назар гирифт, ки вақте Худованд ба мо чизе ато мекунад, он хайр аст, вақте моро аз чизе маҳрум мегузорад, он ҳам хайр аст. Зеро агар ту инсони хуб бошӣ ва он чиро, ки Худо додааст, дуруст ба кор барӣ, он чиз дар ҳаққи ту хайр аст. Вале агар ту аз роҳи рост баромада бошӣ, пас дороӣ ба манфиати ту нахоҳад буд. Агар ту дар роҳи рост набошӣ, фақру зарурат ҳам метавонад туро ба куфр барад. Чунки фақр туро водор месозад, ки ба аҳкоми Худо мухолифат кунӣ. Агар дар роҳи рост набошӣ ва ҳаёти рӯҳиву маънавӣ надошта бошӣ, сарвату дороият ҳам барои ту дарди сар мешавад.

То кунун бисёриҳо ин озмоишро гузашта натавонистаанд. Сарватмандони зиёде ҳастанд, ки дар ҳавзи сарвату дороӣ ғӯтидаанд, аммо ба хотири ношукрӣ дар дили онҳо ламъаи нуре дида намешавад. Аз ин рӯ Худованд барояшон молу сарват ато намуда, онҳоро озмоиш мекунад ва онҳо ба ин васила аз роҳи рост мебароянд. Худованд ин озмоишро ба он хотир анҷом медиҳад, ки онҳо пеш аз ҳама қалбу рӯҳи худро фаромӯш карда, истеъдодҳои фитрии худододро нобуд сохтаанд.

Ин ҷо ба хотир овардани чанд ҳадисе бамаврид аст: «Дар миёни шумо нафароне ҳастанд, ки вақте даст ба дуо бардошта, ба номи Худо қасам ёд мекунанд, Худованд (ҷалла ҷалолуҳу) қасами онҳоро ба иҷро мерасонад. Бароъ ибни Молик аз ҷумлаи онҳост». Ин дар ҳоле буд, ки Бароъ, бародари Анас ибни Молик(р) хӯрданиву пӯшидание надошт ва рӯзашро бо қути лоямут мегузаронид. Чунин нафароне мисли Бароъ, ки зоҳиран пажмурдаву парешон менамуданд, хеле зиёд буданд, аммо дар миёни атрофиён шахсияти соҳибэҳтиром дониста мешуданд, зеро ҳама бо онҳо барои накӯкориҳояшон қадршиносона рафтор мекард. Ва дар тавсифи ҳамин гуна инсонҳо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуда буданд, ки Худованд қасами онҳоро ба иҷро мерасонад.

Аз ин нуқтаи назар сарватмандӣ ва ё фақириро дар алоҳидагӣ ҳамчун фалокат ва ё баръакс, ҳамчун неъмат тасаввур кардан нодуруст аст. Дар баъзе мавридҳо фақр бузургтарин неъмати илоҳист. Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фақириро нишони нанг намедонист. Ӯ фармуда буд: «Магар ту намехоҳӣ, ки дунё аз онҳо бошад, охират аз мо?» Аз ин рӯ, дар ҳоле ки сарвати дунё ба хазинаи давлат оварда мешуд, Ҳазрати Умар(р) бо қути лоямут зиста, чизи барзиёде намехост.

Вале навъи фақирие ҳам ҳаст, ки (Худо нигаҳ дорад) инсонро ба куфр мебарад. Барои мисол, агар муъмине суоли болоро на бо нияти таҳқиқ, балки ба нишони эътироз ва шикоят аз неъматҳои Худо мепурсид, ба куфр медаромад.

Маълум мешавад, ки баъзан дороӣ хайр аст, баъзан фақр. Муҳим он аст, ки инсон ҳастии Худоро тасдиқ кунад:

Ҳарчӣ ояд аз Ту, хуш бошад ба ман,

Хоҳ хилъат бошад ин, хоҳӣ кафан.

Аз Ту гул ояд хуш аст, ҳам хор — хуш, Аз Ту ҳам лутф аст хуш, ҳам нор — хуш.

Тавре дар шарқи Осиё мегӯянд: «Хуш бош, ки ҳар чӣ ояд аз дӯст, хуш аст».

Мумкин аст инсон куҳнапӯш ё баръакс, ғарқи сарват бошад. Зимнан, то даме ки ӯ ҳамроҳи Худо аст, монанди Абдулқодири Гелонӣ, пояш бар китфи авлиё ва сар бар домони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хоҳад буд. Вале агар бо Худо ҳеҷ иртиботе надошта бошад, ҳам дунё, ҳам охират барои ин бечора пур аз зиён хоҳад буд. Бахусус, сарватманде, ки бо Худо нест, агарчи дар дунё зоҳиран ҳаёти хубе дорад, дар охират бисёр зиён мебинад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба