Зеҳн

Чаро Худованд оламро офарид ва бо чӣ сабаб онро пештар наофарид?

ЗЕ
Зеҳн5 декабри 2024 · 8 дақиқа хондан

Ин суол ду паҳлӯ дорад. Якум: Худованд барои чӣ коинотро офарид? Дувум: Бо чӣ сабаб онро пештар наофарид?

Пеш аз ҳама мехоҳам зикр кунам, ки мо инсонҳо ҳама чизро бо паймонаи худ андоза карда, аз ҳамин нуқтаи назар андеша меронем. Масалан, ҳама корро он вақте ба анҷом мерасонем, ки зарурате эҳсос мекунем. Аксаран кореро ҳамон вақте иҷро мекунем, ки ягон зарурати қатъӣ пеш омада бошад. Аз рӯйи чунин тарзи андешаронӣ Худовандро бо худ қиёс карда, гумон мекунем, ки Ӯ ҳам чунин рафтор мекунад. Ҳол он ки дар вақти ба миён омадани чунин суол, мо бояд дарк кунем, ки Офаридгор аз ин гуна айбу нуқсонҳо муназзаҳ аст.

Дар ҷавоб ба суоли «Худо коинотро барои чӣ офарид?» метавон пурсид: «Чӣ касе аз офарида шудани он норозӣ аст?» Метавонед одамеро ном баред, ки кишт накардааст, чорво напарваридааст, ҳосил нағундоштааст, барои зиндагии хушбахтона бо истифодаи тамоми имконот талош наварзидааст? Бале, ҳастанд нафароне, ки дар баробари баъзе ҳодисаҳои нохуш беқаророна аз омадани худ ба ин дунё изҳори пушаймонӣ ва ҳатто талоши худкушӣ мекунанд, вале чунин ҳолатҳо ба нудрат воқеъ шуда, ба ин хотир аз аҳамият дуранд. Дар асл ҳама аз мазҳарияти худ дар зиндагӣ, аз инсон будан натанҳо пушаймон нестанд, балки барои ин шукр ба ҷой меоранд. Пурсидан мехоҳам, ки кӣ аз даврони кӯдакӣ, аз парвариши оғӯши модар шикоят дорад? Кӣ аз айёми наврасиву ҷавонӣ, ки аз нашъаи зиндагӣ то мағзи устухон сармаст буд, норозӣ аст? Кӣ аз айни камолот, аз хушии оилаву фарзандон гиламанд аст? Оё аз инҳо шикоят кардан мумкин аст, бахусус барои онҳое, ки ба зиндагии пас аз марг бовар доранд?.. Ҳамчунин агар онҳо барои таъминоти саодати абадӣ тухми иқбол кошта бошанд, аз кашфи калиди асрори саодатмандӣ на шикоят, балки хурсандӣ хоҳанд кард.

Дар воқеъ мо ҳамаи инро аз рӯйи виҷдон эҳсос мекунем ва ба хотири дар дунё ҳамчун инсон офарида шудан Офаридгори бузургро ҳамду сипос мегӯем.

Чунин ба назар мерасад, ки ин олам бо осори рангоранги хурду бузург ва ҷондору беҷони санъат зеб дода шудааст ва манзараҳои бениҳоят зебояш моҳиятан мисли маҳшар таваҷҷуҳи касро ҷалб менамояд.

Ин манзараҳои зебо ва нақшу нигори боҳашамат ба он ишорат мекунанд, ки силсилаи ҳодисот мантиқан аз сӯйи як Ҳокими маҳбуб ва пуриқтидор идора мешаванд. Мо мавҷудотро дар миёни анбӯҳи ҳодисот дида, мисоли ошиқоне, ки дар пайи висоли маъшуқ меафтанд, ба сӯйи шӯълаҳои дурахшон мешитобем, вале худро дар иҳотаи мафҳумоти бароямон норӯшан ноилоҷу хаста ва маҳзун дармеёбем.

Дунболаи манфазҳои кушодаи қалбро гирифта, аз худ гузар мекунем. Ин саёҳат, ки аз бартару муқаддам шудан иборат аст, аз муносиботи ашёву ҳодисот ва инсону коинот сар карда, то ба робитаи инсон бо доираи исму сифатҳои Худованд дар фазои хеле васеъ тӯл мекашад.

Акнун сари мавзӯи мақсади офариниш баргашта, бо лаҳни оммафаҳм инҳоро қайд кардан мехоҳам:

Барои мисол, санъаткори моҳиреро тасаввур кунед, ки маҳорати зиёде дорад, аз ҷумла ҳусни хаташ хеле зебо аст. Ӯ бо маҳорати волои худ аз олами воқеӣ ба олами тахайюлот мебарояд ва нерӯи эҷодияшро нишон медиҳад. Ҳамзамон тасаввур кунед, ки ӯ дар ҳайкалтарошӣ ҳам ҳунари афзун дорад. Бо чанд зарбаи болғаву искана ба тани мармарҳои сахт гӯё ҷон мебахшад, лабони ҳайкалро бо табассум, чашмонашро бо нозу карашма нақш дода, маҳорати худро мавриди тамошо қарор медиҳад. Ҳама дар ҳаққи ӯ ҳамчун хаттоти моҳир ва ҳайкалтароши беҳамто мадҳу ситоиш мегӯянд. Ва инак, мо бахши сеюми истеъдоди ӯро муаррифӣ мекунем:

Фаразан, он доҳии санъат дуредгари бомаҳорат низ ҳаст, ки бо истеъдоди кандакории худ мисли ин ки ба дарахти чормағз рӯҳ медамад, чӯби хадангро гӯё умри абад бахшида, кундаи сиёҳро зинда мекунад... Дилдодагони санъат ӯро барои истеъдоди нотакрораш таҳсину офарин мехонанд. Ва ҳоло бубинем қобилияти дигари ӯро:

Масалан, ҳамин устои кор дар айни замон рассоми беҳтарин ҳам ҳаст. Ҳар куҷое мӯқалами рангмолии ӯ мерасад, зеботарин расмҳо, мукаммалтарин асарҳои бадеӣ эҷод мешаванд ва ӯ бо чанд ҳаракати даст расмҳое мекашад, ки тааҷҷуби касро меоварад. Мо метавонем боз чандин бахши дигари истеъдоди ин доҳии санъатро номбар кунем, ки ҳар яки он паҳлӯи алоҳидаи шахсияти ӯро нишон дода, барои беҳтар шинохтани он шахсият ба мо кӯмак кунад.

Акнун чунин як санъаткор то даме ки худашро тавассути истеъдодаш муаррифӣ накунад, мо наметавонем ӯро шиносем. Ҳамчунин агар ӯ баъзе ҳунарҳояшро пинҳон дорад, ӯро пурра ва ба таври комил шинохтан номумкин аст. Аз ин рӯ ҳар нафари соҳибистеъдод мехоҳад, ки қобилияти дар худ ниҳонашро нишон диҳад ва нақшаҳои дар сар парвардаашро дар амал татбиқ кунад.

Раванди сабзиши дона, шавқу талоши нутфа барои зиндагӣ, шӯру ҳаяҷони беинтиҳои қатраи об барои борон шудан магар аз кӯшиши намоиш додани ҳунари худ иборат нест?

Ҳамаи ин зуҳурот барои мо ва барои дигар мавҷудот як ноқисӣ, як шавқ ё ҳавасест, ки наметавонем онро пешгирӣ кунем. Дар асл сояи ҳақиқатро аз ин беш тасаввур карданамон номумкин аст. Аммо вақте дар хусуси Санъаткори ҳақиқӣ сухан мегӯем, Ӯ аз чунин нуқсонҳо муназзаҳ аст. Набояд фаромӯш кард, ки соя на ба намуди зоҳири асл монанд буда метавонад, на ба шакли он.

Дар воқеъ амвоҷи гуногун ва рангоранге, ки тамоми кавну маконро фаро гирифтааст, ба мо ҳазорҳо исмро муаррифӣ мекунад ва ҳар як исм монанди нур осори санъатро ҷило бахшида, дар шинохти сифатҳои Офаридгор моро роҳбарӣ мекунад ва қалбҳои моро бо паёми илоҳӣ огаҳ месозад.

Санъаткори бузург бо анвои зебоиҳо зебоии худашро муаррифӣ кардан мехоҳад, бо оҳанги шоирона — қувваю ирода, бо амалӣ сохтани ормонҳои дили мо — шафқату марҳамат ва амсоли ин бо ҳазорҳо унвону сифатҳо ба мо ҳастии худашро дар беҳтарин шакл хотиррасон мекунад.

Бо таъбири дигар, Ӯ иродаву қудрати худро тавассути офариниши асарҳои зеботарин нишон дода, мехоҳад, ки офаридаҳои беназираш шавқу ҳавас ва идроку қаноатмандии бандагонашро ба шӯр биёрад.

Ба ин тартиб чуноне ки санъаткори моҳир маҳорату истеъдоди худро тавассути эҷод намудани асарҳои арзишманди ҳунарӣ нишон медиҳад, Соҳиби олишаъни коинот ҳам бо офариниши коинот санъати беназирашро мавриди тамошо қарор додааст.

Акнун сари ин суол бармегардем, ки «Чаро Худо оламро пештар наофарид?» Аввал, бубинем, ки «пештар» гуфта, мо чиро дар назар дорем. Агар мо гӯем, ки мушаххасан ҳамин қадар сол пеш коинот офарида шуд, суоле пайдо мешавад, ки чаро аз он пештар не? Агар аз он пештарро гӯем, боз пурсида мешавад, ки чаро пештар не. Масалан, чаро Худованд оламро триллион сол пеш офарид, сад триллион сол пеш не? Маълум нест, ки ба чунин суол ҷавоби муносибе пайдо кардан мумкин аст ё не.

Шояд «Чаро Худованд оламро пештар наофарид?» гуфта, азалро, яъне берун аз қайди замонро дар назар дошта бошем, бемазмунӣ ҳосил мешавад, зеро ин сифат танҳо хоси Зоти Таборак ва Таъолост. Яъне чизи дигаре наметавонад азалӣ бошад.

Албатта, махлуқот дар доираи илми Худо намунаи илмие доранд, ки онро бо истилоҳи тасаввуфӣ «аъёни собита» ва «зилол-ун-анвар» ифода кардан мумкин аст. Инро мешавад бо мафҳумҳои маҳдуди нақша ва лоиҳа қиёс кард, аммо онҳоро азалӣ донистан хато аст ва ин мавзӯъро зиёд баррасӣ кардан ҳам ҳадди ақал беэҳтиромӣ нисбат ба Зоти Ҳақ(қ) маҳсуб мешавад.

Мо аз рӯйи меъёрҳои маҳдуди худ дар хусуси офариниши мавҷудоти рӯйи олам андешаронӣ кунем ҳам, дар мавзӯи ғайб чизе гуфтан, нармтар гӯям, ҳадди худро надонистан аст.

Чӣ гуна метавонад инсон Соҳиби арши аълоро, ки тамоми кавну макон пеши Аршу Курсияш мисли реге дар регзор ҳастанд, идрок намояд? Магар асро- ри доираи Улуҳиятро донистан мумкин аст?

Воқеан, масъалаҳои зиёде ҳастанд, ки хоси Ҳақ(қ) Таъоло ва оинадори Зоти Мубаррои Ӯянд. Аввалан, қабл аз офариниши махлуқот ҳам Ӯ худро медонист, ба ҳеҷ гуна ашё ниёз надошт ва аз сифоти худ огаҳ буд. Дар офариниши коинот Ӯ шаъну сифоти худро мебинад ва медонад. Дар олами ашё, олами заррачаҳо ва дар олами дигар моддаҳо Ӯ азамати худро мебинад, ҷилваи исму сифатҳои худро дар офаридаҳояш мебинад ва ба махлуқоти бошуур ҳам нишон медиҳад.

Ҳарчанд Ӯ худро бо илми азалияш ба таври дигар мешиносад, дар олами махлуқот (аз рӯйи фаҳмиши мо) ба таври дигар шинохта мешавад ва дар моддаи асир ба таври дигар шинохта шудааст, аммо Ӯ тағйир намеёбад. Зеро тавре Иброҳим Ҳаққӣ мегӯяд:

«Нанӯшиду наошомид Зоти Ҳақ(қ), Фузун аз ҷумла ҳастӣ Ӯст. Фаросӯтар зи қайди вақт, Мубарро аз тағайюру табаддул, Зи нуқсонҳо Муназзаҳ Ӯст».

Имрӯз мо олами офаридаи Ӯро назора мекунем. Вале намедонем ва ҳатто тасаввур карда наметаво- нем, ки дирӯз мо чӣ будем ва фардо ба чӣ табдил хоҳем шуд. «Ҳастии илмӣ» чӣ буд? «Аъёни собита» чӣ буд, олами арвоҳ дар худ чиро ифода мекунад, кадом нуқтаи олам ҳолати печидаи тирагиро мутобиқ ме- созад? Мо ҳамаи инро намедонем ва дар «уқбо» ҳам ибтидову интиҳоро назора карда, назди ин муаммои бузург сар фурӯ меорем ва мегӯем: «Туро чунонки шоистаи мақоми Туст, нашинохтем, эй Маъруф!»

Агар суханро дароз карда бошам, ба он хотир аст, ки дар ин гуна масъалаҳо эҳтиёткор бояд буд. Ба ҳар сурат агар ҷое иштибоҳ карда бошам, аз Худо омурзиш металабам.

Танҳо Ӯ аз ҳамаи ҳақиқатҳо воқиф аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба