Зеҳн

То тавонӣ, дӯстонро гум макун

ЗЕ
зеҳни сунъӣ3 декабри 2024 · 3 дақиқа хондан

Мирзо Турсунзода

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун.

Дӯстро аз дӯст, ҷонам, фарқ кун,

Дӯсти пайванди ҷонро гум макун.

Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас,

Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун.

Зинати боғ аз гули хандон бувад,

Мисли гул хандонлабонро гум макун.

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.

Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият мебарад, ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз дорад, хоса ба дӯст. Дӯст афзунии ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад.

Дар урфият иборае ҳаст, ки дӯстон се навъанд. Забониву нониву ҷонӣ.

Дӯстон ҳақиқатан дар ҳамин се навъ буда метавонанд. Асоситаринашон дӯстони ҷонӣ онҳое, ки дар ҳамаи мавридҳо дар ғаму шодии кас ҳозиранд.

Ба ибораи шоир:

Дӯст машмор он ки дap неъмат занад,

Лофи ёриву бародархондагӣ.

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

Аз касе пурсидаанд, ки дар зиндагӣ бародар хуб аст ё дӯст, ҷавоб дода: «Бародар хуб аст, агар дӯст бошад»

Аз ин суханон бармеояд, ки ҳатто бародарон низ душман буда метавонистаанд. Ин гуна бародароне, ки бо бародарони худ кинаву адоват доранду душманӣ меварзанд, албатта дар муҳити оилаи носолим ба воя расидаанд. Дар оилае, ки дӯстию рафоқат вуҷуд надорад, ягонагиву якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Мардуми тоҷик ниҳоят мардуми меҳмоннавозу дӯстпарваранд ва дӯстонро бо тамоми мавҷудияташон дӯст медоранду мепарваранд. Ҳақиқат аст, ки саодату камолоти ҳар миллату давлат ва бахту иқболи баланди онҳо аз робитаи дӯстӣ пойдор мегардад.

Дӯсти ҳақиқӣ ҳамеша мекӯшад, ки ба шодии дӯсти худ боз шодие зам намояд, хотири болидаашро болидатар гардонад, танҳо ва танҳо манзили дӯсти худро ободу дили ӯро шод гардонад.

Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,

Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.

Хулоса, дӯстӣ рамзи бузургест, ки софдилону бузургонро мепарварад. Дӯстӣ, ки ганҷи бебаҳост, бо озодагон роҳҳои бузурги боиффат гардидан, боифтихор будан, озода зистан ва аз душманон канора буданро мепарварад. Дӯстон ҳамдаму ҳамроз, ҳамқадаму мӯнису ғамхори одамони баландпарвозанд ва шахси бедӯст дарахти бешоху баргеро мемонад, ки зинатеро соҳиб буда наметавонад.

Пас, биёед, азизон, мекӯшем пайи ҷамъоварии дӯстони ҷонӣ, ки лаззатгарои ҳар калому равшанидиҳандаи хонадону илҳомоварандаи имону ҷонамон бошанд.

Мо бояд дар ҳаёт ба қадри дӯстону дӯстӣ бирасем ва бештар дӯстони меҳрубонамонро дарёбем. Зеро шоири маҳбуби мо Мирзо Турсунзода дуруст фармудаанд:

Ман чунин андеша дорам, ки дӯстиву рафоқат ва эҳтироми дӯстон аз ибтидо дар мардуми мо сарчашма гирифтааст ва ин анъана то имрӯз идома дорад.

Мирзо Турсунзода меҳру муҳаббати дӯстиро хеле хуб дарк намуда, онро чунин тараннум кардааст:

Ман чунин фикр мекунам, ки дар олами ҳастӣ ҳама миранда мебошанд, вале дӯстӣ мисли сухани хуб, моҳу хуршед, табиату коинот ҷовидонӣ боқӣ мемонад. Абӯшакури Балхӣ бархақ дар ин бора фармудаанд:

Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,

Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба