Зеҳн

Умри инсон қиммат аст

ЗЕ
зеҳни сунъӣ3 декабри 2024 · 3 дақиқа хондан

Аз гузашти умри худ як лаҳзае андеша кун,

Умри одам ҳамчу ашки рўйи мижгон як дам аст.

Умри инсон шабеҳи оби равон аст. Равон асту равон, барнамегардад. Умри инсон мегузарад ба сахтиву нармиҳо, бо ғаму хушиҳо, бо некиву бадиҳо. Албатта, хислатҳои ҳамида хубтаранд нисбат ба кирдорҳои номатлуб. Наметавон зиндагиро танҳо бо хислатҳои неку сохт. Паси ҳар коре гоҳе бадие низ ҷой дорад ва ана, ҳамин бадиҳо боис мегарданд, ки инсонҳо гуноҳҳои хешро ислоҳ созанду аз паси некиҳо гарданд.

Ҳар яки моро лозим аст, ки ба қадри вақт бирасем, зеро вақти инсон қимматтару арзишноктар аст, аммо дар бозор фурўхта намешавад, то харидорияш намоем. Дар табиат ҳар он чизе, ки Худованд халқ намудааст, хусусияти сабзишӣ дораду такроршавандагӣ, ғайр аз умри инсон. Аммо арзиши вақтро аҷал намепазирад. Ба пирию ҷавонии инсонҳо коре надорад. Чунончи:

Умри инсон қимат асту лек дар бозор нест,

Бесамар бурдан варо дар зиндагӣ душвор нест.

Дар табиат фаслҳо такрор ёбанд аз дигар,

Лек умри рафтаро дар зиндагӣ такрор нест.

Ҳазрати Хизр аз нўшидани оби ҳаёт умри абадӣ пайдо намудааст, аммо ҳар лаҳзаи умри хешро самаранок гузаронидаву ба дигарон намунаи ибрат гардидааст. Вақт оҳиста – оҳиста мегузарад. Тавре худро вонамуд месозад, ки инсон рафтани онро ҳис наменамояд. Чун ба худ меояд, мебинад, ки умри азизаш дар ғафлат гузаштааст ва барои ислоҳи он дер шудааст. Инсони комил ҳамеша пайи ислоҳи хатоҳояш мегардад.

Пайваста мекўшад, ки подоши хубе бигирад. Ба дунёи гузарон дил намебандад, балки баръакс, пайи обод кардани охирати хеш мегардад. Ба ниёзмандону бечорагон дасти кумак дароз мекунад. Ҳамеша аз худ чизе мегузорад, ки барои ояндагон самаре бахшад. Агар барои иморате сохтан тавоноияш нарасад, дасти ятимеро мегирад. Агар чунин кори некро низ амалӣ карда наметавонад, гуруснаеро сер мекунад ё дарахте мешинонад, ки пасояндагон дар тагаш нишинанду аз сояаш баҳра баранд. Пас, бояд саъй намоем, то пўшиши ҳар тангдасту фарши ҳар вайрона нагардем. Барои дигарон дар рўзҳои сард офтоб шавему дар рўзҳои гармо соя гардем. Зеро дар ин дунё касе ё чизе абадӣ нахоҳад монд. Чунончи, Ҳилолӣ фармудааст:

Кас нест дар ин ҷаҳони фонӣ

Монад ба ҳаёти ҷовидонӣ.

Гулзори замонаро бақо нест,

Дар арсаи ў гули вафо нест,

Оре, аҳли башарро лозим аст, ки аз худ номи неке боқӣ гузоранд, то аз пасашон ҳамеша таърифу тавсифашон кунанд, зеро номи неки эшон ба ин боис мегардад.

Умри инсон қимматасту лек дар бозор нест.

Чун аҷал ояд ба пиру ҷавонаш кор нест.

Дар табиат фаслҳо такрор ёбанд аз дигар.

Лек умри рафтаро бар зиндаги такрор нест.

Умри инсон меравад

Умри инсон ҳамчу оби ҷуйборон меравад,

Руҳи инсон аз замин то бар сурайё меравад.

Ҳар, ки донад қадри умр дар зиндаги,

Бо сари боло азиз бо нури имон меравад.

Модаро дунё биёвард ҳаркиро бо номи нек,

Бо суханҳои базеб бо ақлу бо гуфтори нек.

Қадри ҳамдигар бидонем дар ҳаёти бевафо,

Чунки моҳам меравем рӯзе ба даргоҳи Худо.

Эй Худоё раҳм бикун бар бандаи мискини худ,

Эй Худоё раҳм бикун бар бандаи ночизи худ.

Мукаррама ТўРАЕВА,

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба