Зеҳн

Худованди Карим медонад, ки мо дар дунё чӣ гуна рафтор мекунем. Ҳамчунин медонад, ки фармудаҳои Ӯро ба ҷой меорем ё не. Дар ин ҳол барои чӣ Ӯ моро ба ин дунё фиристода, мавриди озмоиш қарор медиҳад?

ЗЕ
зеҳни сунъӣ6 декабри 2024 · 3 дақиқа хондан

Бале, Худованд медонад, ки мо чӣ гуна рафтор мекунем, бо вуҷуди ин моро ба дунё мефиристад, то ки қобилияту истеъдодамонро бо иҷрои мукаллафиятҳои муайяннамудаи Ӯ инкишоф диҳем. Зеро ҳангоми офариниш Ӯ моро ба мисли маъданҳо; кони мис, ангишт, оҳан, тилло ва нуқра офаридааст.

Ӯ инро ҳамчун Офаранда ва такмилдиҳандаи офаридаҳои Худ анҷом додааст. Худованди Карим осори зиёде дорад, ки таҷаллии исмҳои Ӯянд, ҳамчуноне ки санъаткоре маҳорати меъмориву зебоишиносӣ дорад ва мехоҳад инро тавассути осори ҳунарияш ба намоиш гузорад. Худованд ба хотири мавриди тамошои инсонҳо қарор додани осори Худ ин ҷамъомадгоҳро офарида, зебоиҳои ниҳонро зоҳир кардааст.

Рӯшантар шарҳ медиҳем. Бубинед, дар конҳои ангиштсанг, оҳан, тилло, нуқра ва дар канданиҳои дигар исмҳои Худованд чӣ гуна таҷаллӣ ёфтаанд ва пас аз дахолати инсон, дар ҷавоҳирот — дар тиллои соф, дар нуқраи соф ва дар оҳани коркардшуда чӣ тавр таҷаллӣ мекунанд. Дар раванди табдилёбии ангишт ба алмос, дар зинаю дараҷоти гуногун Худованд таҷаллии исмҳои Худашро ба мо нишон медиҳад ва ҳамин тавр барои шинохти Ӯ, барои маърифати Ӯ ба мо шароит фароҳам меорад. Ба дурустӣ ҳамаро Ӯ иҷро мекунад ва низ дар ҳама кор ҳазорон ҳосил медиҳад.

Дар натиҷа иҷрооти Ӯ инсонро поктинат, рӯҳашро покиза ва лоиқи ҷаннат мегардонад. Яъне ашёи хом ба тилло, алмос ва нуқра табдил меёбад. Дар ин маврид Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ҳадисе мефармоянд: «Инсонҳо ба маъданҳо монанданд. Оне, ки дар замони ҷоҳилият нек буд, дар замони исломият ҳам накӯ аст». Масалан, Умар, ки дар замони ҷоҳилият боиззату баобрӯ буд, пас аз пазируфтани ислом ҳам Умари бовиқор, ғаюру боҳашамат ва азиз боқӣ монд. Яке — Умари хеле дурушт, бодабдаба ва саркаш. Дигар — Умаре, ки болҳои мутавозеонаи худро ба замин, ба зери пойи инсонҳо фаровардааст, вале дар муқобили кофирону шаккокон қавию устувор аст!.. Вай дар замони ҷоҳилият ҳамчун маъдан чӣ гунае ки буд, дар замони исломият ҳамчунон боқӣ монд. Аз ин рӯ вақте мо инсонҳои ғаюр ва ташаббускорро мебинем, орзу мекунем, ки мусулмон шаванд. Зеро оне, ки дар даври ҷоҳилият азиз аст, дар даври ислом ҳам азиз хоҳад буд.

Ислом инсонро ҳамчун маъдан ба даст гирифта, коркард мекунад, такмил медиҳад ва ба тиллои соф мубаддал месозад. Саҳобагони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба чунин тиллои соф табдил ёфта буданд. Баъдан арзиш ва маҳаки мусулмонон ба поён майл кардан гирифт. Маҳаки 22- юм, баъдан 21-ум, 20, 18, 17, 15 ... Дар асри ХХ мусулмонони маҳаки 1-ум ҳам пайдо шуданд. Бале, ин аср даврае буд, ки риёкорӣ ва фисқу фуҷур афзун гардида буд!..

Ҳамин тавр мо дар дунё мавриди озмоиш қарор мегирем, то ки пок шавем... Худованд медонад, ки мо бо кадом роҳ пок мешавем, вале ба ҳар сурат моро имтиҳон мекунад. Ӯ ин корро ба он хотир анҷом намедиҳад, ки (ҳошо) чизи надонистаашро муайян кунад. Яъне Ӯ моро бо худи мо имтиҳон мекунад. Дурусттараш, мо бо худамон мавриди озмоиш қарор мегирем.

Воқеан агар мо дар роҳи пок шудан ҷаҳду талош варзем, саъй кунем, ки оҳан шавем (агар унсури оҳан бошем) ё тилло шавем (агар унсури тилло бошем), он гоҳ мо дар зуҳурёбии асли донише, ки Худованд аз азал молик буд, васила мешавем. Ҳамин тавр мо пас аз озмоиши худ дар ҳузури Ӯ ба сурати асл ҳозир хоҳем шуд. Тавре дар Қуръони Шариф омадааст: «Дар рӯзе, ки забонҳояшон ва дастҳояшону пойҳояшон (чашмону гӯшҳояшон, забону лабҳояшон) бар онҳо бар он чи мекарданд, гувоҳӣ диҳад» (Сураи Нур, 24/24). Инсон бояд инро бидонад ва бифаҳмад, ки ӯ бо худаш дар имтиҳон аст. Худованд туро (ҳошо) ба хотири муайян кардани рафторат имтиҳон намекунад, балки ба ту худатро нишон медиҳад ва туро бо худат меозмояд.

Ҳақиқати ҳама мавҷудотро танҳо Ӯ медонад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба