ОМИЛҲОИ ИҶТИМОӢ-ФАРҲАНГИИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНӢ
Истиқлолият ба миллати тоҷик дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон – охири асри XX насиб гардид, ки равандҳо ва тамоюлоти он ба мазмуни таҳаввули ҳастии иҷтимоӣ-фарҳангии Тоҷикистон, пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии он таъсири амиқ гузошта, дар самти ҳифзи асолат, ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои ахлоқиву маънавии мардуми ин сарзамин хатари ҷиддӣ эҷод намуд.
Раванди возеҳи ҷаҳонишавӣ, тамоюлоти ба он пайванди вазъи сиёсӣ, ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон роҳбарияти тозаинтихоби кишваррро водор намуд, ки бо дарки масъулияти баланд барои пайванди ҷомеаи нав ба ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳари ҳастии онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад, талош варзад.
Иҷрои ин рисолати ниҳоят муҳими таърихӣ дар шароити буҳрони шадиди сиёсиву идеологӣ, ҷанги таҳмилии дохилӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мавҷуд набудани сохторҳо ва механизмҳои фаъоли идоракунии давлатӣ, дахолати хориҷӣ, раванди рушдёбандаи минтақагароӣ, мушкилоти хеле зиёди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таъмини сулҳу субот, ризоят ва ваҳдати миллӣ оғоз гардид.
Новобаста аз мушкилоти мавҷуда ба роҳбарияти давлат муяссар гардид, ки ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди кишварро муайян намуда, тавассути консепсияҳо ва барномаҳои мақсадноки давлатӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо пайгирона талош варзад.
Дар татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешак бузург аст. Назарияи идоракунӣ кайҳост, ки вобастагии рушди ташкилот ва ҷомеаро аз сатҳи ақлу заковат, донишу малака, салоҳиятнокӣ ва дигар сифатҳои роҳбар собит намудааст. Аммо арзёбии воқеии нақш ва саҳми шахсиятҳои бузург, пешвоён, сарварон, роҳбарони давлат ба омилҳои гуногун вобаста буда, меъёрҳои чунин арзёбӣ бо мурури замон пайваста такмил меёбанд.
Барои марҳилаи имрўзаи рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ки ҳанўз муҳлати тўлонии таърихиро тай накардааст, дигаргуниҳои ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодӣ хос буда, онҳо ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа таъсир расонидаанд. Ин омил ба рушди фарҳанги идоракунии корхонаву муассисаҳо, ширкату ташкилотҳои ватанӣ, ки бевосита зери таъсири шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ- фарҳангӣ ташаккул меёбад, низ таъсир мерасонад.
Таҳияи стратегияҳои нави рушди ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷик дар заминаи омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, қабл аз ҳама, омўзишу баррасии стратегияҳои нави рушди инсон аст. Онҳо бояд баҳри ноил гардидан ба сатҳу сифати баланди зиндагӣ ва фаъолияти инсон, ба ташаккули хислатҳо ва қобилиятҳое, ки дар маҷмўъ иқтидори захираҳои инсониро ташкил медиҳанд, равона гарданд. Бо дарназардошти аҳаммияти масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки – «ҷиҳати таҳкими заминаҳои рушди босуботу дарозмуддат мо дар стратегияву барномаҳои давлатӣ барои давраи то соли 2030 баланд бардоштани самаранокии истифодаи дороиҳои миллӣ, махсусан нерўи инсонӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин тақвияти институтсионалии рушди кишварро самтҳои афзалиятнок мешуморем».
Ба сифати дороии миллӣ арзёбӣ гардидани нерўи инсонӣ ва баланд бардоштани истифодаи самараноки онро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат таъкид намудани Президенти мамлакат бори дигар собит менамояд, ки корманди муосир бояд дорои донишу малакаҳои нави касбӣ, андешаҳои созанда, фикрронии стратегӣ, қобилияти зуд қабул намудани қарор, сифатҳои ташаббускориву эҷодгарӣ, навҷўйиву масъулиятшиносӣ, фазилатҳои нек ва маданияти баланди меҳнат кардан ва муносибат намудан бо ҳамкорон бошад. Аммо раванди ташаккули чунин сифатҳо дар шароити имрўзаи ҷумҳурӣ, ки дар омезишу бархўрди ҷаҳонфаҳмии хоси даврони шўравӣ ва тарзи нави идроки воқеияти замони соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои назарияи муосири менеҷмент ва таҷрибаи миллии идоракунӣ ҷараён дорад, ногузир ба монеаҳои муайяни объективӣ ва субъективӣ мувоҷеҳ мегардад.
Ба ҳама гуна ташкилот, ба истиснои ширкатҳои бузург, ки дар хориҷа филиалу намояндагиҳо доранд, лоақал дар як муҳити фарҳангӣ фаъолият намудан хос аст. Омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ин маҷмўи қонуниятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангие мебошанд, ки мақсад, шаклу усулҳои фаъолияти идоракуниро дар ин ё он ташкилот муайян менамоянд. Аз ин рў, омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки дар шумули онҳо арзишҳои ҳаётӣ ва анъанаҳо афзалият доранд, ба ташкилот, ба сабки ташаккулёбандаи фарҳанги идоракунии он таъсири амиқ мерасонанд.
Амсилаҳои муосири идоракунии захираҳои инсонии ташкилот дар Тоҷикистон бе асоси воқеӣ пайдо нашудаанд. Қонуниятҳои муайяни иҷтимоие мавҷуданд, ки ҳама гуна низоми идоракуниро аз лаҳзаи пайдоиш танзим намуда, новобаста ба таҳаввулоти гуногуни сиёсӣ, макроиқтисодӣ ва ғайра ҳамчун воситаи писандидаву афзалиятнок (ва баъзан ҳамчун ягона воситаи имконпазир) рушди ояндаи онро муайян менамоянд. Новобаста ба ивазшавии низоми иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ҳайати иҷтимоии раванди идоракунӣ тўли садсолаҳо метавонад бетағйир боқӣ монад. Дар шароити таҳаввулоти идоракунӣ захираҳои инсонии ташкилот дорои қонуниятҳои хос буда, аз бисёр ҷиҳат бо равандҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ алоқаманд мебошад.
Барои дарки низоми мураккаби идоракунии захираҳои инсонӣ дар ташкилотҳои муосир мо бояд сарчашмаҳои пайдоиши онро дар Тоҷикистон таҳлил намоем. Мусаллам аст, ки низоми мавҷудаи идоракунии захираҳои инсонии ташкилот ҳадди ақал аз мероси замони шўравӣ, амсилаҳои рафтори дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ (дар ҷараёни бозсозӣ-перестройка) ташаккулёфта, инчунин амсилаҳои идоракунии аз бизнеси байналмилалӣ интихоб ва ба шароити Тоҷикистон мутобиқ гардонидашуда иборат мебошад.
Тавре ки муҳаққиқони тоҷик қайд менамоянд, - «модели «усулҳои анъанавии (шўравии) идоракунӣ» ҳамчунон дар баъзе ташкилотҳои Тоҷикистон амал карда истода, интиқоли ваколатҳо ба таври сода ва маҳдуд анҷом мепазирад».
Татбиқи технологияҳои идоракунии захираҳои инсонӣ, ки дар Ғарб пазируфта шуда, дар соҳаи бизнеси ватанӣ мавриди истифода қарор мегиранд, дар амал пайваста ба мушкилоти иҷтимоӣ-фарҳангии мутобиқшавӣ дучор мегарданд.
Вале новобаста аз яқин будани аҳаммияти назариявӣ ва амалии проблема он ҳанўз мавриди таҳқиқи алоҳида қарор нагирифтааст. Дар адабиёти илмии ватанӣ ва хориҷӣ мавзўи таъсири омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба идоракунии захираҳои инсонӣ ҳамчун объекти таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, аксаран ҳамчун проблемаи байнифаннӣ ташреҳ ёфта, дар омезиши зичи равобити сотсиологияи идоракунӣ, сотсиологияи иқтисодӣ, назарияи ташкилот, назарияти идоракунии ҳайат ва ғайра мавриди омўзишу баррасӣ қарор мегирад.
Мавзўи таъсири арзишҳо ва омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба идоракунии ҳайат, идоракунии захираҳои инсонӣ бештар дар осори олимон В.А. Ядов, А.Г. Здравомыслов, Д.Н. Узназде, Ш.А. Надирашвили, А.Г. Асмолов, А,Л. Темницкий, Т.Е. Холл, Г. Хофштеде, Ф. Тромпернаарс, Н. Адлер, Ш. Шварц, С. Шнайдер, Ж.Л. Барсу ва дигарон баррасӣ гардидааст.
Дар ин асарҳои ин пажўҳишгарон дастгоҳи мафҳумҳо (дастгоҳи истилоҳот), усул (принсипҳо) ва механизмҳои алоҳидаи идоракунии ташкилотҳои гуногун мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Вале дар соҳаи илмҳои гуманитарии ватанӣ, ки заминаҳои иҷтимоӣ- фарҳангии фаъолияти хоҷагидориро дар масири рушди таърихии ҷомеа таҳқиқ мекунанд, махсусан дар самти омўзиши арзишҳои бунёдии фарҳанги иқтисодӣ ва баррасии робитаи мутақобилаи фарҳанги иқтисодӣ бо дигар ҷузъиёти рушди мутамаддини Тоҷикистон ҳанўз «холигие» мушоҳида мегардад. Тавассути таҳқиқоти густурда мукаммал гардонидани ин «фазои холӣ» бо иттилооти тозаи илмӣ яке аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқони тоҷик ба шумор меравад.
Фарҳанги муосири идоракунии ватанӣ, ки дар шароити иқтисоди планӣ ташаккул ва рушд ёфта буд, имрўз дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ ба талаботи азнавсозии инноватсионии иқтисодиёти мамлакат ҷавобгў нест.
Сабабҳои хоси буҳрони фарҳанги муосири идоракунии корхонаву ташкилотҳои ватанӣ аз инҳо иборат аст:
- беэътиноӣ нисбат ба донишу таҷрибаандўзӣ, дастовардҳои илмии назарияи муосири идоракунӣ (чунин муносибат бештар дар байни соҳибкорони хурду миёна ба назар мерасад, ки сабаби асосии он мавҷуд набудани низоми густурдаи таҳсилоти касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос барои ҳамин категорияи роҳбарон мебошад);
- бартарият доштани самти мамнўъиятҳо дар меъёру қоидаҳои рафтору гуфтор. Мавҷудияти тамоюли мамнўъиятҳо шаҳодати сатҳи пасти рушди фарҳанги идоракунӣ мебошад. Доираи чунин мамнўъиятҳо махсусан дар самти муайяннамоии ваколатҳо миёни роҳбарон ва тобеон васеътар аст. Дар тафаккури роҳбари имрўза, ки ҳанўз комилан ба фазои демократии идоракунӣ ворид нагардидааст, вай (роҳбар) ҳамоно дорои ваколатҳои номаҳдуд, корманд бошад, танҳо сохиби ваколатҳоест, ки аз иродаи роҳбар, аз майлу хоҳиши вай бармеоянд. Дар ин маврид, мавҷудияти нишондоду талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арзише надоранд. Чунин вазъият, махсусан, дар ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо шумораи мененҷерони касбӣ камтар аст, бештар ба назар мерасад.
- дар тасвиру муайянсозии уҳдадориҳои функсионалии кормандон ва муносибатҳои расмии меҳнатӣ нақш ва таъсири қолабҳо бузург аст.
Таъсири манфии онҳо, махсусан дар марҳилаҳои гузариш баръало ба назар мерасад. Вале барои низоми муосири идоракунӣ моҳияти тамоми қолабҳо ягона нест. Бо дарназардошти он ки усулҳои нави идоракунӣ на ҳамеша барои ҳалли самараноки вазифаҳои идоракунӣ мусоидат менамоянд, дар радифи усулҳои нави идоракунӣ мавриди истифода қарор додани қолабҳое, ки дар мундариҷаи онҳо унсурҳои ратсионалӣ (оқилонаи идоракунӣ) бартарият доранд, мувофиқи мақсад аст.
- беэътимодӣ (нобоварӣ, шубҳа) нисбат ба афроди роҳбарикунанда (директор, раис ва амсоли ин). Ду намуди боварӣ маъмул аст. Якум, корманд ба роҳбар эътимод дорад, зеро ў ба майлу мароми роҳбар бовар дорад, вай боварӣ дорад, ки ҳадафҳои умумии ташкилот ба мақсадҳои корманди алоҳида ҳамнавоӣ мекунанд. Дуюм, ин боварӣ на танҳо ба майлу мароми инсон, балки боварӣ ба қобилияти ў ҷиҳати иҷрои ин майлу хоҳиш ва маромҳо. Ҳарду намуди боварӣ муҳиманд;
- нармдилӣ, баъзан аз андоза зиёд ҳалимӣ зоҳир намудани теъдоди муайяни роҳбарон дар раванди идоракунӣ;
- мусоҳилакорӣ (саҳлангорӣ, бепарвоӣ) нисбат ба корманд, бахусус нисбат ба вазъи иҷтимоии ў;
-номуайянии низоми (амсилаи) идоракунӣ, парокандагии донишҳои назариявӣ дар соҳаи идоракунӣ, мавҷуд набудани таҷрибаи кофии идоракунӣ;
-бо душворӣ дарк ва татбиқ намудани навгониҳо, инкор намудан дастовардҳои пешрафти илмӣ-техникӣ ва мушкилоти раванди татбиқи онҳо;
- бесарусомонӣ (бенизомӣ, бетартибӣ), мавҷуд набудани мақсадҳои равшану мушаххас, иродаи матин ва майли татбиқи ҳадафҳо;
- шаккокӣ, беэътиноӣ нисбат ба арзишҳои ахлоқӣ дар шаклу усулҳои идоракунӣ;
- танбалӣ (коҳилӣ, беҳавсалагӣ), сатҳи пасти ҳосилнокии меҳнат, аз ҷумла дар самти идоракунӣ;
- майлу хоҳиши беандозаи беасоси воқеӣ барои ба даст овардани фоидаи зиёди фаврӣ. Дар ин маврид, тамоми қонунияту принсипҳои назарияи муосири маркетинг сарфи назар мешаванд: талаботи истеъмолкунанда, арзишу сифати молу маҳсулот, хизматрасониҳо, хароҷоту маҳрумиятҳо аҳамияте надоранд.
- беэътиноии комил нисбат ба сифати молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, ки дар байни хосу ом бо калимаву ибораҳои таҳқиромези (бренди) «тоҷикӣ», «тоҷикиш кун», «тоҷикӣ шудааст-ку» маъмул гардидааст. Чунин рафтор дар ҷараёни идоракунӣ, ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ низ ба назар мерасад.
- майли беандоза ба сўйи шукўҳу ҷалол ва ифроткорӣ (ин сифат бештар дар байни роҳбарони ҷавону бетаҷриба ва одатан онҳое, ки аз қишри камбизоати аҳолӣ бо тасодуфи тақдир ба мансаби роҳбарӣ расидаанд, бештар мушоҳида мешавад).
Бартараф намудани ин сабабу омилҳо вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарони ширкату корхонаҳо ва муассисаву ташкилотҳои ватанӣ ба шумор меравад.
Дар байни шаклу усулҳои гуногуни идоракунӣ, ки барои бунёди корхонаи самаранок фаъолияткунанда мусоидат хоҳанд кард, фароҳам овардани шароитҳои зарурии иҷтимоӣ-фарҳангӣ мақоми хоса доранд. Ба қадри кофӣ ташаккул наёфтан ё умуман мавҷуд набудани фарҳанги идоракунии вақт муҳиммияти омили вақт (арзиши вақт) ҳанўз ҳамчун сармояи беҳамто дар ҳаёту фаъолият, аз ҷумла дар раванди идоракунӣ аз ҷониби роҳбарони корхонаву муассиса ва ширкатҳои ватанӣ дарк нашудаааст. Ҳол он ки «аксарияти арзишҳои фарҳангиву таърихии рушди инсоният, ки ҳазорсолаҳо ташаккул меёбанд, таҷассумгари асосии омили вақт дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба шумор рафта, хусусияти хос ва қонунияту меъёрҳои онро инъикос менамоянд. Пас, алоқамандии вақти табиӣ, вақти инсон ва вақти таърихӣ дар якҷоягӣ як низоми бузурги зиндагӣ ва рушди имрўзаро ташкил дода, ҳамчун арзиши бебаҳои вақт намоён мегардад».
Идоракунӣ хамеша ба муҳити иҷтимоӣ-фарҳангӣ робитаи мустақим ва ногусастанӣ дорад. «Дар ҳолати мавҷуд набудани фарҳанги баланди иҷтимоии менеҷменти корхонаҳо, кормандони онҳо метавонанд берун аз фаъолияти корӣ ба ҳизбҳо ва гурўҳҳои мазҳабию динӣ пайваст гашта, ба ҷиноятҳои террористӣ ва сиёсию зиддиинсонӣ даст зананд, ки ин монеаи бузурги рушди менеҷменти асри ХХI мебошад». Аз ин ҷост, ки фарҳанги идоракунӣ дар байни соҳибкорони олам мақоми арзанда касб намуда, ба омили муҳими рушди устувор табдил ёфтааст.
Ба ташаккули фарҳанги самарабахши идоракунӣ омилҳои иҷтимоӣ- фарҳангии зерин таъсири мустақим мерасонанд:
Якум, мақоми иҷтимоӣ, ки инъикосгари мавқеи фард ё гурўҳ буда, тавассути аломатҳои иҷтимоӣ ва табиӣ, инчунин эътибор ва мавқеъ дар сохтори ҳокимият муайян мегардад. Айни замон, сатҳи фарҳанги идоракунӣ ба баланд гардидани мақоми иҷтимоии намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла мутахассисони ҷавон, соҳибкории хурду миёна ба таври бояду шояд мусоидат намекунад. Чунин вазъият боиси он мегардад, ки мутахассисони соҳибтаҷриба, ки дар баробари донишҳои касбӣ дорои малакаҳои муайяни идоракунӣ мебошанд, дар канор мемонанд. Ниҳоят, чунин вазъият ба зуҳури сабки худкомаи (авторитарии) идоракунӣ ва эҷоди мамнўъиятҳо мусоидат менамояд.
Дуюм, адолати иҷтимоӣ ҳамчун ифодаи баҳои мутлақи маънавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки дар маҷмўъ муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муносибати ҷомеа нисбат фардро инъикос менамояд. Аслан, адолати иҷтимоӣ худуди мушаххас надорад. Ҳатто дар дохили гурўҳҳои муайяни иҷтимоӣ тасаввурот оид ба адолати иҷтимоӣ гуногун аст. Муҳаққиқон шартан се меъёри адолатро ҷудо намудаанд:
- адолати хизматрасониҳо – тибқи асли (принсип) равияи неолибералии «касе, ки бештар кор мекунад, бояд бештар фоида гирад», зимни он давлат бояд дастрасӣ (дастёбӣ) ба хизматрасониҳои иҷтимоиро маҳдуд намуда, худтаъминкуниро дар бозор дастгирӣ намояд;
- адолати талаботҳо (захираҳо дар асоси қоидаҳои талабот, ки бо дастури давлат таҳия гардидаанд, тақсим мешаванд);
- адолати функсионалӣ (барои ояндаи миёнмуҳлат нобаробарӣ дар бозор одилона аст, зеро дар ниҳояти кор он некўаҳволиро барои ҳамагон ба ҳадди аксар мерасонад). Ин механизм дар сатҳи ташкилоту муассисаҳо, ҳангоми тақсимоти нақшу саҳм, неъматҳои моддиву маънавӣ ва ғайра байни ҳайати ташкилот низ зоҳир мегардад.
Сеюм, - афкори умум, ҳамчун тарзи махсуси зуҳури ҳолати идроки (фаҳмиши) ҳамин иттиҳод (ҷомеа, коллектив, гурўҳ, даста), ки дар маҷмўъ муносибати аксарияти аъзои онро нисбату ҳаводису равандҳо, тамоюлоту воқеаҳо тавассути баҳогузорӣ, ибрози андешаҳо ва амалҳо инъикос менамояд.
Дар ин радиф афкори умум ҳамчун омили иҷтимоӣ-фарҳангие, ки ба фарҳанги идоракунӣ таъсир мерасонад, функсияҳои зеринро иҷро мекунад:
- функсияи танзимгари муносибати байни одамон дар сатҳи ҷомеа, шахс ва коллектив, коллектив ва ҷомеа, инчунин байни ҷомеа ва шахс.
Дар ин маврид таъйиноти асосии ин функсия – дар замири ҳар фард тарбия намудани ҳисси баланди масъулият нисбат ба кори худ ва рафтору кирдори ў дар ҷомеа, дарки моҳияти инсон, ёрӣ расонидан ба ў ва ташаккули хисси масъулияти маънавӣ мебошад;
- татбиқи функсияи назоратӣ (эспрессивӣ). Ин хусусият ба афкори умум характери нерўи пурқувватро аз болои ниҳодҳои ҳокимият таъмин намуда, қодир аст фаъолияти ниҳодҳо ва сарварони корхонаву ташкилот, муассисаву ширкатҳо, аҳзобу давлат ва ғайраро одилона арзёбӣ намояд.
- функсияи машваратӣ (консултативӣ). Моҳияти функсияи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми зарурат афкори умум қодир аст нисбат ба ҳаллу фасли мушкилоти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ, байнидавлатӣ маслиҳату машварат ва дастур диҳад;
- функсияи баҳодиҳӣ (арзёбӣ). Дар ин маврид зуҳуроти муносибат нисбат ба ин ё он факту рақам, ҳодиса, мушкилоту равандҳо мушоҳида мегардад.
Чорумин омили муҳими иҷтимоӣ-фарҳангии рушди фарҳанги идоракунӣ ин сатҳи таҳсилот ба ҳисоб меравад. Таҳсилот – падидаи нисбӣ аст, зеро таҳсилот мустақиман музди меҳнати баланд, мақоми шоистаи иҷтимоӣ, хокимият ва зиёда аз ин баланд гардидани фарҳанги идоракуниро кафолат дода наметаваонад. Вале новобаста ба ин озодии шахс, қабл аз ҳама, аз сатҳи андухти донишҳо оид ба рушди табиату ҷомеа ва тафаккур вобаста аст. Шахси бо чунин донишҳо мусаллаҳ қодир аст равандҳои гуногунро идора намояд. Аммо дониш на танҳо воситаи андухту захиранамоӣ ва пахшу дастрасгардонии фарҳанг ё арзишҳои фарҳангӣ аст, балки истифодаи донишҳо, татбиқи амалии онҳо вазифаи эҷодӣ буда, дар ҳар лаҳзаи нотакрор ва тағйирёбанда ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Панҷумин омили иҷтимоӣ-фарҳангии ташаккул ва рушди фарҳанги идоракунӣ ин хусусиятҳои синнусолӣ ба шумор мераванд. Ҳар як марҳилаи синнусолӣ дар рафтори муайяни ҳайати ташкилот падидор мегардад. Бо болоравии синну сол самти талоботу мотватсияи инсон тағйир ёфта, таҷриба ғанӣ мегардад, маҳорату малакаҳо ва ҳатто қалабҳои муайяни рафтор ташаккул меёбанд, суръати азхуднамоии донишу малакаҳои нав паст мегардад. Масалан, самти нерўманди роҳбар то синни 40-45 солагӣ омода будан ба таваккал кардан, ҳарос надоштан аз хавфу хатарҳо, зуд қабул намудани қарор дар шароити муташаниҷи (ноустувори) иқтисодӣ ва эҷодкорӣ мебошад. Намояндагони синну соли калонтар ба натиҷаҳои дарозмуддат, ба дурнамои рушд майл дошта, бештар ба таҷрибаи худ такя мекунанд.
Шашумин омили иҷтимоӣ-фарҳангии ташаккул ва рушди фарҳанги идоракунӣ ин хушбинии (оптимизми) иҷтимоӣ ҳамчун зуҳури ҳолати маънавии инсон маҳсуб меёбад. Омили мазкур дар боварии инсон ба ояндаи нек, дарки мусбати воқеият, эътимод ба имконияти беҳтаршавии шароити зиндагӣ, дарки муҳиммияти худ ҳамчун нерўи арзишманди иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Ҳамаи ин сифатҳо ҷузъи муҳими маънавии фарҳанги идоракунӣ ба шумор мераванд. Албатта, корманд метавонад фаъол ва ғайрифаъол, дорои нерўи созанда ва сўзанда (харобкор) бошад. Агар худпарастӣ, беномусӣ, тарсу ҳарос нерўи шахсро халалдор сохта, манбаи тавонмандии ўро хароб намоянд, шавқу завқ ва майлу хоҳиши фаъолияти манфиатовару мусбат, кори эҷодӣ ва ҳамкорӣ, боварӣ ба нерўи худ ба инсон зўру тавони иловагӣ мебахшанд.
Ҳафтумин омиле, ки ба ташаккули фарҳанги идоракунӣ таъсир мерасонад ин солимиву кайфияти иҷтимоии ҳайат ба шумор меравад. Ба солимиву кайфияти инсон арзёбии имкониятҳо, кўшишҳо, мақсаду маром ҷиҳати татбиқи самарабахши нақшаҳои ҳаётан муҳим дар шароити мавҷудаи (мушаххаси) сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ таъсири бузург мерасонанд. Вале ҳангоми андозагирии (арзёбии) солимиву кайфияти иҷтимоӣ инсон набояд фирефтаи ҳолатҳои эмотсионалии яклаҳзаина гардад, зеро чунин кайфият аз авҷу коҳиши рўҳияи (авзои) ҷомеа вобаста буда, одатан устувор нест. Он метавонад ба самти мусбат ё манфӣ тағйир ёбад. Бинобар ин, натиҷагирӣ бояд дар заминаи баҳогузории вазъи воқеии қонеъгардонии талаботи асосии иҷтимоӣ, ки дар ниҳояти кор ифодагари сатҳи некўаҳволӣ аст, анҷом ёбад. Кайфияти иҷтимоии инсон аз сатҳи қонегардонии ниёзҳои иҷтимоии ў аён мегардад ва он дар навбати худ маҳсули (зуҳуроти) низоми мавҷудаи неъматҳои иҷтимоӣ, истеҳсолу тақсимоти онҳо маҳсуб меёбад. Масалан, таъсири буҳрони иқтисодиву молиявӣ, боло рафтани сатҳи таваррум, гароншавии нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои асосӣ боиси бад шудани кайфияти иҷтимоии табақаҳои гуногуни аҳолӣ мегардад.
Ҳаштумин омили муҳиме, ки ба фарҳанги идоракунии захираҳои инсонӣ таъсир бузург мерасонад, ин аз нигоҳи иҷтимоӣ гуногун будани сатҳи таъминоти ҳайат аст. Онро метавон дар сатҳи ҷомеа низ мушоҳида кард. Вале бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон имрўз тадбирҳои муассиру саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси он гардиданд, ки дар мамлакат «сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд щуд».
Мусаллам аст, ки гуногунии сатҳи некўаҳволии аҳолӣ ба ҷараёни идоракунии захираҳои инсонӣ ва сатҳи фарҳанги идоракунӣ таъсири муайян мерасонад. Бо дарназардошти таъсири чунин омилҳо «таъмини шароити мусоид барои рушди нерўи рўҳию маданӣ, касбию ҳунарӣ ва анъанаҳои таърихии фазилатпарварии миллати тоҷик, ҳамчун вазифаи муҳими ташкили фарҳанги иҷтимоӣ дар корхонаҳо ба шумор меравад. Аз ин рў раҳандозии ташаккули ахлоқии менеҷменти ширкатҳо бояд ядрои асосии менеҷменти рушди нерўи инсонӣ қарор гирифта, ба ин восита ташаккули адолати иҷтимоӣ, инсонгароии (гуманизатсияи Ш.С.) иқтисодиёт ва рушди устувори фарҳанги касбии ҷомеа таъмин карда шавад».
Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сифату суръати афзоиши табии аҳолӣ таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат яке аз воситаҳои муқтадири рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлатдорӣ ва устувории тамаддуни миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, сатҳи андешаву тафаккури идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии захираҳои инсонӣ ки маҳсули воқеияти иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд, бояд тавре ташаккул ва рушд ёбанд, ки ба маҷро ва талаботи замони таҳаввулоти азим, ба манфиату ормонҳои мардуми Тоҷикистон ҷавобгў бошад.
Дар заминаи таҳлили осори илмии соҳаи идоракунӣ тамоюлоти зерини рушди афкори идоракунии замони муосир, аз ҷумла идоракунии захираҳои инсониро метавон зикр намуд:
- касбишавии илми идоракунӣ;
- афзудани ҷанбаи прагматикии (амалӣ, корбурдии) илми идоракунӣ;
- аз нигоҳи шумора афзудани дастгоҳи идоракунӣ, мураккабшавии сохтори он, пурзўр гардидани раванди тафриқаёбии (дифференсиатсияи, гуногуншавии) меҳнати идоракунӣ;
- тақвият ёфтани раванди муҷаҳҳазгардонии техникӣ ва аз нигоҳи технологӣ мураккаб гардидани меҳнати идоракунӣ;
- тамоюл ба инсон - ҳамчун арзиши олитарини тамоми раванди идоракунӣ.
Дар консепсияҳои муосири идоракунӣ инсон мавқеи марказиро намуда, ҳамчун арзиши олии ташкилот арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, тамоми низомҳои идоракунӣ кўшиш менамоянд, ки таваҷҷўҳи хешро пеш аз ҳама, ба рушду такомули қобилиятҳои гуногуни кормандон равона созанд, то ин ки нерўи зеҳниву ҷисмонии инсон дар ҷараёни меҳнати муштарак ба ҳадди аксар мавриди истифода қарор гирад.
Зеро ба андешаи муҳаққиқони соҳаи идоракунӣ «ташкилотҳоро одамон бунёд мекунанд ва одамон метавонанд онҳоро нобуд созанд.
Моликияти арзишмантарини бизнес на технологияҳо ва сармоя, балки одамон маҳсуб меёбанд.
Ҳамин тавр, илми муосири идоракунӣ, тадриҷан ба сўйи иҷтимоишавӣ ва равонишавӣ роҳ мепаймояд. Имрўз ҷустуҷўи роҳҳои муносиби фаъолгардонии омили инсонӣ дар дохили ташкилот ва баҳисобгирии хусусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, иҷтимоӣ-психологии ҳайати кормандон ба сифати омили муҳимтарини баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муштарак дар ҳама гуна ташкилот эътироф гардидааст. Дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷик низ танҳо ҳамин гуна фаҳмиш ва муносибати идоракунӣ имкон медиҳад, ки рушди самараноки нерўи инсонӣ таъмин гардида, дар самти идоракунӣ як низоми муосири арзишҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ташаккул ва рушд ёбад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё