Се суол мекунам
Подшоҳе ба вазираш гуфт:
– Се суол мекунам, фардо ҷавоб додӣ, дар мансаб бимонӣ ва илло аз мақомат барканор мешавӣ!
Суоли аввал: Худованд чӣ мехӯрад?
Суоли дуввум: Худованд чӣ мепӯшад?
Суоли саввум: Худованд чӣ кор мекунад?
Вазир, ки ҷавоби суолҳоро намедонист, нороҳат шуд. Ғуломи донову зираке дошт, ба ӯ гуфт:
– Шоҳ се суол аз ман пурсидааст. Агар ҷавоб пайдо накунам, аз мансабам барканор мешавам. Ғулом гуфт:
– Ҷавоби суолҳоро медонам, вале ҳоло ду ҷавобро мегӯям: Ҷавоби аввалӣ: Худованд чӣ мехӯрад? Худованд ғами бандагонашро мехӯрад. Ҷавоби дуввум: Худованд чӣ мепӯшад? Худованд айби бандагонашро мепӯшад. Аммо посухи саввумро бо иҷозаи шумо фардо назди подшоҳ мегӯям.
Фардо вазир ва ғулом назди подшоҳ рафтанд. Вазир ба ду суол ҷавоб дод. Шоҳ гуфт:
– Дуруст аст! вале бигӯ, ки ҷавобҳоро худат пайдо кардӣ ва ё аз касе пурсидӣ? Вазир гуфт:
– Ин ғуломи ман инсони бофазлу доноест, ҷавобҳоро ӯ дод. Шоҳ гуфт:
– Пас либосҳои вазириатро бикаш ва ба ӯ бидеҳ! Ғулом низ либоси навкариашро ба вазир дод. Сипас вазир ба ғулом гуфт:
– Пас суоли саввум чӣ шуд? Ғулом гуфт:
– Оё ҳанӯз нафаҳмидӣ, ки Худованд чӣ кор мекунад? Худованд дар як лаҳза ғуломро вазир мекунаду вазирро ғулом!
Манқул аст, ки сесад асир аз душманон пеши Маън оварданд. Хост, ки ба сиёсати эшон ҳукм фармояд, кӯдаке аз миёни асирон бархосту гуфт: Эй Амир, ба Худо савганд бар ту, ки маро об диҳӣ ва ташна накушӣ. Маън фармуд, то ҷоми об ба дасти он кӯдак доданд. Гуфт: Эй амир, қавми ман ҳама ташнаанд, агар ман об хӯраму эшон ҳама ташна бошанд, аз мурувват дур бошад, ва агар об нахӯрам, ташна монам ва чун албатта ҳамаро сиёсат хоҳӣ кард, об деҳ! Бифармуд, то ҳамаро об доданд, кӯдак бархосту гуфт: Эй амир, мо ҳама меҳмони ту шудем ва икроми зайф воҷиб асту меҳмон куштан расми аҳли карам нест. Маън аз фасоҳати кӯдак мутааҷҷиб шуд ва ҳама асиронро озод кард.
Овардаанд, ки дар аҳди Нӯшервон золиме заиферо тапонча бизад. Ва ӯ пеши Нӯшервон омада тазаллум намуд. Нӯшервон фармуд, то золимро ба сиёсатгоҳ бурданду гардан бизаданд. Яке аз хавос гуфт: Аҷаб доштам аз адли малик, ки одамиро бад-ин қадр хиёнат беҷон сохт. Нӯшервон гуфт: Ғалат кардӣ, ман одамиро беҷон накардам, балки сагу гургро беҷон кардам ва мору гаждумро куштам.
Касе, к-ӯ пеша кард озори мардум,
Ба маънӣ бадтар аст аз мору гаждум.
Нӯшервон аз Бузурҷмеҳр пурсид, ки шуҷоат чист? Гуфт: Қуввати дил. Гуфт: Чаро қуввати даст намегӯӣ? Гуфт: Агар дил қавӣ набошад, қувват дар даст куҷо монад? Ва ман шунидаам, ки яке аз муборизони Араб пир шуда буд. Бо вуҷуди заъфи пирӣ қуввати дил дошт. Рӯзе мехост, ки савор шавад, ду кас бозуи ӯро бигирифтанд, то савор шуд. Беадабе оғози таъна задан кард, ки аз ин кас чӣ кор ояд, ду кас бояд ки ӯро савор кунад, шуҷоат чӣ хоҳад буд?! Чун пир ин сухан бишнид, гуфт: Оре, ду кас бояд ки ӯро савор кунанд, аммо ҳазор кас бояд ки ӯро фурӯд оранд. Нӯшервон сухани ҳакимро мусаллам дошт ва фармуд, ки: Рост гуфтӣ, қуввати даст тобеъи қуввати дил аст. Байт:
Одамиро қуввати даст аз дил аст,
Ҳар ки ӯро дил қавӣ, бозу қавӣ.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё