Вақте хирадандешӣ тира мешавад...
Яке аз масъалаҳои баҳсноке, ки ҳамеша касро ба андешидан водор месозад, ин аст, ки чаро миллате, ки таърихи 8-уним ҳазорсола дорад ва барои кишварҳои ҷаҳон дар дунёи бостон тамаддун ва инсониятро омўхтааст, дар дарозои таърих ва махсусан, дар ҳазорсолаи охир ба мушкилот дучор шудааст? Парчамбардорони тамаддуни даврони Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ дар ду-се ҳазор сол қабл, вақте ниме аз ҷаҳон дар торикиву ҷаҳл зиндагӣ ба сар мебурд, машғули сохтмони тамаддуну пешравӣ ва интиқоли аносири фарҳангӣ ба миллатҳои дигар буданд. Ҳатто онҳо ба миллатҳои ҳамҷавори хеш унсурҳои тамаддунро интиқол дода, ба онҳо одамияту башардўстӣ ва манъ кардани онҳо аз қурбонӣ кардани инсонҳоро дар баробари ҳаводиси табиӣ пешниҳод карда буданд.
Дар садсолаҳои қабл аз мелод мардумони мо ба ҳайси мардумони «озодагон», «некманиш» ва «некухирад» дар ҷаҳон шинохта шуда буданд. Асилтарин шиорашон, ки пояи асосии тамоми ахлоқи башар аст: «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» буд. Вақте вазъи бади пасовандагони ин фарҳанги бузургро дар Хуросон ба чашми сар мебинӣ, инсон ҳайратзада мешавад, ки чи гуна вақте миллате, қавме арзишҳо ва худии андешаашро аз даст медиҳад ба зиллату бадбахтиву накбат дучор мешавад.
Душмани асосии мо нодониву ноогоҳӣ аст. Ҳар бегонае дар тўли таърих ба ин сарзамин ҳамла кард, китобҳоро сўхт, донишмандро кушт ва ё ба он барчаспе зад. Хурофот ва таассуби диниро дониш эълон дошт ва мардумонро дар нодониву тарси ҳамешагӣ қарор дода, ба онон дастур муқаррар кард, ки дониш ҳамин аст.
Нодонию таассубе, ки имрўз дар Хуросон, ки ҷузъе аз сарзамини куҳани тамадуни мо аст, ҷой дорад, чунин ба назар мерасад, ки фоҷиаи гуруснагӣ, бадбахтӣ ва нобудии бераҳми инсонҳо дар ин марз бедод мекунад. Гўё марг дар ин сарзамин ҳокимият дорад ва ҳар лаҳза даҳҳову садҳоро ба коми хеш мепечад. Имрўз таассуби густурдае, ки дар хоки Хуросон ҳоким аст, мардумонро заиф, нотавон, бадбахт ва ба як навъ бемории фалаҷи умумӣ гирифтор кардааст. Мутаассифона, хурофотзадагию нодонӣ ва таассубу динигароӣ мардумонро дучори карахтии андеша ва беҳаракатӣ намудааст.
Аз ҳама нигаронкунанда ин аст, ки вақте қавмҳо ва миллатҳо шуҷоату ҷасоратро аз даст медиҳанд, онҳо ба мардумон ва миллатҳои тарсу табдил меёбанд. Дар ин сурат, онҳо наметавонанд дар баробари ҳар гуна ҳуҷумҳои аҷнабӣ истодагарӣ намоянд. Чунин ба назар мерасад, ки решаи ҳамаи ин бадбахтиҳо дар таассубу нодонӣ бовармандии густурда, таваккулӣ, хурофотзадагӣ, андешаҳои осмонӣ ва ба зиндагиву ҷаҳон ба тариқи воқеъият назар накардан аст.
Кишварҳои зиёди шарқӣ тавонистанд дар баробари пешрафтҳои чашмгири Аврупою Амрико худро созанд. Пеш аз ҳама, бо такя кардан ба илму маърифат ва расидан ба фанновариҳои навин, даст кашидан аз таассуботи динию ҷаҳлу хурофот ва шинохти арзишҳои баланди милливу умумиинсонӣ, кишварҳои худро то ба сатҳи зарурӣ боло бурдаанд ва имрўз ба ҳайси кишварҳои бузурги истеҳсолии ҷаҳон қарор доранд, ки дар ин радиф метавон кишварҳое аз қабили Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Ҳинд ва чанди дигарро ном бурд. Ин кишварҳо бо назардошти арзишҳои волои фарҳангии хеш, ки ифодагари бунёди ин миллатҳо буданд, ҳамчунин, кор гирифтан аз донишу илму хирад, дастовардҳои бузурги тамаддуни ғарбӣ тавонистаанд ба кишварҳои соҳибнуфузи ҷаҳон табдил ёбанд.
Агар ба аҳволи ҷопониҳо ва ҳиндуҳо дар чанд даҳсола пеши назар орем, онҳо аҳволи бадтареро дар нисбати кишварҳои аврпуоӣ доштанд, аммо бо такя кардан ва омўхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта кўшиш карданд, худро бисозанд ва он таҷрибаро ҳамагӣ пиру ҷавон ва зану мард бипазиранд. Дар интишор ва паҳну ривоҷ додани афкори созандаву пуё ҳамагӣ ба хотири манофеи миллиашон кушо шуданд ва ин огоҳии сартосарӣ аз илму донишу фановарӣ ононро ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил дод.
Бояд аз таҷрибаи кишварҳои аврупоии дар самти тарвиҷи донишу илму фанноварӣ омўхт ва таҷрибаи ононро барои пешрафт истифода намуд.
Гурўҳҳои вопасгаро ба инсонҳои пешрафта барчаспи ғарбзадаро унвон мекунанд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо аз сари таассуб наметавонад холисан ба ин натиҷа расад, ки ҷопониҳо бо донишу хирадварзӣ ҳам ҳувияти хешро нигоҳ доштанд ва ҳам кишвару миллати худро дар сатҳи ҷаҳонӣ пуё ва таъсиргузор ба намоиш дароварданд.
То замоне ки бедонишӣ, таассубзадагӣ, ҷаҳолат, бовармандии вопасгаро ҷой дорад, пешравӣ аз лиҳози фарҳангию сиёсӣ ва ҳам иқтисодию иҷтимоӣ номумкин аст. То замони ин ки нодонию таассуб бар доноӣ тарҷеҳ дода мешавад ва донишманду хирадгаро дар ҷомеа ҷойгоҳе надорад, ҷавонон ва неруи асосии ҷомеа аз пайи хирадандешиву донишу фановарӣ нестанд ва мисли пирон худро бо асотири асримиёнагӣ таскин медиҳад ва барояш достону қиссаҳои боварманд бартар аз донишу фазилатанд, одат ва русуме, ки ба даврони асри сангу замони барбарият ба ҳайси арзиш қабул мешаванд ва иддае аз гурўҳҳои иҷтимоӣ чунин навъи ақидаро ҳақиқати мутлақ ҳисобида аз он дифоъ мекунанд, пешрафт нахоҳад шуд.
Пас, ягона роҳи дуруст тарвиҷи илму дониш ва бозгашт ба он асолати тамаддуниест, ки мардумони мо онро 3 ҳазор сол қабл дарёфта буданд ва бо таъсири ҳуҷуми бадавиён ҳама он арзишҳоро аз даст дода, ба баръакси худ табдил шудаанд.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё